Нюзеланд чанд мақоми олирутбаи Эронро таҳрим кард
Ахбори байналмилал
Давлати Нюзеланд дар иқдоме бо истинод ба ҳимояти ҳуқуқи башар дар Эрон, чанд вазир ва мақоми олирутбаи эрониро таҳрим карда, онҳоро шомили мамнуияти сафар қарор дод.
Бино ба иттилои манобеи расмӣ, афроди таҳримшуда аз вуруд ба қаламрави Зеландияи Нав маҳрум шуда ва дороиҳояшон дар сурати мавҷуд будан масдуд мегардад.
Мақомоти Веллингтон эълом карданд, ки ин тасмим дар чорчӯби сиёсати хориҷии ин кишвар ва бо ҳадафи фишор барои риояти ҳуқуқи башар гирифта шудааст.
То кунун мақомоти Эрон ба ин иқдом вокуниши расмӣ иброз накардаанд, аммо интизор меравад ин тасмим бар равобити дуҷониба таъсир гузорад.
tajnek.com
Тоҷнек




















