Тромп дар доми таваҳҳуми қудрат
Ахбори байналмилал
Доналд Тромп худро пирӯзи ҷидол бо Венесуэла медонад ва ба навиштаи бархе расонаҳои ғарбӣ, муваффақияти худ дар Каракасро нишонаи бартарии роҳбурдаш арзёбӣ мекунад.
Тибқи таҳлилҳои мунташиршуда, ин эътимод ба нафси баромада аз таваҳҳуми қудрат метавонад ба тасмимҳои пурхатар дар дигар парвандаҳои сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла дар қиболи Эрон, мунҷар шавад. Расонаҳои ғарбӣ ҳушдор додаанд, ки чунин рӯйкард метавонад паёмадҳои сангине барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва худи Тромп дар пай дошта бошад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки таваҳҳуми қудрат ва баровардҳои аз ҳад хушбинона, дар сурати набуди ҳисобу китоби дақиқ, метавонад ба ташдиди танишҳо дар арсаи байналмилалӣ бирасонад.
tajnek.com
Тоҷнек




















