Лориҷонӣ: Қотеона дифоъ хоҳем кард!
Ахбори Ҷаҳони Ислом
Лориҷонӣ: Аз худ ва тамаддуни 6-ҳазорсолаи худ қотеона дифоъ хоҳем кард
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон изҳор дошт, ки Эрон барои як ҷанги дарозмуддат омода аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар 300 соли гузашта Эрон оғозгари ҷанг набуда ва нерӯҳои мусаллаҳи кишвар танҳо дар чорчӯби дифоъ амал кардаанд.
Ӯ таъкид кард, ки Эрон бидуни таваҷҷуҳ ба ҳазинаҳо, қотеона аз худ ва тамаддуни 6-ҳазорсолаи худ дифоъ хоҳад кард ва «душманонро аз иштибоҳи ҳисоботиашон пушаймон хоҳад кард».
Лориҷонӣ ҳамчунин иддао кард, ки Эрон барои ҷанги тӯлонӣ омода аст, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида чунин омодагиро надорад.
Тоҷнек



















