Посухи Эрон ба Вазорати хориҷаи Олмон дар мавриди поён додан ба ҷанг
Ахбори байналмилал
Посухи сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба садри аъзами Олмон дар мавриди поён додан ба ҷанг
Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо интишори ёддоште, ба изҳороти садри аъзами Олмон дар мавриди поён додан ба ҷанг вокуниш нишон дод.
Бақоӣ дар ин бора навишт:
“Садри аъзами Олмон аз Эрон мехоҳад, ки ҷангро поён диҳад! Ин воқеан музҳик (хандаовар) аст: ин ки аз Эрон, ба унвони кишваре, ки мавриди таҷовузи низомии бедалел қарор дорад, бихоҳанд ба наҳве ин мунозиъаро ба поён бирасонад.
Чаро ба ҷойи ин, мухотаби худро муҳоҷимони бераҳме, ки масъули бомбборон ва куштори эрониён ҳастанд, қарор намедиҳед?
Чаро намехоҳед, ки Омрико ва режими саҳюнистӣ ба хотири ин таҳоҷуми ваҳшиёна ва ҷиноёти нафратангезашон посухгӯ бошанд ва мавриди бозхост қарор гиранд?”
Тоҷнек



















