Аз нигоҳи Теҳрон ҷанг танҳо бо барқарор шудани боздорандагии ҷадид поён меёбад
Ахбори байналмилал
Нашрияи «Foreign Policy» менависад, ки аз нигоҳи Теҳрон, ҷанг танҳо замоне ба поён мерасад, ки як тавозуни нави боздорандагӣ шакл бигирад ва оташбаси зудҳангом танҳо вазъияти қаблиро бармегардонад.
Дар ин таҳлил омадааст, ки дар ҳоле ки Эрон ва Амрико дар остонаи тавофуқ қарор доштанд, Вашингтон роҳи низомиро интихоб кард, дар ҳоле ки ҳадафҳои сиёсии он пурра равшан набуд.
Ба эътиқоди мақомоти эронӣ, сиёсати «сабри стратегӣ» нодуруст тафсир шуда ва ба унвони нишонаи заъф пазируфта шудааст, дар ҳоле ки он барои пешгирӣ аз даргирии мустақим буд.
Инчунин таъкид мешавад, ки Эрон бо такя ба мавзеи худ дар тангаи Ҳурмуз ва наздикии ҷуғрофиёӣ ба пойгоҳҳои минтақаӣ, имкони таъсиргузорӣ ба бозори энержӣ ва вазъияти низомиро дорад.
Дар поён гуфта мешавад, ки эҳтимолан ҳар ду тараф дар ниҳоят ба музокира бармегарданд, аммо танҳо пас аз он ки тавозуни нави қудрат дар майдон шакл гирад.
Тоҷнек



















