Financial Times: Русия дар остонаи ирсоли паҳпод ба Эрон
Ахбори байналмилал
Ба гузориши «Financial Times» бо истинод ба манобеи иттилоотии ғарбӣ, Русия дар ҳоли омодагӣ барои ирсоли нахустин бастаи кӯмакҳо ба Эрон мебошад, ки паҳпод, дору ва маводи ғизоиро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи ду манбаи огоҳ, мақомоти баландпояи Эрон ва Русия чанд рӯз пас аз оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, музокироти махфӣ дар бораи таҳвили ин паҳподҳоро оғоз кардаанд.
Бар асоси ин гузориш, омодасозии ин маҳмула аз аввали моҳи март оғоз шуда ва интизор меравад то поёни ҳамин моҳ анҷом ёбад.
Тоҷнек



















