Музокироти Эрон ва Амрико дар Покистон оғоз шуд
Ахбори байналмилал
Хабаргузории Тасним: Тарафи омрикоӣ бо озодсозии дороиҳои Эрон мувофиқат карда, аммо ҳайати эронӣ дар пайи итминон аз ин мавзӯъ аст
Ба гузориши хабаргузории Тасним, мақоми огоҳи эронӣ аз музокирот гуфт: “Дар натиҷаи фишорҳо ва ройзаниҳо, тарафи омрикоӣ бо озодсозии дороиҳои масдудшудаи Эрон мувофиқат карда ва эълом карда, ки барои ройзанӣ дар ҳавзаҳои молӣ, тимеро ба Исломобод овардааст, то ду тараф ба як ҷамъбандӣ дар ин замина бирасанд.”
Вай афзуд: “Аммо бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи бадқавлиҳо ва бадаҳдиҳои пешини Омрико ва мумониатҳои мукаррари онҳо аз интиқоли дороиҳои масдудшудаи Эрон, тарафи эронӣ ба дунболи роҳҳое аст, ки нисбат ба ҷиддияти Омрико дар ин замина мутмаин шавад”.
Тоҷнек



















