Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Ҳусейнии Хоманаӣ – раҳбари Эрон
بسم الله الرحمن الرحیم
إِنَّا فَتَحْنَا لَكَ فَتْحًا مُّبِينًا لِّيَغْفِرَ لَكَ اللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِن ذَنبِكَ وَمَا تَأَخَّرَ وَيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكَ وَيَهْدِيَكَ صِرَاطًا مُّسْتَقِيمًا وَيَنصُرَكَ اللَّهُ نَصْرًا عَزِيزًا
Чиҳил рӯз аз яке аз бузургтарин ҷиноёти душманони ислом ва Эрон ва яке аз сангинтарин доғҳои умумӣ дар таърихи ин миллат мегузарад; доғи шаҳодати ҷонгудози раҳбари азимушшаъни Инқилоби Исломӣ, падари миллати Эрон ва заъими уммати исломӣ ва пешвои ҳақталабон дар асри ҳозир, сайииди шаҳидони Эрон ва ҷабҳаи муқовимат, Хоманаии кабир (қаддасаллоҳу нафсаҳуз-закийя!)
Чиҳил рӯз аст, ки руҳи баланди раҳбари шаҳидамон дар ҷивори қурби илоҳӣ меҳмони зиёфати авлиё ва сиддиқин ва шуҳадо шуда ва ҳамзамон ва ё дар пайи он, ҷамъи касире аз ёрон, фармондеҳон ва размандагони ислом ва ҳамватанони мазлум аз навзодони чандрӯза то куҳансолон ҳам ба ин файзи азим ноил омадаанд.
Ҷиҳил шабу рӯз аст, ки Худованди Мутаъол пешвои ин умматро ба миқоти худ фаро хонда; аммо ин бор бар хилофи он чи дар асри Калимуллоҳ рух дод, асҳоби раҳбари шаҳид ва уммати ӯ барои иқомаи ҳақ ва муқобила бо ботил мабъус (барангехта) шуданд ва чун кӯҳҳои устувор дар баробари Сомирӣ ва гӯсолааш истодагӣ карда ва ҳамчун гудозаҳои оташин бар сари мутаҷовизон ва фиръавниён фуруд омаданд.
Чиҳил шабонарӯз аст, ки мустакбирони олам ниқобҳои фиребанда ва дурӯғинро аз чеҳра баргирифта ва чеҳраи кареҳ (зишт) ва шайтонии қатлу зулм, таҷовузу дурӯғ, тафаръуну кӯдаккушӣ ва истибдоду фасодро ба намоиш гузоштаанд.
Аммо дар муқобил, чиҳил рӯзу шаб аст, ки фарзандони ростини Хумайнии кабир ва Хоманаии азизи шаҳид ва пайравони исломи ноби муҳаммадӣ (с) бо эҳтимом ва шуҷоате мисолзаданӣ, дар майдонҳо ва хиёбонҳо ва сангарҳои разм ҳозир ҳастанд ва алорағми латамот ва хасоратҳои ҳуҷуми ваҳшиёнаи душман, ҷанги таҳмилии севвумро ба саҳнаи ҳамосаи дифоъи муқаддаси севвум табдил кардаанд. Миллати огоҳ ва ҳушёри Эрон гарчӣ нишон дод дар ғами бузурги фироқи пешвои шаҳидаш доғдор аст, вале бо таассӣ (пайравӣ) ба меросдоронии бевоситаи Ошурои ҳусайнӣ, аз ин доғ, ҳамоса ва аз рисо раҷаз сохт. Ва ҳамаи инҳо душмани то буни дандон мусаллаҳро ба ҳайрат ва истиъсол андохта ва озодагони ҷаҳонро ба таҳсин водоштааст. Ин бор ҷаҳолат ва нодонии мустакбирон боис шуд, ки исфанди 1404 (марти 2026) сароғози фасли навин аз қудратгирӣ ва баромадани номи Эрон ва Инқилоби Исломӣ гардад ва пачами Эрони Исломӣ на фақат дар ҷуғрофиёи хокии кишварамон, балки дар умқи дилҳои ҳақҷӯёни ҷаҳон барафрошта шавад.
Хусусиёт ва ҳунарҳои раҳбари шаҳид
Ин мавқеият фурсати хубест, то ёддошти мухтасаре аз муаррифии раҳбари азимушшаън ба амал ояд. Сӯҳбат аз мардест, ки он қадр, ки машҳур буд, шинохта нашуд. Ҳама медонанд, ки қоиди (раҳбари) шаҳиди мо, фақеҳе замоншинос ва басир, муҷоҳиде хастагинопазир чун кӯҳе устувор ва муҳкам, олиме омил ва раббонӣ, аҳли зикру таҳаҷҷуду тазаррӯъ ба даргоҳи рубубӣ ва тавассул ба зотҳои муқаддасаи маъсумин (а) ва аз умқи ҷон, мӯъмин ба ваъдаҳои илоҳӣ буданд.
Аз хусусиёти дигари эшон Эрондӯстӣ ва талоши мустамар (бодавом) барои истиқлоли ҳар чи бештари Эрони азиз буд, ки дар канори он бар ваҳдати калима ва инсиҷоми миллӣ таъкид доштанд. Эшон умреро дар талош барои барпоии низоми исломӣ ва қивом ва бақои он тай карданд ва дар айни ҳол, Ҷумҳурии Исломӣ бидуни мардум аз назари эшон бемаъно буд. Дар айни иқтидор ва салобат, баҳраи вофире (фаровоне) аз зарофат дар анжеша ва нигариш ба умур доштанд. Ба зарфиятҳои кишвар хусусан ҷавонон таваҷҷӯҳи вежае мабзул медоштанд. Ба илм ва фанноварӣ ва пешрафт дар сояи он аҳаммият медоданд. Барои хонаводаи муъаззами шуҳадо ва ҷонбозон ва эсоргарони азиз арҷи хоссе қоил буданд. Дар ҷиҳоти мухталиф дорои таҷориби гаронсанг ва мутарокиме баъзан бо собиқаи чанд даҳа буданд ва хусусиёти мутаъаддиди дигаре ӯ, ки феҳристи тавилеро шомил мешавад.
Ин рӯзҳо дар баъзе аз расонаҳо мукарраран сӯҳбат аз ҳунар ва ҳунаршиносӣ ва ҳунарварии эшон ба миён меояд. Ин унсур дар айни ин ки ба танҳоӣ метавонад арзиши зиёдеро барои шахсияти як нафар эҷод кунад ва мусалламан дар раҳбари азизамон ба маънии воқеӣ ва дар ҳадди олӣ вуҷуд дошт, дар муқоиса бо соири аносури вуҷудӣ ва имтиёзоти эшон, кучак ба назар меояд. Банда бишахсиҳи аз эшон ҳунарҳои мутаъаддидеро суроғ дорам:
Як ҳунари бузурги эшон, ки камтар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад, ҳунари тарбият ва парвариши иҷтимоъ аз тариқи сохти афкор ва руҳиёт ва авотифи тӯдаҳои азими мардум ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ буд.
Ҳунари дигари эшон ниҳодсозиҳои ҳадафманде буд, ки бахусус дар солҳои ибтидоии даврони зиъомат ва раҳбарии худ бо назар ба уфуқҳои дурдаст, ба он иқдом карданд.
Ҳунари дигари эшон иқдом ба қудратмандсозии сохторҳои низомии кишвар буд, ки миллати Эрон дар ду ҷанги таҳмилии ахир аз осори мусбати он мутталеъ ва баҳраманд шуданд.
Ҳамчунин қудрати ибдоъ ва ибтикор дар абъоди мухталиф аъамм аз илмӣ ва роҳбурдӣ ва сиёсатгузорӣ, аз дигар ҳунарҳои эшон буд, ки шаммае аз он дар тадвини сиёсатҳои куллии низом мунъакис мебошад. Ва низ қудрати халқи маъонӣ аз тариқи сохти баҳангоми вожагон ва таркибҳои бадеъе, ки ҳар як анбӯҳе аз маъониро халқу ҳамл мекард ва аз он, гуфтумони умумӣ ба вуҷуд меомад.
Ва аз ҷумла ҳунаре, ки дар асари сайқал хӯрдани руҳи баланди эшон дар шадоид ва имтиҳонот ва ибтилоот ва ба хотири сабру истиқомат дар масири ҳақ ҳосил шуда буд, ҳунари пешбинии ҳаводиси дурдаст буд, ки –
المُؤمِنُ یَنْظُرُ بِنورِ الله
Ва ҳунарҳои дигаре, ки эҳсои (шумурдани) он дар ин мухтасар мумкин нест.
Ҳамаи ин ҳунарҳо ва мазиятҳо маншае ҷуз иноёти хоссаи илоҳӣ ва таваҷҷӯҳи хосси сарварамон ва обои тоҳирини эшон (а) надошт. Шояд битавон он чи ин иноёт ва таваҷҷӯҳотро ба самти он бузургвор ҷалб кард-ро дар талош ва муҷоҳидати бевақфа ва холисонаи ӯ дар роҳи эълои (баланд бардоштани) калимаи Ҳақ хулоса кард. Аммо ба таври вежа, ғайр аз сахтиҳои мубориза бо дастгоҳи хоини ҳукумати Паҳлавӣ, эшон аз як фурсати хосси дигар дар масири анҷоми вазифа, баҳраи зиёде бурданд, ки умуми мардум маъмулан аз он иттилоъ надоранд. Ин тавр тақдир шуда буд, ки сайиди ҷавони ба шиддат ҷӯёи илм ва албатта толиби амал, дар вақте, ки падари бузургвораш дар маърази нобиноӣ қарор дошт, пас аз солиёне зону задан дар маҳзари асотиди олимақом, ҳамаи заминаҳои зоҳирии пешрафти илмӣ ва ояндасоз дар Қумро раҳо карда ва бо эътимод ба фазли илоҳӣ, худро вақфи падар намояд. Тафаззули илоҳӣ дар пайи ин эсор ин гуна зоҳир шуд, ки ногаҳон Сайидалии Хоманаӣ дар синини қабл аз 30-солагӣ монанди хуршеде аз Хуросон сар баровард ва ба зудӣ яке аз аркони фикрӣ ва муборизотӣ қаламдод шуд ва ҳамзамон дар улуми мутадовал (рӯз) ҳам пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳе намуд; ба тавре, ки дар солҳои даҳаи 50, дастгоҳи СОВОК ӯро Хумайнии Хуросон хонда буд. Бояд бар ин нукта таъкид кунам, ки ин раванди тараққии ботинӣ ва зоҳирии он бузургвор дар мақотеъи баъдӣ ҳам идома ёфт. Ҳол дар мақоми дарсомӯзӣ аз рафтори бузургон ва бахусус чунин шахсияте, хеле баҷост, ки ин хусусияти хайрхоҳии холисона барои якдигар ва мувосотро равияи худ созем, ки ин вежагӣ ва тавъам бо он, назар ба раҳмати восеъаи илоҳӣ доштан, фарқе муҳим байни касе аст, ки таҳти парчами Ҳақ истода ва он касоне, ки ҳавли парчами ботил ҳалқа задаанд.
Мусалламан пайгирии чунин равияе, гушояндаи дарҳои осмон ва фурудоварандаи анвоъи имдодҳои илоҳӣ ва ғайбӣ хоҳад буд; аз нузули борони раҳмат гирифта то ғалаба бар душман ва ҳатто пешрафтҳои илмӣ ва фанноварона.
Дар ин айём мукарраран шунида мешавад, ки гурӯҳҳои мухталифе аз мардуми азиз, баҳақ ва бо ҳасрат аз он ягонаи даврон ёд мекунанд ва кам-кам вуҷуҳи бештаре аз гавҳари тобноки шахсияти волои эшон зоҳир мегардад. Ҳамчунин бинои бар таъассӣ ба афъоли хоссе аз он ҷаноб кам-кам фарогир мешавад; аз ҷумла мардуми азизамон аз мушти гиреҳкардаи он ҷаноб дар ҳини шаҳодат дарсҳо омӯхтанд ва акнун ҳамин мушти гиреҳкарда барои баъзе навъе намоди муштарак аз ақида шудааст. Ин гуна аст, ки бори дигар собит мешавад, ки таъсири шаҳид беш аз фарди ҳозир аст ва садои расои ӯ дар даъват ба тавҳид ва ҳақталабӣ ва мубориза бо зулму табоҳӣ, пуртанинтар ва паёмаш нофизтар аз давраи ҳаёти ӯ буда ва ҳамчунин хоҳиши қалбии ин шаҳиди азимулқадр, ки саодати ин миллат ва соири миллатҳои мусалмон буд, аз қабл ба воқеият наздиктар шудааст.
Пирӯзии миллати қаҳрамони Эрн дар ҷанги таҳмилии севвум
Бародарон ва хоҳарони ҳамватан! Имрӯз ва то ин нуқта аз ҳамосаи дифоъи муқаддаси севвум, ба ҷуръат метавон гуфт, ки шумо миллати қаҳрамони Эрон, пирӯзи қатъии ин майдон будаед.
Имрӯз талиъаи баромадани Ҷумҳурии Исломӣ ба унвони як қудрати бузург ва қарор гирифтани истикбор дар сарошебии заъф, муқобили чашми ҳамагон ошкор шудааст.
Ин, бешак неъмати илоҳӣ аст, ки аз баракати хуни раҳбари шаҳидамон ва соири шуҳадои гулгункафан ва ҳамватанони мазлум ва гулҳои пар-паршудаи мадрасаи “Шаҷараи Тайиба”-и Миноб ва дар прайи тавассулот ва тазаррӯъоти оҳоди миллат ба даргоҳи рубубӣ ва ҳузури муҷоҳидонаи эшон дар майдонҳо ва маҳаллаҳо ва масҷидҳо ва ба хотири ҷонфишониҳои бедареғ ва беминнат ва холисонаи размандагони ҷон бар кафи ислом ва Сипоҳ ва артиш ва Фароҷо ва сарбозони гумном ва марздорон, ба миллати Эрон арзонӣ шудааст. Ин неъмат ҳам монанди ҳар неъмати дигаре бояд мавриди шукр қарор гирад, то бақо ва рушд дошта бошад, ки –
لَئن شَکَرتُم لَأزیدَنَّکُم
Шукри амалии ин неъмат, талоши бевақфа барои расидан ба Эрони қавӣ аст.
Аҳаммияти истимрори ҳузури мардум дар саҳна
Он чи дар ваҳлаи кунунӣ, барои найл ба ин шиор ва ҳадафи роҳбурдии раҳбари шаҳид зарурӣ менамояд, истимрори ҳузури мардуми азизамон ҳамонанди 40 рӯзест, ки пушти сар гузоштанд. Ин ҳузур як рукни муҳим аз манзилате аст, ки инак Эрони муқтадир дар он истиқрор ёфтааст.
Бинобар ин, набояд бо эъломи бино бар музокирот бо душман, тасаввур шавад, ки ҳузур дар хиёбонҳо лозим нест, балки агар бар фарз, заруратан навбати давраи сукути саҳнаи набарди низомӣ расида бошад, вазифаи оҳоди мардуме, ки имкони ҳузур дар майдонҳо ва маҳаллаҳо ва масҷидҳоро доро ҳастанд, сангинтар аз қабл ба назар мерасад. Мусалламан фарёдҳои шумо дар майдонҳо, дар натиҷаи музокирот муассир аст; ҳамчунон ки адади шигифтовар ва рӯ ба афзоиши миллионии пӯйиши “Ҷонфидо барои Эрон”, ҳам аз аносури таъсигузор дар ин арса аст. Би изниллоҳи Таборак ва Таъоло дар асари ин нақшофариниҳо ва истимрори он, чашмандозе, ки дар пеши рӯйи миллати Эрон қарор дорад, зуҳури даврони бошукӯҳ ва дурахшон ва саршор аз иззат ва сарбаландӣ ва ғиноро барои эшон навид медиҳад.
Раҳбари шаҳиди мо вақте, ки ӯҳдадори раҳбарӣ шуданд, низоми Ҷумҳурии Исломӣ чун ниҳоле буд, ки захмҳои мутаъаддиде аз душманони ислом ва Эрон бар он фуруд омада буд ва албатта ҳамаро ба хубӣ таҳаммул карда буд. Аммо вақте, ки қариб ба 37 сол, курсии зиъомати умматро тарк намуданд, шаҷараи тайибае, ки решааш мустаҳкам ва шоху барги он бар бахшҳои муҳимме аз минтақа ва ҷаҳон сояафкан шудааст-ро аз худ баҷо гузоштанд. Рӯйкарди дастёбӣ ба “Эрони ҳар чи қавитар” аз масири ваҳдат байни ақшори мухталифи ҷомеа мегузарад, ки мукарраран мавриди таъкиди эшон буд. Шаммаи қобили таваҷҷӯҳе аз ин ваҳдат дар ин 40 рӯз таҳаққуқ пайдо кард: қулуби мардум ба ҳам наздик шуд, яхҳои фимобайни ақшори мухталиф бо гароишҳои мутафовит шурӯъ ба завб шудан кард, ҳамагон зери парчами ватан ҷамъ шуданд ва рӯз ба рӯз ба адади ин ҷамъ ва ба кайфияти он афзуда мешавад. Бисёре аз касоне, ки ҳанӯз ба ин гуна ҳузур даст наёфтаанд, қалбан ҳамроҳ ва ҳамсухан бо ҷамъяитҳои ҳозир дар майдонҳо ҳастанд.
Ин рӯзҳо хелеҳо нигоҳи тамаддуниро бо чашм дӯхтан ба уфуқҳои дурдаст таҷриба мекунанд ва барои худ тасвири на мавҳум, балки муттакӣ бар воқеияёти ҳолу оянда халқ мекунанд. Ин хусусиёте аст, ки то андаке пеш аз ин дар иддаи каме, ки раҳбари шаҳид дар раъси он қарор доштанд, дида мешуд. Ин гуна аст, ки ҳар нозире рушди сареъ ва мӯъҷизавори ин миллатро дарк мекунад ва беҷиҳат нест, ки дар ин рӯзҳо ҳакими номдори даврон ва фақеҳи олиқадр он гоҳ, ки бо шумо аз ин шаън сӯҳбат мефармяод, борҳо буғзи гулӯ, садди роҳи каломаш мешавад.
Нукоте дар бораи ҳамсоягони ҷанубӣ, ғаромати садамот ва хунбаҳои шаҳидон
Дар ҳамин маҷол ба ҳамсоягони ҷанубии Эрон мегӯям, ки шумо дар ҳоли дидани як мӯъҷиза ҳастед. Пас дуруст бибинед ва дуруст дарк кунед ва дар ҷойи дуруст биистед ва ба ваъдаҳои дурӯғини шаётин бадгумон бошед. Мо ҳанӯз мунтазири вокуниши муносибе аз сӯйи шумо ҳастем, то бародарӣ ва хайрхоҳии худро ба шумо нишон диҳем. Ин сурат намегирад магар бо эърози (рӯй гардонаи) шумо аз мустакбирон, ки ҳеч фурсатеро барои таҳқири шумо ва истисморатон аз даст намедиҳанд. Инро ҳама бояд бидонанд, би изниллоҳи Таъоло мо ҳатман мутаҷовизони табаҳкоре, ки кишвари моро мавриди ҳамла қарор доданд-ро раҳо намекунем. Ҳатман ғаромати так-таки садамоти воридшуда ва хунбаҳои шаҳидон ва дияи ҷонбозони ин ҷангро талаб хоҳем кард ва ҳатман мудирияти тангаи Ҳурмузро ба марҳили ҷадиде ворид хоҳем намуд. Мо толиби ҷанг набуда ва нестем, вале ба ҳеч ваҷҳ аз ҳуқуқи ҳаққаи худ даст намекашем ва дар ин ҷиҳат ҳамаи ҷабҳаи муқовиматро ба таври якпорча дар назар дорем.
Тавсияҳое ба оҳоди миллат
Дар ин мақтаъ то марҳилаи вусул ба он чи мутаъалиқ ба мост, авалан ҳамаи оҳоди миллат саъй дар муроъоти якдигар дошта бошанд, то аз ноҳияи камбудҳое, ки асари табиии ҳар ҷангест, фишори камтаре бар ақшори мухталиф ворид гардад. Албатта ин камбудҳо, ки баъзан дар ҷабҳаи муқобили шумо хеле бештар вуҷуд дорад, ба лутфи талошҳои бародарон ва хоҳарони шумо дар давлат ва ниҳодҳои дигар, то ҳадди қобили таваҷҷӯҳе мудирият шудааст.
Сониян, муроқибат аз гӯшҳоямон, ки панҷараи мағзу қалб аст, дар муқобили расонаҳои таҳти ҳимояти душман ё ҳамсӯи бо эшон амре лозим аст. Мусалламан он расонаҳо хайрхоҳи кишвар ва миллати Эрони нестанд ва ин маъно борҳо собит шудааст. Бинобар ин ё асосан мувоҷеҳа ва истифода аз онҳоро тарк кунем, ё ақаллан бо суизанни фаровон бо ҳар чизе, ки ироа медиҳанд, бархӯрд кунем.
Солисан, миллати азиз агарчӣ бо поён гирафтани муддати азои расмии шаҳодати раҳбари азимушшаъни худ, ҷомаи азоро аз тан берун меоварад, аммо азми қотеъ бар интиқоми хуни поки эшон ва ҳамаи шуҳадои ҷанги таҳмилии дуввум ва севвумро дар руҳу қалби худ зинда нигаҳ медорад ва пайваста мутарассиди таҳаққуқи он хоҳад буд.
Дар поён хитоб ба сарварамон (Имоми Замон аҷҷаллоҳу фараҷаҳуш шариф) арза медорам, ки мо бо имон ба Худои Мутаъол ва тавассул ба имомони маъсум (а) ва бо таъассӣ ба раҳбари шаҳиди худ дар зери парчами ҷанобатон ва дар муқобили ҷабҳаи куфру истикбор истодаем ва дар ин масир шуҳадои гаронқадре аз табақоти мухталиф тақдими роҳи иззату истиқлоли кишвар ва эътилои ислом ва Инқилоби Исломӣ кардем ва хасороте дигар ҳам дидаем. Инак бо тамоми вуҷуд ба дуои хосси ҳазрататон барои ғалабаи қотеъ бар душман чӣ дар саҳнаи музокирот ва чӣ дар майдони набард дил бастаем ва умед дорем ҳар чи зудтар, ҳам мо ва ҳам душманонамон асари мӯъҷизаосои онро мушоҳида кунем, иншоаллоҳ!
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу
Сайидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
20.01.1405
(09.04.2026)



















