• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

 Захмҳои Қафқоз дар таърих ва роҳи иброт

May 22, 2023
in Uncategorized, Инсон ва инсоният, Ниёгони гузаштаи мо
0
қафқоз
0
SHARES
29
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 

Қафқоз сарзамине дар миёни Осиё ва Аврупо, дар даврони бостон марзи миёни ҷаҳони мутамаддин ва биёбонгардони шимоли Қафқоз буд, ки бо гузар аз гузаргоҳҳои Қафқоз, манотиқи ҷанубӣ, чун Эрон ва Осиёи Сағирро ғорат мекарданд. Аз ин рӯ, ин сарзамин ҷойгоҳи муҳимме дар торихи Эрон дошт, ҷойгоҳе, ки то кунун ҳифз шудааст.

Шоҳони номдори эронӣ чун Куруши Бузург, Дориюши Бузург, Шопури Аввал, Хусрави Анушервон, Хусрави Парвиз ва Шоҳ Аббоси бузург ба таъмини амнияти ин минтақаи балохез номбардор буданд, чунон ки метавон гуфт, яке аз милокҳои доварӣ дар бораи шукӯҳу бузургии шоҳони Эрон чирагии комил бар Қафқоз будааст. Ин чирагӣ на танҳо амнияти Эрон, балки амнияти қавмҳои Қафқози ҷанубӣ, чун арманиҳо ва гурҷиҳоро таъмин мекардааст ва дар тӯли торих сабаби таҳкими пайвандҳои торихӣ ва фарҳангӣ миёни Эрон ва ин қавмҳо шуд.

Аз дигар сӯ, дар тӯли торих, дар паи фатрат ва сустии ҳукуматҳои Эрон, биёбнгардоне, ки дар пушти истеҳкомоти қафқозии Эрон саф кашида буданд, ҷуръат пайдо мекарданд то сарзаминҳоеро, ки дар ҷануби ин истеҳкомот буданд, тороҷ кунанд, монанди ончи дар садаи ҳафтӯми мелодӣ рух дод ва ба қатли оми мардуми Қафқози Ҷанубӣ ба дасти хазарҳо ва туркҳо анҷомид.

Дар торихи муосир русҳо ҷои эрониёнро дар Қафқоз гирифтанд ва ба сабаби надоштани пайвандҳои торихӣ бо мардумони Қафқоз, барои тасаллут бар ин сарзамин мутавассил ба сиёсатҳои касифи истеъморӣ шуданд. Сталин, қафқозие, ки муҷрии сиёсатҳои русҳо шуда буд, ба сабаби ошноии нисбӣ бо Қафқоз, назарияпардози ин сиёсатҳои залилона шуд.

Бар асоси ин сиёсатҳо, дар марзбандиҳои ҷумҳуриҳои сотсиалистии Қафқоз, ҳеч як аз ин ҷумҳуриҳо, ҳарчанд бо масоҳати кучак, набояд аз як миллати воҳид шакл мегирифт ва даруни ҳар як аз ин ҷумҳуриҳо бояд минтақаи худмухторе аз ақвоме бо табори мутафовит гунҷонда мешуд то пайваста омиле барои адами сабот дар ҳар ҷумҳурии шӯравӣ вуҷуд дошта бошад.

Русҳо бо ин тарфанд дар паи ҳар ихтилофе, ки миёни як ҷумҳурии қафқозӣ ва ноҳияи худмухтор ба вуҷуд меомад, дар умури онҳо дахолат мекарданд ва сарварии худро ба онҳо ёдоварӣ мекарданд. Чанд намуна аз ноҳияҳои худмухтор иборат буданд аз: Қарабоғ, ки минтақаи арманинишин буд ва даруни Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор дошт; Осетияи Шимолӣ ва Абхаз, ки даруни Гурҷистон қарор дошт. Разилонатарини ин марзбандиҳо, марзбандии  черкесҳо, кобордҳо, болкорҳо ва қарачоиҳо буд. Черкесҳо ва кобордҳо, ки забон ва фарҳанге монанди ҳам доштанд, дар Қафқози Шимолӣ ва дар шимоли сарзаминҳои болкорҳо ва қарачоиҳо мезистанд.

Сталин дар соли 1922-и мелодӣ ба ҷои меҳвари шарқӣ-ғарбӣ, ки ба ташкили ҷумҳуриҳои Қарачои-Балкар ва Черкес-Коборд менҷомид ва миллатҳои якдаст эҷод мекард, меҳвари шимолӣ-ҷанубиро дар назар гирифт ва ҷумҳуриҳои Қарачои-Черкес ва Кобордино-Балкарро ҷаъл кард ва марзҳои шимолии ҳар ду қаламравро огоҳона ба даруни Русия имтидод дод то ҷамъияти қазоқзои масеҳӣ ҳам вориди маҳдудаи ин ду ҷумҳурӣ шаванд ва авомили таниш ва бӯҳрон пайваста гиребонгири ин ҷумҳуриҳо бошад.

Захмҳои столинистӣ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад то сардамдорони Макав ҳар аз чанд гоҳе ба ҳангоми носур шудани онҳо, ба яке аз ақмори пешин ва саркаши худ сарварии худ бар сарзамини Қафқозро ёдоварӣ кунанд.

 

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, рӯъёи аврупоӣ шудан ва наздик шудан ба ғарб, дар миёни ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, ки хаста аз урдугоҳи коммунистии шарқанд, бисёр фиребанда аст. Аммо русҳо, ки дигар чандон барои зердастони дирӯз ҷаззоб нестанд, то кунун ба хубӣ аз осебпазирии худсохтаи қафқозӣ барои пешгирӣ аз наздик шудани қафқозиҳо ба ғарб истифода кардаанд. Дар соли 2008 аз таниш миёни Осетияи Шимолӣ ва Гурҷистон барои дур кардани Гурҷистон аз ғарб истифода карданд. Ва акнун низ дур аз интизор нест, ки захми сталинии Қарабоғ шояд омиле барои дур шудани Арманистон аз ғарб шавад.

Аз шашӯми меҳрмоҳи 1399-и шамсӣ, сентябри 2020, боз ҳам як захми сталинӣ сар боз кард ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба анбозии Туркия ва террористҳои сурӣ ба Қарабоғ юриш бурданд. Шояд туркҳо низ, ки акнун оташбиёри ин маърака шудаанд, бо пешбинии рафтори Маскав дар пуштибонӣ накардан аз давлати ғарбгарои Ереван, даст ба ин қимори бузург заданд.

Ба ҳар ҳол, авзоъ мутобиқи хости русҳо дар ҷараён аст ва арманиҳо барои хомӯш шудани оташи ҷанг рӯ ба сӯи Маскав доранд ва фаромӯш карданд, ки ин захмҳои кӯҳна, ки сохтаву пардохтаи Маскав аст, агар дар шароити кунунӣ дармон шавад, замони дигаре барои таъмини манофеи Маскав ва зери султа бурдани дубораи онҳо сар боз мекунад.

қафқоз

 

 

Previous Post

Вазъияти нобасомони Афғонистон ва хатари он барои Осиёи Миёна

Next Post

Бухоро, шаҳри тулӯи тоҷикон аз гузашта то ба оянда

Related Posts

Шаҳид аз забони шаҳид
Инсон ва инсоният

Шаҳид аз забони шаҳид

July 9, 2026
Пантуркизм ва хатари он
Инсон ва инсоният

Пантуркизм ва хатари он

July 9, 2026
Каъба ӯро мешиносад
Ниёгони гузаштаи мо

Каъба ӯро мешиносад

June 25, 2026
Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино
Ниёгони гузаштаи мо

Шайхурраис Буалӣ Сино

June 25, 2026
Таъсири мутолиа бар кӯдакон
Инсон ва инсоният

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

June 21, 2026
Такрим ва тарбияти фарзанд
Инсон ва инсоният

Такрим ва тарбияти фарзанд

June 13, 2026
Next Post
бухоро

Бухоро, шаҳри тулӯи тоҷикон аз гузашта то ба оянда

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

July 19, 2026
Озодӣ ва озодагӣ

Мужда эй дил

July 19, 2026
Аморот хостори бозгашт ба мизи музокира шуд

Аморот хостори бозгашт ба мизи музокира шуд

July 19, 2026
Кушта ва маҷруҳ шудани афсарон ва сарбозони амрикоӣ дар ҳамлаи ахири Эрон

Расонаҳои ғарбӣ ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз низомиёни амрикоӣ эътироф карданд

July 18, 2026

Recent News

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

July 19, 2026
Озодӣ ва озодагӣ

Мужда эй дил

July 19, 2026
Аморот хостори бозгашт ба мизи музокира шуд

Аморот хостори бозгашт ба мизи музокира шуд

July 19, 2026
Кушта ва маҷруҳ шудани афсарон ва сарбозони амрикоӣ дар ҳамлаи ахири Эрон

Расонаҳои ғарбӣ ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз низомиёни амрикоӣ эътироф карданд

July 18, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

July 19, 2026
Озодӣ ва озодагӣ

Мужда эй дил

July 19, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved