Лурис Чекновориён – аз ифтихороти Эрон ва Арманистон “фахри эронинажодҳо”
Равобити Эрон ва Арманистон аз назари торихӣ, яке аз қадимитарин ва тӯлонитарин равобит миёни миллатҳост.
Собиқаи иртиботи ин ду кишвари ҳамсоя ба ҳудуди се ҳазор сол пеш бозмегардад ва решаҳои амиқи равобити торихӣ, фарҳангӣ ва рафторӣ, чунон дар умқи ҷони ду миллат реша довонда, ки боис шудааст, шоҳиди ифтихороти муштарак бошем.
Дар асри ҳозир ва дар миёни иштирокоти ифтихоромези ду миллат, номи Лурис Чекновориён беш аз ҳар мавзӯи дигаре матраҳ аст.
Чекновориён кист ва чаро аз ӯ ин гуна ёд мешавад?
Чекновориёнро ба таъбири Сайидалиризо Мир Алинақӣ пажуҳишгар ва мунтақиди мусиқӣ, метавон охирин оҳангсоз аз насли румонтикҳои Эрон ба шумор овард.
Вай яке аз чеҳраҳои шинохташудаи фарҳангии муосир маҳсуб мешавад, ки илова бар мусиқӣ, дар заминаи нигориши китоб, тарроҳӣ ва наққошӣ низ осори бисёр зебое халқ офаридааст.
Лурис Чекновориён ҳамон тавре ки дар Эрон фаъолият дорад, раҳбарии оркестри миллии Арманистонро низ ӯҳдадор аст.
Ӯ дар соли 1316 шамсӣ (1937 мелодӣ) дар Буруҷерди Эрон мутаваллид шуд ва ба гуфтаи вай, модараш аз қатли омми арманиҳо дар Туркия ҷони солим бурд ва падараш низ аз зиндонҳои Сталин ва ҳар ду ба Эрон кӯчиданд ва дар шаҳри Буруҷерд сокин шуданд.
Чекновориён ҳамвора худро луристонӣ ва зодаи Буруҷерд муаррифӣ мекунад ва дар устони Луристон чеҳраи маҳбубе ба шумор меравад.
Лурис таҳсилоти мусиқии худро аз соли 1332 шамсӣ, дар Ҳунаристони олии мусиқӣ оғоз кард. Муддате баъд ба Вена азимат намуда ва то соли 1340 шамсӣ, дар Фарҳангистони мусиқии ин шаҳр ба таҳсили оҳангсозӣ ва раҳбарии оркестр машғул гардид. Сипас ба Эрон бозгашт ва зимни тадрис дар Ҳунаристони олии мусиқӣ ва тартиб додани намоишгоҳе аз созҳои миллӣ дар институти Гутеи Теҳрон, тасаддии садохонаи миллии ҳунарҳои зебои Эронро бар ӯҳда гирифт.
Чекновориён соли 1351 шамсӣ, ба раҳбарии оркестри операи Теҳрон мансуб гардид ва дар корномаи кориаш оҳангсозии филм ҳам дида мешавад.
Мусиқии филмҳое чун “Тангсер”-и Амири Нодирӣ, “Ман Эронро дӯст дорам”, филми Хусрави Синоӣ, “Партави як ҳамоса” филми Манучеҳри Тайёб, “Бито” филми Ҳажири Дориюш ва “Башорати мунҷӣ”, филми Нодири Толибзода, аз ҷумлаи осори Чекновориён дар ҳавзаи мусиқии филм аст.
Чекновориён бо бархе аз хонандагон ҳам иҷроҳоеро раҳбарӣ кард, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба иҷрои Шаҳроми Нозирӣ аз маҷмӯаи осори ин хонанда дар толори Милоди намоишгоҳи байналмилалӣ ва иҷрое бо Сайидабдулҳусейни Мухтобод дар толори Ваҳдат ва фарҳангсарои Баҳман ишора кард. Ӯ муддате ҳам раҳбарии оркестри маҷлисии Рӯдакиро ӯҳдадор буд.
Чекновориён беш аз 75 асар, шомили симфония, опера, мусиқии маҷлисӣ, консерт барои пианино, виюлун, гитор, мусиқии болет, осоре барои гурӯҳи хор, як рекиюм ва як оратория ва беш аз 45 мусиқии филм сохтааст.
Аз ҷумла осори ӯ, метавон ба операи Пардис ва Парисо, операи Рустам ва Суҳроб, балети Симурғ, оҳанги Нур ва садо, симфонияи Персполис ва симфонияи Куруш ишора кард.
Ҳарчанд Чекновориён арманӣ (ва масеҳӣ) аст, аммо иродати хоссе ба ислом ва пешвоёни исломӣ ва аҳли байти Паёмбар(с) дорад ва осори арзишмандеро дар ин замина ба тавлид расондааст, ки қитъаи мусиқии “Шаби ошуро”, ки бар асоси навҳаи қадимии “Имшаберо шаҳи дин дар ҳарамаш меҳмон аст, макун, эй субҳ, тулуъ” иҷро шудааст, аз муҳимтарин осори аст.
Ӯ роҷеъ ба ин алоқамандӣ ин гуна сухан гуфтааст: “Дар бораи иродати ғайримусалмонон ба ҳазрати Аббос (бародари ҳазрати Имом Ҳусейн, ки дар Карбало ба ҳамроҳии Имом шаҳид шудаанд) бояд бигӯям, достони фидокории эшон ҳамаро таҳти таъсир қарор медиҳад ва ман ҳам як ишқи хоссе нисбат ба эшон дорам, ки ин ҳиссу ҳоли мутафовит, аз даврони кӯдакӣ сарчашма мегирад, ба тавре ки дар даврони бачагӣ, дар миёни азодорони дастаҳои ҳусейнӣ, “саққои об” (касе, ки ба ташнагон об меоварад) будам ва ба ишқи ҳазрати Аббос, об ба дасти азодорон медодам”.
Гуфтанист, ба поси қадрдонӣ аз ифтихороти Чекновориён, Шӯрои шаҳри Теҳрон, дар мусаввабае, яке аз хиёбонҳои ин шаҳрро ба номи “Лурис Чекновориён” – ин мусиқидон ва оҳангсози маъруф номгузорӣ кардааст.