Худогоҳии миллӣ
Худогоҳии миллӣ; яъне худогоҳӣ ба худ, дар робита бо мардуме, ки бо онҳо пайванди қавмӣ ва нажодӣ дорад.
Инсон бар асари зиндагии муштарак бо гурӯҳе аз мардум бо қонуни муштарак, одобу русуми муштарак, торихи муштарак, пирӯзиҳо ва шикастҳои торихии муштарак, забони муштарак, адабиёти муштарак ва билахира фарҳанги муштарак, навъе ягонагӣ бо онҳо пайдо мекунад, балки ҳамон тавре ки як фард дорои як “худ” аст, як қавм ва як миллат, ба далели доштани фарҳанг, як “худ”-и миллӣ пайдо мекунад.
Ҳамфарҳангӣ аз ҳамнажодӣ ва ваҳдати бештаре миёни афроди инсонҳо эҷод мекунад. Миллият, ки пуштибонии фарҳангӣ дошта бошад, аз “ман”-ҳо як “мо” месозад, аҳёнан барои ин “мо” фидокорӣ мекунад, аз пирӯзии “мо” эҳсоси ғурур ва аз шикасти он эҳсоси сарафкандагӣ мекунад.
Худогоҳии миллӣ, яъне огоҳӣ ба фарҳангӣ миллӣ, шахсияти миллӣ, ба “мо”-и хосси миллӣ. Асосан дар ҷаҳон “фарҳанг” вуҷуд надорад, “фарҳангҳо” вуҷуд дорад ва ҳар фарҳанге дорои моҳият ва мумаййизот ва хислатҳои махсус ба худ аст, ба ҳамин далел, “фарҳанги ягона” як мафҳуми пуч аст. Носиюнолизм, ки билхусус дар қарни 19-и мелодӣ ривоҷи фаровон ёфт ва ҳанӯз ҳам каму беш таблиғ мешавад, бар ин фалсафа устувор аст.
Дар ин навъ худогоҳӣ, бар хилофи худогоҳии табақотӣ, ки ҳама чиз – аз зебоиҳо, эсҳсосот, довариҳо, ҷиҳатгириҳо – ҷанбаи табақотӣ дошт, ҷанбаи миллӣ дорад ва бо ақрабаи миллият мечархад.
Худогоҳии миллӣ, ҳарчанд аз мақулаи судогоҳӣ нест, вале аз мақулаи худхоҳӣ берун нест, аз ҳамин хонавода аст, тамоми аворизи худхоҳиро аз таассуб, ҳисси ҷонибдорӣ, надидани айби худ, уҷбу худписанӣ дорад, аз ин рӯ, монанди худогоҳии табақотӣ ба худии худ фоқиди ҷанбаи ахлоқӣ аст.