Давлати Ғуриён
Фатҳи ибтидоии Хуросон (Афғонистон) дар соли 18 ё 22 ҳиҷрӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар(р) ва фатҳи ниҳоии он, дар соли 31 ва 32 дар замони хилофати ҳазрати Усмон(р) будааст.
Фатҳи билоди Хуросон тавассути сипоҳи араб, мусовӣ бо мусалмон шудани мардуми он билод набудааст, балки ба маънои таслим шудани мардум дар баробари сипоҳиёни араб будааст.
Аз манобеъ ва шавоҳиди торихӣ дониста мешавад, ки мардум ва шоҳони мамлакати Ғур ва Ғарҷистон (ғуриёни Ҳирот то Ғурбанди Бомиён ва то Даҳанаи Ғурӣ ва Бағлон ва Панҷшер ва Парвон ва Бадахшон) монанди дигар мардуми Хуросон ва Систон дар қарни аввали ҳиҷрӣ дар баробари лашкари араб таслим шуданд ва кам-кам ва ба тадриҷ ба дини ислом гаравида ва пайрави хатти сиёсии Имом Алӣ шуданд. Хатти сиёсии Имом Алӣ ва алавиён дар муқобили хатти сиёсии усмонӣ ва умавиён буд.
Шоҳони ғурӣ дар ҳангоми зуҳури ислом ба лақаби давлати шансабиён (шаҳнасабиён) – аввалин давлати алавӣ дар ҷаҳони ислом будааст.
Шансаб (Шаҳнасаб) падари шансабиёни нахуст касест, ки дар соли 36 ҳиҷрӣ, ба дасти Имом Алӣ имон овард ва мусалмон шуд ва пайрави сиёсии хатти алавӣ гардид ва мардуми худро низ ба ин хат супориш намуд.
Соҳиби Табақоти Носирӣ (қарни ҳафтум) дар мавриди насаб ва мазҳаби шансабиён, ки ниёгони салотини ғурӣ будаанд, навиштааст:
“Нависандаи ин китоб дар ҳарами муҳтарами худованд, маликаи ҷаҳон, Моҳмалик бинти Султон Саъид Ғиёсуддин Абулфатҳ Муҳаммад ибни Сом дар соли 602 ҳиҷрӣ дар пеши тахти муаззами ӯ дар назар овардааст…
Ҳосилул амр, Фахруддин Муборакшоҳ ин нисбатнома (пуштнома – шаҷаранома)-ро ба номи Султон Алоуддин Ҳусайни Ҷаҳонсуз дар қалам овардааст. Дар ибтидо ин ривоят аз лафзи ин зубайдаи замон шунидам:
“Чун тахти мамлакат ба шукӯҳу фарри ҳумоюнии султон Ғиёсуддин Муҳаммади Сом зебу ҷамол гирифт, ин торих ба алқоби мубораки ӯ музайян гашт ва тамом шуд. Эшонро шансабиён хонанд ба нисбати падарӣ… ва ғолиби занн он аст, ки Шансаб (Шоҳнасаб) – падари шансабиён дар аҳди хилофати Амиралмӯъминин Алӣ(р) имон овард ва аз вай аҳде ва ливое бастанд ва ҳар кӣ аз он хонадон ба тахт нишаст, он аҳду ливои Алӣ ба ӯ доданд ва муҳаббати имомон ва аҳли байти ҳазрати Мустафо(с) дар эътиқоди эшон росих буд”.
Соҳиби “Равазот-ул-ҷаннот фи авсофи торихи Ҳирот” (қарни нуҳум) навиштааст:
“Вилояти Ғур дар рӯзгорони гузашта бисёр обод буда, иморатҳои баланд ва қасрҳои бадеъ ва қалъаҳои мустаҳкам доштааст ва ҳамеша навоҳии он диёр аз бидъату ношоистҳо пок буда ва ҳаргиз аз он ҷо бидъаткор ва бадмазҳабе пайдо нашуда ва мардуми он ҷо ҳама покдин ва некэътиқод бошанд, агарчи ба беақлӣ ва нодонӣ машҳуранд ва аксари мардуми кӯҳпояҳо чунинанд.
Аҳли Ғур мегӯянд, ки дар замони хилофати Амиралмӯъминин Алӣ (карамаллоҳу ваҷҳаҳ) ба ислом мушарраф шудаанд ва ҳокимашон маншури ҳукумат ба хатти Муртазо Алӣ ҳосил карда буд ва он маншурро доштаанд то замони Баҳромшоҳ ибни Султон Масъуди Ғазнавӣ ва ба он мубоҳот мекардаанд ва ба ҳақ муҳиқ будаанд ва низ ба ин ифтихор доранд, ки дар замони бани умайя дар ҳамаи мамолики ислом бар сари минбарҳо, бар аҳли хонадони рисолат лаънат карданд, магар Ғур, ки волиёни бани умайя ба он вилоят роҳ наёфтанд ва ин матлабро Фахруддин Муборакшоҳи Марвӣ (Марврузии Ғурӣ) ба назм кашидааст.
Ба ислом дар ҳеч минбар намонд
Ки бар вай хатибе ҳаме хутба хонд
Ки бар Оли Ёсин ба лафзи қабеҳ
Накарданд лаънати фасеҳу сареҳ
Диёри баландашон аз он масун
Ки аз дасти ҳар нокас омад бурун
Аз он ҷинс ҳаргиз дар он кас нагуфт
На дар ошокорову на дар нуҳуфт
Нарафт андар-ӯ лаънати Хонадон
Бад-ин бар ҳама оламаш фахр дон
Меҳин подшоҳони бодину дод
Бад-ин фахр доранд бар ҳар нажод”.
Мақола аз Устод Фозил Киёнӣ