Баррасии муқоисаии ду гузориши Шӯрои Амният дар бораи ДОИШ-и Хуросон
Пас аз барпоии ҳокимияти муҷаддади толибон, муҳимтарин муъзали амниятии толибон, ДОИШ-и Хуросон аст.
Арзи андом ва шурӯи тӯфонии фаъолияти ин гурӯҳ дар пасоҷумҳурият бо ҳамлаи хунин ба фурудгоҳи Кобул шурӯъ шуд. Дар тӯли ҳудуди ду соли гузашта, ДОИШ бо чандин ҳамлаи хунин ба таҷаммуоти шиаён, як маркази ибодати ҳиндуҳо ва нируҳои толибон ва ҳамчунин бо террори чандин нафар аз сардорони аршади толибон, тавонист иддаои толибон, мабнӣ бар таъмини амнияти саросарии Афғонистонро зери суол бибарад.
Аз шаҳривари соли 1400 (сентябри 2021) то хурдодмоҳи 1401 (маи соли 2022), ДОИШ масъулияти 219 ҳамларо дар Афғонистон ба ӯҳда гирифт. Аммо аз хурдодмоҳ (моҳи маи 2022) сайри нузулии ин ҳамалот оғоз шуд ва тағйири чашмгире дар мизони ҳамалот қобили мушоҳида аст. Ба унвони мисол, дар урдибиҳишт ва хурдоди соли 1402 (апрел – маи соли 2022), Доиш ба тартиб, 26 ва 29 ҳамла ё инфиҷорро ар Афғонистон ба ӯҳда гирифт, аммо дар ҳамин айёми имсол, теъдоди ин ҳамалот ба тартиб, аз сифр ило 2 ҳамла буд. Ба назар мерасад, ки ҳамкории истихбории кишварҳои минтақа бо ҳукумати толибон ва дар паи он, амалиётҳои толибон алайҳи мақарҳои гурӯҳи ДОИШ дар шаҳрҳо ва нуқоти шаҳрӣ, омили тағйири вазъият будааст.
Бо вуҷуди он ки теъдоди ҳамалоти ин гурӯҳ нисбат ба соли гузашта коҳиши чашмгире доштааст, ки ҳамин масъала сабаб шуд, ҳукумати толибон иддаои ғалаба бар Доишро дошта бошад, аммо бо террори пайдарпаи чанд тан аз сарони толибон дар шимоли Афғонистон Доиши Хуросон нишон дод, ки ҳанӯз тавоноии зери суол бурдани амнияти зайли ҳукумати толибонро дорад.
Ба далели аҳамияти вазъияти Доиши Хуросон, Шӯрои Амният, ба унвони бозуи амниятии Созмони Милали Муттаҳид ба таври давраӣ охирин вазъияти ин гурӯҳро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки гузоришҳои он низ дар дастраси умум қарор мегирад. Ду тими таҳқиқотии муҷаззо аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ вазъияти Доиши Хуросонро баррасӣ мекунанд. Як тим зайли қатъномаи 1988 ва тими дигар зайли қатъномаи 1267, 1989 ва 2253 ба баррасии вазъияти ин гурӯҳ дар Афғонистон мепардозанд. Тими аввал маъмури баррасии вазъияти тамоми Афғонистон аст ва дуввумӣ фақат маъмури баррасии гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Алқоида ва ДОИШ аст.
Ҷадвали зер нигоҳи муқоисаӣ ба додаҳои охирин гузоришҳои ин ду тим дар бораи Доиши Хуросон дорад. Тими зайли қатъномаи 1988 бо номи тими “А” ва тими зайли қатъномаи 1989, 1267 ва 2253 бо номи тими “Б” мушаххас шудаанд.
Тими А | Тими Б | |
Теъдоди нируҳои Доиши Хуросон | 4000 то 6000 | 1000 то 3000 |
Пойгоҳҳои Доиши Хуросон | Бағлон
Балх Ҷузҷон Қундуз Форёб Бадахшон Тахор Нангарҳор Канар Нуристон Пактиё Хуст |
— |
Ҳастаҳои хуфтаи ДОИШ | Кобул
Кописо Парвон |
Кобул
Канар Нангарҳор Нуристон |
Гурӯҳҳои кучаки ДОИШ | — | Бадахшон
Форёб Ҷузҷон Қундуз Тахор Балх |
Нигоҳи куллӣ ба ин ду гузориш, ки дар онҳо, азъияти як гурӯҳ тавассути ду манбаи таҳқиқотӣ ба сурати мухталиф арзёбӣ шудааст, ҳикоят аз тафовути ошкор дар бораи ёфтаҳои онҳо дорад. Ихтилофи ҷиддие, ки ба содагӣ наметавон аз он гузашт. Дар ҳарду гузориш зикр шудааст, ки равиши мутолеотии онҳо майдонӣ нест ва дар мусоҳиба бо сервисҳои иттилоотӣ ва кормандони вазорати хориҷаи кишварҳои мухталиф, ин додаҳо ҷамъоварӣ шудааст.
Тафовут дар теъдоди аъзои ДОИШ
Аз манзари теъдоди нируҳои ДОИШ, бар асоси гузоришоти тими таҳқиқотии “А” тахмине ду баробари тими “Б” дорад. Ҳарчанд ки тими “Б” баъд аз зикри рақами байни 1000 то 3000 қайд кардааст, ки бархе манобеъ, рақамро то 6000 зикр мекунанд, аммо эҳтимолан ба далели ин ки манобеи бештаре бар рақами байни 1000 то 3000 муттафиқ будаанд, ин тим такяи худро бар ин адад (1000 то 3000) гузориш карда ва рақами 6000-ро барои салби масъулият зикр кардааст.
Ихтилоф дар бораи парокандагии ҷуғрофиёӣ
Тими А, муътақид ба ҳузури пурранги ДОИШ дар 14 вилоят аст.
Ихтилоф дар бораи чигунагии ҳузур
Тими А бар ин бовар аст, ки ДОИШ дар 10 вилоят пойгоҳҳои омӯзишӣ дорад, ҳол он ки тими Б, ки тамаркузи он бар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ аст, аз пойгоҳи омӯзишии ДОИШ дар ҳеч вилояте зикр накардааст. Тими А муътақид аст, ки ҳастаҳои хуфтаи ДОИШ-ро дар шарқи Афғонистон медонад.
Тими Б ба ҳузури гурӯҳҳои кучаки ДОИШ умдатан дар навоҳии шимолӣ ва шимоли шарқи Афғонистон дорад, аммо тими А таъкид дорад, ки ДОИШ дар шимол, шимоли шарқ ва шарқи Афғонистон пойгоҳи омӯзишӣ дорад.
Адами мутобиқати ёфтаҳо бо вазъияти майдонӣ
Ҳар ду гузориш ба таври муштарак аз пойгоҳҳои омӯзишӣ, ҳастаҳои хуфта ва гурӯҳҳои кучаки ДОИШ дар 10 то 14 вилояти Афғонистон хабар медиҳад. Дар натиҷа, парокандагии ҷуғрофиёии ҳамалоти ДОИШ ва камияти ҳамалот низ бояд бо ин додаҳо ҳамхонӣ дошта бошад, аммо дар шаш моҳи гузашта, ДОИШ фақат даҳ ҳамла анҷом додааст ва ҳамалоти он дар панҷ вилоят, Бадахшон, Кобул, Балх, Ҳирот ва Нангарҳор будааст. Аз ин манзар бояд гуфт, ки коҳиши теъдоди ҳамалот ва адами парокандагии ҷуғрофиёии ҳамалоти ДОИШ бо теъдоди нируҳои зикршудаи ин гурӯҳ тавассути тими арзёбии Шӯрои Амният, ки рақаме байни 1000 то 6000 аст ва ҳузури ин гузора овард, ин аст, ки ДОИШ барои дар амон будан аз амалиётҳои толибон, давраи сукутро дар пеш гирифта ва ҳамалоти худро аз назари теъдод маҳдуд ва аммо аз назари кайфӣ (чигунагӣ) болотар бурдааст.
Лозим ба зикр аст, ки бозаи замонии интишори ин ду гузориш фақат 3 моҳ аст ва баъид аст, ки дар ин се моҳ, ДОИШ тавониста бошад, ин ҳаҷм тағйиротро дар заминаи теъдоди ниру ва ҷобаҷоии ҷуғрофиёӣ эъмол карда бошад.
П.С
Дар як ҷамъбандии куллӣ бояд гуфт, ки ихтилофи зиёди додаҳо ва натиҷагириҳои ду гузориши мазкур ва сипас адами мутобиқати ёфтаҳои онҳо бо шароити майдонӣ, илова бар ин ки мумкин аст ношӣ аз заъфи манобеъ ва коҳиши дастрасии майдонии нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон бошад, чӣ басо ба иллати вуҷуди аҳдоф ва ниятҳои пинҳони амниятӣ ва сиёсии минтақаӣ аст ва ин мавзӯъ металабад, ки дар рӯбарӯӣ бо ин гуна гузоришҳо, бояд диққат ва таммули бештаре ба харҷ дод ва гоҳе низ бо дидаи тардид ба онҳо нигоҳ кард.
То кунун эъмоли нуфузи бархе сервисҳои қудратманд ва эъмоли салиқаи бозигарони қудратманд бар ин навъ гузоришҳои Шӯрои Амният дар робита бо кишварҳои мухталиф мушоҳида шудааст. Таҷриба нишон додааст, ки гоҳе Шӯрои Амният ва соҳибони нуфуз бар ин шӯро, аз тариқи ин навъ гузоришҳо дар бузургнамоии як таҳдид, нақши боризе доштаанд.
Бузургнамоии хатари ДОИШ ва Алқоида дар Афғонистон, илова бар ин ки ин гурӯҳҳоро ба як мақсади ҷаззоб барои ҷангҷӯёни байналмилалӣ табдил мекунад, метавонад зимни тавҷеҳи гузинаи фишор бар ҳукумати толибон, заминаро барои анҷоми фаъолиятҳои зиддитеррористии Амрико дар Афғонистон осонтар кунад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин гузоришҳо аз тариқи гуфтугӯ бо сервисҳои иттилоотӣ ва мақомоти давлатӣ таҳия шудааст, саҳм ва нақши кишварҳои минтақа дар ин гузориш ба чӣ мизон аст?
Ин суолест, ки дар сурати вуҷуди дидгоҳи воҳид дар байни кишварҳои минтақа метавонад дар саҳни Шӯрои Амният матраҳ шавад.