• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Таҳкими робитаи Узбекистон бо меҳвари шарқ

August 4, 2023
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ, Машоҳир
0
узбекистон
0
SHARES
3
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Баъд аз фурӯпошии императории Шӯравӣ дар соли 1991, кишварҳои Осиёи Миёна дар набуди ҳомии аслии худ дучори мушкилоти фаровоне шуданд ва дар солҳои ибтидоии ин воқеа, ҳар кадом аз ин кишварҳо дар бораи ояндаи худ тасмимоти ҳаётӣ гирифт.

Бархе ба дунболи ҷойгузини ҳомии қудратманд барои худ буданд, ки халаи кумакҳои шӯравиро пӯшиш диҳад. Бархе кишварҳо мисли Узбекистон ва Туркманистон низ ба самти таҳкими қудратҳои фардӣ дар сохтори давлатӣ рафтанд ва бо идеяи ислоҳот аз боло, дар сохтори кишварашон, қудратро қабза каданд. Аммо замон ҳарчи ба пеш мерафт, барои ин кишварҳои маҳсур дар ҷуғрофиёи худ, ҳақоиқеро ошкор кард, ки бидуни он наметавонистанд пешрафт ва дурнамое барои ояндаи худ тасаввур кунанд.

Кишвари Узбекистон пеш аз фурӯпошӣ, аз кишварҳои пешрав ва соҳибқудрат дар минтақаи Осиёи Миёна буд, ки ба воситаи кумакҳои Шӯравӣ аз назари низомӣ ва энержӣ дар ин минтақа қудрате ба шумор мерафт.

Дар солҳои баъд аз 2000 низ ин кишвар ба хотири мавқеияти хосси ҷуғрофиёии худ, ки дар қалби Осиёи Миёна қарор дорад, ба воситаи кумакҳои хориҷӣ ва тавонмандии худ тавонист пешрафти хуберо оғоз кунад.
Дар соҳои гузашта, минтақаи Осиёи Миёна ба хотири тасмимоти кишварҳои қудратманди минтақаӣ ва фароминтақаӣ хоҳ-нохоҳ вориди дастабандии таорузоти байналмилалӣ шуданд ва бо ҳар буҳроне, ки дар равобити шарқу ғарб пеш меомад, ин кишварҳо низ вориди он масоил мешуданд.

Дар охирин маврид ҷанги Украина ва Русия боис шуд, кишвари Узбекистон, ки ба таври суннатӣ бо кишварҳои Чин ва Русия робитаи наздик дорад, амалан дар дуроҳии бузурге дар сиёсати хориҷии худ бирасад. Узбекистон амалан дар мавозеи худ ба поёни ҷанг ва ҳимоят аз тамомияти арзии Украина ҳимоят кардааст, вале бо таваҷҷуҳ ба фишорҳои байналмилалӣ, ки ҳомиёни Русия тавассути ғарб мутаҳаммил мешаванд, имкони дупаҳлӯ будани мавзеъгирии ин кишвар низ эҳтимол дорад, зеро ҳама аз нуфузи Русия дар Узбекистон хабар доранд ва ин кишвар наметавонад дар муқобили Русия қарор гирад, зеро пайвандҳои ногусастание байни ин ду кишвар вуҷуд дорад.

Бояд таваҷҷуҳ кард, ки баъд аз ислоҳоти қонуни асосӣ ва интихоботи Узбекистон, ки ба раиси ҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев ин имконро медиҳад, ки барои 14 соли дигар дар ин масъулият боқӣ бимонад, кишварҳои хориҷӣ моиланд робитаи худро бо ин кишвар беҳбуд бахшанд, зеро амалан 14 сол, сиёсат дар ин кишвар дар дастони як нафар хоҳад буд. Ҳоло аҳамияти ин кишвар дар иттиҳоди шарқӣ ба хубӣ рӯшан мешавад. Нақши ҷуғрофиёии ин кишвар ба Русия ва Чин иҷозат медиҳад, ки дар ҷанги коридорҳо дар минтақаи Осиёи Миёна имтиёзҳои бештареро дар ихтиёр дошта бошанд ва аз тариқи Узбекистон ва Эрон ба обҳои гарми байналмилалӣ дар ҷануби Эрон роҳ пайдо кунанд.
Ғарб низ ҳаракатҳои ҷиддӣ барои наздик кардани Узбекистон ба худро дорад. Ба тавре ки Иттиҳодияи Аврупо ба сурати фаъол дар ҳоли сармоягузорӣ дар ин кишвар аст, ки бо таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои кишварҳои иқтидоргарои минтақа мавонее бар сари роҳи тавсиаи равибити аврупо вуҷуд дорад.

Инчунин Амрико ҳам ба хотири масъалаи Афғонистон ва ҳам ба хотири таҳти фишор қарор додани Русия хоҳони наздикӣ бо Узбекистон аст.

Барои кишварҳои ғарбӣ ҳамин ки битавонанд Узбекистонро ба ҳолати инфиол ва ғайрифаъол нигаҳ доранд, як бурд ба ҳисоб меояд.

Хориҷ кардани ин кишвар аз родори таҳримии ғарб метавонад як имтиёз барои Мирзиёев, раиси ҷумҳури ин кишвар бошад; ҳамзамон бояд ишора кунем, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли тадорук барои таҳрими кишварҳои солисе, ки ба Русия барои давр задани таҳримҳо кумак мекунад, ҳастанд ва кишварҳои Қазоқистон ва Узбекистон низ ба гумони ғарбиён аз зумраи ин кишварҳоянд ва бояд дид, вокуниши ин кишварҳо дар баробари ин таҳдиди ғарб чӣ хоҳад буд.
Дар баҳси сармоягузорӣ бояд таваҷҷуҳ кард, ҳаҷми муровидоти Чин ва Русия бо Узбекистон ва кишварҳои Осиёи Миёна ба мизони болое аз кишварҳои ғарбӣ бештар аст ва ин як ҳушдор барои Узбекистон аст, ки агар бихоҳад монанди кишвари Ҳинд бозии дугона анҷом диҳад, наметавонад дар мақоми кишварҳое бошад, ки ҳамзамон аз ҷабҳаи шарқу ғарб имтиёз дарёфт кунад, зеро потенсиали ин кишвар тавонмандии бозигарии дугонаро надорад.
Ояндаи кишварҳои Осиёи Миёна мустақил аз равобити хориҷии қудратҳои бартари ҷаҳонӣ нест ва ин кишварҳо агар барои пешрафт ва суботи худ барномае доранд, бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд. Узбекистон бо ҳокимияти якдаст барои 14 сол, дар хатари интихоби роҳи дуруст дар ин бурҳаи ҳассос аст ва кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ медонанд, аҳамияти ин кишвар барои онҳо ҳатман дар ҷанги оянда, ки ҷанги коридорҳост, арзишманд аст ва тамоми талоши худро масруфи наздикӣ ба он хоҳанд кард.

Previous Post

Доиши Хуросон мавриди баҳси Шӯрои амният

Next Post

Қирғизистон пешрав дар густариши равобит бо Эрон

Related Posts

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ
Имон ва ваҳдат

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба
Мавзӯоти доғ

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Одамҳо мисли китобанд
Мавзӯоти доғ

Одамҳо мисли китобанд

April 10, 2025
Падар модар
Мавзӯоти доғ

Подоши нигоҳ кардан бо меҳрубонӣ ба падару модар

April 10, 2025
Ин маворид мағзи моро табоҳ мекунад
Мавзӯоти доғ

Мавориде, ки мағзи моро табоҳ мекунад

April 7, 2025
Рӯзи Ҷаҳонии Қудс
Мавзӯоти доғ

Рӯзи Ҷаҳонии Қудс

March 27, 2025
Next Post
қирғизистон

Қирғизистон пешрав дар густариши равобит бо Эрон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved