Дар асари омезиш бо муғулнажодон насли ориёиаслон, на танҳо тағйири шакл кард, балки хавосу хисоли зиёди зишти саҳронишинони бефарҳангро қабул кард. Дар баробари ба истилоҳи устод Ю.Яқубов (“Тоҷикон”,), ваъдахилофӣ, дурӯғгӯӣ, фиребу найранг барин бадкирдориҳоро ба худ касб кардан, дар ниҳоди тоҷик чун сустӣ, беҳолӣ, тарсӯӣ ва ноиттифоқӣ, кирдори ба ориёиҳо бегона ҷой гирифта, сабабгори хурд шудан, аз ҳам дур шудан ва дар охир бо нажоди аниронӣ мунҳал шудани қисми зиёди тоҷикон гардид.
Аз таълифоти шоирон ва торихнигорони гузашта равшан аст, ки ҳанӯз дар асри XIII мелодӣ, тоҷикон дигар гӯё, ки дар банди ҷодӯи Аҳриман баста бошанд, ба осонӣ худро ба куштан медоданд, роҳи наҷотро асосан дар гурезу таслим шудан медиданд, бахиливу парокандагӣ ва носипосиву бегонапарастиро пеша медонистанд. Ин буд, ки муалиффони рисолаҳову тазкираҳои асрҳои XII-XIX мелодӣ, хоҳ аз шумули иронинажод, хоҳ аз намояндагони ақвоми ғайрииронӣ ба таҳқиқу таҳлили ботин ва вижагиҳои равонии ин қавм сатрҳое чанд бахшида бошанд, нисбат ба фазилатҳо бештар нуқсонҳову рафтори зишташонро бозгӯ кардаанд.
Бад он гуна ки борҳо ёдрас шудаем, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки худ тоҷик буд, чолокиву ҳушёрии туркиро бар беҳавсалагӣ ва сустии тоҷикона тарҷеҳ додааст. Бархеҳо бо лашкаркашон, бархеи дигар бо донишмандону адибоне, ки зодаи он қавм буданашон исбот надорад ифтихор карданианд ва намояндагони қавмҳое низ дар миён ҳастанд ки ҳатто бо Чингизхону Темурланг, ин қотилони даҳр ифтихор мекунанд. Албатта ҳар қавме то ҳадди имкон талош меварзад, ки беҳтарин сифатҳои инсоние чун ростиву дурустӣ, хирадмандиву созандагӣ, растагориву башардӯстӣ, меҳмоннавозиву дигар хисоли некро пайвастаи халқи худ донад. Пас аз мутолиаи таълифоти гуногун пиромуни хислатҳову хавоси қавмҳои олмонӣ, инглисиву фаронсавӣ ва ҷопонӣ, бо маниши самурайҳояш метавон натиҷагирӣ кард, ки ин ақвом аз бостон то имрӯз сиришту маниши миллии худро хеле кам тағйир додаанд. Гузашта аз ин ба ақвоми номбурда маниши миллиашон барои ташаккул ёфтан ва ба миллати асил табдил ёфтан мадад расонда, онҳоро ба инкишофи фарҳангӣ, осоиши иҷтимоӣ ва ягонагии миллӣ оварда расондааст. Донишманди фарҳехтаи тоҷик, устод Юсуфшоҳ Яъқубов аз ойини ориёиҳо, таълимоти Маздоясно (Зартуштӣ), китоби муқаддаси «Авасто» намунаҳое оварда, маниши гузаштагони дури моро бо як идда, кажсалиқагиву кажрафториҳои ҳамзамонамон қиёс кардаанд ва ба хулоса омадаанд, ки дар асари садсолаҳои зери асорати арабу турку муғулу рус будан, қавми тоҷик ҷавҳари ориёии худро аз даст додааст. Ба ин андешаи донишманди нуктасанҷ розӣ нашудан, ба ноогоҳӣ аз гузаштаи қавми тоҷик далолат хоҳад кард. Равшан аст, ки ишғолгарони араб, туркҳои қарахониву қарахитоӣ, салҷуқиву чағатоӣ, темурлангиву қипчоқӣ ва муғулҳои чингизиву қунғуротиву манғитӣ ҳар кадом, ки ба зодбуми тоҷикон ҳамла овардаанд, ба хотири бароварда сохтани ҳадафи хеш, мубтани бар нобуд сохтани тухмаи ориёӣ, мардҳоро сар буридаанд ва занону навҷавононро ба бардагӣ бурдаанд.Нависандаи рус Алексей Толстой, ҳанӯз дар ибтидои асри XX асаре зери унвони «Русский характер» (Маниши русӣ) таълиф карда, як силсила хавос ва бартариҳои миллати русро дар нисбат ба дигар қавмҳо тавсиф карда буд. Имрӯз халқҳои аз қайди Иттиҳоди Шӯравӣ раҳо шуда, ки бештари онҳо дар замони пеш бо номи миллати худ кадом давлате надоштанд ва дар сарчашмаҳои торихӣ аз гузаштаи миллии онҳо чизе ба сабт нарасидааст, талош доранд бифаҳманд, ки онҳо дар гузашта ки буданд ва аз куҷо омадаанд.
Як ҳамлаву як ҳамла, омад шабу торикӣ,
Тундӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ.
Ё худ Зайналобиддини Шервонӣ, ки аз қавм ба туркҳои Шервон мансубият дошт дар китоби хеш унвонии «Бостон-ул-саёҳат» навиштааст: «…бо фирқаи тоҷик бисёр муошират карда ва бо эшон рӯзгор баровардам. Умуман эшон нифоқпешаву ҳасадандеша ва ҳарису носипосу ҳақношинос бошанд. Аммо дар он тоифа уламову фузало бисёр ва урафову (орифону) ҳукамои (ҳакимони) бешумори барҷаста ва ҷамъе касир бар эшон зевари фазоили инсонӣ ва камолотӣ оростаанд». Яъне ҳанӯз дар асрҳои миёна тоҷикон, бо вуҷуди нигоҳ доштани вижагиҳои ориёии худ, мисли донишпажӯҳӣ, эҷодкорӣ, нармдилӣ ва хушгуфторӣ, чун аҳдшиканӣ, нифоқандозӣ, ҳарисиву носипосӣ, хислатҳои зиёди аҳриманиро низ қабул карда буданд.
Яке аз нукоти ҷолиби дигаре, ки устод Юсуфшоҳ Яъқубов дар китоби номбурдаашон мехоҳанд назари покбинонро ба он ҷалб кунанд, аз нав тарбия кардани маниши миллии бостонии тоҷикон, бахусус меҳанпарастии ҷавонон, барҳам задани нохудогоҳии миллӣ, тавассути жарфтар омӯхтани «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ (дуруд бар равони покаш) мебошад. «Дар тарбияи насли навини тоҷикон – овардааст устод Ю.Яъқубов, забон, адабиёт, асарҳои панду ахлоқӣ ва махсусан «Шоҳнома» нақши бузург дорад. «Шоҳнома»-и устод Фирдавсӣ торихи ахлоқи тоҷик аст ва онро бояд ҳамчун китоби дарсӣ истифода намуд».
Дар ҳақиқат дар байни қавмҳои дар қайди торҳои анкабути сиёсати «глобализатсия», «толерантность» (бурдборӣ ба ақидаи дигарон) ё арабгароиву туркгароиву русгароӣ қарор дошта, мо тоҷикҳо имкониятҳои бузурге дорем, ки қавми хешро, ҳуввияти миллии хешро наҷот диҳем. Яке аз имкониятҳои асосӣ, омӯзишу аз бар кардани «Шоҳнома», ин «Қуръон»-и форсигӯён аст, ки мутаасифона мо бар он то андозае куфр раво дида, таври дилхоҳ истифодааш намекунем. Ҳар сатри «Шоҳнома»- ро чун «Қуръон»-и маҷид аз бар намекунем, зери таҳлил қарор намедиҳем. Набояд фаромӯш кард, ки Худованд на ба ҳама қавмҳои рӯи замин чунин асари торихии миллиро ҳамчун дастури худогоҳӣ арзонӣ доштааст. Дар нигари мо мо низ дар барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, аз синфи аввал то синфи ёздаҳум омӯзиши фанни «Шоҳномахонӣ»-ро (ба ғайр аз «Адабиёти Ватан» ворид кардан муҳим аст.
Мутаасифона ҳанӯз на танҳо андакхондаҳо, балки қисмати аъзами донишпажӯҳони соҳибунвони мо, ки адабиётшиносонамон низ истисно нестанд, «Шоҳнома»-ро пурра нахондаанд ва ба маънии аслии модари китобҳо дуруст дарнарафтаанд. Ҳанӯз на ҳамаи муфассирони адабиёти форсу тоҷик пурра дарк кардаанд, ки Фирдавсӣ (дуруд бар равони покаш) танҳову танҳо ба хотири ҳифзи ҳуввияти қавми форсиён, «Ранҷи сисола» кашидааст. Ногуфта нагузорем, ки беҳтаринҳои илму адаби форсӣ, чун Малик-уш-шуарои Баҳор, Мирзодаи Ишқӣ, Ваҳиди Дастгирӣ, Авранг (Ирон), Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Ҳақназар (Тоҷикистон), пайваста ба омӯзиши «Шоҳнома» таъкид кардаанд ва баъзе аз эшон, мисли устод Сотим Улуғзода ин шоҳкори беҳамторо барои мардум ба забони соддатар пешкаш кардаанд.
Суханрониҳои пай дар пайи Президенти кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, даъвати доимӣ ба эҳёи номуси миллӣ, таъкид бар амри ориёнажод будани қавми тоҷик (дар китоби «Аз Ориён то Сомониён», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пиромуни эълони соли 2006-ум ҳамчун соли тамаддуни ориёнажод) ва даҳҳо тадобири сиёсиву фарҳангӣ, хидматест миллати тоҷикро, ки ба ростӣ дар ҳазорсолаи охир назир надорад.
Дар ҳақиқат ҳамин нуқсони маргбори аз байн рафтани ҳисси миллӣ, андешаи миллӣ дар ҷисми олимону давлатмандони мост, ки имрӯз ғайритоҷикон аз кишварҳои ҳамсоя омада, дӯкону коргоҳҳоро мехаранд ва ба тоҷик дар дӯкону коргоҳҳои онҳо танҳо ҳаммоливу ҷорӯбкашӣ насиб мешавад.
Аммо шукр, ки сиёсати сарвари давлати тоҷикон монеъи хариду фурӯши замин бар бегонагон аст, вагарна моликони заминҳои кишт ва чарогоҳҳо саросар ғайритоҷикон мегаштанд. Мо инро дар кишвари ҳамсояамон мушоҳида кардаем; моликони заминҳои кишти вилоятҳои Балх, Самангон, Бағлон, Қундӯзу Тахор-ин маҳди ҳамешагии тоҷикони Хуросон, ақвоми паштуанд, вале тоҷикони бумӣ-соҳибони торихии заминҳои вилоятҳои номбурда, иҷоракорон ва муздурони он моликоне мебошанд, ки танҳо 100 сол пеш бо амри подшоҳони қабилапарасти афғон аз сарҳадоти Покистон, бо номи “ноқилин” омада будаанд.
Аз чист, ки тоҷик замини худ, маскани буду бош, ҳастии худро бо ин бепарвоӣ ба дигарон медиҳад? Дар боло байти Ҷалолиддини Балхиро пиромуни нармиву сустии тоҷикӣ овардем. Бояд пурсид, ки нармии тоҷикона обишхӯри кадом сарчашма аст? Ва чаро нармӣ, ки худ кайфияти неки инсонӣ аст, чӣ тавр ба сустӣ табдил ёфта, муҷиби хориву залилӣ ва гузашта аз ин дар кишварҳои ҳамсоя боиси аз даст додани ҳуввияти миллиашон гардидааст? Шояд ирониаслонро маҳз дар асари талқини пайвастаи хеш, тавассути ҷаҳонбинии ориёии «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» дар сиришти худ эҳсоси аҳуроии «пиндори нек» бар дигар ҳиссиёт ҳамеша ғолибу фарогир буд ва он то сатҳи соддалавҳиву зудбоварӣ фуруд омада, дар муқобили фитнаҳои ақвоми тунду чолок, мисли турку тотору русу фарангӣ, то ба нотавониву гирифторӣ овард. Ҳамин пиндори нек саросарӣ буда, ки тоҷик ба истилоҳи шоири овозаманди тоҷик Бозор Собир, бехонаҳоро соҳибхона, бегонагонро бологузар, дар хонаи худ ҷой карда, гоҳо худ бо атфолаш дар он хона мусофир гаштааст. Ин табиати соддалавҳии тоҷиконаамонро агар мо акнун, имрӯзҳо мушоҳида карда бошем, дигарон хеле барвақттар ва хубтар аз мо дарёфтаанд. Чунон, ки ғайритоҷике навишта буд: «Торих ҳам бар ин ҳақиқат гувоҳ аст, ки тоҷикон он қадар, ки ба таҳким ва оддӣ сохтани равобит бо дигар миллатҳо тамоюли қавӣ доранд, бад-он гуна бо афроди ҳаммилияти худ надоштаанд ва ин худ ба таври имконпазирӣ зоҳир мекунад, ки дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Ҳисси табъизталабӣ ва бегонагиву ситезаҷӯӣ дар миёни тоҷикон собиқа надошта ва надорад ва ҳамеша мушоҳида шудааст, ки ҳиссеро аз худ нишон дода бошад, аз тарафи дигар тоҷикон саркӯб гардидааст». (Аз китоби «Тоҷикон дар масири торих»-и Мирзо Шукурзода). Тавре, ки мебинем ғайритоҷикон таомули бегонапарастии моро ҳатто одати саркӯб кардани он ҳамқавмонамонро, ки бар парастиши миллати хеш майли самимӣ доранд, аз тарафи худи тоҷикон хеле хуб мушоҳида ва таҳлил кардаанд. (инҷониб борҳо дидаам, ки ҳангоми дар ҳалқаи тоҷикон ҳузур доштани ҳатто як нафар рус, ҳама бо забони русӣ ҳарф мезаданд, ё агар узбак ҳузур дошта бошад, тоҷики узбакидон фикри туркӣ надонистани тоҷикони ҳамроҳашро накарда, ба забони узбакӣ ҳарф мезад).
Қавитар будани андешаҳои интернатсионалистии тоҷиконро аз эҳсоси натсионалистӣ боз ҳам дар намунаи дукону мағозаҳои маркази шаҳрро соҳиб гаштани ғайритоҷикон метавон мушоҳида кард. Яъне бо вуҷуди дар мақомоти шаҳрдориву савдо қарор доштани тоҷикон, дукону растаҳои марказӣ бештар барои фаъолияти бозаргонии ғайритоҷикон таҳвил шудаанд.
Дар ҳақиқат миллатеро чун миллати тоҷик беш аз дигар қавму миллатҳо лозим аст, ки ба гузаштаи хеш бо чашми хирад бознигариста, аз шикастҳои пай дар пай сабақ омӯзад.
Албатта имрӯз тоҷикони мо бештар аз пеш имкониятҳои сафар кардан ба кишварҳои дигар доранд ва зимнан мусалмонии тоҷиконаи хешро бо мусалмонии аъробу авқоми ғайр муқоиса карда, ғолибан ба хулосае омаданд, ки мусалмонпарастиву бегонапарастии мо то ба соддалавҳӣ овардааст. Ашхоси ба кишварҳои арабӣ сафар карда бо чашми худ дидаанд, ки дар мулки онҳо ғайриараб ҳуқуқи харидани як ваҷаб замин ё биноеро надорад. Ғайриараб метавонад сарват ҷамъ кунад, вале соҳиби замину иншоот гаштанаш мамнӯъ аст. Арабҳо бо вуҷуди паҳнкунандаҳои аввалини дини ислом будан, миллат ва маниши миллии худро болотар аз ҳама арзишҳо медонанд. Ҳини гуфтор дар атрофи ормонҳои динӣ омодаанд «ахиву», «ахавону», «ихват», (бародарӣ) ба такрор бигӯянд, вале ҳамин, ки мавзӯи ба ягон ғайриарабе додани як порча замин, ё мансабу мақоми баланд ба миён ояд, аз ихвату бародарӣ фаромӯш мекунанд. Аз ҷумла хориҷиёнро барои тавофи Каъба мепазиранд, вале дар санади сафархарҷашон ситонидани арзиши ҳатто косаи обе ҳам шомил аст.
Равшан аст, ки яке омилҳои муҳимтарини ташаккулдиҳандаи маниши миллӣ, забони миллӣ мебошад, ки имрӯз пиромуни он сухангустариҳои фаровон сурат гирифтааст. Аммо ағлаби забоншиносони тоҷик ҳанӯз ҳам бо пойбандӣ дар гиреҳи фирефтории эҷод кардаи забоншиносони сиёсатпешаи шӯравӣ ин воқеиятро намепазиранд, ки форсиву дариву тоҷикӣ се гӯиши як забон аст ва боясти барои ба асли хеш баргардондани забони порсии тоҷикӣ, роҳ андохтани як ҷунбиши саросарии фарҳангии тоҷикон лозим аст. Бояд ҳама бидонанд, ки забони тоҷикиро аз забони форсӣ ҷудо номидан иштибоҳи сахту вазнин буда, ояндагонро ба раҳгумиҳо меоварад ва ҳатто метавонад тоҷиконро аз шарик будан ба адабиёти ҳазорсола маҳрум созад. Бори дигар бояд хотирнишон кард, ки «форсӣ» мафҳуми ом дорад, ки «дарӣ», “тоҷикӣ” муодили он мебошанд ва чуноне Фирдавсӣ ишора кардааст, порсиву дарӣ мутародифи ҳаманд:
Бифармуд то порсии дарӣ,
Набиштанду кутоҳ шуд доварӣ.
Барои таъйиди бештари нуктаи боло ин намунаҳоро аз зиндагии амирони пас аз ҳамалаи араб истиқлоият ба даст оварда, аз ҷумла Яъқуб Лайси Саффорӣ ва Мансур бинни Нӯҳи Сомонӣ меоварем, ки забони муошират ва давлатдории худро «форсӣ» номида буданд; “Пас аз он ки Хоҷа Абулқосими Самарқандиро ба таълифи китоби “Ассавод – ул — аъзам” водошт ва ӯ он китобро ба забони арабӣ навишт бифармуд, ки ин китобро ба порсӣ гардонед, то чунон ки хосро бувад . омро низ бувад.” (“Асвод – ул – аъзам”, чопи “Бунёди фарҳанг”, саҳ.19). Подшоҳони сулолаи сомониён ҳам бо забони арабӣ ошноӣ надоштанд, чунон ки Тафсири Табариро аз Бағдод оварданд, барои Мансур бинни Нӯҳи Сомонӣ, “… душвор омад бар вай хондани ин китоб ва иборат кардани он ба забони тозӣ ва чунон хост, ки мар инро тарҷума кунад ба забони порсӣ.” (тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”, чопи Теҳрон, саҳ.5)
Дар ин боб бори дигар дар фурсати муносиб ба тафсили бештар метавон гуфтугӯ кард, лекин ҳоло, ки аз бозбинии маниши миллии тоҷикон сухан меравад, пиромуни яке аз паҳлӯҳои дигари тарбияи шуури миллӣ ва тафаккури маниши миллӣ, бо ризоият ва қаноатмандӣ изҳор карданиям, ки устод Юсуфшоҳ Яъқубов дар маврид хеле оқилона арза доштаанд: «Барои ҳисси миллӣ, шуури миллӣ ва тафаккури маниши миллиро ба вуҷуд овардан муаллимону мураббияҳоро лозим аст, ки ба мавзӯъҳои ҳуҷуми ғоратгаронаи Искандари Мақдунӣ, арабҳо, муғул ва куштору ғорат, харобиҳои онҳо кардаро ба шунаванда дар рӯҳияи ватанпарастӣ таъкид намоянд». Дар ҳақиқат худи мураббиҳову муаллимон ба омӯзиши торихи ҳақиқии миллати тоҷик ниёзи шадид доранд. Ҳама, ки омӯзондаҳои торихшиносии шӯравианд, аз гузаштаи фоҷиабори қавми хеш огоҳии дуруст надоранд. Гумон мекунам, ки ба торихнигороне чун устод Юсуфшоҳ Яқубов ва торихшиносони доираи илмии он кас мебояд шароити зарурӣ фароҳам овард, то ба таълифи китобҳои дарсии торихи тоҷикон, бозомӯзии муаллимони дабистонҳову донишкадаҳо бипардозанд. Шояд дар он сурат хатмкардаи мактабу донишкада дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфта, битавонад дар куҷое набошад хостҳои миллии худро дифоъ кунад.
Дар поён мехостам ин нуктаро бозгӯӣ намоям, ки маниши миллиро мебояд тарбият кард ва барои роҳандозии ин кори мушкил дастгоҳҳои нерӯманди тарбиявӣ боясти дошт, ки бо мардум, ба вижа бо ҷавонон кор баранд. Аз расонаҳои хабарии омма, ба вижа шабакаҳои телевизионӣ бояд чунон кор гирифт, ки ҳар барнома, ҳар сухангустарӣ ба бознигариву худсозии тоҷикон нигаронида шавад.