Дар ин рӯзҳои мултаҳиби ҷангии Ғарби Осиё баррасии рафтор ва аксуламали бозигарони таъсиргузори минтақа метавонад нигоҳи кишварҳоро ба масоили ҷорӣ ва ҳассосе, ки дар ҳоли вуқуъ аст, табйин намояд ва дӯстиҳо ва душманиҳоро беш аз пеш ошкор созад.
Дар торихи тӯлонии минтақаи Ғарби Осиё, яке аз роҳҳои касби машруият ва маҳбубият дар миёни ҳукуматҳо ва милали мусалмон таваҷҷуҳ ба қиблаи нахусти мусалмонон, яъне шаҳри Байтулмуқаддас будааст. Бар ҳамин асос, бисёре аз ҳокимони мусалмон, бахусус пас аз ишғоли ин сарзамин тавассути саҳюнистҳо, худро ҳомии ормони Қудс ва озодии Фаластин нишон доданд.
Бо шурӯи даргирҳои размандагони фаластинӣ бо ишғолгарони саҳюн, кишварҳои Ғарби Осиё ҳар кадом баста ба тафаккурот ва наздикӣ ё дурӣ ба масъалаи Фаластин мавзеъгириҳои хоссе анҷом доданд. Дар ин навиштор ба баррасии кишвари маризи Ховари Миёна (Туркия) хоҳем пардохт.[1]
Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия, ки солҳост дар арикаи қудрат мондааст, ба ҳаракоти изоӣ дар масъалаи Фаластин машҳур аст, солҳо пеш филми тарки ҷаласа аз ҷониби ӯ, ки дар эътироз ба ҳузури раиси ҷумҳури режими саҳюнистӣ мунташир шуда буд, замоне ба маъруфтарин ҳаракати зидди саҳюнистӣ дар ҷаҳони ислом бадал гашт, аммо баъдҳо бо рӯйдоди оддисозии равобити Туркия бо Исроил, афкори умумии мусалмонони ҷаҳон дучори ҳайрат аз ин ҳаракатҳои мутаноқизи Эрдуғон шуданд.[2]
Дар ин солҳои ахир, Туркия аланан ва ошкоро бо Исроил анвои робитаҳои сиёсӣ, низомӣ ва амниятиро доштааст ва ин масъала бар касе пӯшида нест. Бинобар ин, мунтақидони ин рафтори Туркия, башиддат бо аксуламалҳо ва кунишҳои ба зоҳир мусбати Туркия нисбат ба масъалаи Фаластин бо дидаи тардид менигаранд, зеро рафтор ва гуфтори Эрдуғон ва давлаташ хилофи иддаоҳои матраҳшударо нишон медиҳад. Эрдуғон дар зоҳир худро мунҷии кишвари Фаластин нишон медиҳад, аммо дар амал камтарин коре барои мушкилоти мардуми мазлуми Фаластин анҷом надодааст ва бо режими саҳюнистӣ робитаҳои густардае дорад.
Авомили муассир бар рафтори Эрдуғон дар ду буъд қобили баррасӣ аст.
Аввал буъди иқтисодӣ. Давлати Туркия дар ин бозаи замонӣ ва бо иқтисоди бемори худ, башиддат ба дунболи ҷазби кумакҳои хориҷӣ ва тасҳилоти байналмилалӣ танзим шудааст.[3] Эрдуғон мекӯшад бо табаият аз ҳанҷорҳои ғарбӣ худро ба ин кишварҳо наздиктар кунад то битавонад аз сармояҳои молии онҳо истифода кунад, то балки битавонад шароити бади иқтисодии кишвари хешро сару сомон бахшад. Яке аз аҳдофи Эрдуғон аз моҷароҷӯӣ дар Қафқоз низ ҳамин масъала буд, ки бо тадбири Эрон ва Русия нақшаҳои шуми кишварҳои ғарбӣ (мисли Анлия ва Туркияву Исроил) нақши бар об шуд.
Дуввум, буъди сиёсӣ. Туркия дар солҳои ахир бо моҷароҷӯиҳое, ки дар минтақаи Шомот анҷом дод, (шимоли Ироқ ва Сурия) дар диди миллатҳои минтақа манфур гашт. Ҳоло бо шурӯи амалиёти тӯфонии муҷоҳидини фаластинӣ фурсате барои Эрдуғон ба вуҷуд омадааст, ки зеҳнияти манфури мардумони Ғарби Осиёро каме талтиф кунад. Аммо мавзеъгириҳои мутаноқизи Эрдуғон барои миллатҳои минтақа муаййиди нифоқи рафтории ӯст. Намешавад ҳам ба раиси режими саҳюнистии Исроил дилдорӣ бидиҳед ва ҳам нисбат ба ҷиноятҳои ин режим нисбат ба мардуми мазлуми Ғазза сӯҳбат кунед. Кишварҳои бо тафаккури ихвонӣ монанди Аморот ва Туркия дар ин бизангоҳ бо рафторҳои дугона ва музҳику хандадори худ[4] корномаи нангине дар торих барои худ сабт мекунанд.
Дар маҷуъ бояд ишора кард, ки нақшае, ки меҳвари ғарбӣ барои Ғарби Осиё тарроҳӣ карда буд, бо зиракии меҳвари муқовимат дар ҳоли бозтаъриф аст, дар ин муддат кишварҳои исломии минтақа ба дунболи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ будаанд, ки бо нишастҳои пайдову пинҳон ба дунболи касби машруияти ин раванд барои тавҷеҳи миллатҳои хеш будаанд; ин барнома, ки дар ду соли ахир бо фишорҳои Амрико ба дунболи эълони занҷираии тавофуқоти оддисозии равобити давлатҳои исломӣ бо режими саҳюнистии Исроил буд, дар рухдоди ахир ба бунбаст расид ва кишварҳои мухталифи арабӣ бо дидани ҷиноёти ҳавлноки саҳюнистҳо оддисозии равобит бо ин режимро ба ҳолати таълиқ дароварданд ва ин зарбаи кории меҳвари муқовимат ба барномаи чандинсолаи Амрико буд; ҳаракате, ки бо сармяогузории калони иқтисодӣ ва сиёсӣ ба дунболи аз байн бурдани мардуми Фаластин буд, якшаба ба зуболадони торих пайваст. Туркия низ дар ин раванд нақши худро ба унвони кишвари таъсиргузор аз даст додааст, давлате, ки замоне ба унвони халифаи минтақаи Ғарби Осиё матраҳ буд, алъон ба кишваре мунфаил ва камтаъсир табдил шудааст.
[1] https://www.city-journal.org/article/turkey-the-sick-man-of-europe
[2] https://dergipark.org.tr/en/download/article-file/2048843
[3] https://www.crisisgroup.org/europe-central-asia/western-europemediterranean/turkiye/building-momentum-eu-turkiye-relations
[4] https://www.al-monitor.com/originals/2023/10/turkeys-erdogan-strikes-moderate-stance-israel-hamas-war-rages