“Пайғамбари бузургвори мо, хотами анбиё, ҳазрати Муҳаммади Мустафо Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи мебошад. Нисбати он ҳазрат, ба Иброҳими Халил мерасад. Номи падараш Абдуллоҳ аст. Абдуллоҳ дар оғози ҷавонӣ, ки тоза бо Омина духтари Ваҳб издивоҷ карда буд, ҳангоми мусофират аз Макка ба Шом, дар байни роҳ даргузашт. Ҳазрати Расул ҳангоми фавти падар дар раҳими модар буд. Пас аз таваллуди он ҳазрат, ҷаддаш Абдулмутталиб то зинда буд, ӯҳдадори вай буд.
Аз кӯдакӣ осори ҳушу заковати фавқулъода ва алоими наҷобат ва асолат аз он ҳазрат ҳувайдо буд. Ҳама ӯро ба амонат ва ростӣ ва дурустӣ ва ҳушмандӣ мешинохтанд ва ӯро Муҳаммади Амин лақаб дода буданд.
Мардуми Макка дар он вақт бутпараст ва тиҷоратпеша ва айёш буданд, бисёр ҷоҳил ва нодон ва мағрур буданд, анвоъи мафосиди ахлоқ аз шароб ва қимор ва рибохорӣ ва ситам ба зердастон ва ташкили амокини фасод дар миёни онҳо роиҷ ва шойеъ буд. Расули Акрам аз ҳамон оғози ҷавонӣ ба одот ва аъмоли маккиён ва соири аъроб бо нафрат ва инзиҷор менигарист ва аз онҳо канора мегирифт. Ҳаргиз дар корҳои сабук ва омехта ба сабуксарии қавми худ ширкат накард. Ҳаргиз ба маҷолиси лаҳву лаъиби онҳо по нагузошт. Чизҳоеро, ки онҳо мояи фахру мубоҳот ва худнамоӣ мешумурданд, ӯ ҳақир ва ночиз мешумурд. Ҳеч гоҳ ба буте аз бутҳо, ки умуми мардум онҳоро мепарастиданд, эътино накард. Аз кӯдакӣ бо ақли равшан ва замири софи хеш Худои худро шинохта буд ва аз рӯйи хулус ӯро ибодат мекард.
Маконеро дар домани кӯҳе ба номи кӯҳи Ҳиро барои хилват ва ибодат интихоб карда буд ва ба онҷо мерафт ва ба ибодат ва андеша мепардохт, то он ки дар синни чиҳилсолагӣ омодаи қабули рисолат шуд ва ба пайғамбарӣ мабъус гашт ва аз он пас ба иршоду ҳидояти мардум пардохт.
Расули Акрам “уммӣ” яъне “устоднадида” буд, дар ҳамаи умр ба мактаб ва мадрасае нарафт ва назди муаллиме аз муаллимони башар дарс нахонд. То охири умр на хатт навишт ва на китобе хонд, аммо чунон сафои қалбӣ пайдо кард, ки Худованди Мутаъол Қуръонро ба ӯ ваҳй кард ва ӯ худаш муаллими башар шуд ва мардумро ба илму ҳикмат ва хондану навиштан ташвиқ ва таъкид кард.
Мардуми ҷазиратулараб аз фарҳанг ва тамаддун ва қонун ва ҳукумат ва муқаррарот бебаҳра буданд ва дар ҳоли таваҳҳуш ба сар мебурданд. Дар миёни онҳо мадраса ва мактаб ва таълифу таълим ва китобу муаллим вуҷуд надошт. Ашхосе, ки метавонистанд бихонанд ё бинависанд, бисёр андак ва ангуштшумор буданд. Маълумоти онҳо иборат буд аз як идда ҳикоятҳо ва афсонаҳо дар бораи бутҳое, ки мепарастиданд ё дар бораи ҷангҳо ва қатлу ғоратҳое, ки худашон ё падаронашон карда буданд. Бузургтарин асари фарҳангии онҳо иборат буд аз як силсила ашъор, ки мазмуни онҳо аз ҳудуди васфи шароб ва маъшуқ ва асп ва шутур ва найза ва шамшер ва ифтихор ба обо ва аҷдод ва ёдоварии қатлу ғоратҳо таҷовуз намекард. Дар миёни чунин қавме Худованд Пайғамбари Акрамро мабъус фармуд ва ба ӯ Қуръоне нозил кард муштамил бар ҳикматҳо ва мавъизаҳои олӣ ва қиссаҳои ибратангез ва як силсила қонунҳои мутқани ҳуқуқӣ ва ҷазоӣ ва як ришта дастурҳои матини ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ва қисмате азими маорифи илоҳӣ дар боби тавҳид ва маъод ва ғайра. Мардуми ҷазиратулараб ба куллӣ аз ин ҳақоиқ бебаҳра буданд ва ин худ мӯъҷизаи равшани хотами анбиё ба шумор меравад.”