Барои чӣ донишманд зиёд дорем, вале ҳаким ангуштшумор?
Усулан, мо гумон мекунем, инсон агар бисёр боҳуш бошад ва ё зиёд илм биомӯзад ва ба илова, таҷриба ҳам дошта бошад, ӯ ҳаким мегардад. Дар ҳоле, ки чунин нест, балки барои ҳаким шудан, омӯхтани илм шарти лозим аст, вале шарти кофӣ нест.
Ҳадисе ҳаст аз Паёмбари Акрам (с), ки шуморе аз ҳадиспажӯҳон аз ҷумла Абӯнаъим дар “Ҳиля” нақлаш кардаанд. Албатта, Имом Суютӣ онро заъиф дониста. Дигарон ҳам онро нақл кардаанд. Бисёр маъруф аст. Ҳадисе, ки бароямон мегӯяд, инсон чӣ вақт ҳаким ва суханони ҳикматомез дар забонаш ҷорӣ мешавад.
Ҳазрати Паёмбар (с) мефармоянд:
من أخلص لله أربعين يوما ظهرت ينابيع الحكمة من قلبه على لسانه
“Касе, ки чиҳил рӯз барои Худо холис бишавад ё ихлос биварзад, сарчашмаҳои ҳикмат аз қалбаш бар забонаш зоҳир хоҳад шуд.” (Алҷомеъус-сағир, ҳ. 8361)
Тибқи фармудаи ҳазрати Паёмбар (с), инсон агар воқеан барои Худо холис бошад, ҳикмат дар забонаш ҷорӣ мешавад. Чиҳил рӯз ба унвони ҳаддиақали замон зикр шудааст. Яъне, лоақал одам чиҳил рӯз холис шуда бошад.
Холис шудан барои Худо яъне ҳамаи корҳоятро барои ризои Худо ва хушнудии ӯ анҷом бидиҳӣ ва заррае риё ва худнамоӣ дар ту дида нашавад. Ҳатто нафасе, ки мекашӣ ва обе, ки менӯшӣ ва ноне, ки мехӯрӣ, барои Худо ва дар роҳи Худо бошанд. Хулоса, ҳамаи корҳо ва таҳаррукоти ту барои Худо бошанд. Аз ту гуноҳе сар назанад, корҳое, ки Худо фармуда, мӯ ба мӯ анҷомашон бидиҳӣ.
Ин ҷост, ки ҳикмат дар забони одам ҷорӣ мешавад ва ӯ воқеан ҳаким мегардад. Ва ҳатто агар одам саводе надорад ва чизе наомӯхтааст, ӯ ҳаким мешавад.
Ба назари банда, ҳакимҳои таърих мисли Суқрот, Афлотун, Арасту ва ғайра, инҳо инсонҳое буданд худоӣ. Яъне, илмомӯзии онҳо ва донишманд буданашон ҷойи худ, вале ин ки воқеан ҳаким гардидаанд, ба хотири ин аст, ки афроди холис будаанд ва барои Худо мухлис. Мо олим ва донишманд зиёд дорем, вале ҳаким ангуштшумор.
Хулоса, инсон бояд барои Худо холис бошад, корҳоро барои Худо анҷом бидиҳад, на ба хотири ризои ину он.