Маъруфии Балхӣ ё Маъруфи Балхӣ (асри 10), шоири номдори дарбори Сомониён, замони ҳукмронии Абдумалик ибни Нуҳи Сомонӣ ба авҷи шуҳрат расидааст. Ҳамрадиф бо Рӯдакӣ ва Шаҳиди Балхӣ аз нахустин ғазалсароёни форсӣ шумурда мешавад.
1. СОМОНИЁН ВА ФАРЗОНАГОНИ АДАБУ ДОНИШ
Давраи Сомониён дар таърихи адаби форсӣ яке аз таъсиргузортарин давраҳои адабӣ ба шумор меравад. Дар қиёс ба дигар бурҳаҳои таърихи Эронзамин фузунии намунаҳои назмию теъдоди осори гӯяндагон яке аз вижагиҳои умдаву мутафовити ин аҳд нисбат ба сойири давраҳои таърихи кишвари мост. Яке аз муҳиммтарин далелҳои пуршумор будани шоирон ва ривоҷи рӯзафзуни шеър дар давраи Сомониёнро бояд ташвиқи бемонанди шаҳрёрони Сомонӣ нисбат ба шуъарову нависандагон донист. Ин ҳам бояд делеле дигар бошад, ки Сомониён андешаи истиқлоли адабии эрониро бар пояи забони модарии мо – порсӣ ё порсии дарӣ таъқиб мекарданд, ки чунин руҳия аз назари меҳанпарастонаи Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ (раҳмати Худованд бар равони ӯ) нашъат мегирифт. Зеро ҳамин шукуҳи илмию адабии Хуросони асри 10 ва 11 мояи ибрату ваҷду ифтихормандии ҳаводорони ҳувийяти миллии эронӣ дар дигар гӯшаву канори Эронзамин гашт ва адибону донишмандон аз бахшҳои ғарбию ҷанубии Эрон барои фаро гирифтани дақоиқу фунуни забони порсии дарӣ ниёзмандии хешро аз фаро гирифтани девонҳои шоирони Хуросону Моваароуннаҳр пинҳон намедоштанд.
Ин давраро ғалабаи вожагони форсӣ бар арабӣ ва таваҷҷуҳ ба тавсифоти табиӣ, давраи баёни содаву руҳнавози лафзи дарӣ номидаанд. Мавзуъоти шеъри суханварои ин аҳд сершумор ва дур аз иғроқ ҳастанд. Тағаззулоти шоирона, панду андарз, ҳикмат бо шеваи шоирона ва на олимона низ аз вижагиҳои адабийёти ин давра аст. Ва барҳақ фазои Сомониёнро (дар Бухоро ва Ғазнин) аз давронҳои гавҳарини фарҳанги мо ном мебаранд, ки дар муҳити ирфонии хеш бузургтарин родмардони адабро ба ҷаҳони маънавии мо, балки ба фарҳанги дурахшони ҷаҳон эҳдо намуд. Ному шуҳрати ҷаҳонии ахтарони адаби мо аз бузургию ҷалоли як ҳукумате бузург, ҳамчун Сомониён, шаҳодат додааст, ки равнақи донишу фарҳанг ва арҷ гузоштану муҳтарам доштан аҳли илму фарҳанг аз рукнҳои аслии давлатдории онон будааст. тиАз ин ҷост, ки дар асрҳои 10 ва 11 чеҳраҳои бузурге дар олами адабу калом номбурдори фарҳангу хиради Хуросон ба ҷаҳон гаштанд, ба монанди Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Кисоийи Марвазӣ, Дақиқии Тусӣ, Фирдавсӣ Унсурии Балхӣ, Фаррухӣ Розӣ, Асҷадӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Фахруддини Гургонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Амирмуъиззӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Носири Хусрав ва Саноӣ…
Аммо бисёре аз осору ашъори шоирони ин давра аз пайи ҳамлаҳову ҳодисаҳои табиӣ аз миён рафтааст ва мо аз мазмун ва ишороти ҳамин абёти боқимонда мутаваҷҷеҳи рифоҳу осоиш ва ҷойгоҳи иҷтимоии баланди адибону донишмандон дар ин аҳд мешавем. Ҳузури шоирон дар дарборҳо, дарёфти ҷоизаҳову силаҳои сершумор аз шоҳон, ҳимояти шоҳон аз шеъри форсӣ ва суфориши тадвини бархе манзумаҳо аз сӯи шоҳон нишон аз ин амри хайр дорад. Аз ҷумла Маъруфии Балхӣ яке аз чеҳраҳои таъсиргузору мондагор дар ҳавзаи адабийёту шеъри ин давра аст, ки пиромуни зиндагиномаву ашъори вай камтар маълумот омадааст.
2. МАЪРУФИИ МАЪРУФ БА СОҲИРӢ ДАР ШОЪИРӢ ВА МУҚТАДОЕ ДАР СУХАНВАРӢ
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасан Маъруфии Балхӣ шоири дарбори амири рашиду бедор, Абулфаворис Абдумалик ибни Нуҳ ибни Насри Сомонӣ аст. Гӯиё дар соли 937 дар Балх дида ба ҷаҳон гушудааст. Ӯ дар ҳавзаи шеъри давраи Сомониён аз чеҳраҳои дурахшони адабиёт буда, дар ҳазлу ҳаҷв низ маҳорат доштааст. Аз осораш бармеояд, ки ҳамрӯзгор ва ҳамнишин бо устод Рӯдакии Самарқандӣ – саромади шоирони Эронзамин будааст. Маъруфиро зоҳиран таҳсилоти ибтидоӣ дар Балх гузаштааст. Он замон Балх ҳам мисли Бухоро аз марказҳои илмию фарҳангии Хуросон буд. Ӯ баъдан озими Бухоро шуд, то дар дарбори донишписанди Оли Сомон истеъдоду маҳорати хешро ба намоиш гузорад ва корномаашро идома диҳад. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубобу-л-албоб» дар ситоиши ӯ гуфтааст, ки «Маъруфӣ маъруф будааст ба соҳирӣ дар шоирӣ ва муқтадое дар сухансароӣ». Авҳадӣ низ ӯро «аз пешвоёни замони сухан ва муқтадоёни куҳан» мехонад. Алиакбари Деҳхудо низ шефтагии хешро аз назми Маъруфӣ пинҳон намедорад ва дар тавсифи ӯ мефармояд, ки «аз ҳамин абёти маъдуди Маъруфӣ машҳуд аст, ки дар ақсоми қасидаву ғазалу маснавӣ, аз авсофу мадеҳу ҳиҷо (васфу мадҳу ҳаҷв) ва ҷуз он моҳиру устод аст ва содагию басотати қидмат низ лутфу узубате дигар бар он афзудааст».
Аз Маъруфии Балхӣ танҳо 55 байт то замони мо расидааст. Аз ин намунаи осораш бармеояд, ки дар намудҳои гуногуни назми форсӣ, ба мисли қасида, ғазал, маснавӣ ва дар сурудани васфу мадҳу ҳаҷв ва амсоли он устод будааст. Е. Бертелс дар баробари он ки Маъруфиро «ғазалсарои бисёр забардаст» мешуморад, ҳамчунин таъкид кардааст, ки ӯ осори ҳамосӣ низ доштааст. Маъруф аст, ки ташбиб-и қасидаи Маъруфи Балхиро ба ин матлаъ Абуҳанифаи Искофӣ, Саъдӣ, ва Ҳофиз истиқбол кардаанд:
Офарин бод бар он оризи покиза чу сим,
В-он ду зулфайни сиёҳи ту бад-он шакли ду «ҷим»!
Чунончи, Ҳофиз гӯяд:
Фатвии пири муғон дораму қавлест қадим,
Ки ҳаром аст май он ҷо, ки на ёр аст надим!
Қомуснигороне чун Асадии Тусӣ дар «Луғати Фурс», Муҳаммади Нахҷувонӣ дар «Сиҳоҳу-л-фурс» ва ҳамчунин Муҳаммад ибни Умари Родиёнӣ дар «Тарҷумону-л-балоға» ва Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Муъҷам» дар шарҳи бисёре вожаҳо ва тарҳи масоили баёниву қоидаҳои арузӣ аз ашъори ӯ шоҳид овардаанд.
Намунае аз шеъри Маъруфи Балхӣ:
Ин ранҷи ман ҳаройина як рӯз бар диҳад,
Эзид мар бад-он лаби ту-бар зафар диҳад.
Мир маро се бӯса диҳад, хуштар оядам,
Беҳтар аз он, ки мирам, сад бадра зар диҳад.
Гар як шабе бибинамаш андар канори хеш,
Хуштар аз он ки шоҳам мулки Хазар диҳад!