• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

АҲМАД ҲУСЕЙН ДИДОТ

August 11, 2024
in Uncategorized, Ниёгони гузаштаи мо, Чаро посдорӣ?!
0
АҲМАД ҲУСЕЙН ДИДОТ
0
SHARES
2
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

АҲМАД ҲУСЕЙН ДИДОТ

Аҳмад Ҳусейн Дидот соли 1918 дар вилояти Сурати Ҳиндустон чашм ба дунё кушода, то соли 1926 падарашро надидааст. Падари ў як дўзандаи нодор буда, баъди таваллуди Аҳмад Дидот дар ҷустуҷўи кор ба Африқои Ҷанубӣ муҳоҷират мекунад.

Аҳмад Дидот, ки дар фақру нодорӣ умр ба сар мебурд ва дар ҳеҷ куҷо таҳсил намекард, соли 1927 ба суроғи падараш ба Африқои Ҷанубӣ рафт. Баъди якчанд моҳи сафари Аҳмад Дидот модараш аз дунё чашм пўшид. Кўдаки нўҳсолаи бесавод, ки забони англисиро намедонист дар як кишвари бегона қадамҳои аввалини худро дар роҳи пурпечу тоби зиндагӣ, ки тақдир барояш муайян карда буд, гузошт.

Таҳсили пурзаҳмат ба ин кўдаки хурдсол имконият дод, ки на танҳо забони англисиро зуд аз бар кунад, балки яке аз толибилмони беҳтарини мактаб гардад. Ҳирсу ҳаваси беандозаи ў ба илму дониш, ба вай имконият дод, ки синфи шашуми мактаби таҳсилоти ҳамагониро бомуваффақият тамом кунад. Вале камбуди маблағ риштаи таҳсилашро канда кард ва ў дар сини 16- солагӣ ба яке аз корҳое, ки минбаъд идомааш дод, машғул шуд. Яке аз муҳимтарин корҳояш ин фурўшандагӣ буд, ки дар дўкони назди мадрасаи масеҳиён, анҷом медод.

Ин мадраса дар соҳилҳои ҷанубии Натале ҷойгир буд. Соҳиби он нафаре буд мусалмон. Соли 1936 ҳамлаҳои пай дар пайи мубаллиғони таълимдидаи масеҳӣ бар зидди дини мубини ислом, ки дар лаҳзаҳои кўтоҳи воридшуданашон ба дўкон рух медод, дар қалби ин ҷавон хоҳишеро маъво дод, ки бо ин таблиғоти дурўғин муборизаи беамон барад.

Бо хости тақдир Аҳмад Дидот аз қазо китоберо таҳти унвони «Изҳор-ул-Ҳақ» («Ошкор сохтани ҳақиқат») дучор омад. Дар ин китоб сухан дар бораи он мерафт, ки чӣ гуна мусалмонҳо дар Ҳиндустон, замони дар таҳти тасаллути Бритониё буданашон, бо як муваффақият ба чунин ҳамлаҳои мубаллиғони масеҳӣ, ҷавоб дода буданд. Махсусан, фикри бо онҳо баҳсу мунозира кардан барои Аҳмад Дидот хеле ҷолиб буд.

Аҳмад Дидот баъди омўхтани ин китоб ва ҷамъ кардани таҷрибаи зарурӣ барои худ аввалин китоби Инҷилро харид ва бо толибилмони мадраса ба мубоҳиса пардохт. Пас аз он ки толибилмони мадрасаи масеҳӣ дар мубоҳиса бо ў яке паи дигаре мағлуб шуданд, Аҳмад Дидот устодони онҳо ва ҳатто рўҳониёни маҳаллиро ба баҳс даъват кард.

Маҳз ҳамин комёбиаш дар мубоҳиса бо ин масеҳиён ҷидду ҷаҳди ўро дар роҳи даъват устувор гардонид. Ҳатто издивоҷ, таваллуди писар ва сафари сесолааш ба Покистони навакак истиқлолият ба дастоварда дар ў хоҳишу майл ва рағбати ҳифз кардани Исломи азизро аз тўҳмат ва дурўғпардозиҳои мубаллиғини масеҳӣ кам накард. Бо як кўшишу ғайрати беандоза зиёд пуштибонӣ кардан аз арзишҳои волои ислом боиси он гардид, ки Аҳмад Дидот дар се даҳсолаи дигар ба масири як муборизаи хеле душвору сангин ворид гардид. Вай дар он синфҳое, ки Инҷилро меомўхтанд, дарс медод ва маърўзаҳо мекард.

Ў «Ас-Салом» – институти таълиму тарбияи мубаллиғони исломро таъсис дод. Вай бо ҳамроҳии аҳли хонаводаи худ, бе кўмаки ғайр, як сохтмонеро бо шумули масҷид бунёд кард, ки он то ба имрўз пойбарҷо ва дар хизмати мусалмонон аст. Вай яке аз бунёдгузорони Маркази Байналмилалии Интишороти Ислом ва аввалин Президенти он буд.

Ин Марказ то ба ин рўз фаъолият дорад. Аҳмад Дидот беш аз 20 китоб навишта, миллионҳо адади онро бепул тақсим кардааст. Ў дар тамоми гўшаву канори олам ҳазорҳо маърўза хонда, бо мубаллиғини Инҷил мубоҳисаҳои муваффақона кардааст.

Дар натиҷаи ин фаъолияти ў ҳазорҳо нафар ба дини Ислом гаравиданд.

Барои комёбиҳои бунёдиаш ў соли 1986 сазовори ҷоизаи байналмилалии Шоҳ Файсал гардид, ки он дар олами ислом ҷоизаи олӣ ҳисобида мешавад. Ва аммо на ин ҷоизаҳо ва на қадрдониҳои дигар наметавонанд ҷаҳду кўшишҳои ин бузургмардро ба хотири Ислом он тавре, ки дар асл буд, инъикос намоянд. (Аҳмад Дидот Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?. Саҳ, 6 – 8)

Previous Post

Қадри зар, заргар шиносад; Қадри гавҳар, гавҳарӣ

Next Post

ГУЛ ЧАВОН ГАРДАД, БИМИРАД

Related Posts

Қудс-1
Чаро посдорӣ?!

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум
Ниёгони гузаштаи мо

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
История Афганистана
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон – 3

April 26, 2025
 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул
Ниёгони гузаштаи мо

 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

April 26, 2025
Тоҷикони Хуросон
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон

April 26, 2025
Next Post
ГУЛ ЧАВОН ГАРДАД, БИМИРАД

ГУЛ ЧАВОН ГАРДАД, БИМИРАД

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved