• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Лоиқ Шеръалӣ, Эрон ва забони Форсӣ

November 12, 2024
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор
0
Лоиқ Шеръалӣ, Эрон ва забони Форсӣ
0
SHARES
4
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Лоиқ Шеръалӣ, Эрон ва забони порсӣ

 (бидуни тафсир)

Эй Хуросон, ту бигӯ, соҳати Эронвич ку?

… ***

Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург?

Ку дигар карру фару наъраи ғулғулфиканам?

***

Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун,

Ҷавҳари худ, асли худро гар наҷӯяд, фахр кун.

***

Аз тамоми ину он гумкардагон,

Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон

3-он ки гум карда забони модарӣ,

Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.

***

Кавдано, баҳс баҳси Эрон нест!

Баҳси ман аз табори хештан аст.

Оташи форсии ту – табхол,

Оташи форсии ман сухан аст!

***

Ҳамин як мушти хоки поки Эрон

Беҳ аз ҳар хоки Машриқ нурхез аст.

Бидонад хок ҳам, афлок ҳам низ,

Ки шоъир пешвои растахез аст.

***

Аз фазои мулки Эрон то фазои мулки Тӯрон –

Аз Сиистон то Куҳистон,

Аз Хуросон то Бадахшон,

Аз фазои лоҷварди мулки Ховар

То фазои нилфоми Бохтар

Ёлҳояш ғарқи нури субҳгоҳӣ

Чашмҳояш чашмаи нури илоҳӣ

Мепарад рӯҳе дурахшон

Ҳамчу рӯҳи поки Эрон.

***

Бо рӯҳи бешикасти худ дар дашти разму кин

Ковусро зи чанги асорат раҳондаам.

Ӯ худ касе набуд, ки бошад сазои тахт,

Аммо манаш ба маснади Эрон нишондаам.

…Пирӯзӣ аз ман асту зи Эрони зиндадил,

Нафрини ман ба ҳастии бемуттакои туст!

***

Атои фазли яздонӣ,

Ки бо ҷамъу парешонӣ

Тапад бо ҳам,

Танад бо ҳам

Дили тоҷику эронӣ.

Ба тоҷику ба эронӣ

Муҳаббат бод арзонӣ.

Садоқат бод,

Наҷобат бод,

Шаҳомат бод арзонӣ!

***

Яке гуфтӣ, ту эронӣ, дигар гуфтӣ ту тоҷикӣ,

Ҷудо аз асли худ мирад, касе моро ҷудо кардаст!

***

Тоҷику эрониву афғон чаро?

Мо дар ин дунё, ки аз як модарем!

***

Решаи ман, маншаи аҷдоди ман,

Асли ман, Эрони ман, бунлоди ман.

***

Эрон, ману ту чу пораи об ҷудо,

Монандаи офтобу маҳтоб ҷудо.

Ҳар сӯ ба талоши зиндагӣ ҷорӣ шудем,

Сарчашма як асту мо чу шохоб ҷудо.

***

Ман Эронам, ки Ъишқ эълом кардам,

Ҷаҳонеро сафо инъом кардам.

Худою анбиё аз ман бинозанд,

Ки ман исломро ислом кардам.

***

Ту хоҳӣ бош тоҷикӣ, ту хоҳӣ бош эронӣ,

Вале мобайни ҳамхунон макун эҷоди вайронӣ!

***

Зи ҳам гусаста, зи ҳам ҷудоем,

Ватанфурӯши ватангадоем.

***

Оҳ, оҳ аз ин дурӯғу фандҳо,

Холӣ бод Эрон зи холибандҳо!

***

То наӣ соҳиби забони хеш,

Нашавӣ соҳиби ҷаҳони хеш

***

Оҳ, оҳ, агар мо ҳама ин нуктаҳои барҷастаро, балки бештар аз инро медонистем ва медонистем, ки сарчашмадори забони форсии дарӣ – забони аҳли биҳишт, забони париён, забони зиндасоз ва зинданигоҳдори Аҷам, забони пирӯз бар ғосибони араб …. мо, ба истилоҳ эрониёни шарқӣ будаем, яъне Бухорову Самарқанду Балху Хуросон маҳди зоишу болиш ва густариши ин забон будаанд, имрӯз онро ба чунин хорӣ, забунӣ, паршикастагӣ, бемоягӣ ва бебизоатӣ намегузоштем, ё дастикам то метавонистем, намегузоштем соҳибони ғамхору дилсӯзе аз Маскав ё дигар ҷойҳо, ё аз миёни қаламшикастагон ва забонгумкардагони худбехабар ва худобехабари манфиатҷӯйи паллабини бумӣ пайдо кунанд ва онро ба се шоха – форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ аз ҳам ҷудо кунанд, ба он боз шоху шохчаҳое бубанданд ва ҳар кадом ҷудо биёмӯзанд ва гоҳ-гоҳ миёни онҳо монандиҳое ҳам кашф бикунанд… Албатта, ин ранг карданҳои аҷониб маълум аст, ғараз аз се шоха сохтани як дарёи зулоли забони форсӣ се пора кардани Хуросони бузург будааст.

Душманон хок бар ин кор ҳамеандозанд,

В-арна ман поктарам, поктар аз оби зулол

Лоиқ Шеръалӣ, Душанбе, 1996)

Previous Post

Диктаторҳо аз шумо чӣ мехоҳанд?!

Next Post

ТӮРОН ВА ТӮРОНИЁН

Related Posts

Парвини Эътисомӣ
Адабиёт ва ашъор

Эҷодиёти Парвини Эътисомӣ

July 31, 2025
Модар биҳишти мост
Адабиёт ва ашъор

Модар биҳишти мост

July 31, 2025
Че Гевара
Машоҳир

Сукути дӯстонро ба ҳангоми ниёз фаромӯш намекунем

July 29, 2025
китоб-китоб
Адабиёт ва ашъор

Ҷойгузини китоб

July 27, 2025
китоб
Адабиёт ва ашъор

Нақши китоб

July 27, 2025
Китоб ва рӯшноӣ
Адабиёт ва ашъор

Китобхонӣ ва мутолиа – паноҳгоҳи мутмаин

July 26, 2025
Next Post
ТӮРОН ВА ТӮРОНИЁН

ТӮРОН ВА ТӮРОНИЁН

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Парвини Эътисомӣ

Эҷодиёти Парвини Эътисомӣ

July 31, 2025
Модар биҳишти мост

Модар биҳишти мост

July 31, 2025
Фотимаи Заҳро

Сарвари занони аҳли биҳишт

July 31, 2025
модар

Меҳри модар

July 31, 2025

Recent News

Парвини Эътисомӣ

Эҷодиёти Парвини Эътисомӣ

July 31, 2025
Модар биҳишти мост

Модар биҳишти мост

July 31, 2025
Фотимаи Заҳро

Сарвари занони аҳли биҳишт

July 31, 2025
модар

Меҳри модар

July 31, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Парвини Эътисомӣ

Эҷодиёти Парвини Эътисомӣ

July 31, 2025
Модар биҳишти мост

Модар биҳишти мост

July 31, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved