Тӯрон (авастоӣ: Tūiriiānəm; паҳлавӣ: Tūrān, форсӣ: توران – аз номи қавми “туйиря”) – сарзамини паҳновари ақвоми саҳрогарди ориёӣ. Тӯрониён ҳамсояи эрониён – ориёҳои шаҳрнишин буданд.
Тибқи ривоёти мардумӣ, подшоҳи ақвоми ориёӣ Фаридун ин сарзаминро ба Тӯр, ки писари бузургаш буд, дода буд. Ва бад-ин далел ба номи Тӯрон мавсум аст. Вале таърих мегӯяд: Тӯрон ва Эрон ду бахши Ориёно буданд, ки об Ому тақсим мекардааст.
Тӯронро бархе ҳам сарзамини устураӣ мехонданд, вале пажӯҳишҳои навин нишон додаанд, ки ин Тӯрон дар воқеъ ҳудуди Фарорӯд / Варазрӯд то марзҳои Русияи марказӣ дар шимол ва Чин дар ховар шомил мешудааст.
Дар “Авасто” панҷ қавми маъруфи ориёӣ зикр шудаанд: ориёӣ (airya-) – офарандагони “Авасто”; туйиря (tūirya-), сайрима (sairima-), саини (sāini-) ва даҳҳо (dåŋha-). Инон ҳамагӣ мансуб ба ақвоми эронизабон (яъне, ориёиҳо) буданд.
Гуфта мешавад, маҳз аз ҳамин тазоди авастоӣ (омили динӣ ва мазҳабӣ) дар таърих боиси густариши зиддият миёни Эрон (кишвари ориёиҳо) ва Тӯрон – Давлати Афросиёб шудааст.
Аз диди таборшиносӣ, эрониён ва тӯрониён ду тира аз табори бузурги ариёҳо мебошанд, ки дар рӯзгорони куҳан,яъне то чандин ҳазор сол пеш дар ҳудуди Фарорӯд (Варазрӯд – сарзаминҳои шимолии об Ому) дар канори ҳам мезистанд ва баъйиднест дар ҳазораҳои дувум ва якуми пеш аз милод шохаҳое аз яке аз ин тираҳо ба кӯҳсори Эрони (аз бохтари дараи Синд то Миёнрӯдон) ворид шуда ва дертар дар таърих ба номи «эрониён» шинохта гардидаанд. Ҳамвора ақвоми эронизабон, ки дар фаросӯи об Ому сокин буданд, бар худ номи «тӯрониён» гирифтанд».
Ошкор аст бисёре аз миллатҳои туркзабон воқеъиятҳои таърихиро таҳриф карда, талошҳои ҷонкоҳона мекунанд то номи Тӯрон ва ақвоми тӯрониро ба туркон ва туркнажодон рабт диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки “Тӯр” номи қавми даврони куҳан аз нажоди иронӣ. Турк – вожаест барои муаррифии ақвоми туркӣ истифода мешавад. Ин ду истилоҳ ҳеч иртиботе бо ҳам надоранд.
Зимнан, туркҳо ва муғулҳо аз нажоди ориёӣ нестанд. Ва низ ақвоми ориёӣ, ки дар ҳудуди Қазоқистон, Олтою Сибирӣ зиндагӣ мекарданд, ҳеч рабте ба турку муғул надоранд.
Фурӯпошии Шӯравии собиқ боиси тавсеъаи понтуркисми ҷадид шуд. Понтуркистони модерн бар ин дурӯғи қадим бовар доранд, ки Тӯрон сарзамини саҳрогардони турк буда ва истилоҳи Туркистон номи дигари Тӯрон аст. Чунончи, ӯзбакон ва туркҳои дигар ду истилоҳро ҳаммаънӣ ва пайваста ба ҳам медонанд, ки комилан хатост ва ғайриилмист. “Тӯрон”-ро бо “Туркистон” яке пиндоштан зишттарин намунаи идеологияи понтуркистии муъосир аст.
Чунончӣ, донишмандон ва сиёсатмадорони муъосири кишвари ҳамсоя ва бародари Ӯзбакистон ба хотири касби шӯҳрати таърих, солҳост, ки номи Тӯрон ва собиқаи тӯрониёнро “моли худ” эълом дошта ва пайваста ҳарбу зарб бо худ дар ҷиҳати таблиғ ва ташвиқи номи Тӯрон дар сарсари ҷаҳон мезананд, ангор ки ҷаҳониён ҳама нодонанду фақат фарҳехтагони мардуми ӯзбак доноёни рӯйи заминанд.
Ва аммо ҳақиқат ин аст, огоҳтарин муаллифин, аз ҷумла, соҳиби китоби маъруф «Фарҳанги Онандроҷ» дар ин маврид навиштааст: «Ва Тӯрон ғайри Туркистон буда… чун аъроб бар он вилоят (Тӯрон) муставлӣ (фармонраво) шуданд ба Мовароуннаҳр мавсум шуд». Ҳамчунин ҳудуди сарзамини Тӯрон ин гуна таъйин шудааст: «Мовароуннаҳр вилоятест шарқаш Фарғона ва ғарбаш Хоразм ва шимолаш Тошканд ва ҷанубаш Балху Самарқанд ва муаззам билоди Тӯрон аст».
Агар туркон сӯйистифода аз таърихи нажоди иронӣ накунанд, эҳсос мекунанд, ки таърихашон ноқис хоҳад шуд, аз ин рӯ, ночор ва ё амдан таърихро таҳриф мекунанд. Ва ин хӯйи ҳамаи туркон аст.
Зимнан, вожаи Туркистон ишора бар он дорад, бештари сокинонаш туркон будааст. Ва аммо тоҷикон сарзамини туркнишини Ҳафтрӯдро Туркистон меномиданд, ки дар шимолу шарқии Қирғизистони кунунӣ қарор дошт.
Ҳаққи ҳеч аз миллатҳои имрӯзи Осиёи Марказӣ ба андозаи ҳаққи тоҷикон бар гардани Тӯрони таърихӣ нест, зеро ки мардуми тоҷики Фароруди куҳан фарзандони мустақими тӯрониёни куҳан ва замини Тоҷикистон низ бахши кӯчаки Тӯрони таърихист.
Бо як калом, Тоҷикистон таҷаллии номи таърихии Тӯрон дар ин рӯзгор ва нишонаи зинда будани он аст. Тоҷикистон, дар воқеъ, як Тӯрони кӯчак аст.
Набояд фаромӯш кард ва ифтихор бояд намуд, ки ворисони аслӣ ва мустақими тӯрониёни Вароруд ҳамоно тоҷиконанд.