Оё медонед Парадаим чист?
Гурӯҳе аз донишмандон 5 маймунро дар қафасе қарор доданд. Дар маркази ин қафас як нардбон як даста банан монданд.
Ҳар замоне ки як маймун болои нардбон мерафт то бананҳоро бардорад, донишмандон бар рӯи дигар маймунҳо оби хунук ва сард мерехтанд.
Пас аз муддате ҳар вақт ки маймуне болои нардбон мерафт дигар маймунҳо онро мезаданд. Муддате пас ҳеч маймуне бар хилофи васвасае ки дошт далерии боло рафтан аз нардбонро ба худ намедод.
Донишмандон тасмим гирифтанд ки яке аз маймунҳоро бардоранд ва бо як маймуни ҷадид ҷойгузин кунанд. Аввалин коре ки ин маймуни ҷадид анҷом дод ин буд ки кӯшиш кард то болои нардбон биравад, ки билофосила аз тарафи дигарон мавриди озору кутак фарор гирифт.
Пас аз чандинбор кутак хурдани маймуни ҷадид бо ин ки намедонистанд чаро, аммо ёд гирифт ки болои нардбон наравад.
Маймуни дувум ҷойгузин гардед ва ҳамон иттифоқ ( кутак хурдан ) такрор гардед. Ба ҳамин тартиб чаҳорумин ва панҷумин низ иваз шуданд.
Он чизе ки боқӣ монда буд, гурӯҳе ташкил шуда аз 5 маймун буд ки бо ин ки ҳечгоҳ оби сард бар рӯяшон пошида нашуда буд, маймуне ро ки болои нардбон мерафтро кутак мезаданд.
Агар имкон дошт ки аз маймунҳо бипурсанд ки чаро маймуни дигар болои нардбон меравад ро кутак мезананд, шарт хоҳем баст ки ҷавоби онҳо ин хоҳад буд:
Ман намедонам, ин расми мо аст. Ҳама ин корро мекунанд.
Ин ҷавоб ба назари шумо ошно намеояд!?
Ин география нест ки ҷаҳони севум буданро таъин мекунад…! одамҳо ҳастанд ки онҳоро месозанд ! ҷаҳони севум макон нест, шахс аст. Ҷаҳони севум маконе аст ки даромади як дуонавис аз як барноманавис бештар аст. Ҷаҳони севум ҷоест ки мардумаш ҷаҳони севум фикр мекунанд, ҷаҳони севум ҷоест ки бисёре аз мардумонаш бо як атса задан аз ҳадафи худ даст мекашанд…..
Як соат фикру нигариши мусбат беҳтар аз 70 сол ибодат аст аз рӯи одат аст.
Парадаим яъне ҳамон тақлиди куркурона
Ба умедӣ огоҳӣ