Ҳасрати подшоҳ
Ҳикоят
Подшоҳе ба бемории сахте мубтало шуд. Табиб аз ӯ хост, ки васияташро баён кунад.
Дар ин ҳангом, подшоҳ барои худ кафане интихоб кард.
Сипас дастур дод, то барояш қабре омода кунанд.
Он гоҳ нигоҳе ба қабр андохт ва гуфт: “Мо ағно аннӣ молия, ҳалака аннӣ султония.” (Иқтибос аз Қуръон) Яъне, молу сарватам ҳаргиз маро бениёз накард, қудрати ман низ аз даст рафт.” (Ҳоққа, 28 ва 29) ва дар ҳамон рӯз ҷон дод.
Манбаъ: Латоиф ва зароиф
Тоҷнек