Паёмбари уммӣ
Бахши аввал
Муқаддима
Китоби ҳозир дар асл мақолае будааст ба қалами мутафаккири шаҳид устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, ки дар соли 1347 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 1969 мелодӣ дар китоби ”Муҳаммад (с), хотами паёмбарон“- ки ба муносибати оғози 15-умин қарни беъсат аз сӯйи муассисаи Ҳусайнияи Иршод мунташир шуд — ба чоп расид ва пас аз он ва дар замони ҳаёти устоди шаҳид низ ба сурати рисолае кучак ба зинати табъ музайян гардид ва акнун бо феҳристҳои мухталиф ба чоп мерасад.
Инак, матни ин китоб:
Расули дарснохонда
Яке аз нукоти равшани зиндагии Расули Акрам (с) ин аст, ки дарснохонда ва мактабнодида будааст; назди ҳеч муаллиме наомӯхта ва бо ҳеч навишта ва дафтар ва китобе ошно набудааст. Аҳаде аз муаррихон, мусалмон ё ғайримусалмон, муддаъӣ нашудааст, ки он ҳазрат дар даврони кӯдакӣ ё ҷавонӣ, чӣ расад ба даврони куҳулат ва пирӣ, ки давраи рисолат аст, назди касе хондан ё навиштан омӯхтааст ва ҳамчунин аҳаде иддаъо накарда ва мавридеро нишон надодааст, ки он ҳазрат қабл аз даврони рисолат як сатр хонда ва ё як калима навиштааст.
Мардуми араб, билахасс араби Ҳиҷоз, дар он асру аҳд ба таври куллӣ мардуме бесавод буданд. Афроде аз онҳо, ки метавонистанд бихонанд ва бинависанд ангуштшумор ва ангуштнамо буданд. Одатан мумкин нест, ки шахсе дар он муҳит ин фаннро биёмӯзад ва дар миёни мардум ба ин сифат маъруф нашавад.
Чунонки медонем — ва баъдан дар бораи ин матлаб баҳс хоҳем кард — мухолифони Пайғамбари Акрам дар он таърих ӯро ба ахзи (дарёфти) матолиб аз афвоҳи (даҳони) дигарон муттаҳам карданд, вале ба ин ҷиҳат муттаҳам накарданд, ки чун босавод аст ва хондан ва навиштан медонад, китобҳое назди худ дорад ва матолибе, ки меоварад, аз он китобҳо истифода кардааст. Агар Пайғамбар кучактарин ошноӣ бо хондан ва навиштан медошт, қатъан мавриди ин иттиҳом воқеъ мешуд.
Эътирофоти дигарон
Ховаршиносон низ, ки бо дидаи интиқод ба таърихи исломӣ менигаранд, кучактарин нишонае бар собиқаи хондан ва навиштани Расули Акрам наёфта, эътироф кардаанд, ки ӯ марде дарснохонда буд ва аз миёни миллате дарс нохонда бархост.
Карлейл (Thomas Carlyle) дар китоби маъруфи “Қаҳрамонон” (1) мегӯяд:
“Як чизро набояд фаромӯш кунем ва он ин ки Муҳаммад ҳеч дарсе аз ҳеч устоде наомӯхтааст, санъати хат тоза дар миёни мардуми араб пайдо шуда буд. Ба ақидаи ман, ҳақиқат ин аст, ки Муҳаммад бо хатту хондан ошно набуд, ҷуз зиндагии саҳро чизе наомӯхта буд.”
Вилл Дюрант дар “Таърихи тамаддун” мегӯяд:
“Зоҳиран ҳеч кас дар ин фикр набуд, ки вайро (Расули Акрамро) навиштан ва хондан омӯзад. Дар он мавқеъ ҳунари навиштан ва хондан ба назари аъроб аҳаммияте надошт; ба ҳамин ҷиҳат дар қабилаи Қурайш беш аз 17 тан хондан ва навиштан намедонистанд. Маълум нест, ки Муҳаммад шахсан чизе навишта бошад. Аз паси паямбарӣ котиби махсус дошт. Бо вуҷуди ин, маъруфтарин ва балиғтарин китоби забони арабӣ ба забони вай ҷорӣ шуд ва дақоиқи умурро беҳтар аз мардуми таълимдода шинохт.“ (Таърихи тамаддун, тарҷумаи форсӣ, ҷ.11, с.14)
Ҷон Дэвенпорт (John Davenport) дар китоби “Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммад ва Қуръон” мегӯяд:
“Дар бораи таҳсил ва омӯзиш, он тавре, ки дар ҷаҳон маъмул аст, ҳама мӯътақиданд, ки Муҳаммад таҳсил накарда ва ҷуз он чи дар миёни қабилааш роиҷ ва маъмул буда чизе наомӯхтааст.“ (Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммад ва Қуръон, с.17 ва 18)
Константин Вирҷил Георгиу (Constantin Virgil Gheorghiu) дар китоби “Муҳаммад, пайғамбаре, ки аз нав бояд шинохт” мегӯяд:
“Бо ин ки уммӣ буд, дар аввалин оёт, ки бар вай нозил шуда сӯҳбат аз қалам ва илм, яъне навиштан ва нависонидан ва фаро гирифтан ва таълим додан аст. Дар ҳеч як аз адёни бузург ин андоза барои маърифат қоил ба аҳаммият нашудаанд ва ҳеч динеро наметавон ёфт, ки дар мабдаъи он, илму маърифат ин қадр арзиш ва аҳаммият дошта бошад. Агар Муҳаммад як донишманд буд, нузули ин оёт дар ғор (-и Ҳиро) тавлиди ҳайрат намекард, чун донишманд қадри илмро медонад, вале ӯ савод надошт ва назди ҳеч омӯзгоре дарс нахонда буд. Ман ба мусалмонҳо таҳният мегӯям, ки дар мабдаъи дин онҳо касби маърифат ин қадр боаҳаммият талаққӣ шуда.” (Муҳаммад, пайғамбаре, ки аз нав бояд шинохт, с.45)
Гюстав Лебон дар китоби маъруф худ, “Тамаддуни ислом ва араб” мегӯяд:
“Ин тавр маъруф аст, ки Пайғамбар уммӣ будааст ва он мақрун ба қиёс ҳам ҳаст. Зеро аввалан агар аз аҳли илм буд, иртиботи матолиб ва фақароти Қуръон ба ҳам беҳтар мешуд. Ба иловаи он ҳам, қарини қиёс аст, ки агар Пайғамбар уммӣ набуд, наметавонист мазҳаби ҷадиде шойеъ ва мунташир созад, барои ин ки шахси уммӣ ба эҳтиёҷоти ашхоси ҷоҳил бештар ошност ва беҳтар метавонад онҳоро ба роҳи рост биёварад. Ба ҳар ҳол, Пайғамбар уммӣ бошад ё ғайри уммӣ, ҷойи ҳеч тардиде нест, ки ӯ охирин дараҷаи ақл ва фаросат ва ҳушро доро будааст.“ (Тамаддуни ислом ва араб, с.20)
Гюстав Лебон ба иллати ошно набудан бо мафоҳими қуръонӣ ва ҳам ба хотири афкори моддӣ, ки доштааст, сухани ёвае дар бораи иртиботи оёти Қуръон ва дар бораи оҷиз будани олим аз дарки эҳтиёҷоти ҷоҳил мебофад ва ба Қуръон ва Пайғамбар иҳонат мекунад, дар айни ҳол эътироф дорад, ки ҳеч гуна санаде ва нишонае бар собиқаи ошноии Пайғамбарт ислом бо хондан ва навиштан вуҷуд надорад.
Ғараз аз нақли сухан инон, истишҳод ба суханашон нест. Барои изҳори назар дар таърихи ислом ва машриқ, худи мусалмонон ва машриқзаминиҳо шоистатаранд. Нақли сухани инон барои ин аст, ки касоне, ки худ шахсан мутолеае надоранд, бидонанд, ки агар кучактарин нишонае дар ин замина вуҷуд медошт, аз назари муаррихони кунҷков ва мунтақиди ғайри мусалмон пинҳон намемонд.
Расули Акрам дар хилоли сафаре, ки ҳамроҳи Абӯтолиб ба Шом рафт, зимни истироҳат дар яке аз манозили байни роҳ, бархӯрди кӯтоҳе бо як роҳиб ба номи Буҳайро (2) доштааст. Ин бархӯрд таваҷҷӯҳи ховаршиносонро ҷалб кардааст, ки оё Пайғамбари Ислом аз ҳамин бархӯрди кӯтоҳ чизе омӯхтааст?
Вақте, ки чунин ҳодисаи кучаке таваҷҷӯҳи мухолифонро дар қадиму ҷадид барангезад, ба тариқи авло агар кучактарин санаде барои собиқаи ошноии Расули Акрам бо хондан ва навиштан вуҷуд медошт, аз назари онон махфӣ намемонд ва дар зери заррабинҳои қавии ин гурӯҳ чандин бор бузургтар намоиш дода мешуд.
Барои ин ки матлаб равшан шавад, лозим аст дар ду қисмат баҳс шавад:
1) давраи қабл аз рисолат;
2) давраи рисолат.
Дар давраи рисолат низ аз ду назар бояд матлаб мавриди мутолеа қарор гирад:
1) навиштан;
2) хондан.
Баъдан хоҳем гуфт, он чи қатъӣ ва мусаллам аст ва мавриди иттифоқи уламои муслимин ва ғайри онҳост ин аст, ки эшон қабл аз рисолат кучактарин ошноӣ бо хондан ва навиштан надоштаанд. Аммо давраи рисолат он андоза қатъӣ нест. Дар давраи рисолат низ он чи мусалламтар аст, нанавиштани эшон аст, вале нахонданашон он андоза мусаллам нест. Аз бархе ривоятҳои шиъа зоҳир мешавад, ки эшон дар давраи рисолат мехондаанд, вале наменавиштаанд, ҳарчанд ривоятҳои шиъа низ дар ин ҷиҳат ваҳдат ва татобуқ надоранд. Он чи аз маҷмӯъи қароин ва далоил истифода мешавад ин аст, ки дар давраи рисолат низ на хондаанд ва на навиштаанд.
Барои ин ки давраи моқабли рисолатро расидагӣ кунем, лозим аст дар бораи вазъи умумии Арабистон дар он аср аз лиҳози хондан ва навиштан баҳс кунем. Аз тарих чунин истифода мешавад, ки муқорини зуҳури ислом, афроде дар он муҳит, ки хондан ва навиштан медонистаанд, бисёр маъдуд будаанд.
Пайдоиши хат дар Ҳиҷоз
Балозурӣ дар охири “Футуҳ ал-булдон” оғози пайдоиши хаттро дар миёни аъроби Ҳиҷоз чунин зикр мекунад:
“Аввалин бор се нафар аз қабилаи Тай (ки дар муҷовирати Шом буданд) хатт (хатти арабӣ)-ро вазъ карданд ва ҳиҷои арабиро ба ҳиҷои сурёнӣ қиёс карданд. Баъд иддае аз аҳли Анбор ин хаттро аз он се нафар омӯхтанд ва аҳли Ҳира аз аҳли Анбор фаро гирифтанд. Бишр ибни Абдулмалики Кендӣ, бародари Укайдир ибни Абдулмалики Кендӣ, амири Думатулҷандал, ки насронӣ буд, дар рафту омадҳои худ ба Ҳира хатти арабиро аз аҳли Ҳира ёд гирифт. Ҳамин Бишр барои коре ба Макка рафт ва Суфён ибни Умайя (амуи Абӯсуфён) ва Абӯқайс ибни Абдиманоф ибни Зуҳра ӯро диданд, ки менавишт, аз ӯ хостанд, ки навиштанро ба онҳо таълим кунад ва ӯ ба онҳо таълим кард. Баъд худи Бишр бо ин ду нафар дар як сафари тиҷоратӣ ба Тоиф рафтанд, Ғайлон ибни Саламаи Сақафӣ дар Тоиф хатт навиштанро аз онҳо омӯхт. Баъд Бишр аз он ду нафар ҷудо шуд ва ба диёри Миср рафт. Амр ибни Зурора, ки баъд ба Амри котиб маъруф шуд, навиштанро аз ӯ омӯхт. Сипас Бишр ба Шом рафт ва дар он ҷо иддаи зиёде аз ӯ фаро гирифтанд.”
Ибни ан-Надим дар “Ал-феҳрист”, фанни аввал аз мақолаи уло, ба қисмате аз гуфтаҳои Балозурӣ ишора мекунад. (Ал-феҳрист, с.13) Ибни ан-Надим аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ки аввал касе, ки хатти арабӣ навишт, се нафар аз мардони қабилаи Булон буданд, ки қабилае аст дар Анбор ва аҳли Ҳира аз мардуми Анбор фаро гирифтанд.
Ибни Халдун низ дар муқаддимаи хеш фасли:
في أن الخط والکتابة من عداد الصنائع الإنسانیة
— қисмате аз гуфтаҳои Балозуриро зикр ва таъйид мекунад. (Муқаддимаи Ибни Халдун, с.492)
Балозурӣ бо санад ривоят мекунад, ки ҳангоми зуҳури ислом, дар ҳамаи Макка чанд нафар босавод буданд. Мегӯяд:
“Ислом зуҳур кард ва дар Қурайш фақат 17 нафар санъати навиштанро медонистанд: Умар ибни Хаттоб, Алӣ ибни Абӯтолиб, Усмон ибни Аффон, Абӯубайдаи Ҷарроҳ, Талҳа, Язид ибни Абӯсуфён, Абӯҳузайфа ибни Рабиъа, Ҳотиб ибни Амри Омирӣ, Абӯсаламаи Махзумӣ, Абон ибни Саъиди Умавӣ, Холид ибни Саъиди Умавӣ, Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисарҳ, Ҳувайтиб ибни Абдулуззо, Абӯсуфён ибни Ҳарб, Муовия ибни Абӯсуфён, Ҷуҳайм ибни Салт, Ало ибни Ҳазрамӣ, ки аз ҳампаймонони Қурайш буд, на аз худи Қурайш.”
Балозурӣ фақат як зани қураширо ном мебарад, ки дар давраи ҷоҳилият муқорини зуҳури ислом, хондан ва навиштан медонист ва ӯ Шифо духтари Абдуллоҳи Адвӣ буд. Ин зан мусалмон шуд ва аз муҳоҷирони аввалӣ ба шумор меравад. Балозурӣ мегӯяд:
“Ин зан ҳамон аст, ки Ҳафса, ҳамсари Пайғамбарро навиштан омӯхт ва рӯзе Пайғамбари Акрам ба ӯ фармуд:
ألا تعلّمین حفصة رقیة النملة کما علّمتها الکتابة
Яъне ҳамчунон ки навиштанро ба Ҳафса омӯзонидӣ, хуб аст “руқятун-намла”-ро (3) низ ба вай биёмӯзонӣ.”
Балозурӣ он гоҳ чанд зан аз занони мусалмонро ном мебарад, ки дар давраи ислом, ҳам мехонданд ва ҳам менавиштанд ва ё танҳо мехонданд. Мегӯяд:
“Ҳафса ҳамсари Пайғамбар менавишт. Умми Кулсум духтари Уқба ибни Абӯмуъит (аз занони муҳоҷири аввалӣ) низ менавишт. Оиша духтари Саъд гуфт: падарам ба ман навиштан омӯхт. Карима духтар Миқдод низ менавишт. Оиша (ҳамсари Пайғамбар) мехонд, вале наменавишт, ҳамчунин Умми Салама.”
Балозурӣ сипас номи касонеро, ки дар Мадина симати дабирии Расули Худоро доштанд зикр мекунад, он гоҳ мегӯяд: муқорини зуҳури ислом фақат 11 нафар аз мардуми Авс ва Хазраҷ (ду қабилаи маъруфи сокини Мадина) санъати хаттро медонистанд ва номи онҳоро ҳам зикр мекунад. Маълум мешавад, санъати хатт тоза вориди муҳити Ҳиҷоз шуда будааст ва авзоъ ва аҳволи муҳити он рӯзи Ҳиҷоз чунон буда, ки агар касе хондан ё навиштан медонист, маъруфи хоссу омм мешуд. Афроде, ки муқорини зуҳури ислом ин санъатро медонистанд, чӣ дар Макка ва чӣ дар Мадина, маъруф ва ангуштнамо ва маъдуд ва ангуштшумор буданд, бинобар ин номашон дар таърих сабт шуд. Ва агар Расули Худо дар зумраи онон мебуд, қатъан ба ин санъат шинохта мешуд ва номаш дар зумраи онон бурда мешуд ва чун исме аз он ҳазрат дар зумраи онон нест, маълум мешавад ба таври қатъ ӯ бо хондан ва навиштан сару кор надоштааст.
* * *
(1) Исми комили китоб ин аст: “Дар бораи қаҳрамонон, ситоиши қаҳрамон ва нақши қаҳрамонӣ дар таърих” (On Heroes, Hero-Worship, and the Heroic in History)
(2) Профессор Массинон (Louis Massignon), исломшинос ва ховаршиноси маъруф, дар китоби “Салмони пок”, дар асли вуҷуди чунин шахсе, то чӣ расад ба бархӯрди Пайғамбар бо ӯ, ташкик мекунад ва ӯро шахсияти афсонаӣ талаққӣ менамояд, мегӯяд: “Буҳайро Сергиес ва Тамими Дорӣ ва дигарон, ки ровиҳо дар перомуни Пайғамбар ҷамъ кардаанд, ашбоҳи машкук ва ноёфтанианд.”
(3) Дар “Футуҳ ал-булдон” ин калимаро “руқнатун-намла” забт карда, ки албатта иштибоҳи нусха аст ва саҳеҳи он ҳамон тавр, ки дар “Ан-ниҳоя”-и Ибни Асир, моддаи “намл“ забт шудааст, “руқятун-намла” аст. Руқя ҷумлаҳое буда вирдмонанд, ки мехондаанд ва онро барои дафъи бало ё беморӣ муфид медонистаанд. Ибни Асир дар моддаи “рақй” мегӯяд: баъзе аз ахбори манқул аз Пайғамбари Акрам “рақй”-ро манъ ва баъзе таҷвиз кардааст ва худ муддахӣ мешавад, ки аҳодиси манъ нозир аст ба таъвиз ба ғайри номи Худо ва ба ин ки инсон таваккулашро аз Худо баргирад ва ба ин таъвизҳо эътимод кунад. Ва аҳодиси таҷвиз нозир ба ин аст, ки касе мутавассил ба асмои илоҳӣ шавад ва аз Худованд асар бихоҳад. Ибни Асир дар моддаи “намл” мегӯяд: он чи ба номи “руқятун-намла” маъруф аст, дар воқеъ аз навъи “рақй “набудааст, ҷумлаҳое буда маъруф ва ҳама медонистанд нафъу зараре намерсонад. Расули Худо ба сурати шӯхӣ ва зимнан навъе киноя, ба ҳамсараш Ҳафса он суханро ба Шифо фармуд. Ҷумлаҳо ин будааст:
العروس تحتفل وتختضب وتکتحل وکل شيء تفتعل غیر أن لا تعصي الرجل
Яъне арӯс дар миёни ҷамъ менишинад, ранг мебандад, сурма мекашад, арӯс ҳама кор мекунад ҷуз ин ки шавҳарашро нофармонӣ намекунад. Ин ҷумлаҳоро “руқятун-намла” меномиданд ва зоҳиран дар ин номгузорӣ низ навъе шӯхӣ ва танз ба кор рафтааст. Ибни Асир мегӯяд: Расули Акрам аз рӯйи шӯхӣ ва танз ба Шифо фармуд: ҳамон тавре, ки навиштанро ба Ҳафса ёд додӣ, хуб буд руқятун-намла”-ро низ ёд медодӣ. Ишора ба ин ки ин хонум фармони маро итоат накард ва розе, ки ба ӯ гуфта будам (дар таърих маъруф аст ва ояти аввали сураи Таҳрим нозир ба он аст)-ро ифшо намуд.
Идома дорад…
Тоҷнек