• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор Машоҳир

Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Бобоҷон Ғафуров

March 24, 2025
in Машоҳир
0
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Зуфархон Ҷавҳарӣ

0
SHARES
28
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Бобоҷон Ғафуров

Машоҳир ва номоварон

Зуфархон Ҷавҳарӣ (1862 -1945)

…Бобоҷон Ғафуров: Тақсир, ҳамин “тӯрагӣ” бас не мӣ?

Зуфархон Ҷавҳарӣ: Э…! Ҳамин “тӯрагӣ”* ба дили худам ҳам задаст.

Бобоҷон Ғафуров: Агар тӯрагӣ ба дилатон зада бошад, шумо шеър гӯед. Шеъри шумо барои мо даркор аст. Намозатонро хондан гиред, вале шеър гӯед”…

Зуфархон Ҷавҳарӣ – шоире, ки баъди суҳбат бо Бобоҷон Ғафуров дубора ба адабиёт баргашт

“Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан дуруст нест. Мумоилайҳ шеърро басо устодона менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ ба таври қадим аз устодони адаби он давра аст. Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст аммо дар тақлид он қадар сохтакорию такаллуф ба кор набурдааст, бинобар ин аз ин тақлид ба фасоҳати табии забон зарари куллӣ рӯй надодааст.

Ҷавҳарӣ дар насри форсӣ низ муқтадир аст, лекин насрашро ниҳоят душворфаҳм менависад. Бо хоҳиши фақир барои тарҷумаи ҳоли худ чизе навишта фиристода буд, ки нисбатан ба соири мансуроташ хеле сода аст… ”. (Садриддин Айнӣ, Намунаи адабиёти тоҷик)

Устод Садриддин Айнӣ соли таваллуди Зуфархон Ҷавҳариро 1289 ҳиҷрӣ гуфта, ки мутобиқ ба соли 1862 мешавад. Дар маҳалли Намозгоҳи шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. 8 сол дар назди падари бузургвораш Назмӣ таълим гирифтааст. Назмӣ аз адибони намоёни давраш буда, солҳои 1827-1893 умр дидааст. Баъди фавти падар дар 25 солагӣ ба Бухоро меравад, то ба таҳсилаш идома диҳад.

Дар айёми таҳсил ба шеъргўи пардохт. Ҷавҳарӣ дар ду давра, пеш аз Инқилоби Октябр ва баъд аз он шеър гуфтааст. Дар эҷодиёти тоинқилобии ў ғазал (дар пайравии Бедил) мақоми калон дорад. Устод Айнӣ мегӯяд: Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст аммо дар тақлид он қадар сохтакорию такаллуф ба кор набурдааст, бинобар ин аз ин тақлид ба фасоҳати табии забон зарари куллӣ рӯй надодааст.

Бино ба навиштаи донишманди маъруф, профессор Худойназар Асозода Ҷавҳарӣ низ қатори ҳазорон зиёиёни кишвар зиндонӣ шудааст. Соли 1928 бо баҳонаи он ки гӯё “ба озодии занон мухолиф баромадааст” ӯро ба ҳабс гирифтанд. Муддати чор сол зиндон буд ва баъди озодӣ вақти зиёд аз кори эҷодӣ ҳам канор рафт. Аммо баъдан бо тавсияву маслиҳати Бобоҷон Ғафуров бори дигар рӯ ба эҷод овард. Марҳум Асозода ин иқтибосро аз китоби Аҳрор Мухторов “Бобоҷон Ғафуров” меорад:

“Аз солҳои дароз хомӯш гаштани шоир огоҳ гашта, Ҷавҳариро ба ҳузури худ ба Душанбе даъват карда овардам. Баъди салому алейку аҳволпурсӣ ва суҳбати рафиқона сари мақсад омадем:

Тақсир, ҳамин “тӯрагӣ” бас не мӣ?

Ҷавҳарӣ ҷавоб гуфтанд:

Э…! Ҳамин “тӯрагӣ” ба дили худам ҳам задаст.

Агар тӯрагӣ ба дилатон зада бошад, шумо шеър гӯед. Шеъри шумо барои мо даркор аст. Намозатонро хондан гиред, вале шеър гӯед”.

Бо ҳамин Зуфархон Ҷавҳарӣ бо дилгармӣ бори дигар ба саҳнаи адабиёт ворид шуд ва асарҳои хуби худ, аз ҷумла достонҳои «Зафар», «Офтобхон», «Муҳаммадҷон» ва ғайраҳоро навишт.

Ҷавҳарӣ инчунин маснавӣ, қасида, мухаммас, марсия, рубоиёт, мустазод, назира, қитъаю панднома ва суруду чистонҳо таълиф кардааст. Миқдори осори бадеии ў ба 3736 байт мерасад.

Ў 16 ноябри соли 1945 аз олам даргузашт.

Китобхонаи миллӣ. Таҳияи Насиба Дониёрова, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ

То тавонӣ роҳати ҷони дили ранҷур шав

Захмҳои синаҳоро марҳами кофур шав

Бар сияҳрӯзон ғами сомони хуршедӣ намой

Шоми ҳиҷрони асиронро чароғи нур шав

Бенавоёнро навобахшӣ кун аз лутфу карам

Дастгири оҷизон бошу асои кӯр шав

Ҷон ба ҷони мустамандони ҳазин пайванд соз

Ҳар ки ӯ дарде надорад аз васоқаш дур шав

Дар руфӯӣ чоки дилҳо камтар аз сӯзан мабош

Бахяандӯзи катони ошиқи маҳҷур шав

Бошадат то чун насими субҳ осори нафас

Дар кушоди ғунчаи дилҳои номасрур шав

Саъйи худро Ҷавҳарӣ масруфи кор халқ дор

Аз футувват дил ба даст ору зи ҳақ маъҷур шав.

*** *** ***

Сари кӯи ту гаштан ёдам омад, нола гардидам

Шарар болид оҳам, маркази ҷаввола гардидам

Шаб аз шавқи тамошои ҷамоли оразат яксар

Пари товус гул кардам, чароғи лола гардидам

Ба даври моҳи рӯят ҷаъди мушкин халқа зад, ман ҳам

Зи дил як доғи ҳасрат бар хаёлаш ҳола гардидам

Чу дар кунҷи адам шавқи ту оташ зад қарорамро

Дамидам аз лаби сӯзи дилу табхола гардидам

Гар аз ман дил гирифтӣ, гоҳ бинвозам бад-он ёде

Ки фориғ аз ғами он ёри чандинсола гардидам

Ғубори нестӣ маҳмилкаши субҳи камолам шуд

Саводи Ҳинд будам, сарҳади Бангола гардидам

Бурудатҳои зоҳид Ҷавҳарӣ бин, к-аз дами сардаш

Гудозе доштам чун шабнами гул, жола гардидам.

*** *** ***

Қадаҳ дар даст омад маст, шӯхи боданӯши ман

Ба истиқболи нозаш рафт аз сар ақлу ҳуши ман

Ба ёди наргиси майгунаш азбас нолаоҳангам

Садо гул мекунад мастона аз сози хурӯши ман

Чунон вомондаам дар зери бори фикри абрӯяш

Ки бошад осмоне ҳамчу моҳи нав ба дӯши ман

Зи бас аз сурма мижгони сиёҳаш дорад истиғно

Садои нолае аз Тӯр меояд ба гӯши ман

Ба ҷуз дар базми май рози дилам равшан намегардад

Биё то қулқули мино кунад шарҳи суруши ман

Зи файзи маънии ҷамъияте дорам, ки вогаштан

Надорад Ҷавҳарӣ, чун ғунча лабҳои хамӯши ман.

Зуфархон Ҷавҳарӣ

Тоҷнек

 

Tags: Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Бобоҷон Ғафуров
Previous Post

Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат бас

Next Post

Аҳрор Мухторов

Related Posts

Аҳрор Мухторов
Машоҳир

Аҳрор Мухторов

March 24, 2025
Садриддин Айнӣ
Машоҳир

Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат бас

March 24, 2025
Ҳикояте аз Моҷарои Ҳофиз Лисониллғайб ва Шоханабот
Uncategorized

Ҳикояте аз Моҷарои Ҳофиз Лисониллғайб ва Шоханабот

November 23, 2024
ЗАБОН АЗ ДИДГОҲИ МАВЛОНО
Uncategorized

ЗАБОН АЗ ДИДГОҲИ МАВЛОНО

September 30, 2024
РОЗӢ
Uncategorized

Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ

September 23, 2024
АҲМАД ЗОҲИР АЗ ДАРВОЗ АСТ?
Uncategorized

АҲМАД ЗОҲИР АЗ ДАРВОЗ АСТ?

September 16, 2024
Next Post
Аҳрор Мухторов

Аҳрор Мухторов

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved