• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор Машоҳир

Аҳрор Мухторов

March 24, 2025
in Машоҳир
0
Аҳрор Мухторов

Аҳрор Мухторов

0
SHARES
21
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Аҳрор Мухторов

Машоҳир ва номоварон

АКАДЕМИК АҲРОР МУХТОРОВ (1924 – 2007)

Аҳрор Мухторов – олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991), доктори илми таърих (1971), профессор (1982), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007)

Аҳрор Мухторов 5 ноябри соли 1924 дар шаҳри Уротеппа) дида ба олами равшан кушодааст. Ӯ соли 1939-1941 аввал донишҷӯи факултаи коргарӣ, баъд Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко) гардид, соли 1942 ихтиёран ба набардгоҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт ва баъди анҷоми он то соли 1947 дар хидмати ҳарбӣ монд. Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко)ро хатм кардааст (1951), ихтисос – «таърихи ИҶШС». Муддате дар ҳамин ҷо дарс дод, чанде ба ӽайси мудири шуъбаи дастхатӽо ва китобӽои нодири Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ заҳмат кашид. Котиби илмӣ, и.в. директор (1958-1959), мудири бахши таърихи асрҳои миёна (1959-1991), сарходими илмии (1991-2007) Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, сарчашмашиносӣ. Самтҳои асосии фаъолияти илмии А. Мухторов сарчашмашиносӣ ва дар асоси он таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон аст. Аҳрор Мухторов дар илми таърихи миллатамон аввалин нафарест, ки даст ба мавзӯъи ниҳоят муҳим – омӯзиши катибаҳо зад, роҳи эҷодиаш ба ин масъалаи ноомӯхта тавъам шуд. Ба қавли устодаш академик Александр Семенов «ганҷ парешонро аз вайронаҳо ба дили халқ кӯчонд». Олими бисёр васиқа, хитоба, шоҳиднома, айбнома, ҳукмнома ва ғайраро пайдо намуд, ки барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилу кушодани муаммоҳои таърихи халқамон мадад расонданд. Олими бисёр дастхатҳо, санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ, эпиграфияи рӯи сангҳо ва деворҳои куҳан маҳфузбударо омӯхта, дар асоси онӽо ба ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии замон муваффақ гардид. А. Мухторов ба мушкилоти таърихи сиёсии замони гузашта ҷиддан таваҷҷуҳ намуд ва бар пояи маълумоти нодири хаттӣ давраҳои ҳукмронии бисёр ҳокимони минтақаро барқарор ва ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро дар ғарб аз Бойсун ва дар ҷануб то Файзобод мавриди омӯзиш қарор дода, ба паҳлӯҳои номаълуми шӯришҳои халқӣ (соли 1469 дар Самарқанд, 1810 дар Бухоро, 1887 шӯриши Восеъ) бо мадраки фаровон равшанӣ андохт. Асарҳои илмиаш перомуни шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Ғазна, Кобул, Ҷалолобод, Буст, Лашкаргоҳ, Балх ва ғайра аҳамияти ҷаҳонӣ доранд.Қобилияти илмии ин донишманди серкор дар ҷодаи илми таърихи халқи тоҷик, ки қисми ҷудонашавандаи таърихи ҷаҳонист, сазовори эътирофи умум гашт.

Институти библиографии Амрико соли 1994 олими барҷастаи тоҷикро ба нашрияи байналмилалии «500 шахсони машҳури ҷаҳон» ворид сохт, ҳамин Институт вайро «Одами сол-1995» эълон намуд. Асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар нашрияӽои мамолики ҷаӽон – ИМА, Англия, Олмон, Русия, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба табъ расида, шӯӽрати илми таърихи миллатро бардоштанд. Ҳанӯз соли 1980 Ассотсиатсияи илми байналхалқӣ «Корпуси навиштаҷоти эронзабон» (марказаш дар шаҳри Лондон) ӯро ба узвияти ин ҷамъият шомил кард. Қобилияти табиӣ, меҳнатдӯстӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан, ба илм, дар иӽотаи олимони машҳур давр – Б.Ғафуров, Б. Искандаров, А. Семенов, А.Мирзоев ва дигарон қарор доштан имкон доданд, ки дар рушду камоли илми таърихи миллати хеш ин марди фозилу нексиришт саҳм гузорад. Ахрор Мухторов иштирдори симпозиуму конфронсҳои минтақавию байналмилалист, вай дасти бисёр ҷавононро дар ҷодаи таърихи миллат рост кардааст.

Академик Аҳрор Мухторов дар синни 83-солагӣ бар асари як бемории тӯлонӣ даргузашт. Ҷанозаи зиндаёд Мухторов дар оромгоҳи Лучоб, воқеъ дар шимоли ғарбии Душанбе, ба хок супурда шуд.

Намунаи осор:

Таърихи ҶШС Тоҷикистон: Китоби дарсӣ барои синфҳои 9-11 / Б.А. Литвинский, А.Мухтров, В.А. Козачковский, И.Обидов; Дар зери таҳрири Б.А. Антоненко. Д.: Нашрдавтоҷик, 1963.- 219 с.

Материалы по истории Ӯротеппа: Сб актов: От ХVI до начала ХIХ вв. / Под ред. А. А. Семёнова, О. Д. Чехович; Сост., пер. и предисл. А. Мухтаров. М.: Изд-во восточной литературы,1963. – 137 с.

Сирри мазорҳо. Д.: Нашрдавтоҷик, 1964.- 51 с.

Очерк истории Ура-Тюбинского владения в XIX в /Под ред. Б. И. Искандарова. Д., 1964. -184 с.

Резьба по дереву в долине Зеравшан: Альбом средневековых орнаментов. М.: Наука, 1966.- 72 с.

Дильшод и её место в истории общественной мысли таджикского народа в Х1Х вв / Отв. ред. И.С. Брагинский.- Д.: Дониш, 1969.- 372 с.

Давидович Е. А., Мухтаров А. М. Страницы истории Гиссара. Д.: Ирфон, 1969.- 74 с.

Таърихи ҶШС Тоҷикистон: Китоби дарсӣ барои синфҳои /7-10 / Б.А. Литвинский, А. Мухтров, З.Ш. Раҷабов ва диг.; Дар зери таҳрири З.Ш. Раҷабов.Д.: Ифрон, 1973.- 270 с.

Мазорҳо чӣ навъ пайдо шудаанд? – Д.: Дониш, 1974.- 32 с.

Таджикско-русский словарь по истории/ Сост. А. Мухтаров, и А. Егани. – Д., 1974. -100 с.

Аз паи таърихи куҳан: Қайдҳои сафари Афғонистон. Д.: Ирфон, 1975.- 94 с.

Эпиграфические памятники Кухистана в XI-XIXвв. Д.: Дониш, 1978. – Кн. 1- 306 с.

Эпиграфические памятники Кухистана в XI-XIX вв. Д., 1979. – Кн. 2.-150 с.

Позднесредневековый Балх: Материалы к исторической топографии города в ХI – ХVIII. Д.: Дониш, 1980.- 125 с.

По следам прошлого: Путевые заметки из поездок Афганистану. Д.: Ифрон, 1982.- 88 с.

Академик Бободжон Гафуров. Д.: Ифрон, 1983.- 96 с.

Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон. Д.: Ифрон, 1984.- 208 с.

Луғати тоҷикӣ-русӣ оид ба таърих. Д.: Дониш, 1986.- 201 с.

Санг ҳам диле дорад. Д.: Ифрон, 1986. – 112 с.

Академик Бобоҷон Ғафуров: Д.: Ирфон, 1988.- 112 с.

История Таджикской ССР: Учебное пособие для 7-8-х кл. Д.: Маориф, 1989. – 102 с. Бо ҳамроҳи Литвинский Б. А.

Бобоҷон Ғафуров: Хотираҳо. Д.: Дониш, 1992.- 150 с.

Таърихи халқи тоҷик: Китоби дарсӣ барои синфҳои 8-9 /Б.А.Литвинский, А.Мухторов. Д.: Маориф, 1993.- 126 с.

Таджикско-русский словарь по истории/ Сост. А. Мухтаров и А. Егани. Д., 1994. – 202 с.

Гузары Ӯротеппа. Таш.: Чулпон, 1995. – 143 с.

Ҳисор: Очерки таърихӣ охири асри ХV- ХХ. Д.: Адиб, 1995. – 304 с.

Ҳокимони Ӯротеппа (асрҳои ХV- ХIХ). Д.: Дониш, 1996. – 176 с.

Ҳокимони Ҳисор (асрҳои ХV- ХХ). Д., 1996.- 48 с.

Амирон ва вазирони Сомонӣ. Д.: Оли Сомон, 1997. – 77 с.

Асрори номаҳо:. Д.: Афсона, 1998.- 156 с.

История Уротеппа (Конец XV – нач. XX вв.): Посвящ. 2500-летию основания г. Уротеппа/ Ин-т истории, археологии и этнографии им. А. Дониша АН Республики Таджикистан. М., 1998. – 277 с.

Таърихи халқи тоҷик асрҳои ХV- ХIХ: Китоби дарсӣ барои синфи 8. Алмаато: Атамура, 2000.- 147 с.

Курушкада, Истаравшан, Ӯротеппа. Д.: Амри илм, 2000. – 40 с.

Из истории культуры Мавераннахра. Д., 2001. – 154 с.

Мақоми ҷаҳонии уструшаниҳо (асрҳои 1Х-Х). Д.: Суруш, 2002. – 73 с.

Шаҳрҳои Афғонистон. Д.: Диваштич, 2003. – 96 с.

Мукотиба, хотира, аснод. Д.: Деваштич, 2003. – 192 с.

Зуфархон Ҷавҳарӣ: Андешаҳои муаррих. Д.: Деваштич, 2004. – 46 с.

Авроқи рангини таърих. Д.: Деваштич, 2007.- 398 с.

Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8 (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол ва Абдуқаҳҳор Саидов). Д.: Маориф, 2016. – 303 с.

Адабиёт доир ба Мухтаров

Ахрор Мухтарович Мухтаров: К 80-летию учёного. Д.: АН Республики Таджикистан, 2004.- Вып.82.- 96 с.

Исоматов М., Муллоджанов, С. Мухтаров Ахрор// Донишномаи Рӯдакӣ. Д., 2008.- Кит.2. – С. 177-179.

Исмоматов, М. Бузургаш бихонанд аҳли хирад. // Аҳрорнома. Д., 2001.- С.3-6.

Маъмур, С. Муаррихи замон, маҳбуби шоирон. // Аҳрорнома. Д., 2001.- С.7-8.

Мухторов Аҳрор. // Тазкираи олимони Истравшан. Д., 2002.- С.37-43.

Нарзулло, Х. Бузургонро бузургон зинда медоранд. //Садои мардум.- 2004.- 21 август; Паёми Истравшан.- 2004.- 17 август.

Нарзулло, Ҳ. Шӯҳрати ҷаҳонии як марди фидокор. // Сухани халқ.- 2004.- 23 август.

80 соли пуршараф. // Корвони умед.- 2004.- август. – С.7.

Иброҳимов, М. Шӯҳрати олим. // Ҷумҳурият.- 2004.- 7 октябр.

Исоматов, М. Ќосиди таърихи тамаддун. // Омӯзгор. 2004. – 5 ноябр.

Додхудоева, Л. Академик А. М. Мухтаров и ключевые проблемы политической истории Центральной Азии периода перехода от средневековья к новому времени . // Олиме ки ифтихори миллат аст. Д., 2004. – С.77-84.

Набиева, Р. А. Ситораи дурахшони машриқзамин. //Олиме ки ифтихори миллат аст. Д., 2004. – С. 53 – 59.

Насриддинов, Х. Н. Научно-педагогическая деятельность академика А. М. Мухтарова. // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение общественных наук. – 2011. – № 3. – С.56 – 62.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Д.: Дониш, 2011. – 216 с.

Ҷоизаҳо

Бо ордени «Шараф»,

медалҳои «Барои шуҷоат»,

«Барои озодкунии Прага»,

«Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,

«Бистсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,

«Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,

Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1987),

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007).

Дорандаи Ҷоизаи Институти библиографии Амрико «Одами сол-1995».

Тоҷнек

Tags: Аҳрор Мухторов
Previous Post

Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Бобоҷон Ғафуров

Next Post

Васиятномаи Қосим Сулаймонӣ

Related Posts

Зуфархон Ҷавҳарӣ
Машоҳир

Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Бобоҷон Ғафуров

March 24, 2025
Садриддин Айнӣ
Машоҳир

Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат бас

March 24, 2025
Ҳикояте аз Моҷарои Ҳофиз Лисониллғайб ва Шоханабот
Uncategorized

Ҳикояте аз Моҷарои Ҳофиз Лисониллғайб ва Шоханабот

November 23, 2024
ЗАБОН АЗ ДИДГОҲИ МАВЛОНО
Uncategorized

ЗАБОН АЗ ДИДГОҲИ МАВЛОНО

September 30, 2024
РОЗӢ
Uncategorized

Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ

September 23, 2024
АҲМАД ЗОҲИР АЗ ДАРВОЗ АСТ?
Uncategorized

АҲМАД ЗОҲИР АЗ ДАРВОЗ АСТ?

September 16, 2024
Next Post
Қосим Сулаймонӣ

Васиятномаи Қосим Сулаймонӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved