• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

April 26, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

0
SHARES
7
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

Идомаи матлаб

Китобе, ки ҳар тоҷик бояд бихонад – II

Бахши дуввум

Ҷилди дувуми ин китоби нағз, ҳовии панҷ фасл (8-12) аст.

Фасли ҳаштум “Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул ” номида шудааст. Он перомуни салтанати Ғазнавиён ва ҷойгоҳи тоҷикон дар ин давлат маълумот дода, дар хусуси аҳли тасаввуф ва чеҳраҳои шохиси суфияи тоҷик низ гузориш дода. Сипас ба Салҷуқиёну чеҳраҳои мондагори он даврон пардохта, аз Хоҷа Низомулмулки тоҷик то Рашиди Ватвоти тоҷикро ёдоварӣ мекунад. Ба дунболи он аз дудмони тоҷикии Ғуриён ва вазъи илму фарҳанги он замон ёдовар мешавад. Қисмати поёнии ин бахш ба ҳукумати Хоразмшоҳиён ихтисос ёфта, аз нуфузи шаҳрҳову авзоъи иҷтимоӣ даврон низ сухан ба миён омадааст.

Фасли нуҳуми китоб “Соиқаи рашъаафкани муғул” ном дорад. Ин фасли китоб аз фоҷеаи муғул ва дифоъи худҷӯши тоҷикон, ки аз беурзагии ҳукумати вақт ба ҳоли худ гузошта шуданд, бо дард қисса мекунад. Муаллифи дақиқназар, аз замони мусибату ситами гушношуниди аҳди муғул қисса карда, саҳифаҳои ногуфтаи муқовимати мардуми тоҷикро тасвир кардааст. Ин замоне буд, ки “замин аз хуни тоҷикон гулгун” буд. Ӯ аз ситези тоҷикони Фирӯзкӯҳ то ҷонфишонии тоҷикони Парвону Марвро ёдовар шудааст.

Фасли даҳум “Мавқеияти тоҷикон дар таърихи асри ҷадид ва ҳукуматҳои пасомуғул” аст. Ин қисмат бо достони талоши тоҷикони Курти Ҳарот оғоз гашта, сипас аз сарбадорони Байҳақу Самарқанд ном мебарад, ки афсонаи шикастнопазирии муғулро шикастанд. Дар идома аз зуҳури Темури Курагон ва ҷойгоҳи тоҷикон дар он замон ҳикоят мекунад. Ин бахш бо зикри тамаддуни дурахшони тоҷикон дар замони Темуриён ва чеҳраҳои калидии он аз Ҳофиз то Мушфиқӣ ва аз хаттотӣ то меъмории бемисли Хуросон ба поён мерасад.

Фасли ёздаҳуми ин китоб “Хуросон ва ҳамсоягон дар қуруни 16-17” унвон дошта, муаллиф дар бораи муҳоҷирати узбакҳои шайбонӣ ва таъсиси давлати шиъаи сафавӣ ахбори манобеъи таърихиро пешниҳод кардааст. Сипас ба суроғи давлати Темуриёни Ҳинд рафта, ки он ҷо низ зери нуфузи маънавии тоҷикон қарор дошт. Аз ҳукумати тоҷикони Систон то Дарвозу Карон низ ёдоварӣ мешавад, ки ахбори тозаву бикр аст. Дар идомаи ин фасл аз шоҳони Бадахшон, ки мо дар таворихи худ камтар аз онҳо медонем, ёдоварӣ мекунад. Ба дунболи он аз нуфузи истеъмори Британия ва паёмади ногувори он барои тоҷикони Хуросон мегӯяд, ки хеле дардовар аст. Поёни ин фасл ба зикри ҷамили арбоби илму ҳунари ин даврон бахшида мешавад.

Дар фасли дувоздаҳум, ки “Таъсиси давлати афғонҳо дар Қандаҳор” ном дорад, устод Муродӣ аз вуруди қабоили афғон ба Хуросон ва салтанати дуррониҳо ҳикоят мекунад. Яке аз бахшҳои муҳимми ин фасл қиёми тоҷикону дигар сокинони Хуросон алайҳи таҷовузи Британия аст, ки бо номи ҷангҳои инглису афғонӣ машҳур аст. Муаллиф дар поёни ин фасл донишмандону шоирону аҳли фазлу адаби тоҷикро ном бурдааст. Хондани ин фасл барои мо тоҷикони варорудӣ (мовароуннаҳрӣ) хеле зарур аст, то ба умқи фоҷеаи тоҷикон дар се қарни охир бирасем.

Ҷилди саввуми китоб…

Идома дорад…

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайфуллоҳ Муллоҷон)

Тоҷнек

Tags: Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул
Previous Post

Зиндагиатро бисоз

Next Post

Худро аз мушкилоти равонӣ наҷот диҳед

Related Posts

Роҳати ҷони дили ранҷур шав
Ниёгони гузаштаи мо

Роҳати ҷони дили ранҷур шав

October 12, 2025
кӯдакон
Ниёгони гузаштаи мо

Эҳтиром ба кӯдакон

September 10, 2025
Ниёиш
Ниёгони гузаштаи мо

Нағмаи Муҳаммад

September 5, 2025
Абурайҳон Берунӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Абурайҳон Берунӣ

September 4, 2025
Маҳмудхони Назмӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Маҳмудхони Назмӣ

August 23, 2025
Чанд асли исломӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Равиши пажуҳишии таҷрибӣ дастоварди исломӣ аст

August 21, 2025
Next Post
Худро аз мушкилоти равонӣ наҷот диҳед

Худро аз мушкилоти равонӣ наҷот диҳед

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ранҷи беҳуда

Ранҷи беҳуда

October 12, 2025
ҳофиз

Ҳофиз ва маю шароб

October 12, 2025
Ҳашт фармони Монделло

Ҳашт фармони Монделло

October 12, 2025
Роҳати ҷони дили ранҷур шав

Роҳати ҷони дили ранҷур шав

October 12, 2025

Recent News

Ранҷи беҳуда

Ранҷи беҳуда

October 12, 2025
ҳофиз

Ҳофиз ва маю шароб

October 12, 2025
Ҳашт фармони Монделло

Ҳашт фармони Монделло

October 12, 2025
Роҳати ҷони дили ранҷур шав

Роҳати ҷони дили ранҷур шав

October 12, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ранҷи беҳуда

Ранҷи беҳуда

October 12, 2025
ҳофиз

Ҳофиз ва маю шароб

October 12, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved