Давронҳо ва одоту русум
Сабки зиндагӣ
Панҷ одати зебои давраи усмониҳо
Об ва қаҳва:
Меҳмононро бо як коса об ва як пиёла қаҳва пешвоз мегирифтанд. Агар меҳмон аввал обро менӯшид, ин маънои онро дошт, ки ӯ гурусна аст ва барои ӯ таоми гарм омода мекарданд. Аммо агар ар аввал қаҳваро менӯшид, фаҳмида мешуд, ки сер аст ва ниёзе ба таом надорад.
Гули сурх ва гули зард:
Агар дар назди хона гули зард мегузоштанд, ин нишон медод, ки дар хона беморе ҳаст ва роҳгузарон ва ҳамсояҳо огоҳ мешуданд, ки бояд оромиро нигоҳ доранд ва овоз баланд накунанд. Аммо агар гули сурх мегузоштанд, ин нишон медод, ки дар он хона духтари ба синни шавҳар расида ҳаст ва метавонанд ба хонадони ӯ хостгорӣ оянд. Ҳамчунин мардум огоҳ мешуданд, ки дар назди хона суханҳои бад нагуянд, то эҳсоси духтарро озурда насозанд.
Кӯбаи дар:
Дар замони Усмониён дар дари хонаҳо ду навъ дастаки дар (кӯба) насб мешуд: якто хурд ва якто калон. Агар бо дастаки хурд дарро мекӯфтанд, фаҳмида мешуд, ки меҳмон зан аст ва бояд зани хона дарро боз кунад. Аммо агар бо дастаки калон дарро мекӯфтанд, маълум мешуд, ки меҳмон мард аст ва марди хона дарро боз мекард.
Садақа:
Одамони доро дар давлати Усмонӣ кӯшиш мекарданд садақаро тарзе диҳанд, ки ягон фақир эҳсоси шармандагӣ накунад. Онҳо ба мағозаҳо ва назди фурӯшандагони сабзавот рафта, дафтари қарзҳоро талаб мекарданд ва қарзҳои сабтшударо пардохт намуда, номи худро фош намекарданд. Фақирон қарзҳояшонро пардохташуда медиданд, вале намедонистанд, ки кӣ кӯмак кардааст ва бо ин роҳ қадри шарафи онҳо нигоҳ дошта мешуд.
Сини 63:
Вақте дар замони Усмониён аз пиронсолоне, ки аз синни 63 гузашта буданд, мепурсиданд, ки чандсолаанд, онҳо худро шармсор ҳис мекарданд, ки бигӯянд аз синни Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гузаштаанд. Аз рӯи эҳтиром ва бузургдошти Паёмбар (с), чунин ҷавоб медоданд: “Фарзандам, мо аз ҳад гузаштаем!”
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Абдуллоҳ Оқилзода)
Тоҷнек