• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

July 18, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

0
SHARES
0
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

Достонҳои кутоҳ

Носируддиншоҳ (яке аз шоҳони Қочор дар Эрон) дар сафари Хуросон, ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуд, тибқи маъмул, тамоми табақот ба истиқбол ва диданаш мерафтанд ва мавқеи ҳаракат аз он шаҳр низ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, то ин ки вориди Сабзавор шуд.

Дар Сабзавор низ умуми табақот аз ӯ истиқбол ва дидан карданд. Танҳо касе, ки ба баҳонаи инзиво ва гӯшанишинӣ, аз истиқбол ва дидан худдорӣ кард, ҳаким ва файласуф ва орифи маъруф, Ҳоҷ Мулло Ҳодии Сабзаворӣ буд. Аз қазо танҳо шахсияте, ки шоҳ дар назар гирифта буд дар тӯли роҳи мусофирати Хуросон ӯро аз наздик бибинад, ҳамин мард буд, ки тадриҷан шӯҳрати умумӣ дар ҳамаи Эрон пайдо карда буд ва аз атрофи кишвар уламо ва донишҷӯён ба маҳзараш шитофта буданд ва донишгоҳи азиме дар Сабзавор ташкил ёфта буд.

Шоҳ, ки аз он ҳама истиқболҳо ва диданҳо ва курнишҳо ва тамаллуқҳо хаста шуда буд, тасмим гирифт худаш ба дидани ҳаким биравад. Ба шоҳ гуфтанд:

— Ҳаким шоҳу вазир намешиносад.

Шоҳ гуфт:

— Вале шоҳ ҳакимро мешиносад.

Ҷараёнро ба ҳаким иттилоъ доданд. Вақт таъйин шуд ва як рӯз дар ҳудуди зуҳр шоҳ фақат ба иттифоқи як нафар пешхидмат ба хонаи ҳаким рафт. Хонае буд соддаву муҳаққар бо асбобу лавозими бисёр содда. Шоҳ зимни сӯҳбатҳо гуфт:

— Ҳар неъмате шукре дорад. Шукри неъмати илм тадрису иршод аст, шукри неъмати молу сарват, кӯмак ва дастгирӣ аст, шукри неъмати салтанат ҳам албатта анҷоми ҳоҷатҳост, аз ин рӯ ман майл дорам шумо аз ман чизе бихоҳед, то тавфиқи анҷоми онро пайдо кунам.

— Ман ҳоҷате надорам, чизе ҳам намехоҳам.

— Шунидаам шумо як замини зироатӣ доред, иҷоза бидиҳед дастур диҳам он замин аз молиёт маоф бошад.

— Дафтари молиёти давлат мазбут аст, ки аз ҳар шаҳре чӣ қадар вусул шавад. Асоси он бо тағйироти ҷузъӣ ба ҳам намехӯрад. Агар дар ин шаҳр аз ман молиёт нагиранд, ҳамон маблағро аз дигарон зиёдтар хоҳанд гирифт, то маҷмӯе, ки аз Сабзавор бояд вусул шавад, такмил гардад. Шоҳ розӣ нашавад, ки тахфиф додан ба ман ё маоф шудани ман аз молиёт, сабаби фишор бар ятимон ва бевазанон гардад. Ба илова, давлат, ки вазифа дорад ҳофизи ҷону моли мардум бошад, ҳазина ҳам дорад ва бояд таъмин шавад. Мо бо ризо ва рағбат, худамон ин молиётро медиҳем.

Шоҳ гуфт:

— Майл дорам имрӯз дар хидмати шумо ғизо сарф кунам ва аз ҳамон ғизои ҳар рӯзи шумо бихӯрам, дастур бифармоед ноҳори шуморо биёваранд.

Ҳаким бидуни он ки аз ҷо ҳаракат кунад, фарёд кард:

— Ғизои маро биёваред!

Фавран оварданд, табақе чӯбин, ки бар рӯи он чанд қурс нон ва чанд қошуқ ва як зарф дӯғ ва миқдоре намак дида мешуд. Ҷилави шоҳ ва ҳаким гузоштанд. Ҳаким ба шоҳ гуфт:

— Бихӯр, ки нони ҳалол аст, зироати он дастранҷи худам аст.

Шоҳ як қошуқ хӯрд, аммо дид ба чунин ғизое одат надорад ва аз назари ӯ қобили хӯрдан нест. Аз ҳаким иҷоза хост, ки миқдоре аз он нонҳоро ба дастмол бибандад ва таяммунан ва табаррукан ҳамроҳи худ бибарад.

Пас аз чанд лаҳза, шоҳ бо як дунё буҳту ҳайрат хонаи ҳакимро тарк кард.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Райҳонатул-адаб”)

Тоҷнек

 

Source: Ҳикояти шоҳ ва ҳаким
Via: Ҳикояти шоҳ ва ҳаким
Tags: Ҳикояти шоҳ ва ҳаким
Previous Post

Мунозираи Муфаззал

Next Post

Дилам мехост Дюжен бошам…

Related Posts

Достони пайвастани Шамс ба Мавлоно
Ниёгони гузаштаи мо

Достони пайвастани Шамс ба Мавлоно

July 18, 2025
Шахсияти илмии Имом Содиқ(а) аз нигоҳи аҳли суннат
Ниёгони гузаштаи мо

Шахсияти илмии Имом Содиқ(а) аз нигоҳи аҳли суннат

July 18, 2025
Достонҳои омӯзанда
Ниёгони гузаштаи мо

Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул

July 5, 2025
Тавсияҳои Амиралмӯъминин Алӣ(а) ба ҳокимон ва фармонравоён
Инсон ва инсоният

Тавсияҳои Амиралмӯъминин Алӣ(а) ба ҳокимон ва фармонравоён

July 5, 2025
Таърихсозон чӣ касоне ҳастанд?
Ниёгони гузаштаи мо

Таърихсозон чӣ касоне ҳастанд?

July 5, 2025
Ҳодисаи Карбало
Ниёгони гузаштаи мо

Ҳодисаи Карбало

July 4, 2025
Next Post
Фалсафаи равоқӣ

Дилам мехост Дюжен бошам...

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ниёиш

Ниёиш

July 18, 2025
Саволи як донишҷӯ

Муҳимтарин хислатҳои инсони мӯъмин

July 18, 2025
Яъқуб Лайси Саффорӣ, посдори забони ниёгон

Хусусиёти сиёсатмадори муваффақ

July 18, 2025
Обид кист

Обид кист?

July 18, 2025

Recent News

Ниёиш

Ниёиш

July 18, 2025
Саволи як донишҷӯ

Муҳимтарин хислатҳои инсони мӯъмин

July 18, 2025
Яъқуб Лайси Саффорӣ, посдори забони ниёгон

Хусусиёти сиёсатмадори муваффақ

July 18, 2025
Обид кист

Обид кист?

July 18, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ниёиш

Ниёиш

July 18, 2025
Саволи як донишҷӯ

Муҳимтарин хислатҳои инсони мӯъмин

July 18, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved