Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш ва воқеъназарӣ дар минтақа пайваста мақоми пешсафиро соҳиб аст. Нахустин китоби таърихию ҷуғрофии аҷдодӣ – Авесто, ба мисли як қомусномаи бузург, ки «қариб ҳамаи паҳлуҳои зиндагии инсонро фаро гирифта, бобҳои сершумори он ба давраҳои гуногуну самтҳои мухталифи фаъолияти одамон сарукор дорад»[1] ҳамчун «муҳимтарин маъхаз оид ба таърихи қадимтарин»[2]-и минтақаи Осиёи Марказӣ пазируфта шудааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки мактаби таърихшиносии тоҷик реша аз аҳди қадим дошта, дар марҳалаҳои баъдинаи таърихӣ бо сайъу кӯшиши ниёкони хирадманд боз ҳам сайқал ёфтаву суфта гардидааст. Катибаву сангнабиштаҳо, бойгониҳои расмию деворнигораҳо, китобҳои муқаддаси «Авасто», «Динкард», «Бундаҳишн», зиндагиномаву корномаҳои шаҳриёрону фарзонагон, ба мисли достонҳои «Худойнома», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Корномаи Анӯшервон», «Шаҳрҳои Эрон», ки ҳанӯз дар аҳди бостон таълиф шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Танҳо дар асрҳои IX-X, махсусан дар давраи Сомониён асарҳои зиёди таърихӣ ва таърихӣ-ҷуғрофӣ бо забонҳои тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ навишта шуданд, ки имрӯз ҳамчун маъхазҳои арзишманди хаттии дасти аввал мавриди эътирофанд. Аз ҷумла, асарҳои Хурдодбеҳ (820-26-875 ё 912), Табарӣ (839- 923), «Таърихи Табарӣ» дар тарҷумаи Балъамӣ, Фақеҳи Ҳамадонӣ (асри IX-ибтидои асри X), Ҷайҳонӣ (ваф. 942), Истахрӣ (тав. 849), Ҳамзаи Исфаҳонӣ (883/84- 961 ё 971), Наршахӣ (899/900-960), «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ (935-1020), асари «Ҳудуд-ул-олам» ва амсоли инҳо аз рушд ва пешрафти илми таърихи тоҷик ҳанӯз дар ибтидои асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳанд. Ба андешаи мутахассисон «Таърихи Табарӣ» дар тарҷумаи Абӯалии Балъамӣ аввалин асари таърихнигории миллии тоҷикӣ маҳсуб мешавад.[3] Маҳз ҳамин китоб дар шаклгирии илми таърихнигории тоҷику форс ва таҳкими худогоҳии миллии қавмҳои ориёӣ зиёда мусоидат намудааст.[4]
Дар марҳалаҳои баъдина низ дар ҳавзаҳои гуногуни Варазрӯду Хуросон, махсусан дар шаҳрҳои марказӣ теъдоди зиёди мактабҳои тоҷикии таърихнигорӣ амал менамуданд. Бо ҳисоби муҳаққиқи англис Ч. Сторӣ дар асари сеҷилдааш «Феҳраствораи адабиёти форсӣ» шумораи таърихномаҳои тоҷикӣ-форсӣ беш аз ҳазор адад аст.[5] Ҷолиб боз он аст, ки таърихномаҳои машҳуру муътабар, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд, ба қалами донишмандони тоҷикиасл Абдулло ибни Муқаффаъ, Муҳаммад ибни ҷарири Табарӣ тааллуқ доранд. Дар асрҳои баъдина асарҳои ниҳоят арзишманди таърихии Абӯнасри Утбӣ «Таърихи Яминӣ», Абӯрайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия», Маҳмуди Гардезӣ «Зайну-л-ахбор», Абулфазли Байҳақӣ «Таърихи Масъудӣ» ё «Таърихи Байҳақӣ», Низомии Арӯзии Самарқандӣ «Маҷмаъу-н-наводир» ё «Чаҳор мақола», Абулҳасани Байҳақ «Таърихи Байҳақ», Минҳоҷи Сироҷ «Табақоти Носирӣ», «Таърихи Систон»-и муаллифи номаълум, Хоҷа Низомулмулк «Сияру-л-мулк» ё «Сиёсатнома», Ҳамдуллоҳи Муставфӣ «Таърихи гузида», Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи Ҷаҳонкушой», Рашуддидини Фазлуллоҳ «Ҷомеъу-т-таворих», Мирхонд «Равзату-с-сафо», Хондамир «Ҳабибу-с-сияр», «Таърихи Вассоф», дар охири асрҳои миёна «Таърихи Муқимхонӣ», «Убайдуллонома», «Таърихи Абулфайзхонӣ», «Таърихи Раҳимхонӣ», «Мунтахабу-т-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон, асарҳои Биноӣ, Ҳофизи Таниш, Муншӣ, Аҳмади Дониш, Мирзо Азими Сомӣ, Гулшанӣ ва дигарон, ки имкони овардани номгӯи пурраи таълифоти онҳо ин ҷо нест, нишонаи рушди пайвастаи мактаби суннатии таърихшиносии миллии тоҷик мебошанд. Ин силсилаи таърихномаҳо баробари маъхазҳои муҳим ва арзишманди хаттӣ буданашон, воситаи асосии пайвандгари мактабҳои таърихшиносии марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ва идомаи суннатҳои таърихноманависии миллӣ буданд.
Албатта, онро низ бояд сарфи назар накард, ки ҳарчанд дар таърихномаву солномаҳои асримиёнагии тоҷикию форсӣ маводи зиёде мавҷуд аст, вале бештари онҳо мазмунан тавсифӣ буда, аз усули таҳлили айнӣ, назари интиқодӣ ба маъхазҳо бархӯрдор нестанд. Бо вуҷуди ҷой доштани маводҳои зиёди таърихӣ дар ин таърихномаҳо, мавҷуд будани асарҳое, ки ба инъикоси таърихи ҷаҳон равона шудаанд, теъдоди бештари онҳо ба таърихи расулон, ҳокимон, хонадонҳои алоҳида, муҳорибаҳову лашкаркашиҳои онҳо, тавсифи ҳаёти дарбор, мубориза барои ҳокимият, низоъҳои байниҳамдигарии сулолаву хонадонҳои гуногун бахшида шудаанд. Аммо, бидуни шак ин таърихномаҳо паҳнкунандагони асосии донишҳои таърихӣ ва маҳфуздорандагони ҳофизаи таърихии миллати тоҷик буданд.
Гузариш аз донишҳои таърихӣ ва ташаккули таърих ҳамчун соҳаи алоҳидаи илм аввалан асри XVIII дар Аврупо ва каме баъдтар дар мамолики Шарқ ба вуқуъ меояд. Яке аз омилҳои асосии гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм ин раҳоӣ аз фаҳмиш ва дарки динии қонуниятҳои рушди ҷомеаи инсонӣ ва тавсифи ҳаводиси таърихӣ мебошад. Дар таърихшиносии миллии тоҷикӣ низ то замони Аҳмади Дониш муаррихон аз кӯшиши муайян намудани қонунияти воқеии таърихӣ дурӣ ҷуста, вуқӯъ ва амали ҳаводисро ба амри тақдир, қазову қадар ё насибу сарнавишт ҳавола мекарданд.[6] Дар ибтидо Аҳмади Дониш (1827-1897) ва баъдан устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) бо таълифи асарҳои таърихии худ ба рушди афкори сиёсию ҷамъиятӣ, ҷаҳонбинии нави таърихӣ ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии устод Садриддин Айнӣ таъсири дастовардҳои илмии ховаршиносии ҷаҳонӣ, ба вижа олимони шинохтаи рус В.В. Бартолд, А.А. Семенов ва М. С. Андреев мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки аз муаррихони миллӣ, поягузори омӯзиши воқеан илмии таърихи халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ буда, таҳқиқоти таърихии ӯро метавон чун анҷоми гузариш ба омӯзиши илмӣ дар таърихнигории миллӣ эътироф кард.
Баробари мактабҳои миллии таърихнигории Бухоро, Самарқанд, Тошканду Фарғона, Ҳисору Бадахшон ва Ҳирот дар омӯзиши таърихи тошӯравии халқи тоҷик нақши олимону сайёҳатчиёни аврупоӣ, ба вижа мактабҳову марказҳои илмии русӣ хеле муассир аст. Махсусан, аз миёнаҳои асри XIX сар карда таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони Россияи подшоҳӣ ба таъриху фарҳанг ва этнография, захираҳои табию иқтидори иқтисодии Вароруд ба маротиб афзуд. Дар ин росто метавон аз асарҳои Е.К. Мейендорф, П.С. Савелев, Н.В. Хаников, В.В. Веляминов-Зернов, В.В. Завялов, В.В. Григорев, таълифоту таҳқиқоти Г.А. Арендаренко, Д.И. Логофет, Н. Маев, И.Л. Яворский, И.П. Минаев, А.В. Нечаев, Г. Гуровский, А.П. Хорошхин, Л.Н. Соболев, В.И. Липский В.И. Покотило, А.Е. Снесарев, В.Ф. Ошанин, А.П. Федченко,А.Д. Гребенкин, А.А. Бобринской, А.Шишов ва даҳҳо пажуҳандагони дигар, ки ҳар кадоме дар омӯзиши сафҳаҳои гуногуни таърихи сокинони бумии минтақа – тоҷикон нақше гузоштаанд, ёдовар шуд. Таҳқиқоти илмии мусташриқини шинохта В.В. Бартолд, А.А. Семенов ва М.С. Андреев, ки дар саргаҳи омӯзиши илмии таърихи халқи тоҷик меистанд, дар шинохти тоҷикон, ҳамчун сокинони аслии минтақа ва соҳиби таърихи қадима ва фарҳанги пурғановат будани онҳо нақши хеле бориз гузоштанд.
Ташаккули мактаби комилан илмии омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва ё тоҷикшиносӣ ба замони шӯравӣ рост меояд. Баробари ташаккул ва рушди таърихнигории шӯравӣ мактаби нави таърихшиносии миллии тоҷик ҳамчун ҷузъи таркибии он ташаккул меёбад. Ин мактаби нави шӯравии таърихшиносии тоҷик, ки акнун дар пояи методология ва методҳои таърихнигории аврупоӣ ташаккул меёфт, тамоми он чизеро, ки дар таърихшиносии пешазшӯравӣ мавҷуд буд, аз диди нав ва бо назари интиқодӣ қабул намуд. Албатта методологияи комилан нави таҳқиқи таърих, дар заминаи фаҳмиши марксистӣ-ленинии рушди ҷомеаи инсонӣ ва қонуниятҳои он бунёд меёфт.
Ташаккули мактаби шӯравии таърихшиносии тоҷик асосан аз солҳои 20-уми асри XX ибтидо мегирад. Аммо таваҷҷуҳи хоса ва талошу кӯшиш дар самти ташкили марказҳои махсуси илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик пас аз марзбандии миллию ҳудудии соли 1924 ва ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба миён меояд. То соли 1924 таҳқиқи илмии таъриху фарҳанг ва этнографияи тоҷикон бо ибтикороти марказҳои калони илмӣ ва Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, инчунин дигар ташкилоту ниҳодҳо тавассути ташкили экспедитсияҳои гуногун ва ё сафарҳои илмӣ ба вуқуъ меомад.
Нақши ниҳоят муҳимро дар ташаккули мактаби таърихшиносии миллии тоҷик таъсиси нахустин ташкилотҳо ва ниҳодҳои илмӣ дар минтақа бозидаанд. Аз ҷумла, соли 1924 Комиссияи илмии тоҷикӣ бо мақсади ҷамъоварии мавод ва коркарди илмии он доир ба таърих, этнография ва адабиёти тоҷикон дар назди Комиссарияти халқии маорифи ҶШС Ӯзбекистон таъсис меёбад.[7] Соли 1925 дар заминаи пешниҳоди Кумитаи инқилобии ҶШСМ Тоҷикистон ва ҷонибдории гурӯхҳи олимони шинохтаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳамрайъии В.В.Бартолд, М.С.Андреев, А.А. Семёнов, H.Л. Корженевский ва дигарон “Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун зи марзи он” таъсис ёфт. Ин нахустин ниҳоде буд, ки маҳз бо мақсади таҳқиқи таърих ва этнографияи тоҷикон таъсис ёфтаву барои ташкили марказҳои кавитар дар оянда таҳкурсии ҷиддие гузошт. Дар соли аввали фаъолият Ҷамъият маҷмӯаи дастаҷамъонаи “Тоҷикистон”-ро ба чоп расонид. Махсусан, мақолахои академик В.В. Бартолд “Тоҷикон, очерки таърихӣ” ва М.С. Андреев “Этнографияи тоҷикон”, ки дар заминаи асноду маъхазҳои дасти аввал ва мушоҳидаҳои саҳроии этнографӣ навишта шуда буданд, қадами ниҳоят ҷиддие дар шинохти тоҷикон ва нақшу мақоми онҳо дар таърихи Осиёи Марказӣ буд. Соли 1926 бо ибтикори профессор А.А.Семёнов Ҷамъият асари “Қатаған ва Бадахшон”-и Бурҳониддинхони Кӯшкекиро бо тавзеҳоти муфассал тарҷума ва чоп намуд. Ин асар маълумоти ниҳоят фаровони таърихӣ, ҷуғрофӣ ва этнографиро оид ба тоҷикони Хуросон (шимолии Афғонистони имрӯза) ба хонандагон ва муҳаққиқон пешкаш мекард. Ҳамзамон як сол пас рисолаи бунёдии В.В. Бартолд “Эрон. Тавсифи таърихӣ” ба нашр расонида шуд. Фаъолияти илмии Ҷамъият асосан ба ду самт- таҳқиқоти физикию ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ, таърихию филологӣ ва мардумшиносӣ равона шуда буд. Умуман, дар давоми фаъолияти худ (1925-1929) бо кӯшиши аъзоёии ҷамъият чаҳор экспедитсияи илмӣ гузаронида шуда, дар маҷмуъ 14 рисолаи илмӣ вобаста ба самтҳои мухталифи илм ба чоп расид. Фаъолияти Ҷамъият ҳамчун маркази илмӣ – таҳқиқотӣ ба зуддӣ на танҳо дар минтақа, балки дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он мавриди эътирофи аҳли илм гардид. Соли 1928 ин ниҳоди илмӣ бо 47 ташкилоту муассисаҳои илмии шинохтаи хориҷӣ, аз ҷумла бо марказҳои илмии Ӽиндустон, Олмон, ИМА, Англия, Шветсия, Норвегия, Фаронса ва Туркия робита пайвастаи илмӣ дошт.[8] Корҳои анҷомдодаи Ҷамъият на танҳо дорои арзиши баланди илмӣ, балки тобиши ҷиддии сиёсӣ низ доштанд ва ҷавоби сазоворе ба ҷараёнҳои точикзитези туркгаро буданд.
Заминаи шоиста ва фазоӣ мусоид барои таъсиси марказҳои илмӣ ва ташаккули илми таърихшиносии миллӣ пас аз ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон ба миён омад. Соли 1930 бо қарори ШКХ ҶШС Тоҷикистон нахустин муасисаи илмии ҷумҳурӣ – Институти давлатии илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон (ИДИТТ) дар самти илмҳои гуманитарӣ таъсис ёфт. Аз 9 сентябри соли 1930 «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун зи марзи он» пурра ба сохтори ин институт шомил гардид. ИДИТТ бахшҳои алоҳидаи таъриху мардумшиносӣ, педоло-педагогӣ, иктисодӣ ва омӯзиши захираҳои табиӣ ва қувваҳои истеҳсолкунандаро дар ихтиёр дошт. Ҳамин сол дар назди институт Кумитаи бостоншиносӣ ҳамчун ҷамъияти илмӣ ташкил ёфт. Новобаста аз баъзе маҳдудиятҳо ва хусусияти кишваршиносӣ доштани фаъолият ИДИТТ барои таъсису ташаккули марказҳои илмии самти гуманитарӣ ва ҷомеашиносии ҷумҳурӣ таҳкурсии хуб гузошт. Бори нахуст асарҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ аз ҷониби ин марказ нашр гардиданд ва аввалин Шуъбаи аспирантура бо мақсади омода намудани кадрҳои илмии маҳаллӣ дар назди ҳамин марказ кушода шуд.
28 марта соли 1933 бо қарори ШКХ ҶШС Тоҷикистон ИДИТТ пурра ба сохтори Пойгоҳи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИШ, ки соли 1932 таъсис ёфта буд, гузаронида шуд. Ташкилёбии Пойгоҳ дар Тоҷикистон марҳалаи комилан нав дар рушди илми академивии тоҷик мебошад. Дар сохтори Пойгоҳ сектори алоҳидаи таъриху забоншиносӣ (лингвистика) ба кор шуруъ намуд, ки баъдан дар заминаи он институтҳои мустақили таъриху бостоншиносӣ ва забону адабиёт ташкил ёфтанд. Дуруст аст, ки кормандопи сектор бештар ба таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ ва мураттабсозии луғатномаҳо машғул буданд. Вале новобаста аз ин яке аз аввалин интишороти илмии Пойгоҳ дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносии АИ ИШ таҳия ва чопи “Маҷмуаи суғдӣ” (1934) мебошад, ки нодиртарин ҳуҷҷатҳои суғдии аз қалъаи Кӯҳи Муғ ёфтшударо дар бар мегирифт. Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин ҳуҷҷатҳо ба забони суғдӣ буданд, ки аз ҳудуди Суғди бостон дарёфт гардиданд.
Сектори таъриху забоншиносӣ, ки то соли 1941 фаъол буд, барои рушди минбаъдаи илмҳои таърих, манбаъшиносӣ, забоншиносӣ, кишваршиносӣ заминае хубе гузошт. Дар ҳамин солҳо аввалин таҳқиқоти илмии муҳаққиқони маҳаллӣ доир ба масъалаҳои гуногуни таъриху фарҳанг, этнография, забоншиносӣ, таърихи фалсафа ва адабиёт таълиф шуданд. Махсусан, дар самти баррасӣ ва пешниҳоди масоили таърихӣ дар ин солҳо нақши устод Садриддин Айнӣ, олимони шинохта А.А. Семенов, Б.Ғ. Ғафуров, М.С. Андреев, И.И. Зарубин муассиртар ба назар мерасад. Мақолаву очеркҳои таърихии устод С.Айнӣ ба мисли “Аз ёддоштҳои инқилоби Бухоро” (1930), “Тирози ҷаҳон” (1937, 1939), “Шайхурраис Абӯалӣ Сино” (1941) дар ташаккули таърихшиносии нави тоҷик нақши муҳимме гузоштанд. Бо қарори махсуси КМ ҲК(б) Тоҷикистон соли 1939 кормандони Пойгоҳ ба навиштани китоби дастаҷамъии “Таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон” вазифадор гардиданд. Барои иҷрои ин вазифа бо роҳбарии Б.Ғ.Ғафуров гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Соли 1940 ҳамчун китоби якум аз ин силсила рисолаи Б. Ғафуров ва Н.Прохоров бо унвони “Афтидани аморати Бухоро” аз чоп баромад[9], ки он нахустин асари таҳқиқотӣ оид ба таърихи давраи шӯравии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.[10] Ҳамин сол китоби Н.Кисляков дойр ба таърихи Қаротегин ва асари 3. Раҷабов доир ба ҷадидизм низ нашр шуданд.[11]
Рушди назарраси таҳқиқотҳои таърихӣ ва вусъати ташаккули мактаби таърихнигории миллӣ ба солҳои мавҷудияти Филиали тоҷикистонии АИ ИШ (1941-1951) рост меояд. Охири соли 1941 дар сохтори Филиал Институти таърих, забон ва адабиёт бо секторҳои таърих, забоншиносӣ, адабиёт ва фолклор ташкил ёфт. Новобаста аз солҳои вазнини айёми ҷанг ва азнавбарқарорсозии баъдиҷангӣ дар ин муддат корҳои шоёну назаррасе дар самти таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷик ба анҷом расиданд. Фаъолияти институтҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ асосан ба таълифу эҷоди асарҳои тавсеасози тарбияи ватандустӣ ва муборизаи оштинопазир ба муқобили истилогарон равона шуда буд. Маҳз дар ҳамин солҳо асарҳои устод Садриддин Айнӣ “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ” (1944), рисолаи илмии Б.Ғ. Ғафуров ва Н.Н. Прохоров “Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ” (1944) аз чоп баромаданд. Баробари ин дар ҳамин солҳои маҷмӯаи “Мавод оид ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон” (1945), мақолаи В.В.Струве “Ватани Зардушт”, А.Е.Маҷи “Таърихи Хуҷанди феодалӣ”, Н.А. Кисляков “Оид ба таърихи бошандагони водии болооби Панҷ” нашр гардиданд. Чопи ин асарҳо дастоварди ҷиддие дар роҳи таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷик буданд.
Ташаккули илми академивии таърихшиносии тоҷик бешак бо номи фарзанди фарзонаи миллат академик Б.Ғ. Ғафуров пайвасти ногусаста дорад. Академик Б.Ғафуров на танҳо дар таъсису ташкили марказҳо ва ниҳодҳои илмӣ, ба вижа дар самти таъриху этнография нақши бориз гузоштааст, балки ҳамчун муаррихи касбӣ бо таҳқиқи масоили умда, таҳияи нахустин консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадимтарин, таълифи китобу мақолаҳои бунёдӣ ба ташаккули таърихшиносии тоҷик ва рушди он саҳми бевосита дорад. Аз ҷумла, баробари китобу мақолаҳои дар боло зикршуда, соли 1947 “таҳқиқоти барои замон нихоят ҷиддию бунёдии Б.Ғ. Ғафуров “Таърихи мухтасари халқи тоҷик”[12] аз чоп баромад. Баъдан ин китоб бо иловаю такмил се маротиба (1949, 1952, 1955) ба забони русӣ дар Маскав нашр шуд. Новобаста аз асарҳои таърихии Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнӣ ва таҳқиқоти ҷудогонаи таърихии то ин вақт ба миён омада, бори нахуст таърихи ҷомеи тоҷикон дар доираи як таҳқиқоти мукаммал ба чоп расид. Ба андешаи муаррихони шинохта метавонем бо ин асар Б.Ғ.Ғафуровро “бо ҳуқуқи пурра асосгузори илми таърихи тоҷик номид”.[13]
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институти таърих, забон ва адабиёт дар солҳои баъдиҷангӣ новобаста ба баррасии таърихи замони шӯравӣ дар шакли мақолаву китобчаҳо ва маҷмӯаҳо, асосан ба таҳқиқу омӯзиши таърихи тошӯравии халқи тоҷик равона шуда буд. Яке аз ходимони фаъоли илмии институт А.А. Семенов (аз соли 1945) дар ин давра маҷмӯаи “Ёдгориҳои модии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна” (1945), мақолаҳои зиёди илмӣ, аз ҷумла доир ба Абӯалӣ Сино ва Абӯрайҳони Беруниро ба чоп расонид. Инчунин дар ин давра як қатор асарҳои дигари арзишманди олимони ҷумҳурӣ ва шарқшиносони намоён чоп шуданд.
Омӯзиши археологии ҳудуди ҷумҳурӣ, ки бо кашфиёти нодири ҳуҷҷатҳои суғдии қалъаи Кӯҳи Муғ соли 1932 оғоз ёфта буд, аз соли 1946 cap карда, то инҷониб шакли мунтазам ва пайвастаро гирифт. Соли 1946 бо кӯшиши якҷояи АИ ИШ ва ФТ АИ ИШ Экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷик (ЭБСТ) бо сардории А.Ю. Якубовский ташкил ёфт, ки корҳои ҳафриётиро аз Панҷакенти Қадим оғоз намуд. Баъдан, солҳои 1947-1948 ин корро экспедитсияи О.И. Смирнова идома дод. Соли 1949 бо ташаббуси А.Ю.Якубовский гурӯҳи махсуси бостоншиносии Уструшан (Истаравшан) ташкил шуд, ки ба омӯзиши ёдгориҳои таърихии ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ пардохт. Дар қаламрави Тоҷикистони Ҷанубӣ ба омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ гурӯҳи бостоншиносии Кӯлоб бо сарварии А.М.Беленитский ва дар ҳудуди ВМКБ бостоншиносон бо сардории А.И Бернштам машғул буданд.
Дар самти этнографияи низ дар даҳ соли мавҷудияти ИТЗА таҳқиқотҳои ҷолиб ва экспедитсияҳои натиҷаовар гузаронида шуданд. Ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун лабораторияи табиии таърихию этнографӣ ва антропологӣ таваҷҷуҳи олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда буд. Аз ҷумла, экспедитсияҳои этнографии Н.А. Кисляков ба водии Ванҷ ва Е.М. Пешеров ба Сталинобод ва Қаратоғ (с. 1940), М.С. Андреев ба Болооби Панҷ (1943) доир гардиданд ва соли 1948 бо ташаббуси М.С. Андреев дар назди институт осорхонаи начандон калони мардумшиносӣ ташкил ёфт. Ҳамзамон кормандони институт дар ин солҳо ба омӯзиши этнографии гурӯҳҳои хурди этникӣ, оину суннатҳои мазҳабӣ, ҳунармандӣ, эҷодиёти шифоҳии халқ шуруъ намуданд.
Ҳамин тавр дар давраи мавҷудияти Институти таърих, забон ва адабиёт дар самти омӯзиши таърих, археология ва этнографияи халқи тоҷик, омода намудани нахустин муҳаққиқони маҳаллии касбӣ корҳои зиёде ба анҷом расиданд.Умуман фаъолияти даҳсола (1941-1951)-и илмии ФТ АИ ИШ барои рушди минбаъдаи илми тоҷик дар самтҳои гуногун, ба вижа илми таърихшиносӣ нақши ҳалкунанда гузошт. Бо назардошти дастовардҳо ва ташкили пойгоҳи қавии моддию техникӣ роҳбарияти ҷумҳурӣ, махсусан Котиби аввали КМ ҲК(б) Тоҷикистон Б. Ғафуров масъалаи ташкили академияи мустақили илмҳои ҷумҳуриро пеш гузошт. Моҳи декабри соли 1950 масъалаи мазкур дар раёсати АИ ИШ мавриди баррасӣ карор гирифт ва ба хотири анҷом додани корҳои ташкилӣ як комиссияи махсус дар ҳайати олимони шинохта ташкил дода шуд. Бо қарори муштараки ШО, ШВ ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфт. Дар қарори мазкур таъкид мешавад, ки дар ҷумҳурӣ барои ташкили чунин ниҳоди бузурги илмӣ “ҳамчун ситоди тафаккури пешқадами илмӣ ва мактаби тарбияи мутахассисони илмӣ аз ҳисоби зиёиёни маҳаллӣ, тамоми шароит муҳайё шудааст”.[14] Академик Е.Н. Павловский, ки роҳбарии ФТ АИ ИШ дар ихтиёр дошт, бо хушнудӣ изҳор намуда буд, ки имрӯз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ҳамчун марказҳои илмӣ бо гузориши мустақилона ва ҳалли масоили илмии мувофиқ ба талаботи «хоҷагии халқ ва фарҳанги мамлакат иқтидори кофӣ доранд[15].
Бо таъсиси академияи мустақил марҳалаи комилан нави рушди илми ҷумҳурӣ, аз ҷумла илми таърихшиносӣ оғоз меёбад. Пеш аз ҳама дар сохтори академияи институтҳо ва марказҳои нав дар самти илмҳои табиӣ ва гуманитарию ҷомеашиносӣ ташкил ёфтанд. Вобаста ба ин Институти таърих, забон ва адабиёт ба ду муассисаи мустақили илмӣ тақсим шуд. Маркази асосии таърихшиносии ҷумҳурӣ акнун номи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (ИТБМ)-ро гирифт ва унвони муассиса то андозае муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти он гардид.
Бо пешниҳоди Котиби аввали КМ ҲК(б) Тоҷикистон Б.Ғ. Ғафуров нахустин директори ИТБМ донишманди шинохта ва донандаи таърихи халқи тоҷик А.А. Семенов таъин гардид. Баробар ба ин академик Б. Ғафуров барои ба роҳ мондани фаъолияти босамари институт гурӯҳи калони олимони барҷаста, аз ҷумла М. Андреев, А.Ю. Якубовский, М.М. Дяконов, А.М. Беленитский, А. Окладников, А. Манделштам, Б.А. Литвинский, Е.А. Давидовичро барои кор ба институт даъват намуд. Ба кор дар институт ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ҷалб шудани ин гуна муҳаққиқон боиси пешравии фаъолияти муассиса ва афзоиши мақоми таърихшиносии тоҷик дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Иқтидори илмии институт ва доираи баррасии масоили мавриди таҳқиқ ба маротиб вусъат ёфта, фаъолияти густурдаи муассиса дар самтҳои таърихшиносию таърихнигорӣ, фарҳангшиносӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ ва дигар шохаҳои илми таърих ба роҳ монда шуд.
Дар ибтидо институт се сектори илмӣ – таърихи ҷомеаи шӯравӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дошт. Аз сохтори институт бармеояд, ки таваҷҷух ба таърихи замони шӯравӣ, археология ва этнография бештар будааст ва масъалаҳои таърихи қадим, асри миёна ва давраи дар доираи сектори таърихи ҷомеаи шӯравӣ баррасӣ мешуданд.
Баъдан дар давоми фаъолияти 70-солаи институт сохтори он чандин маротиба таҷдиди назар шуд, сектору шуъбаҳои нав ташкил ёфтанд ва ё баъзе аз онҳо муттаҳид гардонида шуданд. Дигаргуншавии сохтори институт аз вазъи рушди илми ҷумҳурӣ ва гузориши масъалахо вобаста ба вазифаҳои умда ва мубрами тараққиёти ҷомеаи кишвар ба вуқуъ меомаданд. Вале ҳамеша, новобаста аз тағйироту дигаргунии сохторӣ, ҳайати олимону кормандони институт кӯшиш ба харҷ медоданд, ки тамоми паҳлуҳо ва саҳифаҳои таърихи рангини халқи тоҷик мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гиранд.
Гарчанде дар ибтидои ташкилёбии институт сектор ва ё шуъбаи махсуси омӯзиши таърихи давраи қадим, асрҳои миёна ва замони нав мавҷуд набуд, вале дар доираи фаъолияти сохтори мавҷуда масъалаҳои мубрами ин давраҳои таърихӣ мавриди таҳқиқ қарор доштанд. Масалан, аз 52 асари таҳқиқотии солҳои 1951-1955 ба нашр расида, чортои он ба инъикоси таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав равона шуда буд. Пеш аз ҳама ин таҳқиқотҳо ба қалами директори институт олими шинохта А.А. Семенов мутааллиқ буданд.
Дар ташаккули мактаби таърихшиносии тоҷик ва фаъолияти муназзами институт нақши роҳбарони он дар солҳои гуногун, аз ҷумла, олимони шинохтаи тоҷик, академикҳо А.А. Семенов (1951-1958), З.Ш. Раҷабов (1959-1962), Б.И. Искандаров (1962-1988), P.M. Масов (1988- 2015), ки ҳар яке олими соҳибмактабу муҳаққиқи барҷастаи самтҳои гуногуни таърхи халқи тоҷик буданд, хеле назаррас мебошанд.
Дар панҷсолаи аввали фаъолият институт ҳамчун муассисаи алоҳида ва маркази ягонаи таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷик корҳои зиёди арзишманди таҳқиқотиро ба анҷом расонид.[16] Моҳи июни соли 1958 аз ҳисоби ходимони илмии сектори ҷомеаи шӯравӣ, ки доир ба масоили таърихи асримиёнагии халқи тоҷик тадқиқот мебурданд, сектори алоҳидаи таърихи асрҳои миёна кушода шуд, иҷрокунандаи вазифаи мудир ба зиммаи Н.Н. Неъматов гузошта шуд. Аз соли 1959 ин вазифа ба дӯши н.и.т., академики оянда А.М. Мухторов вогузор гардид. Сохтори институт то соли 1986 комилан бе ягон тағйироти ҷиддие дар чунин шакл боқӣ монд. Бо қарори Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон аз 26 июни соли 1986 ба ивази 10 сектори мавҷуда дар сохтори институт 8 шуъба, аз ҷумла таърихи асрҳои миёна ва давраи нав, таърихи навтарин, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, таърихи санъат, таърихи илм ва техника ташкил ёфтанд. Имрӯз дар сохтори институт шаш шӯъба – таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав, таърихи навтарин, бостоншиносӣ, этнология ва антропология, таърихи санъат, таърихи илм ва техника, ду осорхона ва чор пойгоҳи бостоншиносӣ мавҷуд мебошанд.
Шуъбаи таърихи асрҳои миёна ва давраи нав дар таҳқиқи таърихи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давраи ниҳоят тӯлонии халқи тоҷик аз ибтидои фаъолияти худ нақши бориз гузоштааст. Пас аз ташкил ёфтани шуъбаи алоҳида роҳбарии онро то соли 1991 академик А. Мухторов, сипас Л. Н. Додхудоева (1992), Ю.С. Малтсев (1992-1996) ва охири соли 1996 доктори илмҳои таърих, профессор Ҳ. Пирумшоев ба зимма доштанд. Соли 1996 ба номи шӯъба низ дирагунӣ ворид карда шуд ва он расман Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ном гирифт. Аз соли 2019 ифои вазифаи мудири ин шуъба ба зиммаи д.и.т., профессор Ҳамза Камол вогузор шудааст.
Нахустин мудири сектори таърихи ҷомеааи шӯравӣ В.А. Козачковский таъин гардид. Аз ибтидои ташкилёбӣ то имрӯз шуъбаи мазкур ба таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи замони шӯравӣ ва аз соли 1991 таърихи замони истиқлол машғул мебошад. Дар ин муддат роҳбарии шуъбаро олимони шинохта н.и.т. Ю. Николаев (1960 -1963), н.и.т. К.П. Марсаков (1963-1974), академик Р.М. Масов (1974-1988), д.и.т., профессор Р.А.Абулхаев (1988-1999), н.и.т., дотсент А.М. Ғафуров (1999- то имрӯз) ба зимма доштанд.
Шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии институт, ки ҳамқадами муассиса аст, дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихи қадимтарин ва ёдгориҳои зиёди бостонии ҷумҳурӣ нақши муассирро соҳиб мебошад. Аз ибтидо роҳбарии ин шуъбаро академики оянда, бостоншиноси шинохта Б.А. Литвинский (1951-1971), яке аз поягузорони илми бостоншиносии тоҷик ба зимма дошт. Баъдан шуъбаро бостоншиноси шинохта, муҳаққиқи барҷастаи асри санг, узви вобастаи Академияи илмҳо В.А. Ранов (1971-1989), бостоншиноси тоҷик, академик Ю. Яъқубов (1989-2011), н.и.т. Т.Г. Филимонова (2011-2015), д.и.т. С.Ғ. Бобомуллоев (2015-2017) ва н.и.т. Н.Н. Сайфуллоев (аз соли 2017) роҳбарӣ намудаанд.
Шӯъбаи мардумшиносӣ (этнография) аз ибтидо маркази ягонаи илмии таҳқиқоти этнологӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Нахустин мудири он н.и.т. А.К.Писарчик буд ва баъдан шуъбаро н.и.т. Н.Н. Ершов (1965-1971), М.А. Ҳомидҷонова (1971-1985), д.и.т. И.Муҳиддинов (1985-1990), н.и.т.З. Юсуфбекова (1990-1998), н.и.т. З. Мадаминҷонова (1998-2007) ва аз соли 2008 д.и.т. Л.Н. Додхудоева роҳбарӣ намудаанд. Имрӯз шӯъба бо номи Шӯъбаи этнология ва антропология фаъолият дорад.
Шӯъбаи таърихи санъат августи соли 1953 ташкил ёфтааст ва аввалин роҳбари он санъатшинос Н.Ҳ. Нурҷонов буд. Сипас шуъба чанд маротиба ивази ном намуда, як муддат ҳамчун шуъбаи таърихи фарҳанг ва санъат фаъолият доштааст. Солҳои 1971-1999 мудирии шуъбаро академик, олими шинохтаи тоҷик Н.Н. Неъматов роҳбарӣ намудааст. Аз соли 1999 то имрӯз роҳбарии он ба зиммаи д.и.т. А.Р. Раҷабов вогузор гардидааст.
Шӯъбаи таърихи илм ва техника (аз ибтидо ҳамчун сектор) нисбат ба дигар сохторҳои институт ҷавонтар буда, апрели соли 1980 таъсис ёфтааст. Нахустин мудири он номзади илмҳои таърих Г. Наврӯзов, баъдан А. Комилӣ ва аз соли 2012 ин вазифаро д.и.т. В.В. Дубовитский иҷро менамояд.
Олимону кормандони институт аз ибтидо то имрӯз бо корҳои бунёдии таҳқиқотии хеш дар самтҳои мухталифи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷик натиҷаҳои назаррасро соҳиб гашта, илми таърихшиносии тоҷикро ба сатҳи яке аз мактабҳои пешқадами илмии минтақа бароварданд. Махсусан, охири солҳои 50-ум ва пас аз он дар фаъолияти институт марҳалаи рушди тоза ибтидо мегирад, ки аз он вусъати доираи васеи мавзуҳои таҳқиқотӣ, шумораи зиёди табъу нашри рисолаву мақолаҳои кормандон гувоҳӣ медиҳанд. Аз ҷумла, соли 1961 рисолаҳои илмии А.Ҷалилов «Суғд дар арафаи ҳуҷуми арабҳо ва муборизаи суғдиён ба муқобили истилогарони араб дар нимаи аввали асри VIII», З.Ш.Раҷабов «Маорифпарвари барҷастаи халқи тоҷик Аҳмади Дониш», Б.Искандаров «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи дуюми асри XIX» дар ду китоб (Душанбе, 1962-1963) ба чоп расиданд.
Муҳимтарин дастоварди институт дар ин солҳо баробари таҳқиқотҳои ҷудогона дар самтҳои мухталиф, ба нақшагирӣ ва омодаю чоп кардани асари бунёдии бисёрҷилдаи таърихи халқи тоҷик мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки рӯи чоп омадани ин китоб бо пешниҳод ва иштироку роҳбарии бевоситаи академик Б.Ғафуров аз нимаи дуюми солҳои 50-ум оғоз ёфта, солҳои 1963-1965 дар се ҷилд ва панҷ китоб дар Маскав ба табъ расидааст.[17] Дар таълифи ин асар олимони шинохтаи тоҷик ва муҳаққиқони барҷастаи марказҳои калонтарини ИШ ширкат намудаанд. Бори нахуст таърихи ҷомеи халқи тоҷик дар чунин ҳаҷм ва доира аз замонҳои қадимтарин то миёнаи солҳои 60-ум ба риштаи таҳқиқу таҳлил кашида шуд.
Дастовардҳои институт ва олимони он дар роҳи таҳқиқу омӯзиши халқи тоҷик дар солҳои 70 – аввали 80-ум низ хеле назаррас мебошанд. Махсусан, дар ин солҳо таҳқиқоти ҷолиб дар самти таърихи асри миёна, табъу нашри маъхазҳои таърихӣ доир ба марҳалаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик ба миён омаданд. Саҳми ҷолиб дар ин ҷода, қабл аз ҳама, ба академик А.М.Мухторов мутааллиқ аст, ки бевосита таҳти роҳбарии ӯ дар ҳудуди Осиёи Миёна, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон маъхазу сарчашмаҳо ва ҳуҷҷатҳои зиёди таърихӣ ҷамъоварӣ шуданд ва дар заминаи онҳо рисолаи бунёдии «Ёдгориҳои катибавии Кӯҳистон (асрҳои X-XIX», «Балхи охири асри миёна», «Дурдонаҳои фарҳанги тоҷик дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» нашр шуданд. Рисолаи Л.Н. Додхудоева «Ёдгориҳои катибавии Самарқанд дар асрҳои XI-XIV», китоби Н.Н. Неъматов «Давлат Сомониён» (1977) ва инчунин рисолаҳои илмии дигар таърихшиносон доир ба масоили марбут ба марҳалаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик маҳз дар ҳамин давра ба чоп расиданд. Дар ҳамин давра инчунин рисолаҳои илмии Н. Маҳмудов “Зироаткорӣ ва муносибатҳои аграрӣ дар Осиёи Миёнаи асрҳои XIV-XV”, А. Мухторов “Кандакорӣ дар чӯб дар водии Зарафшон: нақшҳои асримиёнагӣ)” (китоб-нигора), дастхати «Таърихи Бадахшон», ки аз тарафи Б.И. Искандаров ва А.Ягонӣ ба нашр тайёр шуда буд, китоби дарсии “Таърихи ҶШС Тоҷикистон” барои синфҳои 7–10 -и гурӯҳи муаллифон ба чоп расиданд. Соли 1982 чопи факсимилии «Мунтахаб ат-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон (тайёркунанда ва муаллифи пешгуфтор А. Мухторов), маҷмӯаи муштараки «Саёҳат дар Суғд» (А.Мухторов, Н.Неъматов, В.Ранов, Ю. Яъқубов) ва китоби А.Мухторов «Аз пайи таърихи куҳан» дастраси хонандагони худ гардиданд. Ҳамзамон, баробари чопи мақолаву маҷмӯаҳои зиёд, соли 1983 метавон таълифоти ниҳоят муҳимми Б.Искандаров “Ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии таърихи мулкҳои Помир (асри X- нимаи аввали асри XIX)», А.Мухторов ва Ш.Шарифов «Академик Бобоҷон Ғафуров», сарчашмаи хаттии таърихӣ «Ҳудуд ул-олам», ки аз тарафи н.и.т. Н.Қосимов ба чоп тайёр гардид, ҳамчун дастоварди назарраси кормандони шӯъба пазируфт.
Нақши олимони сектори таърихи ҷомеаи шӯравӣ ва баъдан шуъбаи таърихи навтарин дар таҳқиқу баррасии таърихи сохтмони ҷомеаи нав, дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, инқилоби фарҳангӣ, низоми давлатдории нави шӯравии тоҷик, ташкилёбии ҷумҳурии мухтор ва ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи кишвар дар солҳои ҷанг ва азнавбарқароркунии баъдиҷангии хоҷагии халқ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дар солҳои сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ хеле назаррас мебошад. Дар ин солҳо кормандони шуъба теъдоди ниҳоят зиёди асару рисолаҳои тадқиқотӣ, мақолот, маърӯзаву гузоришҳои илмиро доир ба ҷанбаҳои гуногуни таърихи давраи навтарини халқи тоҷик ба чоп расониданд.
Яке аз навовариҳое, ки дар ин марҳала ба миён омад, ворид намудани тавсифи таърихнигории мавзуъ ва масоили баррасишаванда дар таҳқиқотҳо ва китобҳову рисолаҳои илмии номзадию докторӣ оид ба таърихи давраи шӯравии халқи тоҷик мебошад.
Таҷлилу баргузории ҷашнҳо ба раванди таҳқиқи таърихи ин давра ба мисли 100-солагии В.И. Ленин, 50-солагии ташкилёбии ИҶШС, 30-солагии ғалаба дар ҶБВ ба тарзи амиқ мусоидат менамуданд. Доир ба ин ҷашнҳо теъдоди зиёди мақолаву маҷмӯаҳои илмӣ ба нашр расиданд. Солҳои 70-ум аввалин таҳқиқотҳои бунёдии таърихнигории замони шӯравии Тоҷикистон, ба монанди монографияи Р.М. Масов “Таърихнигории Тоҷикистони Шӯравӣ (1978), асарҳои дастаҷамъӣ оид ба таърихи синфи коргар, таърихи фарҳанг ба монанди “Таърихи синфи коргари тоҷик (1917-1970)” (Ҷилди 1, 1978), “Таърихи сохтмони маданӣ (1917-1977)” (Ҷилди 1,1979), «Очерки таърихи сохтмони колхозии Тоҷикистон» (1968) ва маҷмӯаи аснод «Аз таърихи сохтмони фарҳангӣ дар Тоҷикистон» ба чоп расиданд. Кормандони Шӯъбаи таърихи навтарин дар ҳамин солҳо ба таълифи ҷилдҳои панҷуму шашуми асари нави бунёдии шашҷилдаи таърихи халқи тоҷик оғоз намуданд.
Дар самти омӯзиши таърихи дигаргунсозиҳои деҳот, соҳаи кишоварзӣ ва рушди минбаъадаи хоҷагии кишоварзӣ, низоми обёрӣ таҳқиқоти Б. А. Антоненко, пажуҳишҳои Л.П. Сечкина, Н.П. Пак ва А.Н. Секретов дар омӯзиши таърихи замони ҷанг, инъикоси раванди барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар пажӯҳиши Р.Абулҳаев намунае аз дастовардҳои шоёни муаррихони тоҷик дар рушди таърихшиносии миллӣ мебошанд. Дар ҳамин солҳо кормандони шӯъба зери назари Б.А. Атоненко аввалин китоби дарсии таърихи халқи тоҷик барои макотиби олии ҷумҳуриро омода намуданд.
Инқилоби маданӣ ва рушди илму фарҳанги ҷумҳурӣ дар замони шӯравӣ дар асарҳои таҳқиқотии Е.Н. Павловский, С.У.Умаров, З.Ш. Раҷабов, М.С. Осимӣ, М.Р.Шукуров, Г.Н. Наврӯзов, Ю.Н. Нуралиев ва муаррихони дигар баррасӣ гардидаанд. Баробари он ба омӯзиши мероси ғании мардуми тоҷик, махсусан дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ, осори илмии чунин олимони бузурги тоҷик Абӯалӣ Сино, Муҳаммад Хоразмӣ низ таваҷҷуҳи хоса дода мешуд.
Нимаи дуюми солҳои 80-ум ва умуман солҳои охири мавҷудияти низоми шӯравӣ вобаста ба дигаргунсозиҳо, ки бештар бо номи “бозсозии горбачевӣ” маълум аст, муносибат ба таърих, ба вижа таърихи тошӯравӣ, мероси илмию фарҳангии ниёгон, гузориш ва интихоби мавзӯоти таърихӣ низ таҷдиди назар шуданд. Махсусан, дар партави шиорҳои нав, ба монанди ошкорбаёнӣ, демократикунонӣ, бисёрақидагию гуногунандешӣ баъзе аз мавзуҳои то ин вақт мамнуъ ва ё ба ибораи ҳамон давра “доғҳои сиёҳи таърих” бештар таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ба худ кашида буданд. Вале баробар ба он таҳқиқотҳои ҷиддии илмии берун аз ҳамагуна сиёсат низ ба майдон меомаданд. Падидаи муҳимтарини илми таърихшиносии тоҷик дар ин давра нашри асари бунёдии дуҷилдаи “Тоҷикон”-и академик Б. Ғафуров ба забони тоҷикӣ мебошад, ки дар заминаи тарҷума ва бо такмилу илова ба нашри русии соли 1972 дар давоми солҳои 1983-1985 аз чоп баромад. Ин нахустин асари ҷомеъ доир ба таърихи халқи тоҷик ба забони тоҷикӣ буд. Баъдан дар замони истиқлолият ин асари бунёдӣ чанд маротиба чоп шуд ва ниҳоят бо ибтикороти Пешвои миллат ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бори дигар “Тоҷикон” чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа гардид.
Баробар ба ин соли 1985 китоби дувуми Ҳакимхон «Мунтахаб ат-таворих» бо пешгуфтори А.Мухторов, «Аз таърихи ҳаракатҳои халқӣ дар Осиёи Миёна» (маҷмӯи мақолаҳо), «Феҳристи ёдгориҳои катибавии Осиёи Миёна асрҳои XVI–XVII» (дар ду ҷилд), китоби Ш. Юсупов «Аз таърихи тоинқилобии шаҳри Душанбе» аз чоп баромаданд.
Доир ба таърихи навтарин низ таҳқиқотҳои ҷолиб ба анҷом расонида шуданд, ки дар байни онҳо таълифоти Р.М. Масов “Таърихи илми таърих ва таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон” (1988), Р. Абулҳаев “Рушди обёрикунонӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Тоҷикистон” (1988) ва “Таҷрибаи таърихии сохтмони обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Тоҷикистон (1961-1985)” (1991), китобҳои М.Н. Наимов ва З.З. Богуманова доир ба дӯстии халқҳо ва муносибатҳои миллӣ ва амсоли онҳо мавриди таваҷҷуҳ мебошанд.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ марҳалаи комилан нав дар рушди таърихнигории миллии тоҷик оғоз меёбад. Ҳарчанд пошхӯрии ИШ ва ҳаводиси сиёсии дар аввали давраи соҳибистиқлолӣ ба миён омада мушкилиҳои нав, пеш аз ҳама кӯчиш ва ё тағйири касб намудани мутахассисон, норасоиҳои иҷтимою иқтисодӣ, комилан хароб шудани пойгоҳи моддию техникӣ ва амсоли онҳоро ба бор оварда бошанд ҳам, илми таърихшиносии тоҷик ҳамчун як мактаби алоҳида тадриҷан ба рушди муназзам соҳиб мегардад. Истиқлол дар назди мактаби таърихшиносии тоҷик ва муаррихони касбӣ вазифаҳои комилан нав, ки муҳимтарини он таҳқиқ ва инъикоси воқеии таърихи миллату кишвар мебошад, гузошт. Илми таърих ба яке аз рукнҳои асосии худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷомеи кишвар, воситаи муҳимми тарбияи насли наврас мубаддал гардид. Пеш аз ҳама шикасти чаҳорчӯбаи идеологии низоми шӯравӣ, ки ба таҳқиқи на ҳама мавзуҳои таърихӣ, ҳаводису воқеоти гузашта имкон медод, доираи пажуҳиши масъалаҳои таҳқиқталабро ба маротиб вусъат бахшид.
Муаррихони ҷумҳурӣ новобаста аз ҷой доштани мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз аз ибтидои солҳои 90-ум ба таҳқиқу баррасии таърихи чандинҳазорсола халқи тоҷик камари ҳиммат баста, дар замони соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои хеле назаррас ноил гардиданд. Яке аз пурмаҳсултарин муҳаққиқи ин солҳо академик А.Мухторов маҳсуб меёфт, ки дар давоми солҳои 1993-1998 китобу таълифоти зиёде ба монанди “Хаттоти хушнавис Мирҳусайн Ҳусайни Истравшанӣ”, “Гузарҳои Ӯротеппа”, “Таърихи Ӯротеппа дар асрҳои XVI–XIX”, ба чоп тайёр кардани “Ёддоштҳои амири Бухоро”, “Топография таърихии Балх”(маҷаллаи “Ошно”, Теҳрон) ва нашри ҳамин китоб дар Ню-Йорк, китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик” барои синфҳои 8-9 (бо Б.А.Литвинский), омода намудани рисолаи Муҳаммадалии Балҷувонӣ “Таърихи нофеъӣ”, “Ҳисор. Очерки таърихӣ (охири асри XV – ибтидои асри XX)”, “Ҳокимони Ҳисор”, “Ҳокимони Ӯротеппа (асрҳои XV–XIX)”, “Амирону вазирони Сомониён” “Асрори номаҳо”, “Академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таърихи халқи тоҷик” (китоби дарсӣ барои синфҳои 8-10) ва ғайраро ба анҷом расонид. Ҳамин солҳо китобу таҳқиқоти Б.Искандаров “Таърихи Помир”, Ҳ.Пирумшоев “Таърихи омӯзиши Шӯриши Восеъ” ва “Муносибатҳои Русия ва Осиёи Миёна асрҳои XVI – миёнаи XIX дар таърихнигории рус”, маҷмӯаи илмии «Русия дар қисмати таърихии халқи тоҷик”, С. Бобомуллоев “Болооби Зарафшон дар ҳазорсолаи II то милод” ба чоп расиданд.
Муҳаққиқони таърихи давраи навтарин низ дар ибтидои замони Истиқлол новобаста аз мушкилот ҷойдошта, дар роҳи таҳқиқу баррасии таърихи кишвар мӯшикофона заҳмат кашида, асару таҳқиқоти ҷолибро пешкаши ҷомеа намуданд. Махсусан, омода ва нашри маводи ҳуҷҷатии “Маърӯзаҳо, мақолаҳо ва суханрониҳои Нусратулло Махсум”, маҷмӯи мақолоти “Фидоии миллат”, монографияи Н.Б. Ҳотамов “Вожгун шудани тартиботи амирӣ дар Бухоро” (1997) ва дигар таълифот аз дастовардҳои кормандони шуъба мебошад. Ин таҳқиқотҳо, ки бидуни фишор ва маҳдудияти идеологӣ таълиф шудаанд, бо истифода аз маводу маъхазҳои нав таърихи замони шӯравӣ, ба вижа раванди барпошавиии Ҳокимияти Шӯравӣ, ҳаводиси инқилобӣ дар аморати Бухороро бо диди нав мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд. Яке аз таҳқиқоти назарраси ин давра асари сегонаи академик Р.М. Масов маҳсуб меёбад, ки бори нахуст раванди мураккаби таъсисёбии давлатдории тоҷиконро дар ибтидои давраи шӯравӣ дар заминаи санаду далелҳои бойгонӣ ба маърази таҳқиқ гузошт. Аз ҷумла, рисолаҳои «Таърихи табартақсим» (1991), «Тоҷикон: таърих бо мӯҳри «комилан махфӣ» (1995) ва каме баъдтар «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассимилятсия» (2003) бори аввал ба рӯшансозии сиёсати тоҷикситезӣ ва поймолсозии ҳуқуқи тоҷикон дар рафти марзбандии миллию ҳудудӣ, ки дар замони шӯравӣ яке аз мавзуҳои комилан пӯшида буд, равона гардиданд. Академик Р.М. Масов соли 2008 бо таҳриру иловаҳо ин се китобро зери унвони ягонаи «Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллӣ» аз нав чоп кард.
Ҳанӯз охири солҳои 80-ум зарурият ба таълифи китоби чандҷилдаи ҷомеи таърихи халқи тоҷик ба миён омада буд. Аввалан ба чопи китоби академивии сеҷилда зиёда аз 20 сол гузашта буд ва дар ин муддат таҳқиқоту таълифоти зиёд доир ба таърихи ҳалқи тоҷик, махсусан кашфиётҳои ниҳоят ҷолиби бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ба вуқуъ омаданд, инчунин манобеи фаровони дасти аввал, маъхазҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дастраси муҳаққиқон гардиданд. Баробари он рушди мактаби таърихшиносии миллӣ ва умуман илми таърихшиносӣ барои таълифи китоби нави бунёдии бисёрҷилдаи таърихи халқи тоҷик имконоти заруриро фароҳам оварда буд. Аз ин рӯ институт таҳия намудани асари илмии нав ва бунёдии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик»-ро ба нақша гирифт. Ҷилди якуми “Таърихи халқи тоҷик” соли 1998 чоп шуд, ки ба таърихи давраи қадимтарин, қадим ва ибтидои асри миёна бахшида шуда буд. Соли 1999 бошад ҷилди дувуми он, ки давраи ташаккулёбии халқи тоҷик ва таърихи асрҳои VI-X милодиро фаро мегирифт аз чоп баромад. Нашри ин ду ҷилди аввал, ки бо истифода аз дастовардҳои навтарини илмҳои таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, этнология ва дигар илмҳои ҷомеашиносӣ таълиф шуда буданд, гардиши куллие дар таърихшиносии миллӣ ва умуман тоҷикшиносӣ ба миён оварданд.
Соли 2004 ҷилди панҷуми «Таърихи халқи тоҷик» аз чоп баромад, ки таърихи давраи ниҳоят мураккаб ва пурфоҷиаи халқи тоҷик (1917-1941)-ро дар бар мегирад. Масоили ниҳоят мубрам ва ҳаводиси тақдирсози марбут бо таъсиси давлати тоҷикон дар ҳайти ИШ, сохтмони иқтисодию мадании ин давра дар ин ҷилд инъикоси худро ёфтааст. Солҳои 2006-2010 қувваи асосии ходимони илмии Шӯъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав барои ба чоп омода намудани ҷилди чорум ва навиштани ҷилди сеюми «Таърихи халқи тоҷик», ки бо сабабҳои айнию зеҳнӣ ба анҷом нарасида буданд, равона шуд. Соли 2010 ҷилди чаҳорум ба чоп расид, ки таърихи асрҳои XVI –ибтидои асри XX дар бар мегирад ва ба яке аз марҳалаҳои мушкилтарини таърихи халқи тоҷик бахшида шудааст. Ҷилди шашум, ки марҳалаи дуюми давраи навтарини таърихи халқи тоҷик солҳои 1941-2010 дар бар мегирад, бо ҷаҳд ва талоши пажӯҳишгарони шуъбаи таърихи навтарин соли 2011 аз чоп баромад. Ва ниҳоят соли 2013 ҷилди сеюми ин асари бунёдии шашҷилда, ки таърихи асрҳои XI-XV халқи тоҷикро инъикос менамояд, бо заҳмату кӯшиши олимони шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав ба чоп расид ва бо ин нашри ин асари бунёдии шашҷилда анҷом ёфт. Бояд гуфт, ки ба чоп расидани таҳқиқоти бунёдии шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик”, ки дар заминаи охирин ва навтарин натиҷаҳои илми тоҷикшиносии ватанию хориҷӣ таълиф ёфтааст, яке аз беназиртарин дастоварди институт ва умуман мактаби таърихшиносии миллии тоҷик маҳсуб меёбад. Таърихи халқи тоҷик бори аввал дар заминаи даврабандии нав ва дар меҳвари пажуҳиш гузоштани таърихи тоҷикон таълиф шудааст. Агар то ин вақт асосан масъалагузорӣ тариқи халқи тоҷик дар ҳайати ин ё он давлатҳо ба амал меомад, акнун бевосита таърихи тоҷикон вобаста ба марҳалаҳои асосии таърихӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Баробар ба ин асари бунёдии шашҷилда олимони институт даҳҳо монография, садҳо таҳқиқоту мақолоти илмӣ доир ба самтҳои мухталифи таъриху фарҳанг, археологияю этнология ва дигар шохаҳои таърихи халқи тоҷик навиштаанд. Албатта овардани номгӯи пурраи онҳо дар доираи як мақола ғайриимкон аст, вале мо кӯшиш ба он мекунем, ки муҳимтарин дастоварди олимони институтро дар ин марҳала ба таври мушаххас номбар намоем. Аз ҷумла дар ин солҳо асарҳои Р.М. Масов «Масоили муҳимми таърихнигорӣ ва таърихи халқи тоҷик», А. Мухторов «Аз таърихи Мовароуннаҳри асри XVI», «Тавсифномаи умумии шаҳри Балх дар асрҳои миёна», Ҳ.Пирумшоев «Кашшофи нақди таърих», «Русия-Тоҷикистон: таърихи муносибатҳои тарафайн» (бо ҳаммуаллиф), Н.Ҳотамов «Таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ (1991-2006)» ва “Сарнагун гардидани тартиботи амирӣ дар Бухоро”, Р.Абулҳаев «Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (1924-2000), «Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (солҳои 1961-2000)», Л.Додхудоева «Маданияти ороиши китобҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустони асрҳои XVI–XIX», «Пешсафӣ дар фарҳанги Осиёи Марказӣ дар замони қадим ва асрҳои миёна», М.Наимов «Россия ва Тоҷикистон» (дар ҳаммуаллифӣ), А.Саидов «Фарҳанги маънавӣ ва моддии халқи тоҷик дар асрҳои XVII – нимаи аввали XVIII», «Ишораҳо ба таърих ва оинҳои тоҷикони Хитой», чопи китоби Ҷамол ал-Қаршӣ «Мулҳақот ас-Сураҳ», «Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодии хонигарии Бухоро дар асрҳои XVII – нимаи аввали XVIII», Ҳамза Камол «Аз таърихи мазорҳои Тоҷикистони Шимолӣ», «Таърихи ҳуҷуми қабоили кӯчии Дашти Қипчоқ ба Осиёи Миёна (асри XVI)», С.Бобомуллоев «Таъсисёбии Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон ва фаъолияти он дар солҳои 40-50-ум», «Таърихи омӯзиши ёдгориҳои таърихии Тоҷикистони Ҷанубӣ (асрҳои XX – ибтидои XXI», Н.Хоҷаева «Дарёфти ҷойгиршавии кӯҳҳои Хара Березаити, дарёҳои Вахви-Дат, Ранха ва баҳри Ворукаша», Ф. Абдурашитов “Ислоҳоти замину об”, А.Ғафуров «Кумитаҳои инқилобии Тоҷикистон», В.В.Дубовитский «Фаъолияти Шӯъбаи туркистонии Ҷамъияти ҷуғрофии Россия оид ба омӯзиши ҳудуди Тоҷикистон (1897-1917)» ва асарҳои дастаҷамъии «Таърихи ВМБК» (ду ҷилд), “Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва даҳҳо монографияю маҷмӯаҳои дигар аз чоп баромаданд.
Яке аз самтҳои асосии дигари фаъолияти институт ин омӯзиши археологии ҳудуди кишвар мебошад. Дар фавқ оид ба оғози корҳои бостоншиносӣ дар ҷумҳурӣ алакай маълумот дода шуд. Пас аз ташкилёбии институти мустақили таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ раванди мунтазами корҳои ҳафриётӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1955 дар институт бахши махсус, каме баъдтар шӯъбаи алоҳидаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Аз рӯзи аввал то имрӯз ин шӯъба дар ҳамкории пайваста бо ниҳодҳои пешбари бостоншиносии шӯравӣ ва хориҷӣ раванди мунтазами омӯзиши археологии ҳудуди кишварро ба таври васеъ ба роҳ мондааст. Натиҷаи корҳои бостоншиносӣ, ҷамъбаст ва хулосаҳои аввалин ҳар сол дар солномаи «Корҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» (то имрӯз 42 барориш), маҷмӯаю монографияҳо ва мақолоти алоҳида ба чоп мерасанд.
Ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аз лиҳози ёдгориҳои археологӣ ниҳоят бой мебошад ва алъон дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 3 ҳазор ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ мавҷуд мебошанд. Хусусияти хоси ҳудуди кишвар боз дар он аст, ки дар инҷо ёдгориҳои тамоми давраҳои асри санг мавҷуданд. Омӯзиши асри санги Тоҷикистон ҳанӯз соли 1948 зери роҳбарии А.П.Окладников оғоз гардида буд ва баъдан онро аз соли 1955 В.А. Ранов идома дод. То соли 1960, танҳо аз ҷониби А.П.Окладников дар Тоҷикистон зиёда аз 130 ёдгориҳои асри санг ба қайд гирифта шуда буданд.
Соли 1952 Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон (ТАЭ) ташкил ёфт. Сарварии бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносиро солҳои 1951-1971 Б.А. Литвинский дар ӯҳда дошт ва ӯ бо ҳамроҳии Е.А. Давидович фаъолияти соҳаро комилан дигаргун сохта, корҳои муташаккилонаи бостоншиносиро ба роҳ монданд ва тавонистанд як зумра мутахассисони намоёнро тарбия намоянд. Маҳз бо кӯшиши Б.А. Литвинский ба Тоҷикистон аввалан шогирдонаш В.А.Ранов ва Э.Ғуломова, каме баъдтар мутахассисони дигар ба мисли М.А.Бубнова, Т.И.Зеймал, Э.В. Сайко, Е.Д.Салтовская, Н. Неъматов, А.Д.Бобоев, Т.М. Атахонов, Ю.Яқубов, Л.Т.Пянкова, Л.П.Новикова, А.Х. Юсупов, Х.Ю. Муҳиддинов, Ӯ. Пӯлодов ба корҳоии бостоншиносӣ ҷалб карда шуданд. Дар охири солҳои 60-ум-аввали солҳои 70-ум ба ин гурӯҳ насли сеюми бостоншиносон – В.С. Соловёв, В.Жуков, А.Г.Амосова, А.Мирбобоев, А.Абдуллоев, Т.Филимонова, М.Муллоқандов, Н.Симакова, В. Радилиловский ва И.Маслов ҳамроҳ шуданд. Баробари бостоншиносон ба корҳои таҳқиқотӣ антрополог Т.П. Кияткина, сиккашиносон Е.А. Давидович ва Д.Довутов, забоншиносон В.В.Пянков ҷалб гардиданд. Дар ин солҳо гурӯҳи мутахассисони ҷавони Бахши Осиёи Миёнаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИШ, ки Б.А.Литвинский ташкил намуда буд, ба монанди И.Р. Пичикян, А.В. Седов, И.Н. Медведская, Е.Антонова ва Н.М.Виноградова шомил гардиданд.
Бо зиёд шудани шумораи мутахассисон соли 1973 Экспедитсияи бостоншиносии тоҷик (ТАЭ) ба се зергурӯҳ – Экспедитсияи маҷмӯавии Тоҷикистони Шимолӣ (ЭМТШ) зери роҳбарии Н.Н.Неъматов, Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (ЭБТҶ) зери роҳбарии Б.А.Литвинский ва Экспедитсияи бостоншиносии Панҷакент (ЭБП) зери роҳбарии А.М.Беленитский ва Б.И.Маршак тақсим шуд.
Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯие, ки А.П.Окладников, В.А.Ранов ва Э.А. Юркевич дар миёна ва охири солҳои 50-ум гузарониданд, маълум гашт, ки минтақаи паҳншавии ёдгориҳои Маданияти Ҳисор хело васеъ будааст. Дар натиҷаи ин корҳо дар ҳудуди ноҳияи Данғара ва дар ҳавзаҳои дарёҳои Сурхобу Яхсу боқимондаҳои як қатор бошишгоҳҳои муваққатӣ, ба монанди Санги Ӯғур, Тангатовтӣ, Қизилҷар, Калкот, бошишгоҳҳои доимии Тутқавул, Сайёд ва Кӯи Булён муайян гардиданд.
Таҳқиқотҳои бостоншиносӣ зери роҳбарии Б.А.Литвинский дар ҳудуди Тоҷикистон маданияти зиёди асри биринҷиро дар водии Вахш, дар наздикии Қурғонтеппа (ҳозир Бохтар), поёноби дарёи Кофарниҳон, Вахш ва Сурхоб дарёфт намуданд.
Дар натиҷаи экспедитсияҳои муштарак ва дарозмуддати Тоҷикистону Франсия маркази нави маданияти кишоварзии охири давраи энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ – Саразм бостонӣ (ҳазорсолаи IV ва II т.м.), ки кашшофи нахустини он А. Исҳоқов буд, мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифт.
Вобаста ба вусъати корҳои таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои хуби он тасаввурот оид ба таърихи ибтидои асри оҳан ба тарзи назаррас густариш ёфт. Махсусан, дар бораи таърихи ин давра бозёфтҳои фаровон аз ҳафриёти поёноби Кофарниҳон ва димнаи Қалъаи Мир, маълумоти комилан нав барои тасвири марҳалаҳои баъдинаи ин давраи таърихӣ зимни ҳафриёти Балдайтеппаи Вахш, қалъаи Ёвон ва Ғаравқалъа ба даст омаданд. Ҳафриёти Саксанохур – нахустин ёдгории давраи юнонию бохтарии Осиёи Миёна ва ёдгории тоисломии шаҳристони Тахти Сангин (асрҳои IV-II т.м.) дастовардҳои беназири бостоншиносони тоҷик ва шарикони онҳо дар ин давра мебошанд.
Дар ин росто омӯзиши ёдгориҳои асримиёнагии Тоҷикистон низ дорои аҳаммияти калони илмӣ мебошанд. Аз ҷумла омӯзиши шаҳри Панҷакенти Қадим, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард, бори аввал дар Осиёи Миёна симои комили шаҳри давраи тоисломиро ифшо намуд. Кашфи ёдгории Аҷинатеппа ҳангомаи бузургро дар илми бостоншиносӣ ба миён овард. Бозёфти муҷассамаи нодири «Буддо дар нирвана» таваҷҷӯҳи ҷомеаи илмиро ба худ ҷалб намуд ва таҳқиқоти ёдгориҳои қадимаи асримиёнагӣ, ба вижа шаҳрҳои Ҳулбуку Хуҷанд дар омӯзиши таърихи истихроҷи маъдан ва низоми обёрӣ нақши муҳимме гузоштанд.
Таҳқиқотҳои бостоншиносон, рисолаву асарҳои онҳо дар заминаи ковишҳои археологӣ мавриди таваҷҷуҳи мутахассисон ва марказҳои калони илмӣ гардиданд. Махсусан, асарҳои Б.А.Литвинский, И.Зеймал А.И. Исҳоқов, Л.Т.Пянкова, В.А.Ранов, Т.М. Атахонов, Э.Г. Ғуломова, Б.И.Маршак, Б.Я.Ставиский, Б.А.Литвинский, Н.Неъматов, М.А. Бубнова, Ю.Ёқубов, Е.П.Денисов, В.С.Соловёв, А.Абдуллоев, Д. Довудӣ, Ӯ. Пӯлодов, А. Мирбобоев, С.Г. Хмелнитский, В.А.Воронина, Р.С. Муқимов, С. Мамадҷонова, Н. Раҳимов, О. Панфилов, У. Эшонқулов, С. Бобомуллоев, А. Раззоқов, Қ.Шарофов, Т.Г. Филимонова, Г. Каримова, Т. Хӯҷагелдиев ва дигарон дар рушд ва пешрафти илми бостоншиносии тоҷик нақши арзандаро соҳиб мебошанд.
Солҳои 90-ум вобаста ба вазъи ба миён омада ва қатъ гаштани маблағгузории дохилӣ, корҳои бостоншиносӣ танҳо аз ҳисоби дастгирии шарикони хориҷӣ гузаронида мешуданд. Бостоншиносони институт солҳои зиёд бо мутахассисони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, Эрмитажи Давлатии Санкт-Петербург, Институти таърихи маданияти моддии АИР, инчунин бо бостоншиносони Олмон, Франсия, Италия, Ҷопон ва Чин ҳамкории пайваста доранд. Ҳамкории тарафайн ба вусъати корҳои бостоншиносӣ, тармими бозёфтҳои кашфшуда ва интишори натоиҷи таҳқиқотҳо ҳаматарафа мусоидат менамоянд.
Дар даҳсолаи аввали асри нав аз тарафи мутахасисони шуъба як зумра корҳои таҳқиқотӣ, ба монанди Н.М.Виноградова «Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ дар давраи биринҷӣ» (2004), В.А.Ранов ва Г.Р.Каримова «Ҳамвории афғону тоҷик дар асри санг» (2005), А.Исҳоқов «Саразм оғози тамаддуни халқи тоҷик» (2005), Б.А.Литвинский ва И.Р.Пичикян «Маъбади элинии Амударё» дар се ҷилд (2001, 2003, 2010), Ю.Яқубов, Д. Довудӣ, Т.Г.Филимонова «Таърихи Кӯлоб аз давраи қадим то рӯзгори мо» (2006), Н.М.Виноградова, В.А.Ранов, Т.Г. Филимонова «Ёдгориҳои Кангурттут дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ (давраи неолит ва асри биринҷӣ)» (2008), аз силсилаи «Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон» ду асари пурарзиши М.А.Бубнова доир ба Помири Ғарбӣ (1997, 2007) нашр шуданд.
Дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои бостоншиносии тоҷик таъсиси Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди институт (1996) нақши муассир гузошт. Дар он бозёфтҳои ҷолиб ва пурарзиш ба маъраз гузошта шудаанд, ки танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон кашф шудаанд. Дар толорҳои он бозёфтҳои бостоншиносии аз Саразм, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Панҷакенти Қадим, Шаҳристон, Куркат, Кофирқалъа ва амсоли онҳо кашф шуда, ба намоиш гузошта шудаанд.
Таҳқиқотҳои этнологӣ ва гузаронидани экспедитсияҳои этнографӣ яке аз самтҳои дигар фаъолияти институт мебошад. Бо кӯшиш ва заҳмати мардумшиносон омӯзиши сартосарии ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, солҳои 1952-1957 ба вилояти Ғарм, ҳавзаи дарёи Сурхоб, умуман минтақаи Қаротегин ва Дарвоз бо роҳбарии Н.А. Кисляков ва А.К.Писарчик экспедитсия фиристода шуд. Натиҷаи ин экспедитсия дар монографияи сеҷилдаи «Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз» ҷамъоварӣ шуданд.
Охири солҳои 50-ум мардумшиносон ба омӯзиши навоҳии болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент шурӯъ намуданд, ки натиҷаи он дар монографияи “Фарҳанги моддии тоҷикони Болооби Зарафшон” инъикос ёфтааст. Маишати оилавӣ, машғулиятҳо ва фарҳанги моддии сокинони ҳавзаи дарёи Варзоб аз ҷониби этнограф Р.Л.Неменова ва санъати ҳунармандии ҳавзаи Қаратоғ аз ҷониби Н.Н. Ершов мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Яке аз самтҳои фаъолияти шӯъбаро коркарди бойгонии илмии М.С. Андреев, ки дорои маводи нодири мардумшиносӣ доир ба тоҷикон мебошад, ишғол менамояд. Ҷилди якуми монографияи М.С.Андреев “Тоҷикони водии Хуф”, ки ҳанӯз соли 1946 навишта шуда буд, бо кӯшишу заҳмати А.К.Писарчик соли 1953 ва ҷилди дуюми он соли 1958 аз чоп баромад. “Тоҷикони водии Хуф”-ро академик Б. Ғ. Ғафуров яке аз китобҳои мондагори замони шӯравӣ номидааст.
Дар давраи солҳои 70-80-ум, инчунин дар давраи истиқлолият як қатор корҳои бунёдӣ, бахшида ба маишати суннатии оилавии тоҷикони ноҳияҳои кӯҳии қисмати марказии ҷумҳурӣ таҳия шуданд, ки дар он ҷо вобаста ба мақеи ҷуғрофӣ ҳувияти он, либоси тоҷикони охири асри XIX-аввали асри XX, ҳунари мардумии аҳолии ин минтақаи ҷумҳурӣ маҳфуз мондаанд.
То солҳои 40-уми асри гузашта ба омӯзиши фарҳанги бадеии тоҷикон, ёдгориҳои барҷастаи ҳунари миллӣ асосан мардумшиносон ва бостоншиносон ва каме баъдтар ҳунаршиносон аз Москва, Ленинград, Тошканд машғул буданд. Пас аз ташкил ёфтани Шуъбаи таърихи санъат, ки як муддат бо номи Шуъбаи таърихи фарҳанг ва санъат низ фаъолият дошт, омӯзиши таърихи фарҳангу ҳунар низ хусусияти муназзамро пайдо намуд. Ба минтақаҳои гуногун, аз ҷумла Помир, водии Зарафшон, Норак, Хуҷанд, Ғарм, вилояти Бухоро экспедитсияҳои махсуси ҳунаршиносӣ фиристода шуданд, ки дар мудддати кӯтоҳ тавонистанд маводи зиёдеро оид ба ҳамаи анвои ҳунаршиносӣ, фолклору мусиқӣ, театр ва рақси мардумӣ ҷамъоварӣ намоянд.
Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт омӯзиши ҳунари қадимаи халқи тоҷик дар асоси маводҳои осорхонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт. Маҳз бо ҳаминн роҳ асарҳои “Терракотаҳои осорхонаи Самарқанд”, “Коропластикаи Суғд”, “Атласи коропластикаи Осиёи Миёна” ба нашр расиданд.
Олимони шӯъба на танҳо ба омӯзиши ҳунари асрҳои гузашта, инчунин ба таҳқиқи роҳҳои рушди ҳунари замонавии тоҷик низ таваҷҷӯҳ менамуданд. Ҷилдҳои якум ва дуюми “Таърихи театри шӯравии тоҷик”-и Н.Ҳ. Нурҷонов, асари “Кинои тоҷик”дар ду ҷилд аз ҷониби А.Аҳроров, “Ҳаёти мусиқии Тоҷикистони Шӯравӣ” дар 4 барориш, “Очеркҳо дар бораи рассомони Тоҷикистон” доир ба рушди ҳунари замонавии Тоҷикистон буданд.
Дар омӯзиши таърих ва рушди фарҳанг ва санъати тоҷик асарҳо ва таҳқиқоти кормандони шуъба, ба мисли “Ҳунари мусиқии Помир” (сеҷилда)-и Ф.Кароматов, Н.Нурҷонов, Б.Қобилова, “Ҳаёти театрӣ ва мусиқии пойтахти давлати Сомомниён”-и Н.Ҳ.Нурҷонов, “Ҳунари ҳаккокии чӯби тоҷик”-и М.Рӯзиев, “Аз рӯи қонунҳои зебоӣ” (очеркҳои ҳунари зинатию корбурдии Тоҷикистон)”-и Н.Белинская, Н.Юнусова, М. Рӯзиев, “Ҳунари Осиёи Миёнаи замони Абӯалӣ Сино”-и Л.С.Айнӣ, “Мавригӣ”-и Н.Нурҷонов, Б.Қобилова, “Очеркҳои таърихи театри тоҷик”- и Н. Нурҷонов, “Таърихи эҷодиёти оҳангсозӣ дар Тоҷикистон”- и Қобилова Б., “Ҳунари меъмории Болооби Зарафшон” ва “Мероси меъморию бадеии Осиёи Марказӣ”-и Р.Муқимов, “Сиёҳқаламӣ ва ҳайкалтарошии Тоҷикистон дар асри ХХ”-и Л.Додхудоева нақши муассир гузоштаанд. Ба ин гурӯҳ метавон таълифоти гуногуни Г.М. Майтдинова дар самти омӯзиши либоси суннатии вилоятҳои мухталифи таърихию фарҳангии Осиёи Миёна аз рӯи иттилооти бостоншиносӣ, мадумшиносӣ ва сарчашмаҳои хаттиро илова намуд. Яке аз самтҳои дигари афзалиятнок дар соҳаи таърихи фарҳанг ва ҳунар омода намудани “Маҷмӯи ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ”, таҳқиқи суннати мусиқию иҷроии тоҷикон дар давраи қадим ва асри миёна, ҳамчунин таърихи ташаккули мактабҳои ҳунармандӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон зери парчами сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи дуюми асри бистуякро бо натиҷаҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷамъбаст намуда, бо маром ба сӯи ояндаи хубу дурахшон қадам мегузорад. Ин натиҷаву дастовардҳо новобаста аз ба миён омадани мушкилоти авзои сиёсӣ, иқтисодию молиявӣ ва эпидемиологии ҷаҳон, тавассути сиёсати созандаи Пешвои миллат ва тифоқию ваҳдати ҷомеаи кишвар ба даст омадаанд
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш низ бо таҳқиқу омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таърихи тӯлонии халқи тоҷик, оийну суннатҳои волои аҷдодӣ, фарҳанги ғанӣ ва беҳамтои тоҷикон ба пешравии ҷомеаи кишвар, ваҳдат, худшиносӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.
Институт дар панҷсолаи 2016-2020 мувофиқ ба самтҳои афзалиятноки муайян намудаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҳукумати Ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, аз рӯи 7 лоиҳа, аз ҷумла “Таърихи халқи тоҷик. Қонуниятҳои умумӣ ва махсусиятҳои раванди таърихӣ”, “Омӯзиши бостоншиносии Тоҷикистон”, “Масоили таърих ва назарияи мусиқии тоҷик”, “Мардумшиносии тоҷикон ва дигар халқҳои Тоҷикистон”, “Таърихи илм ва техникаи Тоҷикистон” ва «Маҷмӯаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пажуҳишро ба анҷом расонид.
Дар рафти иҷрои лоиҳаҳои мазкур мутахассисон бештар ба масоили гуногуни назариявӣ ва амалӣ, пеш аз ҳама таҳқиқи этногенез ва равандҳои этникӣ, таърихи ташаккули ойину суннатҳои давлатдории тоҷикон, тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ ва нақши он дар рушди тамаддуни минтақа, таъсири фарҳанги тоҷикон ҳамчун сокинони бумии минтақа ба дигар қавму ҳалқҳо, дастовардҳои фарҳангӣ, илмӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ диққат доданд. Вобаста ба мавзуҳои таҳқиқотӣ дар соли 2018 32 китобу маҷмӯа ва 115 мақолоти илмӣ ва илмию оммавӣ, соли 2019 16 китобу маҷмӯа, 145 мақола ба нашр расиданд. Танҳо дар соли 2020 доир ба ин самтҳо ва дигар паҳлуҳои таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, аз ҷониби олимон ва кормандони Институт 37 монографияю маҷмӯа ва китоб, 167 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 14 мақола дар нашрияҳои хориҷи кишвар, 3 китоб-албом, 1 тақвим ва 3 роҳнамо таълиф ва нашр гардиданд. Махсусан, дар ин самт чопи рисолаҳои бунёдии “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари таърихи бостони халқи тоҷик”, “Таърихи муносибатҳои тарафайни аҳолии муқимии Осиёи Миёна дар асрҳои миёна ва замони нав (сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг)”, “Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорӣ”, “Мовароуннаҳр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII (таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ)”, “Диди нави таърихиву сарчашмашиносӣ ба фарҳанги мусиқии замони Сомониён”, “ Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”, “Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои таърихии асри XVI – ибтидои асри XX”, “Академик Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили тамаддуни Осиёи Марказӣ”, “Масъалаҳои таърихи муосири Тоҷикистон”, “Истеҳсолоти ҳунармандии Тоҷикистон аз рӯи маводи экспедитсияҳои мардумшиносии солҳои 2013-2018”, “Ҳаёти мусиқии Тоҷикистон дар дар охири асри XX –ибтидои асри XXI”, “Бобоҷон Ғафуров – муҳаққиқи беназир ва ходими бузурги давлатӣ”, “Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон”, “Фарҳанги мусиқии Тоҷикистон дар солҳои 1917-1957)”, “Таърихи ислоҳоти аграрӣ дар Тоҷикистон дар охири асри ХХ-аввали асри ХХI” мавриди таваҷҷуҳ мебошанд. Дар ин ва дигар рисолаҳои бунёдӣ паҳлуҳои гуногуни таърихи гузаштаи халқи тоҷик дар заминаи манобеи нав, пеш аз ҳама сарчашмаҳои дасти аввал, пажуҳишҳои олимони шинохтаи ватанию хориҷӣ таҳқиқу таҳлил шудаанд. Олимони институт соли 1921 ба таълифи таърихи 12 ҷилдаи тарихи халқи тоҷик шуруъ намуданд, ки дар заминаи манобеи дасти аввал ва навтарин пажуҳишҳои олимони соҳа, махсусан тоҷикшиносӣ бояд дар ду панҷсола анҷом пазирад.
Ҳамзамон натиҷаҳои илмии ба даст овардаи олимони муассиса дар симпозиум ва конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва мизҳои мудаввар бо ҷалби мутахассисони шинохтаи дохилию берунӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Кормандони институт оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмии хеш дар конференсияҳои сатҳи гуногун, пеш азҳама ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ гузоришҳо доданд.
Таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки асосан бо ҳидояту ибикорот ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Институт баҳри муаррифии таърихи хеле қадимаи халқи тоҷик ба сокинони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар ин самт баробари корҳои зиёди бостоншиносӣ, ки муддати якунимсол пайваста идома дошт ва нашри зиёда аз 20 номгӯ китобу маҷмӯа, поккорӣ ва омодасозии ёдгорӣ ба ҷашн, симпозиуми ҷаҳонӣ, конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва чандин мизи мудаввари илмӣ низ гузаронида шуданд. 10-11 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент Симпозиуми байналмилалии “Саразм – оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” баргузор гардид, ки дар он баробари олимону мутахссисони кишвар, муҳаққиқони шинохта аз Франсия, шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Барнаули Россия, Олмон, ИМА, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Хитой, Белорусия, инчунин зиёда аз 30 нафар ҳайати дипломатии кишварҳои хориҷӣ ширкат намуданд.
Рӯзи 12 сентябри соли 2020 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Саразми бостонӣ 5500-солагии ин ёдгории нодири аҳди бостон ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки “ҷомеаи илмӣ маданияти саразмиёнро барҳақ ибтидо ва асоси тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии ҳавзаи байни дарёҳои Сиру Ому мешуморад”. Мудирони кулли СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) хонум Одрӣ Азулэ ва Созмони ҷаҳони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим Муҳаммад ал-Малик дар суханрониҳои видеоии худ аз таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон ва нақши Саразми бостонӣ дар ташаккул ва рушди фарҳанги минтақаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуданд.
Доир ба шаҳри Саразми бостонӣ китобу албомҳои “Саразм ( доир ба ташаккули маданияти кишоварзӣ дар водии Зарафшон”, “Саразм-оғози тмаддуни тоҷикон”, “Болооби Зарафшон дар охири ҳазорсолаи III- II то милод”, “Ҳунари Суғди бостон”, “Ҳунарҳои мардумии Болооби Зарафшон”, “Суғдиён: пажӯҳише дар таърих, фарҳанг ва вазъи иҷтимоӣ”, “Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон. Болооби водии Зарафшон”, “Андар шинохти Саразм”, “Ролан Безенвал-муҳаққиқи Саразм”, маводҳои конференсияҳо ва симпозиумҳои илмӣ бо унвони “Саразм” (чор барориш) ва маводҳои дигар ба нашр расиданд.
Самти ниҳоят муҳимми фаъолияти институтро ҷустуҷӯ ва таҳқиқоти бостоншиносии ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро осорхонаи ҷовидонаи таърих меноманд ва имрӯз дар ҳудуди кишвар бештар аз се ҳазор ёдгориҳои таърихӣ – бостоншиносӣ мавҷуданд. Ҳар сол бо роҳи ташкили экспедитсияҳои бостоншиносӣ таҳқиқ ва омӯзиши ин ёдгориҳо бо ҷалби мутахассисони институт ва ҳамкорони хориҷӣ тибқи нақшаи пешакии тарҳрезишуда анҷом меёбад. Танҳо соли 2019 22 экспедитсияи бостоншиносӣ гузаронида шуд, 12 тои он экспедитсияи муштараки байналмилалӣ буд. Соли 2020 бостоншиносон дар мавзеъҳои Саразм, Саразм-2, Ҳулбук, шаҳри Кӯлоб, Қалъаи Балҷувон, Санҷаршоҳ, Лағмон, Қалъаи Кӯлоб, Карон ва Тахти Сангин ҳафриёт гузарониданд. Паҳншавии касалии ҳамагири “Ковид-19” ва ниҳоят маҳдуд шудани ҳаракат дар миқёси ҷаҳон боиси ба таъхир афтодани экспедитсияҳои муштараки байналмилалии бостоншиносӣ бо ҳамкорони хориҷӣ гардида бошад ҳам, муҳаққиқони институт корҳои таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯиро идома дода, ба дарёфти нигораҳои нодир, кашфи қабатҳои нави маданӣ, осори фарҳанги қадим ва аҳди бостон ноил гардиданд.
Ба хотири муаррифии таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷаҳониён ва ҳамзамон ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ кормандони институт дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ, ворид намудани ёдгориҳои нодир ва суннатҳои волои аҷдодӣ ба феҳристи ягонаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ташкили намоишномаҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, таҳияи номинатсияи шаҳрҳои қадимаи Ҳулбук ва Панҷакент ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО, коркарди ёдгориҳои долонҳои асосии Шоҳроҳи абрешим, ки аз ҳудуди ҷумҳурӣ мегузаштанд, бо иштироки бевоситаи олимони муассиса амалӣ мегардад.
Дар самти мардумшиносӣ низ мутахассисони институт корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд. Дар баробари таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ доир ба этнология ва этногенез, ҷамъоварии маводҳои мардумшиносӣ, ба вижа намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумии минтақаҳои кишвар, кормандони муассиса маводҳои зиёди бойгониро доир ба этнографии вилоёти Хатлон ва Бадахшони Кӯҳӣ таҳқиқ ва ба танзим оварда, онро барои нашр пешниҳод намуданд. Дар ин самт чашмрастарин дастовард анҷоми асари бунёдии дуҷилдаи “Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик” маҳсуб меёбад. Ҳамзамон мутахассисони муассиса дар таҳия ва ба чоп пешниҳод шудани китоби муштараки “Тоҷикон” аз силсилаи “Народы и културы”, ки аз ҷониби Институти этнология ва антропологияи ба номи Н.Н. Миклухо-Маклайи Академияи илмҳои Россия ба нашр мерасад, фаъолона ширкат намуданд.
Тайёр намудани кадрҳои ҷавон ва ба роҳи илм ҳидоят намудани насли наврас яке аз самтҳои дигари фаъолияти институт мебошад. Дар назди муассиса аз ибтидо аспирантура ва докторантура фаъолият менамуд, ки барои тарбияи пайвастаи муаррихони касбӣ нақши муассир гузоштааст. Имрӯз дар назди институт магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва низоми унвонҷӯӣ амал мекунад. Тавассути Шӯрои диссертатсионии КОА-и назди Президенти ҷумҳурӣ, ки дар назди муассиса мавҷуд аст, даҳҳо нафар кадрҳои илмии ҷавон рисолаҳои худро дифоъ намуданд. Танҳо дар соли 2020 тавассути ин шӯро 18 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 2 рисолаи докторӣ, 15 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи доктори фалсафа аз рӯи ихтисос (PhD) бомуваффақият ҳимоя шуданд.
Олимони институт дар тарғибу ташвиқи сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, муаррифии таъриху фарҳанг, ёдгориҳои нодири бостоншиносӣ ва дастовардҳои кишвари азиз дар муассисаю ташкилотҳо, тавассути расонаҳои ахбор, шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ фаъолона ширкат менамоянд. Махсусан, мақолаву вокунишҳо ва суханрониҳои олимони муассиса тавассути расонаҳои гуногун ба онҳое, ки рашк аз рушду пешрафти кишвари соҳибистиқлол доранд, ҷавоби сазоворе мебошад. Ҳамзамон дар таҳия ва омодасозии лоиҳаи гуногуни ободонии шаҳри Душанбе, боғҳо ва мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ низ олимони муассиса ширкат намуда, дар ободу зебошавии пойтахти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Албатта дар доираи як мақола тамоми самтҳо ва паҳлуҳои фаъолияти зиёда 80-солаи институтро ба тарзи муфассал ҷой додан ғайриимкон аст, вале новобаста аз ин мо кӯшиш бар он намудем, ки то андозае муҳимтарин дастовардҳои олимони муассиса ва саҳми онҳоро дар ташаккул ва рушди илми таърихшиносии тоҷик нишон диҳем.