• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Рисолаи ишқ ба баёни сода

January 3, 2026
in Адабиёт ва ашъор
0
Рисолаи ишқ ба баёни сода

Рисолаи ишқ ба баёни сода

0
SHARES
6
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Рисолаи ишқ ба баёни сода

Сабки зиндагӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ишқ аз назари Ибни Сино, кашиш ва ҷозибае аст, ки дар вуҷуди тамоми мавҷудот ҷорӣ аст. Дар мавҷудоти мумкин (яъне ҳар чизе ғайр аз Худо) – аз ҷондору беҷон – ин ишқ аст, ки сабаби бақои онҳо мебошад; ки агар ин нерӯ набуд, боқӣ намемонданд. Ишқ дар ин мавҷудот, ҳамон нерӯи кашиш ва ҷозиба ба сӯйи он чӣ камоли онҳо маҳсуб меояд ва аз расидан ба он лаззат мебаранд аст.

Масалан, гиёҳе ба номи гандум камолаш ин аст, ки ба як хӯшаи комил табдил гардад. Вақте як донаи гандум ба замин кошта мешавад, ин дона ба воситаи нерӯи ишқе, ки дастгоҳи офариниш дар ниҳоди вай гузоштааст, ба сӯйи камоли худ ҳаракат мекунад. Ва ба сухани дигар, ин “ишқ ба камол” аст, ки ӯро водор ба ҳаракат ба сӯйи як хӯша гардидан мекунад. Ин аст, ки Ибни Сино мегӯяд: “Ҳар як аз мавҷудот (-и мумкин) аз як сӯ толиби камоли хешанд ва аз сӯйи дигар, аз нақсе, ки онҳоро дарбар гирифта безоранд… Бинобар ин, ҳар як аз ин мавҷудот дорои шавқе табиӣ ва ишқе ҷибиллӣ ҳастанд, ки ин ишқ, аз камоли вуҷудии онҳо муҳофизат мекунад ва онҳоро аз нақс раҳоӣ мебахшад…”

Албатта, ҳар мавҷуде, ба қувваҳое мучаҳҳаз аст, ки барои расидан ба камол, вуҷуди ин қувваҳо дар ӯ зарурӣ ва лозиманд. Масалан, наботот ба қувваи танмия (нумӯкунанда) ва тағзия муҷаҳҳазанд ва ҳайвонот ба қувваи шаҳавония ва ғайра. Як донаи гандум барои он ки ба як хӯшаи комил табдил ёбад, ниёз ба танмия ва тағзия дорад.

* * *

Матлаби дигар он ки: камоли як ҷондор айни камоли як мавҷуди беҷон нест, ва дар ҷондорҳо низ камоли як гов, масалан, айни камоли як гандум нест ва камоли инсон айни камоли як гов нест. Бале, қувваҳое, ки дар ниҳоди мавҷуди аз назари рутба пойинтар вуҷуд дорад, дар ниҳоди мавҷуде олитар маҳфуз аст, вале буданашон танҳо барои кӯмаки мавҷуди олитар ҷиҳати расидани вай ба камоли матлубаш аст. Масалан, як гов, ки дорандаи нерӯҳои наботӣ аст, ин нерӯҳоро барои расидан ба камолоти ҳайвонӣ истихдом мекунад. Албатта, дар ҳадде ба онҳо ниёзманд аст, ки барои такомули ҳайвониаш муфид бошад. Ҳамчунин инсон, ки дорандаи нерӯҳои наботӣ мисли қувваи тағзия ва танмия ва низ нерӯҳои ҳайвонӣ мисли қувваи шаҳавония ва ғазабия аст (ба изофаи нерӯҳое, ки аз инсонияти инсон сарчашма мегирад мисли нерӯи таъаққулкунанда), нерӯҳои наботӣ ва ҳайвониро ба суди такомули инсонии худ истихдом мекунад ва аз ин рӯ, ба онҳо дар ҳадде, ки барои расидан ба камолоти инсониаш муфид бошад, ниёзманд аст. Ба ҳамин хотир, наметавон баҳрабардории беқайду шарт аз нерӯҳои наботӣ ва ҳайвониро барои инсон муфид донист.

Хулоса ин ки:

а) Мавҷудоти моддиро аз назари камолот, метавон дараҷабандӣ кард, ба ин сурат, ки: ҷамодот дар дараҷаи пойинтар, ва наботот ва ҳайвонот ба тартиб дар васат, ва инсон дар дараҷаи олитар қарор дорад;

б) Ҳар мавҷуди моддӣ, ки дорои дараҷаи олитаре аз вуҷуд бошад, дорандаи қувваҳои пойинтар низ ҳаст, то онҳоро дар роҳи такомули худ истихдом кунад;

в) Баҳрабардорӣ аз нерӯҳои пойинтар бояд дар ҳадде бошад, ки барои расидан ба камолоти олитар муфид бошад, вагарна мӯҷиби рукуд ва таваққуфи сайри такомул ва аҳёнан мӯҷиби таназзул ва суқут мегардад. Масалан, инсон дар зиндагӣ аз хӯрдан бениёз нест, вале дар ҳадде ба он ниёз дорад, ки ӯро барои расидан ба камоли инсониаш – ки ба зудӣ хоҳем гуфт, ки камоли инсонӣ чист – кӯмак кунад ва монеи ӯ дар сайр ба сӯйи камол нагардад, вагарна баҳрамандии беш аз ҳадд аз хӯрдану ошомидану соири корҳои ҳайвонӣ, сабаби таваққуфи сайр ва ҳаракати ӯ ба сӯйи камол мешавад.

Ҷолиб он, ки одамҳое ёфт мешаванд (ва андак ҳам нестанд), ки ҷанбаи ҳайвониашон бар онҳо ғалаба пайдо мекунад ва он гоҳ, қувваҳои махсус ба инсон мисли қувваи оқиларо – ки барои расидан ба камоли инсонӣ зарурӣ ва лозиманд – дар ҷиҳати расидан ба хостаҳои ҳайвонӣ истихдом мекунанд. Яъне, ба ҷойи он ки нерӯҳои ҳайвониро дар хидмати камолоти инсонӣ қарор бидиҳанд, баръакс нерӯҳои махсус ба инсонро дар хидмати ағрози ҳайвонӣ қарор медиҳанд. Масалан, касоне, ки ҳадаф аз вуҷуди инсон дар рӯйи заминро дар баҳрамандии ҳар чи бештари вай аз неъматҳои дунё хулоса карда ва инсонро фақат “ҳайвоне” медонанд, ки аз “ҳуш” бархӯрдор аст, барои расидан ба хостаҳои ҳайвонӣ, бо истимдод аз қувваи оқила корҳое анҷом медиҳанд, ки ҳамаро ба шигифтӣ вомедорад ва ҳамон тавр ки Ибни Сино мегӯяд: “Гоҳе барои инсон ҳолати феълу инфиъол аз ҷиҳати нафси ҳайвонӣ падид меояд, аз қабили эҳсосот ва тахайюлот ва ҷидол намудан ва ҷанг кардан; мунтаҳо, ба воситаи муҷоварати нафси ҳайвонӣ бо нафси нотиқаи инсонӣ, дар ин маврид судури афъол аз ӯ ба як наҳви шарифтар ва латифтар ва олитар аст, ба ин лиҳоз, ки таъсираш дар маҳсусот ба некӯтарин ваҷҳе ва саҳеҳтарин мизоҷе ва муҳкамтарин таркибе аст, ки шуъури соири ҳайвонот ба ин намерасад ва мултафит ба ин нестанд, то чӣ расад ба он ки ихтиёр кунанд ва ё талаб намоянд…” Ва ё: “Дар афъоли қувваи ғазабия ҳилаҳои мутанаввеъ ба кор мебарад, то ба воситаи он ҳилаҳои гуногун, битавонад бар душман ғалаба намояд ва зафар ёбад…” мисли сохтани силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва бомби атом ва ғайра, ки инсон ба кӯмаки ақли худ онҳоро сохта, вале дар ҷиҳати ағрози ҳайвонӣ ба кор мегирад.

* * *

Ҳол, камоли инсон чист? Ҳамон гуна ки камоли як дарахт ё як ҳайвонро метавон аз роҳи таҷриба ва озмоиш шинохт, оё мумкин аст дар мавриди инсон низ ба кӯмаки таҷриба ва озмоиши илмӣ, камоли ӯро ташхис намуд?

Бо андаке таъаммул, равшан мешавад, ки матлаб дар мавриди инсон ба ин соддагӣ нест; зеро аввалан, анвоъи наботот ва ҳайвонот аз назари камолоти вуҷудӣ, дар дараҷаи пойинтар аз инсон қарор доранд ва аз ин рӯ, умуми инсонҳо метавонанд камолоти онҳоро бишносанд ва баррасӣ кунанд, вале инсонҳое, ки ба камолоти ҳақиқӣ ноил нашуда бошанд, наметавонанд дарк кунанд, ки синхи ин камолот чист ва чӣ касоне воҷиди он ҳастанд.

Сониян, камоли ҳар як аз анвоъи набот ва ҳайвон, дорои марзи мушаххас ва маҳдуде аст, ки ба осонӣ метавон озмуд ва шинохт, вале вақте ба инсон — ин мавҷуди аҷиб ва асроромез менигарем — мебинем алорағми кучакии ҳаҷмаш, дорои вижагиҳое аст, ки ӯро комилан мушаххас ва мумтоз месозад. Ин инсон аст, ки ҳар рӯз пардаи дигаре аз рӯйи асрори вуҷудаш бардошта мешавад ва пардаи навине аз ҳунарҳои хешро намоиш медиҳад. Ва ин инсон аст, ки аз оғози пайдоиш то кунун лаҳзае аз ҷунбиш ва дигаргунӣ бознаистодааст ва мазоҳири мухталифи улум ва ҳунарҳояшро ҳар рӯз дар саҳнаи гетӣ бештар ҷилвагар месозад. Тоза, ин пешрафтҳои чашмгир ва хиракунанда, ҳама, меваҳои модии ин дарахти ҳайратангез аст, вале шинохти меваҳои маънавиаш ба ин осонӣ муяссар нест. Ва чӣ басо аҷоиби руҳӣ ва маънавиаш аз шигифтиҳои моддиаш бештар бошад.

Солисан, он чӣ мустақиман озмоиш мешавад, чизҳое аст, ки қобили дарки ҳиссӣ бошад. Вале камолоти руҳӣ ва фазоили маънавиро наметавон бевосита таҷриба кард ва мизони онҳоро санҷид.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукот, ҷойи таъаҷҷуб нест, ки миёни фалосифа ва донишмандон низ бар сари ташхиси камоли ҳақиқии инсон, ихтилоф вуҷуд дошта бошад.

Аммо бо ин ҳама, назар ба ин ки “ишқ ба камол” ба гуфтаи Ибни Сино дар ниҳоди ҳамаи мавҷудот аз ҷумла инсон ниҳода шуда ва ҳар инсоне дар худ ин кашиш ва ҷозибаро эҳсос ва амалан ба тарафи он ҳаракат мекунад (ҳарчанд шояд дар ташхиси мисдоқи он ба иштибоҳ роҳ диҳад), ва аз тарафе ҳам, назар ба қувваҳо ва хостаҳо ва майлҳои вижаи инсонӣ – ки инсон ба воситаи онҳо аз соири ҳайвонот ҷудо мешавад ва махсуси ӯст – метавон камоли ӯро ташхис дод.

Инак, ба таъаммул дар бораи шуморе аз асилтарин майлҳои фитрии инсон мепардозем ва мекӯшем сайри такомулии онҳо ва талошҳоеро, ки инсон барои ирзои онҳо анҷом медиҳад, баррасӣ кунем. Зеро чиҳат ё ҷиҳоте, ки ин майлҳо мушаххас месозанд, метавонад ҳамчун ақрабаи қутбнамо моро ба ҳадаф ва масири ниҳоиии онҳо раҳнамун гардад:

  1. Илм: Дар инсон як майли фитрӣ барои донистан ва огоҳ шудан ва иҳота пайдо кардан бар ҳақоиқи ҳастӣ вуҷуд дорад. Ин майл аз ҳамон овони кӯдакӣ буруз мекунад ва то поёни зиндагӣ аз инсон салб намешавад. Пурсишҳои пай дар пайи кӯдакон, нишонаи вуҷуди ин хости фитрӣ аст. Ва ҳар қадр истеъдоди тифл бештар бошад, пурсишҳои ӯ васеътар ва амиқтар аст, ва ҳар қадр бар иттилоот ва маълумоти ӯ афзуда гардад, маҷҳулоти бештаре дар баробараш намоён ва масоили ҷадиде барои ӯ матраҳ мешавад. Ва ба иборати дигар, инсон “илм”, “донистан” ва “огоҳ шудан”-ро камол мешуморад ва аз ин рӯ ба сӯйи ин камол ҳаракат мекунад, ва ба таъбири Ибни Сино, ишқ ба доноӣ дар сиришти ҳар инсоне ба вадиъа гузошта шудааст. Ва ҷолиб он аст, ки инсон агар ба ин камол (яъне илм ва донистан) ошиқ аст, ба илми номаҳдуд ошиқ аст, на маҳдуд. Яъне, ҳар андоза ки бидонад, боз мехоҳад бидонад. Хулоса, ӯ дар ин ҷиҳат хоҳони бениҳоят аст.
  2. Қудрат: Яке дигар аз майлҳои фитрии инсон, майл ба қудрат ва тавоноӣ бар анҷоми кор ва тасарруф дар мавҷудоти дигар аст. Ин майл низ аз ҳамон овони туфулият буруз мекунад ва то поёни зиндагӣ ҳамчунон идома дорад. Инсон барои тавсиаи қудрати худ, ба нерӯҳои табиӣ иктифо намекунад ва мекӯшад ба кӯмаки улум ва санойеъ, абзорҳои беҳтаре барои тасарруф дар ҷаҳон ва тасхири коинот биёбад. Ниёз ба тазаккур надорад, ки иктишофот ва ихтироъоти илмӣ, махсусан дар чанд қарни ахир, чӣ кӯмакҳои шоёне ба ирзои ин хости фитрӣ кардаанд. Инсон ҳатто аз истихдоми ҳамнавъони худ низ дареғ намеварзад ва то он ҷо, ки шароит ва имконот иҷоза бидиҳад, аз дигарон низ ба суди худ баҳрабардорӣ мекунад. Кӯшиш барои ба даст овардани мавқеиятҳои иҷтимоӣ ва бартариҷӯиҳои миллатҳо дар сатҳи байналмилалӣ низ аз мазоҳири ин хост аст, ки гоҳе ба сурати саҳеҳ ва маъқул ва замоне ба сурати таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон дар шаклҳои мухталифи истеъмор ва истисмори золимона намудор мегардад.

Ҳол, суол ин аст, ки оё инсон дар ин ҷиҳат низ ба нуқтае басанда мекунад ё ин ки дар ин ҷо ҳам хоҳони номаҳдуд аст? Фарз кунед, инсоне агар тавонист бар кулли гетӣ тасаллут пайдо кунад, оё ғариза ва майли қудратхоҳии ӯ мутаваққиф мешавад? Посух равшан аст, ӯ агар бар кулли гетӣ ҳам мусаллат шавад, пас аз он мехоҳад кураҳои дигар мисли Моҳу Миррихро ҳам таҳти тасаллути худ дароварад.

Пас, ӯ дар ин ҷиҳат низ хоҳони номаҳдуд аст ва ин аташи фитрӣ ҷуз ба василаи даст ёфтан ба як манбаи бениҳояти қудрат фурӯ наменишинад.

  1. Зебоӣ: Майл ба зебоӣ, яке дигар аз амёли инсонӣ аст, ки дар сиришти ӯ ба вадиъа гузошта шуда ва ӯ ошиқи зебоист. Ҳунар яке аз мазоҳири ин майли фитрӣ аст.

Ҳол, илм, қудрат ва зебоӣ, ба унвони боризтарин камолот, танҳо барои намуна зикр шуданд, вагарна инсон ошиқи тамоми камолоти вуҷудӣ аст.

Ин нукта ҳам қобили тазаккур аст, ки инсон ба ҳамон мизон, ки ошиқи камолот аст, аз зидди онҳо мутанаффир ва гурезон мебошад. Агар ошиқи илм ва доноист, мутанаффир аз ҷаҳлу нодонист. Агар ошиқи қудрат аст, гурезон аз заъфу нотавонист. Агар ошиқи зебоист, мутанаффир аз зиштӣ ва қабоҳат аст. Агар ошиқи адолат аст, аз зулм мутанаффир аст. Агар ошиқи ростист, аз дурӯғ нафрат дорад.

Хулоса, ишқ ба камолот, дар сиришти ҳар инсоне ба вадиъа ниҳода шуда ва инсон дӯст дорад воҷид ва дорандаи камолоти вуҷудӣ гардад. Ҳатто як ҳокими ситамгар дӯст надорад, ки ба ӯ золим ва ситамгар бигӯянд, балки дӯст дорад аз ӯ ба унвони ҳокими одил ёд шавад. Зеро фитратан камолхоҳ аст, ҳарчанд дар амал бар хилофи он рафтор бикунад. Ва инро ҳам ёдовар шудем, ки инсон агар ошиқи камол аст, ошиқи камоли бениҳоят ва номаҳдуд аст.

Ҳол, натиҷае, ки аз матолиби ёдшуда ба даст меояд ин аст, ки шуоъи майлҳои фитрии инсон, ба сӯйи бениҳоят имтидод дорад ва ҳеч кадом аз онҳо ҳадду марзе намешиносад ва инсонро ба сӯйи бениҳоят савқ медиҳанд. Ва ин аз хасоиси инсон аст, ки дорои хостаҳои номаҳдуд аст ва ба комёбиҳои муваққат ва маҳдуд қонеъ намешавад.

Ин майлҳо ва хостҳо, бо ин ки ба умури мухталифе таъаллуқ мегиранд (яке илм аст, яке қудрат, яке зебоӣ ва ғайра…) аммо саранҷом ҳамаи онҳо ба ҳам мепайванданд ва ирзои ниҳоии онҳо дар як чиз хулоса мешавад. Ва он иборат аст аз: иртибот бо сарчашмаи бениҳояти илм ва қудрат ва ҷамол ва камол. Ҳамчунин матлуби ҳар як аз майлҳои фитрӣ, дар ҳақиқат як матлуб аст, ки аз дидгоҳҳои мухталиф тамошо мешавад ва аз ҷиҳоти гуногун мавриди ҷустуҷӯ қарор мегирад. Ва он иборат аст аз: Худои Мутаъол, ва ба таъбири Ибни Сино “иллати уло”.

Бо қурб ба Худо, инсон иртиботи комили худро бо офаридагор меёбад ва худро мутаъаллиқ ва муртабит ба ӯ, балки айни таъаллуқ ва рабт ба ӯ мушоҳида мекунад ва дар баробари ӯ барои худ ҳеч навъ истиқлол ва истиғное намебинад. Дар ин мартиба аст, ки ҳамаи ашёро қоим ба зоти ақдаси илоҳӣ мебинад ва илми ҳузурӣ ба ҳақоиқи ҳастӣ пайдо мекунад ва ба андозаи зарфияти вуҷудии худ, аз анвори ҷалолу ҷамоли илоҳӣ баҳраманд мешавад ва майли фитрии ӯ ба шинохтани ҳақоиқи ҳастӣ ирзо мегардад.

Ҳатто он инсоне, ки мункири Худост, ӯ низ дар воқеъ дар талаб ва ҷустуҷӯи Худо ва ошиқи Худост, ҳарчанд худаш мутаваҷҷеҳ нест. Оё шумо касеро дар дунё мешиносед, ки бигӯяд, ман ошиқи илм нестам? Ҳама ошиқи илманд, ва тоза, илми бениҳоят. Ҳама ошиқи зебоӣ ҳастанд, он ҳам зебоии бениҳоят. Хуб, сарчашмаи илми бениҳоят, сарчашмаи қудрати бениҳоят, сарчашмаи зебоии бениҳоят ва хулоса, сарчашмаи тамоми камолоти вуҷудӣ — ки ҳамагон ошиқи ин камолотанд – оё ҷуз зоти ақдаси илоҳӣ ва офаридгор аст?!

* * *

Хулоса ин шуд, ки: дар ниҳоди тамоми мавҷудот “ишқ ба камол” ба вадиъа ниҳода шуда ва онҳо ба сӯйи камоли худ дар ҳаркатанд. Ва камоли инсон дар расидан ба бениҳоят аст, ки ҷуз зоти ақдаси илоҳӣ намебошад. Пас, ҳамагон ошиқи Худоянд.

* * *

Албатта, Ибни Сино дар поёни рисолаи худ баҳсе ҳам дар бораи ин ки Худо дар айни он ки маъшуқ аст, ошиқи ошиқони хеш низ мебошад, карда, ки дар як фурсати дигар бояд ба он бипардозем.

tajnek.com

Тоҷнек

Tags: Рисолаи ишқ ба баёни сода
Previous Post

Оё ҳасодат беморӣ аст?

Next Post

Ҷавонмард бош

Related Posts

Алии Шариатӣ
Адабиёт ва ашъор

January 3, 2026
Мавлоно
Адабиёт ва ашъор

Осори Мавлоно дар Амрико пурфурӯш аст

January 3, 2026
Осори хирадмандӣ
Адабиёт ва ашъор

Қалбе барои зистан

December 23, 2025
Достонҳои омӯзанда
Адабиёт ва ашъор

Хуршеди зебоӣ

December 23, 2025
Мумкин ва ғайримумкин
Адабиёт ва ашъор

Забони сухани ишқ

December 23, 2025
Абзори маккорона
Адабиёт ва ашъор

Абзори маккорона

December 23, 2025
Next Post
Ҷавонмард бош

Ҷавонмард бош

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

January 4, 2026
Захват Мадуро

Захват Мадуро

January 4, 2026
Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ

Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ: Рабудани раиси ҷумҳури Венесуэла ҷинояти ҷангӣ аст

January 4, 2026
Пешбинии Ҳуго Човез

Пешбинии Ҳуго Човез

January 4, 2026

Recent News

Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

January 4, 2026
Захват Мадуро

Захват Мадуро

January 4, 2026
Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ

Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ: Рабудани раиси ҷумҳури Венесуэла ҷинояти ҷангӣ аст

January 4, 2026
Пешбинии Ҳуго Човез

Пешбинии Ҳуго Човез

January 4, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

January 4, 2026
Захват Мадуро

Захват Мадуро

January 4, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved