• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Саидуддини Фарғонӣ

Саидуддини Фарғонӣ

0
SHARES
7
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Саидуддини Фарғонӣ

Машоҳир ва номоварон

Саидуддин Муҳаммад ибни Аҳмад, яке аз бузургтарин шогирдони Садруддини Қунавӣ аст ва аз ӯ асаре азим ва беназир мавҷуд аст ба номи “Машориқ-уд-дарорӣ”, ки шарҳ бар “Тоия”-и Ибни Фориз аст.

Андешамандон ва донишмандони зиёде аз водии Фарғона бархостаанд, ки бо камоли таассуф таваҷҷӯҳи лозим барои шиносондани онҳо барои насли кунунӣ сурат намегирад, аз ҷумла ситорашинос ва риёзидони маъруф Аҳмади Фарғонӣ, орифи бузург Ибни Фарғонӣ, фақеҳи ҳанафӣ Абулмузаффари Фарғонӣ, фақеҳ ва мутакаллими машҳури мотуридӣ Сироҷуддини Ӯшии Фарғонӣ, орифи шоир Сайфи Фарғонӣ, шоир ва хаттоти маъруф Умар ибни Муҳаммади Фарғонӣ ва ғайра аз садҳо машоҳири дигар. Агар умре боқӣ буд, иншоаллоҳ дар бораи шарҳи ҳоли ҳар як аз ин машоҳир хоҳам навишт.

Дар ин мақола аммо ба муарриифии ориф ва донишмандони шаҳир, Саидуддини Фарғонӣ мепардозам.

Саидуддин Муҳаммад ибни Аҳмад (вафотёфта миёни солҳои 1292 то 1301 мелодӣ), яке аз бузургтарин шогирдони Садруддини Қунавӣ аст ва аз ӯ асаре азим ва беназир мавҷуд аст ба номи “Машориқ-уд-дарорӣ”, ки шарҳ бар “Тоия”-и Ибни Фориз аст.

Ӯ “Тоия”-ро бо ибороте расо ба форсӣ шарҳ карда ва баъд, ба дастури устод, муқаддимае муҳаққиқона ба забони арабӣ бар он афзуда, муфассал‏тар аз муқаддимаи форсӣ, муштамил бар хавосси асмо ва қоъидаҳои ирфонӣ.

Шарҳе низ ба арабӣ навиштааст ва онро “Мунтаҳал-мадорик” ном ниҳода. Он чи дар муқаддимаи арабии Фарғонӣ мундараҷ аст, ба ҳадде олист, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ дар муқаддимаи шарҳи худ бар “Нақшул-фусус” (“Нақдун-нусус фӣ шарҳи нақшил-фусус”), навиштааст, ки аҳаде мабонии таҳқиқии ирфонро ба он зебоӣ, ки Фарғонӣ баён карда тақрир накардааст.

Албатта шарҳи форсии Фарғонӣ бар ашъори “Тоия”, беҳтар ва муназзамтар аз шарҳи арабии ӯст ва дар мавориде низ шарҳи арабӣ (“Мунтаҳал-мадорик”) руҷҳон дорад ва ба ҳар ҳол, эҳтимоми Фарғонӣ ба шарҳи форсӣ бештар будааст.

Фарғонӣ бо ҷамъе аз асҳоб “Тоия”-и Ибни Форизро назди устодуласотид, Қунавӣ, қироат кардаанд. Устод дар муқаддимаи китоби “Машориқ” ба форсии ҷаззоб тазаккур додааст, ки дар байни асҳоб, Фарғонӣ беҳтар аз дигарон матолиби “Тоия”-ро забт ва ба қайди таҳрир даровардааст. Қунавӣ ба Ибни Фориз иноят ва иродати хосс дошт ва “Тоия”-ро дар Қуния ва Шом ва Миср ба форсӣ тадрис ме‏фармуд.

Яке аз асҳоби шайх Садруддини Қунавӣ, шайхушшуюхи вақти худ, шайх Шамсуддини Икӣ гуфтааст: “Дар маҷлиси дарси шайхи мо уламо ва талабаи илм ҳозир мешуданд. Дар анвои улум сухан мегузашт ва хатми маҷлис бар байте аз қасидаи назмуссулук ме‏шуд ва ҳазрати шайх Садруддин бар он ба забони аҷамӣ (форсӣ) суханон ва маонии ладуннӣ мефармуд, ки фаҳми он ҳеч кас натавонистӣ кард, магар касе, ки аз асҳоби завқ будӣ. Ва гоҳ будӣ, ки дар рӯзи дигар гуфтӣ, ки дар он байт маънии дигар бар ман зоҳир шудааст. Ва маънии ғарибтар ва дақиқтар аз пеш гуфтӣ. Ва бисёр мефармуд, ки сӯфи мебояд, ки ин қасидаро ёд гирад ва бо касе, ки фаҳми он кунад, маонии онро шарҳ кунад”. (Сайидҷалолуддини Оштиёнӣ, шарҳи муқаддимаи қайсарӣ бар “Фусусил-ҳикам”)

Шайх Шамсуддин гуфтааст: “Шайх Саидуддин тамоми ҳиммати худро сарфи шарҳи қасида ба форсӣ кард ва ба амри шайх, барои он ки нафъи он омм бошад, онро ба арабӣ шарҳ кард. Ва он ҳама аз баракоти шайхи мо, Садруддин аст”. (Ҳамон манбаъ)

Садруддини Қунавӣ мукаррар мефармуд, ҳар орифе бояд “Тоия”-ро ҳифз кунад. Бар “Тоияи кубро” дар ибтидо шарҳе ба форсӣ навишта шуд. Ин шарҳ тақрири дуруси Садруддини Қунавӣ аст ва “Машорқуд-дарорӣ” ном дорад. “Машориқ” дар ирфони назарӣ ба нигориш даромадааст. Ва муқаддимаи Саъидуддини Фарғонӣ бар “Тоия”, хусусан бахши арабии он, мутазаммини матолибест олӣ, ки аҳаде бад-он назму тартиб ва иштимол бар матолиби тоза сухан нагуфтааст.

Ҷамеи шореҳони “Тоия” аз пайравони Ибни Арабианд. Ва ба нудрат назми ирфонӣ ба ин салобат ва азамат дар даврони исломӣ ме‏тавон ёфт.

Аҳаммияти Фарғонӣ аз лиҳози таърихӣ аз он ҷиҳат аст, ки вай аз шохистарин чеҳраҳои силсилае дигар яъне силсилаи шайх Шаҳобуддини Суҳравардӣ, аз урафои қарни ҳафтум ва муаллифи “Аворифул-маориф” (вафотёфтаи 632 ҳ.қ, ки бо шайхи Ишроқи мақтул (вафотёфтаи 587 ҳ.қ) фарқ дорад) аст, ки яке аз муҳимтарин ва густардатарин тариқатҳои сӯфия дониста мешавад. Вай аз Қунавӣ бо эҳтироми фаровон ёд карда ва худро ба лиҳози сӯҳбат ба ин мактаб мунтасаб месозад.

Ин амр худ шоҳиде бар пайвастани дигар силсилаҳои ирфонӣ ба мактаби фикрии Ибни Арабӣ ба далели тавонмандӣ ва ғинои он аст.

Аҳаммияти Фарғонӣ дар таърихи ирфони назарӣ ба хотири ҷаъли истилоҳоти ирфонӣ аст. Муҳйиддин ва Қунавӣ дар баёни маорифи ирфонӣ аз истилоҳоти ҷадид дар фазои ирфони назарӣ суд ҷустанд, вале ин истилоҳот ба далели адами истиқрор гоҳе дар чанд маъно ба кор мерафт ва ин маонӣ ҳам дар миёни орифони мухталиф мутафовит мегашт. Ин ташвиш ва ибҳом то замони Фарғонӣ идома дошт, вале ӯ кӯшид, то ҳар истилоҳро дар маъное хос ба кор барад ва комилан маънои онро мушаххас созад.

Осори муҳим пас аз вай монанди “Тамҳидул-қавоъид” ва “Мисбоҳул-унс”, аз истилоҳоти ҷаълшуда тавассути Фарғонӣ истифода кардаанд. Албатта осори Ҷундӣ ба далели муосир будан бо Фарғонӣ ин гуна нест. Дар миёни шахсиятҳои барҷаста, танҳо Кошонӣ ва Қайсарӣ ҳастанд, ки аз истилоҳоти Фарғонӣ баҳра набурдаанд.

Муҳимтарин асари Фарғонӣ “Машориқуд-дарорӣ” аст, ки тақрироти вай аз шарҳи “Тоия”-и Ибни Фориз дар дарси устодаш Қунавӣ аст. Ин дарс ба забони форсӣ ироа мешудааст. Муқаддимаи ин китоб шомили як давраи комил аз мабоҳиси ирфони назарӣ аст. Ин мабоҳис он қадр бо зарофат ва инсиҷом баён шудааст ва чиниш дар он чунон дақиқ аст, ки ҳатто дар осори Қунавӣ низ наметавон мушобеҳе барои он ёфт.

Ҷомӣ дар ин замина мегӯяд: “Ҳеч кас масоили илми ҳақиқатро чунон мазбут ва марбут баён накардааст, ки вай дар дебочаи шарҳи “Қасидаи Тоияи Форизия” карда…” (Нафаҳотул-унс с.558)

Ин китоб ба забони форсӣ нигошта шуда ва пас аз он Фарғонӣ онро ба ҳамроҳи афзудаҳое ба арабӣ баргардонд ва онро “Мунтаҳал-мадорик” номид.

Табйини мунсаҷим ва ақлонии ирфони назарӣ ҳамроҳ бо истифода аз истилоҳоти дақиқ, аз дигар авомиле буд, ки заминаро барои гуфтугӯи бештари ирфон ва фалсафа фароҳам овард.

* * *

Манобеъ:

Оштиёнӣ, Сайидҷалолуддин, шарҳи муқаддимаи Қайсарӣ бар Фусусил-ҳикам

Оштиёнӣ, Сайидҷалолуддин, шарҳи Фусусил-ҳикам (Ал-Қайсарӣ)

Амининажод, Алӣ, Ошноӣ бо маҷмӯаи ирфони исломӣ, с.176 то 228

Яздонпаноҳ, Сайидядуллоҳ, Мабонӣ ва усули ирфони назарӣ, с.34 то 60

Амининажод, Алӣ, Ҳикмати ирфонӣ, с.44 то 51

Яздонпаноҳ, Сайидядуллоҳ, Фурӯғи маърифат, с.80 то 82

Я.Эшотс, Ал-Фаргaни

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Саидуддини Фарғонӣ
Via: Саидуддини Фарғонӣ
Tags: Саидуддини Фарғонӣ
Previous Post

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Next Post

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

Related Posts

Ниёиш
Ниёгони гузаштаи мо

Мутафаккири бедор

February 9, 2026
Мирзо Улуғбек
Ниёгони гузаштаи мо

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Ниёгони гузаштаи мо

Охирин васияти Амиралмӯъминин

February 7, 2026
Дониши Ғаззолӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Дониши Ғаззолӣ

February 3, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Тасмими Меҳрдод
Мавзӯоти доғ

Тасмими Меҳрдод

January 3, 2026
Next Post
кӯдакон

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Озодӣ ва озодагӣ

Озодӣ ва озодагӣ

February 10, 2026
Зарурати ҳисси эътимод ва истиқлол дар ҷомеа

Зарурати ҳисси эътимод ва истиқлол дар ҷомеа

February 10, 2026
Хушии дурӯғин

Хушии дурӯғин

February 10, 2026
Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ: Нисбат ба нақши вайронгарии саҳюнистҳо ҳушёр бошед!

Ҳушдори Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ

February 10, 2026

Recent News

Озодӣ ва озодагӣ

Озодӣ ва озодагӣ

February 10, 2026
Зарурати ҳисси эътимод ва истиқлол дар ҷомеа

Зарурати ҳисси эътимод ва истиқлол дар ҷомеа

February 10, 2026
Хушии дурӯғин

Хушии дурӯғин

February 10, 2026
Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ: Нисбат ба нақши вайронгарии саҳюнистҳо ҳушёр бошед!

Ҳушдори Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ

February 10, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Озодӣ ва озодагӣ

Озодӣ ва озодагӣ

February 10, 2026
Зарурати ҳисси эътимод ва истиқлол дар ҷомеа

Зарурати ҳисси эътимод ва истиқлол дар ҷомеа

February 10, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved