Пуркортарин донишманди таърих
Машоҳир ва номоварон
Вилём Ҷеймз Дуронт (William James Durant, 05.11.1885-07.11.1981), файласуф, таърихнигор ва нависандаи омрикоиро яке аз пуркортарин донишмандони таърихи башарият медонанд. Муҳимтарин асари ӯ “Таърихи тамаддун” (дар 11 ҷилд) аст, ки бо ҳамкории Орил Дуронт (Ariel Durant), ҳамсараш, навиштааст. Вай дар ин китоб, тавонистааст бо истифода аз осори муаррихони дигар (аз Ҳерудут то Орнулд Туинби), ки аз ибтидои таърихи мактуби башар то кунун зистаанд, мактаби навине аз таърихнигориро ба вуҷуд оварад.
Бар хилофи дигар таърихнигорон, ки танҳо тамаркузашон бар рӯи воқеаҳои таърихӣ буд, Вил Дуронт дар асари худ ба омилҳои тамаддунсоз дар тӯли таърих низ таваҷҷӯҳ мекунад. Дар ин бора нақли қавле дорад, ки чунин аст: “Тамаддун рӯде аст бо ду соҳил”. Ин нақли қавл, ба таври зимнӣ ба ин масъала ишора дорад, ки таърихнигорон ағлаб ниҳояти таваҷҷӯҳу диққати худро сарфи рӯдхонаи дар ҷараёни таърих намудаанд, ки маъмулан пурошӯбу пурҳаёҳуст ва иҷозаи бардоштҳо ва тафсирҳои саҳеҳро намедиҳад. Дар муқобил, ӯ дидгоҳи дигареро матраҳ мекунад, ки дар он, ҳошияҳои таъриху тамаддун (соҳилҳо) метавонанд ба андозаи худи матни таърих муҳим бошанд. Ба назари ӯ, ҳамаи мардумоне, ки дар тӯли таърих хона ва муҷассама сохтанд ва шеър саройидаанд ҳам дар шаклгирии тамаддун нақш доштанд.
Аз ҷумлаи осори шинохташудаи вай метавон ба ду асари дигар, яъне “Таърихи фалсафа” ва “Лаззоти фалсафа” ишора кард.
Вил Дуронт, бо ин ки мехост кашиш шавад, аммо дар донишгоҳ бештари улум — аз зистшиносӣ гирифта то таълиму тарбиятро — таҷриба кард. Аммо билохира баъд аз хондани китоби ахлоқи Эспинузо ба суроғи фалсафа рафт, он риштаро то дуктуро идома дод ва устоди донишгоҳ шуд ва китобҳои фалсафии зиёде таълиф кард.
Ҳенри Тумос дар китоби “Бузургони фалсафа”, як фаслро ба Вил Дуронт ихтисос дода ва навиштааст: “Бузургтарин кори ӯ дар фалсафа ин буд, ки афкори печидаи фалсафиро ба забони содда баён кард. Ӯ фалсафаро, ки дур аз дастраси мардуми оддӣ буд, ба хонаҳои онҳо бурд ва онро барои ҳама қобили фаҳм кард.”
Аммо ҳамаи инҳо Дуронтро розӣ накард, то ин ки ба қавли худаш барои “ирзои ҳисси кунҷковӣ” сар аз таърих дароварда ва дар замони устодии Донишгоҳи Колифурниё китоби “Таърихи фалсафа”-ашро навишт, ки файласуфон ва мунтақидони донишгоҳ ӯ ва китобашро таҳсин карданд.
Баъд аз он буд, ки Дуронт тасмим ба навиштани “Таърихи тамаддуни ҷаҳон” гирифт. Ҳамсараш Орил (ки қаблан яке аз шогирдонаш буд) бо ҳамроҳӣ карданаш дар сафарҳо, ба ӯ дар навиштани ин китоб кӯмак кард.
Ӯ барои навиштани ҳар фасл аз китоб, ба гӯшае аз дунё сафар мекард; аз Мисру Эрон то Сибирӣ ва Жопун. Мақсади ӯ барои навиштани ҷилди аввали китоби “Таърихи тамаддун” бо унвони “Машриқзмин, гаҳвораи тамаддун” буд. Баъди чопи ҷилди аввал, сафарҳояш ба даври дунё шурӯъ шуд, ки 50 сол идома ёфт. Дар ниҳоят, дар 1975, навиштани тамоми 30 ҷилди китобаш ва ҳамчунин сафарҳояш ба итмом расидааст.
Манобеъ:
Ҷазираи дониш, Сируси Ғаффориён
Доншномаи Википедия
Тоҷнек
tajnek.com




















