• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Гиёҳшинос

February 22, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Carl Linnaeus

Carl Linnaeus

0
SHARES
12
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Гиёҳшинос

Достонҳои омӯзанда

Муаллимони Карл Линней (Carl Linnaeus) дар мадраса, бо камоли яъсу навмедӣ, ҳама бо ҳам иттифоқ карданд, ки ба падари Карл, ки як нафар кашиш буд пешниҳод ва насиҳат кунанд, ки бе ҷиҳат интизори пешрафти фарзандашро дар кори таҳсилу дарс хондан надошта бошад, зеро ҳеч гуна фаҳму истеъдоде дар ӯ мушоҳида намешавад; беҳтар аст як кори муносибе барои фарзандаш пайдо кунад ва ба дунболи он кор бифиристад.

Вале падару модари Линней рӯи алоқаи фаровон ба фарзанд, бо ҳамаи навмедӣ ва таассур, вайро барои омӯзиши илми тиб ба донишгоҳ равона карданд. Аммо чун бизоате надоштанд, фақат маблағи андаке барои харҷи даврони таҳсили ӯ пардохтанд ва агар тараҳҳум ва кӯмаки як марди некӯкор, ки дар боғи донишгоҳ бо Линней ошно шуда буд набуд, фақру тангдастӣ ӯро аз по дармеоварад.

Линней бар хилофи майли падару модар, ба риштае, ки ӯро ба дунболи он фиристода буданд алоқае надошт, ба риштаи гиёҳшиносӣ алоқаманд буд. Ӯ аз кӯдакӣ гиёҳҳоро дӯст медошт ва ин хислатро аз падараш ба ирс бурда буд. Боғи падараш аз набототи зебо пӯшида буд, ва аз ҳамон вақт, ки Линней даврони кӯдакиро тай мекард, модараш одат карда буд, ки ҳар вақт ӯ гиря ва фарёд мекунад, гуле ба дасташ диҳад, то ором гирад.

Дар хилоли даврае, ки дар донишгоҳи тиб таҳсил мекард, навиштаи як гиёҳшиноси фаронсавӣ ба дасташ афтод ва алоқаманд шуд дар асрори гиёҳҳо мутолиа кунад. Дар он даврон яке аз масоили рӯз, ки мавриди таваҷҷӯҳи донишмандони гиёҳшинос буд, тарзи табақабандии саҳеҳи гиёҳҳо ва наботот буд. Линней муваффақ шуд як навъ табақабандии хоссе бар мабнои тазкиру таъниси (нару модаи) гиёҳон ибтикор кунад, ки бисёр мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Китобе, ки вай дар ин замина мунташир сохт мӯҷиб шуд, ки дар ҳамон донишгоҳе, ки дар он ҷо таҳсил мекард, барои вай дар риштае, ки маълум шуд истеъдоди он риштаро дорад, мақоме дасту по кунанд, вале ҳасодати дигарон монеъ шуд, ки ин кор ҷомаи амал бипӯшад.

Линней аз муваффақияти худ сармаст шуд. Аввалин бор буд, ки лаззати муваффақиятро мечашид. Аз ин рӯ, ба он пешомад (ҳасодати ҳасудон) аҳаммияте надод ва барои худ як маъмурияти илмӣ дасту по кард ва омодаи як сафари тӯлонӣ барои таҳқиқ ва мутолиа дар табиат гардид. Аз асбоби сафар, як ҷомадон ва мухтасаре либосҳои зер ва як заррабин ва миқдоре коғаз бардошт ва танҳо ва пиёда ба роҳ афтод. Вай ҳафт ҳазор километр роҳро бо мувоҷиҳаи мушкилоти аҷиб ва шуниданӣ тай кард ва бо ғанимати бузурге аз маълумот ва мутолиот баргашт ва дар соли 1735, яъне се сол баъд аз он ҷараён, чун мулоҳиза кард дар ватани хеш Суэд (Шветсия) ҷуз корҳои нопойдор ба даст намеояд, ба Ҳомбург рафт ва дар он ҷо ҳангоми боздиди яке аз музейҳо яке аз ганҷинаҳои худро, ки дар ин сафар ба даст оварда буд ва ба вуҷуди он бисёр муфтахар буд, ба раиси музей нишон дод ва он як мори обӣ буд, ки ҳафт сар дошт. Ин сарҳо на фақат шабеҳи сари мор, балки монанди сари росу (хорки) буданд.

Қозии маҳал аз ин боздидкунандаи наҳсу шум сахт хашмгин шуд, амр дод, то ӯро ихроҷ кунанд. Линней боз ҳам мусофиратҳои худро идома дод ва тайи роҳ рисолаи дуктурои худро дар илми тиб гузаронид ва ҳатто тавонист китоби худро ба номи “Дастгоҳи табиат” дар байни роҳ дар яке аз шаҳрҳо ба чоп бирасонад. Ин китоб барои ӯ шӯҳрате ба вуҷуд овард ва яке аз сарватмандони Омстердом ба ӯ пешниҳод кард, ки боғи зебо ва бемонанди ӯро идора кунад ва ба ин тариқ муваффақ шуд лаҳзае ба пойи хастаи худ истироҳат бидиҳад. Ва аз лутфи ҳомии некӯкори худ, тавонист кишвари Фаронсаро низ боздид карда дар ҷангалҳои он ба ҷамъоварии анвои гиёҳони он ҷо машғул шавад.

Саранҷом дарди ғурбат ва алоқа ба ватан ӯро гирифт ва ба Суэд кишвари худаш бозгашт. Ватан ин бор қадрашро донист ва ифтихороте, ки лозимаи нубуғ ва пуштикор ва иродаи ӯ буд, ба вай — ки як рӯз муаллимони мадраса узрашро хоста буданд — ато кард.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ)

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Гиёҳшинос
Via: Гиёҳшинос
Tags: Гиёҳшинос
Previous Post

Сафари Мирзиёев ба Амрико ҷиҳати ширкат дар нишасти Шӯрои сулҳи Ғазза

Next Post

Достони паҳлавон ва хирс

Related Posts

Таъсири мутолиа бар кӯдакон
Инсон ва инсоният

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

June 21, 2026
Такрим ва тарбияти фарзанд
Инсон ва инсоният

Такрим ва тарбияти фарзанд

June 13, 2026
Нажодпарастӣ дар ислом мардуд аст
Инсон ва инсоният

Нажодпарастӣ дар ислом мардуд аст

June 1, 2026
Аркони муруввату ҷавонмардӣ
Инсон ва инсоният

Аркони муруввату ҷавонмардӣ

May 30, 2026
Бадкирдории зердастон бархоста аз пуштибони ҳокимон аст
Инсон ва инсоният

Бадкирдории зердастон бархоста аз пуштибони ҳокимон аст

May 30, 2026
Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода
Инсон ва инсоният

Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода

May 20, 2026
Next Post
Маснавӣ

Достони паҳлавон ва хирс

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Шаҳодати Оятуллоҳ Хоманаӣ

Нигоҳе ба зиндагии Шаҳид Сайид Алии Хоманаӣ

July 7, 2026
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҷумҳурии Исломӣ як ҳукумати ҷудо аз мардум нест

Раҳбари шаҳид: Садҳо нафар мисли Алии Хоманаӣ дар роҳи ин ҳақиқат ҷон ва обрӯяшонро медиҳанд

July 6, 2026
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон

July 3, 2026
Оятуллоҳ Хоманаӣ

Фатвои Оятуллоҳ Хоманаӣ мабнӣ бар фарз будани ҷиҳод алайҳи Исроил

July 2, 2026

Recent News

Шаҳодати Оятуллоҳ Хоманаӣ

Нигоҳе ба зиндагии Шаҳид Сайид Алии Хоманаӣ

July 7, 2026
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҷумҳурии Исломӣ як ҳукумати ҷудо аз мардум нест

Раҳбари шаҳид: Садҳо нафар мисли Алии Хоманаӣ дар роҳи ин ҳақиқат ҷон ва обрӯяшонро медиҳанд

July 6, 2026
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон

July 3, 2026
Оятуллоҳ Хоманаӣ

Фатвои Оятуллоҳ Хоманаӣ мабнӣ бар фарз будани ҷиҳод алайҳи Исроил

July 2, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Шаҳодати Оятуллоҳ Хоманаӣ

Нигоҳе ба зиндагии Шаҳид Сайид Алии Хоманаӣ

July 7, 2026
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҷумҳурии Исломӣ як ҳукумати ҷудо аз мардум нест

Раҳбари шаҳид: Садҳо нафар мисли Алии Хоманаӣ дар роҳи ин ҳақиқат ҷон ва обрӯяшонро медиҳанд

July 6, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved