• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Кохи баланди Фирдавсӣ

February 24, 2026
in Адабиёт ва ашъор
0
Манобеи Шоҳнома

Кохи баланди Фирдавсӣ

0
SHARES
16
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кохи баланди Фирдавсӣ

Машоҳир ва номоварон

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, аз пуровозатарин шоирони Эронзамин ва аз бузургтарин ҳамосасароёни ҷаҳон дар қарни 4-ум ва 5-ум пас аз Ислом аст. Вай дар соли 329 ҳ.қ (мусодиф бо 935 милодӣ) дар рустои Бож, ки яке аз рустоҳои Тӯс аст, дида ба ҷаҳон гушуд.

Фирдавсӣ даврони кӯдакӣ ва ҷавониро дар хонаводае эронӣ, ки ҳама деҳқон буданд гузаронида ва аз авони кӯдакӣ ба таҳсили илм ва адаб пардохт. Вай дар ин русто шавкате тамом дошт ва гаҳ-гоҳ табъи худро дар сурудани торихи Эрони қадим озмоиш мекард. Дар он замон ҳеч кас бовар намекард, ки ин сурудаҳои пароканда идома ёбад ва ба як асари азими ҳамосӣ ба номи “Шоҳнома” табдил шавад.

 

Шоҳномасаройӣ

Дар аҳди Сомониён дар қарни 4-уми ҳиҷрӣ, ҷамъоварӣ ва таълифи саргузашти подшоҳони қадими Эрон равнақи басазое ёфт. Ин китобҳо, ки ба “Шоҳнома” маъруф буданд, ба наср навишта шуда буд ва пеш аз он ки аз миён бираванд, манбаъ ва маъхази бархе аз китобҳои мансур ва манзуми торихӣ дар забони порсӣ ва арабӣ қарор гирифт. Ҷомеътарини онҳо “Шоҳномаи Абӯмансурӣ” ном дошт, ки ба фармони Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдурраззоқ, ҳокими Тӯс, дар ҳудуди соли 346 ҳ.қ ба дасти ҷамъе аз муаррихон ва нависандагон ҷамъоварӣ ва тадвин гардид. Ин китоб маъхази муҳимми Фирдавсӣ дар назми “Шоҳнома” аст.

 

Дақиқӣ – нахустин шоҳномасарой

Пеш аз он ки Фирдавсӣ ба шоҳномасаройӣ бипардозад, Дақиқӣ, ки аз шоирони бузург ва ҳамсоли Фирдавсӣ аст, ба назми Шоҳнома рӯй оварда буд. Вай танҳо ҳазор байт аз достони Гуштосп ва Арҷоспи Тӯрониро суруда буд. Дақиқӣ дар синни камтар аз 40-солагӣ ба дасти ғуломаш кушта шуд. Фирдавсӣ иллати қатли ӯро “хӯйи бад” ёд мекунад ва чунин мегӯяд:

Ҷавонешро хӯйи бад ёр буд,

Або бад ҳамеша ба пайкор буд.

Бар-ӯ тохтан кард ногоҳ марг,

Ниҳодаш ба сар бар яке тира тарг.

Бад-он хӯйи бад ҷони ширин бидод,

Набуд аз ҷавониш як рӯз шод.

Яко-як аз ӯ бахт баргашта шуд,

Ба дасти яке банда баркушта шуд.

Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд,

Чунон бахти бедори ӯ хуфта монд.

Илоҳӣ, афв кун гуноҳи варо!

Бияфзой дар ҳашр ҷоҳи варо!

 

Манобеи “Шоҳнома”

Пас аз кушта шудани Дақиқӣ, дӯстони Фирдавсӣ, ки қуввати табъи шоирии ӯро пеш аз ин озмуда буданд, назди вай омада ва ӯро ба идомаи кор ташвиқ карданд. Аммо вай манбаъ ва маъхазе дар ихтиёр надошт, ки битавонад аз рӯйи он ба назми “Шоҳнома” бипардозад. Аз ин рӯ, ин шоири хастагинопазир ва сахткӯш барои таҳияи ин манобеъ ба шаҳрҳои Бухоро, Марв, Балх ва Ҳирот сафар карда ва бо як таҳқиқи майдонӣ ва густарда, достонҳои бостонро аз синаи пирони ҷаҳондида берун кашид.

Бипурсидам аз ҳар касе бешумор,

Битарсидам аз гардиши рӯзгор.

Ва ин дар ҳоле буд, ки оташи ҷанг ҳама ҷо шӯълавар ва роҳҳо пурхатар буд.

Замона саросар пур аз ҷанг буд,

Ба ҷӯяндагон-бар ҷаҳон танг буд.

 

Нигаронии Фирдавсӣ

Бузургтарин лаззати бузургони илму адаб замоне аст, ки битавонанд натиҷаи талошҳои илмӣ ва адабии худро бибинанд ва осоре гаронсанг ва арзишманд аз худ ба ёдгор гузоранд. Ҳамчунин бузургтарин нигаронии онон ҳангоме аст, ки мавонеъ ва мушкилоте — хоста ё нохоста — дар ин роҳ пеш ояд ва натавонанд кори бузургеро, ки оғоз кардаанд, ба поён баранд. Фирдавсӣ низ чунин буд. Ӯ ҳамеша ин нигаронӣ ва дағдағаи хотирро дошт, ки мабодо ӯ низ ҳамонанди Дақиқӣ, ки дар 40-солагӣ аз дунё рафт, бо марге нобаҳангом рӯ ба рӯ шавад ва натавонад кори бузургеро, ки бо ишқу алоқа оғоз карда ба фарҷом расонад. Аз ин рӯ, аз Худованд мехост, ки он қадр зинда бимонад, ки битавонад “Шоҳнома”-ро, ки худ онро “номаи шаҳриёрони пеш” номида буд, ба назм даровард.

Ҳамехоҳам аз додгар як Худой,

Ки чандон бимонам ба гетӣ ба ҷой.

Ки ин номай шаҳриёрони пеш,

Бипӯяндам аз хуб гуфтори хеш.

Дуои ӯ мустаҷоб шуд ва дар синни 71-солагӣ “Шоҳнома”-ро ба поён расонд ва дар синни 82-солагӣ низ ҷаҳони фониро видоъ гуфт.

 

Ҳомии қадршинос

Агарчӣ Фирдавсӣ дар хонаводае ба дунё омад, ки ба қавли Арӯзӣ, соҳиби обу замин буданд ва ӯ бад-ин сабаб аз амсоли худ бениёз буд, аммо ҳарчӣ дошт ҳамаро дар роҳи тадвини “Шоҳнома” харҷ кард ва худ гирифтори фақру тангдастӣ гардид. Дар ин замон яке аз амирони қадршиноси Тӯс ӯро аз нигаронии маъош ва андӯҳи фақр раҳоӣ бахшид ва таҳти ҳимояти худ қарор дод, аммо дере напоид, ки ин ҳомии қадршинос ба сабаби номаълуме нопадид шуд. Баъд аз он буд, ки дигар Фирдавсӣ рӯйи осоиш надид ва фақр сояи сиёҳу сангини худро то поёни умр бар сари роҳи ӯ андохт.

Ало, эй бароварда чархи баланд!

Ба пирӣ чӣ дорӣ маро мустаманд?

Чу будам ҷавон бартарам доштӣ,

Ба пирӣ маро хор бигзоштӣ!

 

Ранҷи 30 сола

Ҳарчӣ зудтар барояд, дер напояд

Ин сухан аз Саъдии Шерозӣ аст. Яъне чизе, ки бо шитоб анҷом ёбад, мондагор намемонад. Баъзе аз шоирон ва нависандагон, ки бе таъаммул ва бе андеша сухан месароянд ва ба қадре осорашон бепоя ва бемоя аст, ки ба қавли Низомии Арӯзӣ, “пеш аз Худованди худ бимирад”, аммо Фирдавсӣ, ин шоири тавонманди Эронзамин, аз касоне буд, ки ишқ ва талошро ба ҳам омехт ва бо фақру тангдастӣ даровехт ва 30 сол ранҷ бурд ва дуди чароғ хӯрд, то тавонист асаре пойдор ва мондагор аз худ ба ёдгор гузорад.

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Чу тухми суханро парокандаам.

Фирдавсӣ дар синни куҳулат низ худро бознишаста напиндошт ва ҳастии худро дар ин роҳ гузошт ва то дастонаш тавони навиштан дошт, қаламро канор наниҳод ва ҳосили ранҷи 30-солаи худро дар соли 400 ҳиҷрӣ ва дар синни 71-солагӣ ба ҷомеаи адабӣ ва ҳунарии Эронзамин тақдим кард, то дар синни 82-солагӣ низ ба пиройиш ва оройиши он пардохт.

 

Марги Фирдавсӣ

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ибтидо Фирдавсиро мавриди бемеҳрӣ қарор дод ва дили ӯро ранҷонд, аммо солҳои баъд дар садад баромад, то аз ин шоири дилшикаста дилҷӯӣ кунад. Аз ин рӯ, ҳадоёе фароҳам кард ва гуфт, бо шутури султонӣ ба Тӯс баранд ва аз ӯ узр хоҳанд. Аммо иқбол бо ин шоир ҳамроҳ набуд. Низомии Арӯзӣ гӯяд: ҳадоёи Султон ба саломат ба шаҳри Табарон расид. Вақте шутур аз дарвозаи Рӯдбор ворид мешуд, ҷанозаи Фирдавсӣ аз дарвозаи Разон берун мерафт. Гӯянд, аз Фирдавсӣ духтаре монд сахт бузургвор. Хостанд ҳадоёи Султонро бад-ӯ супоранд, қабул накард ва гуфт: бад-он мӯҳтоҷ нестам. Фирдавсӣ пас аз 82 сол зиндагии шарофатмандона ва ифтихоромез дар соли 411 ҳ.қ ғарибона вафот ёфт ва духтараш иззат ва баландтабъии ӯро комил кард ва инчунон муқтадирона аз ҳадоёи моддии султонӣ чашм пӯшид ва ифтихоре бар ифтихороти падар афзуд.

 

Кохи баланди Фирдавсӣ

Вақте хабари марги Фирдавсӣ ва радди ҳадоёи ӯ тавассути духтараш ба гӯши Султон Маҳмуди Ғазнавӣ расид, дастур дод, то бо он ҳадоё корвонсаро ва обанборе дар байни роҳи Нишопур ва Марв бино кунанд. Имрӯз пас аз гузашти ҳазор сол, ки аз марги Фирдавсӣ мегузарад, на аз корвонсаро асаре аст ва на аз “Султонсаро”, на аз кох нишоне аст ва на аз кохнишин. Аммо кохе, ки Фирдавсӣ бино кард, на танҳо бо гузашти рӯзгорон вайрон нагардид, балки бар ободӣ ва истеҳкоми он афзуда гашт.

Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо,

Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо?

Фирдавсӣ худ дар “Шоҳнома” овардааст:

Биноҳои обод гардад хароб

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Бар ин нома бар умрҳо бигзарад,

Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.

Shahname.blogfa.com

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Кохи баланди Фирдавсӣ
Via: Кохи баланди Фирдавсӣ
Tags: Кохи баланди Фирдавсӣ
Previous Post

Оғоз кардани корҳо ба номи Худо

Next Post

Фақир ва ғанӣ

Related Posts

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти марди тозамусалмон

February 26, 2026
Дамованд
Адабиёт ва ашъор

Дамованд

February 26, 2026
ҳофиз
Шеърҳо

Қуръон ва аҳодис дар осори Ҳофиз

February 26, 2026
Қиматӣ дар шаҳри Мадина
Адабиёт ва ашъор

Водии оромиш

February 24, 2026
Маснавӣ
Шеърҳо

Достони паҳлавон ва хирс

February 22, 2026
Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем
Адабиёт ва ашъор

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Next Post
Иззати дунё...

Фақир ва ғанӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Раиси порлумони Лубнон: Таҷовузи Исроил алайҳи Лубнон, ҷинояти ҷангии тамомаёр аст

Раиси порлумони Лубнон: Таҷовузи Исроил алайҳи Лубнон, ҷинояти ҷангии тамомаёр аст

April 9, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

April 9, 2026
Аз нигоҳи Теҳрон ҷанг танҳо бо барқарор шудани боздорандагии ҷадид поён меёбад

Эрон: Пазириш музокирот ба шарти оташбас дар Лубнон

April 8, 2026
Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

April 5, 2026

Recent News

Раиси порлумони Лубнон: Таҷовузи Исроил алайҳи Лубнон, ҷинояти ҷангии тамомаёр аст

Раиси порлумони Лубнон: Таҷовузи Исроил алайҳи Лубнон, ҷинояти ҷангии тамомаёр аст

April 9, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

April 9, 2026
Аз нигоҳи Теҳрон ҷанг танҳо бо барқарор шудани боздорандагии ҷадид поён меёбад

Эрон: Пазириш музокирот ба шарти оташбас дар Лубнон

April 8, 2026
Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

April 5, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Раиси порлумони Лубнон: Таҷовузи Исроил алайҳи Лубнон, ҷинояти ҷангии тамомаёр аст

Раиси порлумони Лубнон: Таҷовузи Исроил алайҳи Лубнон, ҷинояти ҷангии тамомаёр аст

April 9, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

April 9, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved