Ману Эронзамин
Ёддошти Шавкати Муҳаммад
Ману Эронзамин ва оқибати тасарруф шуданҳои ин сарзамини соҳибтамаддун
Пеш аз ҳама дӯстоне, ки ин сатрҳои бандаро мехонед, бидонед, ки ҳама назари инфиродии худам аст ва ин ягон рабте ба фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии ман надорад.
Чизи дигар, тамоми вуҷудам рагу пайу устухонам эронӣ аст. Ҳамчун эронӣ гап мезанам, зиндагӣ дорам ва нафас мекашам. Дарду доғи сарзаминам, дарду доғи ман аст. Ҳар гарди хоки Эронзамин дору мадори ман аст. Ҳар зарба ба сарзаминам зарба бар синаи ман аст.
Ин гуна эҳсоси ман аз куҷост, аз куҷо сарчашма мегирад?
Чун хоки заминам маро чунин парваридааст.
Шарҳ диҳам?
Бишнавед!
Таърихи Эронзамин гувоҳи он аст, ки қудрати воқеии як миллат на танҳо дар деворҳои шаҳрҳо ё теғи сипоҳ аст, балки дар забон, фарҳанг ва худогоҳии ҷамъиятии он нуҳуфтааст.
Дар тӯли зиёда аз дуним ҳазор сол ин сарзамин чандин маротиба бо зарбаҳои бузурги хориҷӣ рӯбарӯ шуд. Аммо ҳатто юриши Искандари Мақдунӣ, фатҳи Ислом дар аҳди ҳазрати Умар ибни Хаттоб ва тӯфони муғулҳо бо раҳбарии Чингизхон натавонист маърифату маданият ва забони аҳли ин сарзаминро ба худ идғом кунад.
Ҳоло инҷо ҳамин се ҳодисаи таърихиро, ки дар зеҳнам омад, мисол меорам.
Ҳар се маврид аз лиҳози низомӣ ва сиёсӣ барои мардуми Эронзамин зарбаи сахт буд. Давлатҳо суқут карданд, пойтахтҳо сӯхтанд ва низоми ҳокимият иваз шуд. Аммо чизе, ки интизори бисёри кишваркушоён набуд, устувории амиқи фарҳанги миллӣ буд.
Пас аз Искандар, империяи Ҳахоманишӣ аз байн рафт, вале юнонигароӣ натавонист забону маданияти мардумро решакан кунад. Забони юнонӣ ба дарбору тиҷорат роҳ ёфт, аммо дар мактабу бозор ва хона форсӣ боқӣ монд. Баъдтар худи сулолаҳои эронӣ бархостанд ва риштаи таърихиро пайвастанд. Ин нишон дод, ки шикасти сиёсӣ ҳатман маънои шикасти тамаддунро надорад.
Фатҳи Исломи азиз марҳилаи ҳассостар буд, зеро ин бор на танҳо қудрати сиёсӣ, балки дини нав ворид мешуд. Ислом дар Эрон паҳн гардид ва арабӣ забони дин ва илм шуд, вале ҷомеаи форсизабон ба араб табдил наёфт. Баръакс, дар асрҳои баъдӣ форсии дарӣ эҳё шуд, адабиёти бузург ба вуҷуд омад ва ин забон ба яке аз сутунҳои тамаддуни исломӣ табдил ёфт. Ин як падидаи нодир дар таърихи фатҳҳо буд, ки дини ҳақ пазируфта шуд, аммо ҳувияти забонӣ ва фарҳангу маданият ҳифз гардид.
Ҳуҷуми муғулҳо, ки бо вайрониҳои бесобиқа ҳамроҳ буд, метавонист зарбаи охирин бошад. Аммо муғулҳо худ ба муҳити фарҳангии минтақа ҷазб шуданд. Дарбори Илхонӣ ба форсӣ навишт, девонсолорӣ ба дасти донишмандони форс монд ва адабиёти форсӣ боз ҳам густариш ёфт. Яъне ин дафъа на форс муғул шуд, балки ҳокимони муғул тадриҷан форсизабон ва форсизода гардиданд.
Дар ин асри охир, зургӯёне, ки ба як кунҷи дигари сарзаминам Афғонистон сар заданд, оқибаташ он чӣ шуд?
Аз Бритониё то Шӯравӣ ва Амрико ҳама шармандавор бо вуҷуди дорои қудратҳои бузурги низомӣ ва сиёсӣ будан, ба мардуми ин сарзамин даст боло карда, шармандавор худро берун карданд. Магар барояшон ин ибрат нашуда?
Бояд аз ин таҷрибаи таърихӣ як дарси муҳим гирифт, ки фарҳангу маданият ва забони решадорро бо нерӯи низомӣ на танҳо нобуд кардан номумкин аст, балки ин чиз то ба тавони тозамиллатҳову тозатамаддунҳо нест. Барои тағйири воқеии ҳувияти як ҷомеа, бояд пояҳои иҷтимоӣ, маориф, элита ва худшиносии он ҷомеа заиф бошанд. Дар Эронзамин ин пояҳо қавӣ мондаанд, бинобар ин, ҳар ғолиби низомӣ дар ниҳоят ба муҳити маҳаллӣ мутобиқ шудааст.
Ин воқеият барои зургуёни имрӯз низ паёми равшан дорад. Қудрати бо силоҳ ва фишор метавонад ҳудудҳоро тағйир диҳад, аммо наметавонад ба осонӣ рӯҳи як миллатро дигар кунад. Миллате, ки забони худро зинда нигоҳ медорад, маорифи худро ҳифз мекунад ва элитаи фарҳангии фаъол дорад, ҳатто пас аз шикастҳои низомӣ ва сиёсӣ метавонад худро бозсозӣ намояд. Таърих борҳо нишон додааст, ки империяҳо меоянд ва мераванд, аммо тамаддунҳои решадор, агар худ аз дарун фурӯ напошанд, қобилияти ҳайратангези зинда мондан доранд.
Аз ҳамин ҷост, ки ҳикмати таърих моро ба як хулосаи ҳушдордиҳанда мерасонад ва ин ҳам он аст, ки касе мехоҳад танҳо бо зӯр ҷомеаҳоро шакл диҳад, одатан умри сиёсати худро кӯтоҳ мекунад. Қудрати пойдор он аст, ки бо миллати бо фарҳанг гуфтугӯ кунад, на он ки онро саркӯб намояд.
Ҳоло бошад, Эрониён на танҳо соҳиби тамаддун ва фарҳанги куҳани мағлубнашаванда доранд, балки қудратманд ҳам ҳастанд. Ин ду чизи муҳиме, ки гарави мағлубнопазирии як миллату сарзамин аст.
Бинобар, метавон гуфт, Эронзаминро зургӯён шояд тавонанд танҳо дар хобашон тасарруф кунанд. Дар бедорияшон шоҳиди баръакси орзуҳояшон хоҳанд шуд.
Худованд илоҳо чашми хирадро бикшояд. Ба дигарон низ қудрати андеша ва фарҳангу маданияти гуфтугӯро бидиҳад, то бидонанд, ки давидани гӯсола то каҳдон аст. Давоми кор боз дар дасти соҳиби коҳ аст.
Шавкати Муҳаммад
Тоҷнек


















