Сафорати Амрико дар Баҳрайн таътил шуд
Ахбори байналмилал
Ба гузориши расонаҳои Эронӣ, дар пайи ҳамлаҳои мушакӣ ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Баҳрайн фаъолияташро муваққатан қатъ кардааст.
Гуфта мешавад, идомаи ҳамлаҳо ба мавозеи низомии амрикоӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Баҳрайн, сабаби бастани сафорат дар Манома шудааст.
Ҳамзамон Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида (Сентком) аз кушта шудани як низомии дигар хабар дода ва шумори расмии талафоти нерӯҳои амрикоиро 4 нафар эълон кардааст.
Тоҷнек



















