Тромп: Ман 9 ҷангро дар саросари ҷаҳон ҳал кардам
Ахбори байналмилал
Тромп: Оташбаси 10-рӯза дар Лубнон барқарор шуд
Ин ифтихори ман будааст, ки 9 ҷангро дар саросари ҷаҳон ҳал кунам ва ҷанги Лубнон 10-умин мавриди он аст
Дунолд Тромп бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии Truth Social, аз барқарории оташбаси 10-рӯза миёни Лубнон ва Исроил хабар дод. Ӯ навишт:
“Ман ҳамин алъон гуфтугӯҳои бисёр олиро бо президент Ҷузеф Авн, раиси ҷумҳури бисёр мӯҳтарами Лубнон ва нахуствазир Би-Би Натонёҳу аз Исроил доштам. Ин ду раҳбар тавофуқ карданд, ки ба манзури дастёбӣ ба сулҳ байни кишварҳояшон, расман як оташбаси 10-рӯзаро аз соати 5 баъд аз зуҳр (панҷшанбе) ба вақти шарқи Омрико (EST) оғоз кунанд.
Рӯзи сешанбе, ин ду кишвар барои аввалин бор дар 34 соли гузашта, ин ҷо дар Вошингтун бо вазири умури хориҷаи бузургамон, Морку Рубио, дидор карданд. Ман ба муовини раиси ҷумҳур Вэнс ва вазири умури хориҷа Рубио, ба ҳамроҳи раиси Ситоди муштараки артиш, Дэн Разин-Кейн, дастур додаам, то бо Исроил ва Лубнон барои дастёбӣ ба як сулҳи пойдор ҳамкорӣ кунанд.
Ин ифтихори ман будааст, ки 9 ҷангро дар саросари ҷаҳон ҳал кунам ва ин 10-умин маврид хоҳад буд, пас набояд онро ба саранҷом бирасонем!”
Тоҷнек



















