• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Ёде аз айёми донишҷӯӣ

September 10, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Фарҳанг ва таърихи башар

Фарҳанг ва таърихи башар

0
SHARES
9
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ёде аз айёми донишҷӯӣ

Ёддошти рӯз

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё медонед, рамзу рози таъкиди фаровони ислом бар гуфтани “тасбеҳ” чист? Албатта тасбеҳ, фақат ин нест, ки шумо ба забон такрор кунед: “Субҳоналлоҳ!” Яъне Худоё, ту поку муназзаҳӣ! Инро тӯтӣ ҳам қодир аст такрор кунад. Балки тасбеҳ, беш аз ҳама, як бовар ва эътиқоди қалбӣ аст ба ин ки Худо аз ҳамаи тавсифҳое, ки дар борааш мекунем, болотар аст. Тасбеҳ яъне ин ки мо, инсонҳо, ҳар андоза ҳам, ки Худоро тавсиф кунем, боз натавонистаем ӯро чунон ки ҳаст тавсиф намоед. Ҳатто ҳазрати Хатмимартибат (с), бо он ҳама мақоми маънавии болое, ки дошт, мефармояд:

لا أحصي ثناء عليك أنت كما أثنيت على نفسك

Яъне, Худоё, “ман натавонам санои туро он чунон ки ту бар зоти худ сано намудаӣ, намоям!” (Саҳеҳ Муслим, боби “Мо юқолу фир-рукуъи вас-суҷуд”) Тасбеҳ ҳамин бовари қалбӣ аст.

Барои равшан шудани матлаб, хотирае аз айёми донишҷӯиям бароятон нақл мекунам.

Ин ки дида мешавад, баъзе аз донишмандони номӣ мункири Худо ҳастанд, набояд таъаҷҷуб кард. Ин бандаҳои Худо ҳақ доранд. Зеро вақте шумо дар гуфтаҳо ва навиштаҳои онон нек диққат мекунед, мебинед онҳо дар воқеъ мункири он Худое ҳастанд, ки аз кӯдакӣ дар зеҳнашон ҷой гирифтааст, ҳоло ё аз тариқи падару модаронашон ва ё муҳит ва ё мутолеаи китобҳои мазҳабӣ ва ғайра… Онон бештар ҳамин Худоро мункиранд.

Замоне, ки дар Сурия дар донишгоҳ таҳсил мекардам, устодам — ки бештар аз ӯ баҳра бурдаам — як файласуф ба тамоми маънои калима буд, дуктур Маҳмуд Хазра. Ӯ худаш файласуфи экзистенсиалист буд. Риштаи тахассусии ман ҳам, ки ҳермунутик (герменевтика) буд, ин риштаро бештар пеши ҳамин устод хондаам. Худаш таҳсилкардаи Ҷумҳури Чек буд. Ин донишманди вораста, мисли бештари экзистенсиалистҳо (албатта на ҳамаи онҳо), мӯътақид ба Худои адён набуд, мункири Худои адён буд. Албатта, на ин ки аз беху бун мункири вуҷуди Худованд бошад, на, балки мункири Худое, ки бештари мардуми дунё мӯътақид ба ӯ ҳастанд буд.

Дар миёни донишҷӯён, мо, чанд нафар ба истилоҳ диндор, ҳамеша бо ӯ дар бораи Худо ва куллан дин, вориди баҳс мешудем.

Хулосаи дидгоҳи ӯ дар инкори Худои адён ин буд, ки мегуфт: шумо диндорон (ва куллан мардуми пойбанд ба дину шариат) Худое, ки ба он мӯътақид ҳастед ва аз он мегӯед ва китобҳои динӣ — ҳоло чӣ Қуръон бошад ё Таврот ва ё Инҷил – мегӯяд, хеле “кучак” аст, мисли ин ки тамоми ҳастӣ пеши шумо ва Худои шумо, ҳамин кураи замин асту бас, дар ҳоле ки ҷойгоҳи кураи замин дар кулли ҷаҳоне, ки мешиносем, ба гунае аст, ки ҳатто ба чашмон дида намешавад, аммо Худои шумо гӯӣ фақат ҳамин кураи заминро дораду башарро, ва сару кораш ҳам фақат бо кураи замин асту бо инсонҳо.

Ҷолиб ин ки ҳамеша мегуфт: ман худам дар ҳоққи замирам, мӯътақид ба як офаридгоре ҳастам, аммо офаридгоре, ки ба ӯ мӯътақидам, аз он ки шумо аз ӯ мегӯед ва ба он мӯътақид ҳастед, комилан мутафовит аст. Тавҷеҳаш ҳам воқеан ҷолиб буд. Мегуфт: далели ман ба вуҷуди офаридгор, ин далелу бурҳонҳои мантиқӣ, ки шумо меоваред нест, дар воқеъ далели ман далеле нест, ки битавон онро дар қолаби қиёсҳои мантиқӣ гунҷонид. Ман ҳар вақт худро дар баробари ин ҷаҳони бекарон мушоҳида мекунам ва мебинам, ки чӣ қадр мо кучакем ва аслан чизе нестем, аз ин рӯ, на метавонам бигӯям Худое нест, зеро ин иддао бисёр бузургтар аз қадду қавораи ман ва куллан башар аст, ва на метавонам бипазирам, ки офаридгор – агар ҳаст, ки замирам мегӯяд ҳаст — ҳамин Худое бошад, ки шумо мегӯед, ӯ бас бузургтар аз Худои “кучаки” адён аст, албатта, ман наметавонам ӯро тавсиф кунам, худро оҷизтар аз тавсифи офаридгор мешуморам, ӯ аз ҷинси мо башар нест, ки битавонем ӯро бо маорифи ночизи худ бишносем, фақат мегӯям, офаридгоре ҳаст, аммо ин ки чӣ гуна аст ва чӣ кор мекунад ва чаро ҷаҳонро офарида ва ғайра – аз масоиле, ки шумо ва китобҳоятон ҳамеша даргири он аст – ба назарам, сукут ва “намедонам”, беҳтарин коре аст, ки аз дастам сохта аст.

Ин буд хулосаи дидгоҳҳои ӯ. Албатта, ман хеле хулоса кардам, вагарна агар бихоҳам так-таки дидгоҳҳояшро нақл кунам, шояд як китоби қатуре бишавад.

* * *

Як нуқтаи заъфи ин устод он буд, ки ӯ, бо он ҳама мақоми илмиаш, аммо аз ин ки ба худаш андаке заҳмат диҳад ва адабиёти исломиро бо диққат ва умқ мутолеа кунад (бо ин ки араб ҳам буд) ибо дошт. Ҳамеша ба чашми ҳақорат ба адабиёти исломӣ нигоҳ мекард. Асосан, ин нуқтаи заъф, фақат махсуси ӯ нест. Бештари файласуфони ғарбӣ ба хусус машоҳираш, нохудогоҳ гирифтори як навъ пешфарз ва пешдоварии ғалат дар бораи адабиёти динӣ буданд (ва ҳастанд) ва ҳаргиз натавонистаанд худро аз ин пешфарзи ғалат раҳо кунанд. Пешфарзашон ин аст, ки гумон мекунанд, ин китобҳо ҳарфе барои гуфтан надорад.

Худам борҳо ба ин устод чӣ ҳангоми дарс ва чӣ берун аз он дар сӯҳбатҳои хусусӣ, мегуфтам, ки шумо, бо ин ки устоди фалсафаи ҳермунутик ҳастед ва ҳамаи моро аз гирифтор шудан ба пешдовариҳо ва пешфарзҳо дар қазоват роҷеъ ба масъалае, барҳазар медоред, вале худатон бад ҷурӣ гирифтори он ҳастед. Дар бораи “Ишорот”-и Бӯалӣ ҳеч иттилои дурусте надошт, аслан ба назарам мутолеа ҳам накарда буд, фақат ба ин хотир, ки масалан ҳазор сол пеш навишта шуда, ва ё чанд бор, ки китоби “Наҳҷул-балоға”-ро барои мутолеа ва баҳс, барояш пешкаш кардам, ҳозир набуд ҳатто таварруқ бикунад.

* * *

Як бор барои худат заҳмат бидеҳ ва бибин, Худое, ки Қуръон ва ривоятҳои исломӣ аз он мегӯяд, чӣ Худое аст, он вақт доварӣ кун, ки оё офаридгоре, ки ту дар ҳоққи замират ёфтаӣ, бо Худое, ки Қуръони Карим мегӯяд, тафовуте дорад? Он вақт хоҳӣ фаҳмид, ҳамон чизе, ки ту ёфтаӣ, Қуръони Карим ва ривоятҳои исломӣ ба забоне расотар ва баёне шевотар гуфтаанд. Бибин, Алӣ (а) Худоро чӣ гуна тавсиф мекунад:

“Сипос Худовандеро, ки суханварон аз сутудани ӯ нотавон, шуморандагон аз шумориши неъматҳои ӯ оҷиз ва кӯшишкунандагон аз адои ҳаққи ӯ дармондаанд… Парвардигоре, ки барои сифатҳои ӯ ҳадду марзе вуҷуд надорад ва таърифи комиле натавон ёфт ва барои Худо вақти муайяне наметавон таъйин кард… Камоли ихлос, Худоро аз сифатҳои махлуқоташ ҷудо кардан аст; чун ҳар сифате нишон медиҳад, ки ғайр аз мавсуф аст, ва ҳар мавсуфе гувоҳӣ медиҳад, ки ғайр аз сифат аст. Пас, касе, ки Худоро бо сифати махлуқоташ бишносонад, ӯро ба чизе наздик кардааст, ва бо наздик кардани Худо ба чизе, ду Худо матраҳ шудааст, ва бо матараҳ шудани ду Худо, барои Худои бузург аҷзоъе тасаввур кардааст, ва бо тасаввури аҷзоъ барои Худо, ӯро нашнохтааст… Ҳар кӣ ба сӯи Худо ишора кунад, ӯро маҳдуд кардааст ва ба шумориш овардааст. Касе бигӯяд, ки Худо дар чист?, ӯро дар чизи дигаре пиндоштааст, ва ҳар касе ки бипурсад, Худо ба рӯи чӣ чизе қарор дорад?, ҳатман ҷоеро холӣ аз ӯ дар назар гирифтааст, дар сурате ки Худо ҳамеша буда ва аз чизе ба вуҷуд наомадааст. Худо бо ҳама чиз ҳаст, на ин ки ҳамнишини онҳо бошад, ва бо ҳама чиз фарқ дорад, на ин ки аз онҳо ҷудо ва бегона бошад. Анҷомдиҳандаи ҳамаи корҳост, бе ҳаракату абзору васила, ӯ биност ҳатто дар он ҳангом ки чизе вуҷуд надошт, ягонаву танҳост, чун касе набуда, то бо ӯ унс гирад ва ё аз набуданаш ваҳшат кунад…” (Наҳҷул-балоға, хутбаи аввал)

Ва ё мегӯяд:

انك انت الله الذى لم تتناه فى العقول، فتكون فى مَهبّ فكرها مُكيّفا، ولا فى رَويّات خواطرها فتكون محدودا مصرّفا

“Ҳамоно, он Худое ҳастӣ, ки дар ақлҳо туро ниҳояте нест, то дар ҷараёни андешидани онҳо дорои кайфият бошӣ, ва дар таъаммули андешаҳо туро поёне нест, то дар натиҷа маҳдуд ва мутағаййир бошӣ.” (Наҳҷул-балоға)

Ва ҳам мефармояд:

الظاهر فلا شىء فوقَه، والباطن فلا شىء دونَه

“Ошкор аст ва чизе ошкортар аз ӯ нест, ва ниҳон аст ва чизе ниҳонтар аз ӯ нест.” (Наҳҷул-балоға)

Ва ҳамчунин фармояд:

لا يزول أبدا ولم يزل، اول قبل الاشياء بلا أولية، وآخر بعد الاشياء بلا نهاية

“Ҳеч гоҳ завол напазирад ва ҳамвора будааст; пеш аз ҳама чиз буда бе он ки ӯро оғозе бошад, ва пас аз ҳама чиз ҳаст бе он ки ниҳоят ва поёне дошта бошад.” (Наҳҷул-балоға)

Албатта, ҳар он чи Алӣ (а) дар хутбаҳояш дар бораи Худо баён карда, дар воқеъ тафсири оятҳои Қуръони Карим аст, мисли:

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ وَهُوَ السَّمِيعُ البَصِيرُ

“Чизе монанди Ӯ нест ва Ӯст шунавои бино”. (Сураи Шӯро, ояти 11)

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

“Ӯст аввал ва охир ва зоҳир ва ботин, ва Ӯ ба ҳар чизе доност”. (Сураи Ҳадид, ояти 3)

وَهُوَ مَعَكُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

“Ва ҳар куҷо бошед, Ӯ бо шумост, ва Худо ба ҳар чӣ мекунед, биност”. (Сураи Ҳадид, ояти 4)

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ إِنَّ اللّهَ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

“Пас, ба ҳар сӯ рӯ кунед, он ҷо рӯй (ба) Худост. Оре, Худо гушоишгари доност”. (Сураи Бақара, ояти 115)

… ва ғайра аз оятҳои қуръонӣ, ки зиёд аст.

* * *

Ин ҷоҳост, ки одам ба рамзу рози таъкиди ислом бар “тасбеҳ” пай мебарад. Тасбеҳ, чунонки дар аввали ин навиштор гуфтам, яъне болотар донистани Худо аз тавсифҳое, ки мо башар мекунем. Ин ки он устод мегӯяд: “Ман наметавонам ӯро тавсиф кунам, худро оҷизтар аз тавсифи офаридгор мешуморам, ӯ аз ҷинси мо башар нест, ки битавонем ӯро бо маорифи ночизи худ бишносем…” дақиқан ишора ба ҳамин матлаби қуръонӣ яъне тасбеҳ аст, ки он устод (ва чи басо хеле аз донишмандон мисли вай) ба он расида, вале чун боре ҳам ба Қуръон муроҷеа накарда, аз ин рӯ гумон мекунад, Худои адён аз ин матолиб холӣ аст.

Сирри ин ки мо бояд Худоро тасбеҳ кунем он аст, ки Худо вуҷуде номаҳдуд ва мо башар вуҷуди маҳдудем, ва маҳдуд ҳаргиз ва абадан қодир ба тасаввури номаҳдуд нест. Ин ки Имом Алӣ мегӯяд:

انك انت الله الذى لم تتناه فى العقول، فتكون فى مَهبّ فكرها مُكيّفا، ولا فى رَويّات خواطرها فتكون محدودا مصرّفا

“Ҳамоно, он Худое ҳастӣ, ки дар ақлҳо туро ниҳояте нест, то дар ҷараёни андешидани онҳо дорои кайфият бошӣ, ва дар таъаммули андешаҳо туро поёне нест, то дар натиҷа маҳдуд ва мутағаййир бошӣ.” (Наҳҷул-балоға) – ишора ба ҳамин матлаб аст.

Имом Содиқ (а) мефармояд:

كلّما ميّزتموه بأوهامكم في أدقّ معانيه مخلوق مصنوع مثلكم مردود إليكم، و لعلّ النمل الصغار تتوهّم أنّ للّه سبحانه زبانتين‏، فانّ ذلك كمالها، و تتوهّم أنّ عدمهما نقصان لمن لا يتّصف بهما، و كذا حال العقلاء فيما يصفون اللَّه سبحانه و تعالى به

“Ҳар чизе, ки шумо дар зеҳни худ бипарваред, агарчи хеле дақиқ бошад, боз махлуқ ва сохтаи зеҳни шумост ва ба сӯи худатон бозгашт дорад ва ҳамонанди худатон аст. Шояд мӯрчагони кучак ҳам гумон кунанд, ки Худованд ду шохак дорад; зеро барои мӯрча шохак камол аст ва надоштани шохакро айб медонад ва ҳамчунин аст ҳоли оқилоне, ки Худованди Мутаолро васф мекунанд ва онҳо низ Худовандро бо худ муқоиса мекунанд.” (Минҳоҷ-ул-бароа фи шарҳи Наҳулбалоға, ҷ.17, с.264)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тоҷнек 

Source: Ёде аз айёми донишҷӯӣ
Via: Ёде аз айёми донишҷӯӣ
Tags: Ёде аз айёми донишҷӯӣ
Previous Post

Арамко аз кор афтод

Next Post

Таънаи Қолибоф ба Вазорати хазонадории Омрико

Related Posts

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас
Инсон ва инсоният

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

September 6, 2026
Саломиддин Мирзораҳматов
Инсон ва инсоният

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Мушкил дар нашинохтани низоми сиёсии Эрон аст
Инсон ва инсоният

Нодон маъзур аст!?

August 18, 2026
Шаҳид аз забони шаҳид
Инсон ва инсоният

Шаҳид аз забони шаҳид

July 9, 2026
Пантуркизм ва хатари он
Инсон ва инсоният

Пантуркизм ва хатари он

July 9, 2026
Таъсири мутолиа бар кӯдакон
Инсон ва инсоният

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

June 21, 2026
Next Post
Таънаи Қолибоф ба Вазорати хазонадории Омрико

Таънаи Қолибоф ба Вазорати хазонадории Омрико

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Таънаи Қолибоф ба Вазорати хазонадории Омрико

Таънаи Қолибоф ба Вазорати хазонадории Омрико

September 10, 2026
Фарҳанг ва таърихи башар

Ёде аз айёми донишҷӯӣ

September 10, 2026
Арамко аз кор афтод

Арамко аз кор афтод

September 8, 2026
Foreign Affairs: Чаро Амрико наметавонад Эронро ба зону дароварад?

Foreign Affairs: Чаро Амрико наметавонад Эронро ба зону дароварад?

September 8, 2026

Recent News

Таънаи Қолибоф ба Вазорати хазонадории Омрико

Таънаи Қолибоф ба Вазорати хазонадории Омрико

September 10, 2026
Фарҳанг ва таърихи башар

Ёде аз айёми донишҷӯӣ

September 10, 2026
Арамко аз кор афтод

Арамко аз кор афтод

September 8, 2026
Foreign Affairs: Чаро Амрико наметавонад Эронро ба зону дароварад?

Foreign Affairs: Чаро Амрико наметавонад Эронро ба зону дароварад?

September 8, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Таънаи Қолибоф ба Вазорати хазонадории Омрико

Таънаи Қолибоф ба Вазорати хазонадории Омрико

September 10, 2026
Фарҳанг ва таърихи башар

Ёде аз айёми донишҷӯӣ

September 10, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved