Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: “6 минтақа дар Алҳадида ва Таазз озод ва 9 ҷангандаи саудӣ сарнагун шуд”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки муздурони саудиро аз 6 ноҳия дар ду устони Таъазз ва Алҳадида, аз масоҳати 5400 километри мураббаъ берун ронда ва дар 32 амалиёти ҳавоӣ, 9 ҷангандаи саудиро сарнагун кардаанд.
Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баёнияе, тасвире аз ҷузъиёти марбут ба пешравии ин нерӯҳоро дар ҷабҳаҳои соҳили ғарбии Яман ташреҳ кард.
Дар ин баёния омадааст: “Бо мушорикати густардаи мардум ва қабоили озодаи Яман, амалиёти “Валлоҳу ашадду баъсан ва ашадду танкилан”-ро оғоз кардем. Ин амалиёти густарда ва вижа аз чандин меҳвар барои берун рондани таҷаммӯъоти нерӯҳои саудӣ дар бархе манотиқи соҳили ғарбӣ анҷом шуд.”
Яҳё Сареъ афзуд: “Муздурони саудӣ муртакиби фаҷеътарин ҷиноёт алайҳи шаҳрвандон шуданд ва талош карданд ҷуғрофиёи Яманро таҳти ишғол ва контроли Арабистон дароваранд. Ин амалиёт бо вуҷуди пӯшиши ҳавоии густардаи душмани саудӣ, ки аз нерӯҳои он пуштибонӣ мекард, бо муваффақият ба поён расид ва душман натавонист бар раванди амалиёт таъсир бигузорад.”
Вай идома дод: “Ин амалиёт натоиҷи зерро муҳаққақ кард:
- муздурони душмани саудӣ аз 6 шаҳристон дар устонҳои Таъазз ва Алҳадида, дар масоҳате болиғ бар 5400 километр берун ронда шуданд ва ин манотиқ акнун амн ва босубот ҳастанд;
- ҳафт лашкари низомӣ аз таҷаммӯъоти нерӯҳои муздури душмани саудӣ, ки маҷмӯан шомили 38 типи (бригадаи) низомӣ буданд, ҳадаф қарор гирифтанд. Дар натиҷаи ин амалиёт, садҳо нафар аз аносири муздури душмани саудӣ дар соҳили ғарбӣ кушта, асир ё захмӣ шуданд;
- шуморе аз асирони азизамон, ки солҳо назди муздурони душмани саудӣ дар соҳили ғарбӣ буданд, озод шуданд;
- тавонистем 32 амалиёти муқобила бо ҳавопаймоҳои ҷангии саудӣ анҷом диҳем ва 9 фарванд ҳавопайморо сарнагун кунем.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман тасреҳ кард: “Дуруд бар артиши муҷоҳиди бузургамон ба хотири ҷиҳод ва фидокориҳои бузургаш дар роҳи Худо ва дар дифоъ аз мардум ва кишварамон. Дуруд ва эҳтироми фаровон ба мардуми азизамон ва қабоили озодаи Яман ба хотири ҳимоят ва пуштибонии онон аз нерӯҳои мусаллаҳ дар набард барои озодӣ ва истиқлол!”
Яҳё Сареъ хотирнишон кард: “Таъкид мекунем, ки киштиронии дарёӣ барои ҳамаи ширкатҳо амн аст, ба ҷуз киштиҳои саудӣ, ки пештар мамнӯияти тараддуди онҳо эълом шудааст. Ҳамчунон ба тасбити муъодилаи “муҳосира дар баробари муҳосира”, ҳадаф қарор додани таҷаммӯъоти душмани саудӣ ва ташдиди таниш дар баробари ташдиди таниш идома медиҳем, то таҷовуз мутаваққиф ва муҳосираи мардумамон рафъ шавад.”
Тоҷнек



















