Дидори мақомоти амрикоӣ бо намояндагони Ансоруллоҳи Яман
Ахбори байналмилал
Reuters: Мақомоти омрикоӣ бо намояндагони Ансоруллоҳи Яман дидор карданд
Ба гузориши хабаргузории Reuters
Дар авҷи пешравиҳои сареи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ва тасаллути ин нерӯҳо бар тангаи Бобулмандиб, намояндагони Омрико, бо Ансоруллоҳи Яман дар сафорати Омрико дар Масқат, пойтахти Уммон дидор ва гуфтугӯ карданд.
Ба навиштаи Reuters, ин дидор чанд рӯз пас аз он сурат гирифт, ки нерӯҳои яманӣ бар ҷазираи муҳим ва стратегии “Парем” мусаллат ва контроли худ бар Бобулмандибро тасбит карданд.
Ин дидор дар рӯзи якшанбе баргузор шудааст. Ба гуфтаи Reuters, яманиҳо дар ин дидор, ба мақомоти омрикоӣ эълом кардаанд, ки “қасде барои ҳамла ба киштиҳои омрикоӣ надоранд ва ба оташбаси 2025 бо Омрико пойбанданд.”
Reuters ҳамчунин навишт, ки яманиҳо дар ин дидор гуфтаанд, ки ба киштиҳои ҳеч кишваре ба ҷузи киштиҳои Арабистон, ҳамла нахоҳанд кард.
Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад Абдуссалом ва Абдулмалик ал-Аҷурӣ ба унвони ду мақоми аршади Ансоруллоҳ дар ин дидор ҳузур доштаанд.
Пеш аз ин низ муовини раисиҷумҳури Омрико, Ҷ.Д. Вэнс иддао карда буд, ки Омрико ба “сурати мустақим” дар ҳоли гуфтугӯ бо намояндагоне аз Яман аст.
Аз сӯйи дигар, арабистониҳо ҳам муддате аст талошҳои диплумотик барои ҷалби ҳимояти соири кишварҳо барои ҷанг бо Яманро оғоз кардаанд. Онҳо аз Омрико хостанд, то ба кӯмакашон бияёд, аммо Тромп аз тарси вуруд ба як ҷабҳаи ҷанги ҷадид ва ҳамчунин ба далели захоири холии таслеҳотии худ, то кунун дасти рад ба синаи Риёз задааст.
Тоҷнек



















