Асирии Ахсикатӣ
Машоҳир ва номоварон
Асируддин Абулфазл Муҳаммад ибни Тоҳири Ахсикатӣ маъруф ба Асирии Ахсикатӣ (1127-1212 милодӣ), аз шоирони машҳури садаи шашуми ҳиҷрӣ аст.
Асир дар шаҳри Ахсикат зода шуд, ки дар садаи шашум яке аз шаҳрҳои ободи Фарорӯд дар минтақаи Фарғона дар шимоли рӯди Сайҳун будааст. Асир суханвариро дар ҳамон ҷо оғоз кард. Бо ҳамлаи туркони ғуз ва заволи давлати санҷарӣ ва парешонии Хуросон, ки худ аз он бо унвони “ваҳшати Хуросон” ёд мекунад, ноҳияҳои шарқии Эронро тарк гуфт ва ба ноҳияҳои ғарб ва шимоли ғарби Эрон рӯй овард. Нахуст дар Ҳамадон ба дарбори Ғиёсуддин Муҳаммад ибни Маликшоҳи Салҷуқӣ пайваст ва солҳои мутамодӣ ӯ ва ҷамъе аз вазирону амирони дарборашро мадҳ гуфт. Дар лашкари Ғиёсуддин Муҳаммад, бо Алоуддини Арабшоҳ, ҳокими Куҳистон ошно шуд. Арабшоҳ шеъри Асирро писандид ва ӯро навохт. Асир муддати зиёде аз умри худро дар Ҳамадон ва Куҳистон дар дастгоҳи Арабшоҳ буд.
Асири Ахсикатӣ пас аз марги Ғиёсуддин Муҳаммад, қасоиде дар мадҳи ҷонишини ӯ Рукнуддин Арсалон ибни Туғрули Салҷуқӣ ва сипас Туғрул ибни Арсалон пардохт.
Аз дигар мамдуҳони шоир, номи Атобакони Озарбойҷон шомили Шамсуддини Илдегиз ва писаронаш Муҳаммадҷаҳон Паҳлавон ва Қизил Арсалон дар қасоидаш мукаррар дида мешавад.
Асир солҳои поёнии зиндагониро дар шаҳри Халхол (аз шаҳрҳои устони Ардабили Эрон) ба сар бурд ва дар соли 609 ҳ.қ (1212 милодӣ) дар ҳамин шаҳр даргузашт.
Шеър
Асири Ахсикатӣ бо шоирони бузурги ҳамасри худ ҳамчун Хоқонии Ширвонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Рашидуддини Ватвот, Муҷируддини Байлақонӣ ва Заҳири Фориёбӣ муровидот ва муъоризоте доштааст. Асир баъзе аз қасоиди Хоқониро ҷавоб гуфта ва пояи худро болотар шумурдааст. Ҳамчунин ҳикояте дар мавриди мулоқоти ин ду шоир дар даст аст, ки камобеш бӯйи афсона дорад.
Нависандагони муосири Асир, ба рақобат миёни ӯ ва Муҷируддини Байлақонӣ ишора кардаанд. Асир як ҷо дар яке аз ашъораш Муҷируддинро дузди шеъри худ хондааст:
Аз барои Худой Хоҷа Муҷир!
Корвонҳои шеъри ман чӣ занӣ?
Рақобатҳои шеърии Асири Ахсикатӣ ва Муҷируддини Байлақонӣ гоҳе боиси кудурати мамдуҳини эшон, Қизил Арсалон ва Муҳаммадҷаҳон Паҳлавон, ки бародар буданд, низ мешуд.
Ба навиштаи Давлатшоҳи Самарқандӣ, баъзе аз арбоби фазл сухани Асирро бар сухани Хоқонӣ ва Анварӣ тарҷеҳ додаанд ва баъзе дигар ин даъвиро мусаллам надоштаанд. Бадеъуззамони Фурӯзонфар мӯътақид аст, гароиши Асир ба дарҷи фунуни балоғӣ ва маъонии борик, ашъорашро аз гармӣ ва тароват андохтааст. Аз сӯйи дигар, варзидагии шоир дар улуми мухталифи аср, аз ҷумла риёзӣ, ҳикмат, пизишкӣ, ахтаршиносӣ, ҳайат, мантиқ, фиқҳ, усул ва калом ва овардани маъонӣ ва истилоҳоти он улум, боиси печидагии суханаш шудааст. Зоҳиран қасди шоир аз сурудани ин навъ шеърҳо, ҳамовардӣ бо Хоқонӣ ва арзи андом дар арсаи печидагӯӣ будааст.
Шӯҳрати Асири Ахсикатӣ ба воситаи қасоиди ӯст. Аксари ин қасоид дар мадҳи салотин ва мӯҳташамони садаи шашум аст. Ва агарчӣ ин ашъор ҳовии нукот ва фавоиди адабӣ ва таърихӣ аст, аз хондани онҳо лиззате насиби хонандаи имрӯзӣ намешавад.
Асир дар ғазалҳои худ, бар хилофи қасоидаш, забоне равшан ва латиф дорад. Ин ғазалҳо, ағлаб мазомине ошиқона ва авзоне нарм ва кӯтоҳ доранд. Аминуддини Ҳоҷбула, аз мақбулияти ғазалҳои Асир дар байни муосиронаш хабар медиҳад. Бисёре аз ашъори Асирро рубоиёти ӯ ташкил медиҳад, ки шумори онҳо ба 560 рубоӣ мерасад. Дар миёни ин рубоиёт, таронаҳои латифу мондагор фаровон аст.
Осор
“Девони Асири Ахсикатӣ” муштамил бар қасоид, ғазалиёт, қатаъот, тарҷеъот ва рубоиёт аст, ки як бор ба ҳиммати Рукнуддин Ҳумоюн Фаррух бар асоси нӯҳ нусхаи хаттӣ тасҳеҳ ва чоп шудааст. Дастнависе аз “Девони Асир, ки муштамил бар 12 ҳазор байт шеър аст, дар китобхонаи Ҳаким Алӣ Уғлупошшои Туркия нигаҳдорӣ мешавад, ки теъдоди ашъори он ду баробари нусхаи чопӣ аст.
Ду рубоӣ
Бар мо рақами хатопарастӣ ҳама ҳаст,
Нокомии ишқу тангдастӣ ҳама ҳаст.
Бо ин ҳама дар миёна мақсуд туӣ,
Ҷойи гила нест, чун ту ҳастӣ, ҳама ҳаст.
* * *
Сад пора вуҷудамро фурӯ бехтаанд,
То мисли ту сурате барангехтаанд,
Субҳоналлаҳ! Зи фарқи сар то поят,
Дар қолаби орзуи ман рехтаанд.
* * *
Манобеъ:
Ахсикат, Алӣ Мирансорӣ;
Асири Ахсикатӣ, Сайидалӣ Мирафзалӣ;
Таърихи адабиёт дар Эрон, Забеҳуллоҳи Сафо;
Тазкираиуш-шуаро, Давлташоҳии Самарқандӣ;
Девони Асируддини Ахсикатӣ, ба иҳтимоми Рукнуддин Ҳумоюн Фаррух;
Роҳатус-судур ва оятус-сурур, Муҳаммади Ровандӣ;
Сухан ва суханварон, Бадеъуззамони Фурӯзонфар;
Лубобул-албоб, Садидуддин Муҳаммади Авфӣ.


















