• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Ду се тавсия аз Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо

October 24, 2026
in Адабиёт ва ашъор
0
Ду се тавсия аз Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо

Ду се тавсия аз Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо

0
SHARES
8
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ду се тавсия аз Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо

Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола”-и хеш дар бораи дабирӣ (нависандагӣ, рӯзноманигорӣ) аз ҷумла мегӯяд (аввал, асли матнро меоварам ва сипас каме шарҳ медиҳам):

“Пас дабир бояд, ки каримуласл, шарифулъирз, дақиқунназар, амиқулфикр ва соқибурраъй бошад; аз адабу самароти он қисми акбар ва ҳаззи авфар насиби ӯ расида бошад; ва аз қиёсоти мантиқӣ баиду бегона набошад; ва маротиби абнои замона шиносад ва мақодири аҳли рӯзгор донад; ва ба ҳутоми дунёвӣ ва музахрафоти он машғул набошад; ва ба таҳсину тақбеҳи асҳоби ағрозу арбоби иғмоз илтифот накунад ва ғирра нашавад…”

Тавзеҳи кӯтоҳи ин ҷумлаҳо ба забони имрӯз.

Мегӯяд, як нависанда ё рӯзноманигор бояд, ки наҷибзода, бообрӯ, борикбин, дурандеш ва дурустназар бошад;

Аз адабиёту меваҳои он, дорои бештарину фаровонтарини баҳраҳо буда ва аз қиёси мантиқӣ (қоидаҳои дуруст андешидан) бегона набошад.

Ӯ бояд бо мардуми замона ва ҷойгоҳу манзилати онон ошно бошад.

Машғули моли дунё ва андӯхтани он набошад.

Ӯ ба таҳсини ғаразварзон аз вай ва ё сарзаниши онҳо аз ӯ эътино накунад ва фиреб нахӯрад. (Яъне дар навиштани матлаб, бояд бетараф бошад; на таҳсини касе ӯро моил ба тарафдорӣ аз ӯ созад ва на сарзаниши касе ӯро водор ба бадгӯӣ аз ӯ намояд.)

Ва боз дар ҷое дигар мегӯяд: “Ҳар синоат (пеша), ки тааллуқ ба тафаккур дорад, соҳиби синоат бояд, ки фориғдилу мураффаҳ бошад, ки агар ба хилофи ин буд, сиҳоми (тири) фикри ӯ муталошӣ шавад ва бар ҳадафи савоб (дурустӣ) ба ҷамъ наёяд, зеро ки ҷуз ба ҷамъияти хотир (хотирҷамъӣ) ба чунон калимот бознатавонад хӯрд.

Овардаанд, ки яке аз дабирони хулафои Банӣ Аббос – разияллоҳу анҳум – ба волии Миср нома менавишт ва хотир ҷамъ карда буд ва дар баҳри фикрат ғарқ шуда ва сухан мепардохт чун дурри самину мои маин. Ногоҳ канизакаш даромад ва гуфт: “Орд намонд”. Дабир чунон шӯридатабъу парешонхотир гашт, ки он сиёқати сухан аз даст бидод ва бад-он сифат мунфаил шуд, ки дар нома бинавишт, ки “орд намонд”. Чунонки он номаро тамом кард ва пеши халифа фиристод ва аз ин калима, ки навишта буд, ҳеч хабар надошт.

Чун нома ба халифа расид ва мутолиа кард, чун бад-он калима расид, ҳайрон фурӯ монд ва хотираш онро бар ҳеч ҳамл натавонист кард, ки сахт бегона буд. Кас фиристоду дабирро бихонд ва он ҳол аз ӯ бозпурсид. Дабир хаҷил гашту ба ростӣ он воқеаро дар миён ниҳод. Халифа азим аҷаб дошт ва гуфт: “Аввали ин номаро бар охир чандон фазилату руҷҳон аст, ки “Қул ҳуваллоҳу аҳад”-ро бар “Таббат ядо Абилаҳаб”…”

Source: Ду се тавсия аз Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо
Via: Ду се тавсия аз Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо
Tags: Ду се тавсия аз Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо
Previous Post

Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Новҳои Омрико ҳаргиз ба халиҷи Форс бознахоҳанд гашт

Next Post

SBS: «Хатти кириллӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст»

Related Posts

Зуфархон Ҷавҳарӣ
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояте воқеӣ ва бисёр ҷаззоб аз Мавлоно Сайидзуфархони Ҷавҳарӣ

Ҳофизи Шерозӣ
Адабиёт ва ашъор

Завқи нури ирфон

October 13, 2026
Робитаи инсон ва ҷаҳон
Адабиёт ва ашъор

Робитаи инсон ва ҷаҳон

September 18, 2026
Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино
Машоҳир

Шайхурраис Ибни Сино

August 14, 2026
Пизишкиён: “Фирдавсӣ бо “Шоҳнома” ҳувияти эрониро ҷовидона кард”
Адабиёт ва ашъор

Пизишкиён: “Фирдавсӣ бо “Шоҳнома” ҳувияти эрониро ҷовидона кард”

May 20, 2026
Next Post
SBS: «Хатти кириллӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст»

SBS: «Хатти кириллӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст»

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ҳикояте воқеӣ ва бисёр ҷаззоб аз Мавлоно Сайидзуфархони Ҷавҳарӣ

October 24, 2026
SBS: «Хатти кириллӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст»

SBS: «Хатти кириллӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст»

October 24, 2026
Ду се тавсия аз Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо

Ду се тавсия аз Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо

October 24, 2026
Абдуллоҳӣ: Мо барои тасмимҳои аҳмақонаи Омрико ва Исроил лаҳзашуморӣ мекунем

Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Новҳои Омрико ҳаргиз ба халиҷи Форс бознахоҳанд гашт

October 24, 2026

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ҳикояте воқеӣ ва бисёр ҷаззоб аз Мавлоно Сайидзуфархони Ҷавҳарӣ

October 24, 2026
SBS: «Хатти кириллӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст»

SBS: «Хатти кириллӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст»

October 24, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved