SBS: «Хатти кириллӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст»
Сойти шабакаи хабарии SBS (Устролиё) ба муносибати «Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ» (ки 21 феврал аст), дар мақолае, бо таъкид бар ин ки «забони порсӣ, беш аз он чӣ тасаввур мешавад дар ҷаҳон густариш пайдо кардааст» навишт: «Хатти роиҷ дар Тоҷикистон хатти кириллӣ аст, ки мероси давраи Шӯравӣ аст. Хатти мутафовити тоҷикӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст.»
SBS навишт: «Акнун бисёре аз манотиқи хориҷ аз кишварҳои порсизабон вуҷуд доранд, ки дар он ақаллиятҳои порсизабон зиндагӣ мекунанд. Порсӣ дар кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Покистон, Ироқ, Баҳрайн, Туркия, Қирғизистон ва Қазоқистон ва бахши бисёр кучаке аз Чин аз дербоз сӯҳбат мешавад ва ба сабаби афзоиши муҳоҷиратҳо дар қарни ахир ба кишварҳои дигар низ роҳ ёфтааст.»
Ин торнамо дар идома ба «шаҳрҳои порсӣ» пардохт ва навишт: «Бисёре аз шаҳрҳои ҷаҳон, ки хориҷ аз се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор доранд, илова бар ҷамъияти қобили таваҷҷӯҳи порсизабон, пайвандҳои амиқи торихӣ бо забони порсӣ доранд. Муҳимтарини ин шаҳрҳо Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Фарғона ва Сурхондарё дар Ӯзбакистон, Пешовар, Порочинор ва Квита дар Покистон ва Сурон дар Ироқ ҳастанд. Шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро аз пойтахтҳои Эрони бостон ва зодгоҳи бузургоне ҳамчун Рӯдакӣ ва Ибни Сино будаанд. Шаҳри Сурон дар Ироқ низ ба сабаби бозгашти муҳоҷирони курд аз Эрон, ба шаҳре бо аксарияти порсизабон табдил шудааст.»
SBS ҳамчунин ба тафовутҳо ва гӯишҳо ишора кард ва навишт: «Эрон бузургтарин кишвари порсизабони дунёст. Порсӣ дар Эрон забони расмӣ аст. Пас аз Эрон, кишвари Афғонистон бештарин ҷамъияти порсизабононро дар худ ҷой додааст. Забони порсӣ дар Афғонистон «дарӣ» номида мешавад. Дарӣ дар қавоъид ва луғот бисёр шабеҳи порсӣ аст ва ба воқеъ наметавон ба ҳеҷ ваҷҳ онро забоне ҷудогона номид. Забони дарӣ яке аз ду забони расмии Афғонистон аст ва ҳудуди 15 милюн нафар ба ин забон сӯҳбат мекунанд.
Шохаи дигаре аз забони порсӣ, «тоҷикӣ» ё «фарорӯдӣ» номида мешавад. Ин гӯиш ҳамон гуна ки аз номи он бармеояд, дар Тоҷикистон ривоҷ дорад ва ақвоми тоҷики муқими кишварҳои Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ ба он сухан мегӯянд. Ақаллияти тоҷик дар Ӯзбакистон, бузургтарин ақаллияти порсигӯйи ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Ба рағми фишори бисёре, ки ин ақаллияти тоҷик ба хотири нажод ва фарҳанг аз сӯйи давлати Ӯзбакистон мутаҳаммил мешаванд, тоҷикӣ ҳамчунон ба унвони забони модарии онҳо мавриди истифода қарор мегирад.
Бар асоси саршумории расмии давлати Ӯзбакистон, ҳудуди 5 дарсади ҷамъияти ин кишвар, яъне ҳудуди як милюн нафарро ҷамъияти тоҷик ташкил медиҳанд, аммо манобеи мустақил ин ҷамъиятро бисёр фаротар аз ин миқдор медонанд ва онро байни 4 то 6 милюн нафар баровард мекунанд. Далели ин таноқуз он аст, ки бисёре аз мардум ба далоили мухталиф аз ҷумла табъиз алайҳи тоҷикҳо, худро ӯзбак муаррифӣ мекунанд.»
Ин торнамои устролиёӣ навишт: «Дар бахши кучаке аз ғарби Чин низ, ки бо номи Тошқурғон шинохта мешавад, ақаллияти кучаке аз мардуми тоҷик зиндагӣ мекунанд, ки тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд, аммо дар рустои кучаке ба номи Балдир дар ҳамин минтақа, қавме бо решаи эронӣ зиндагӣ мекунанд, ки тоҷикиро бисёр андак медонанд. Ин мардум ба сабаби фосилаи дур аз фарҳанг ва забони модарӣ ва таҳти таъсир муҳит, ба мурур тоҷикиро ба фаромӯшӣ супурдаанд. Порсии тоҷикӣ барои эрониён ва афғонистониҳо комилан қобили фаҳм аст, агарчӣ дар вожагон тафовутҳое бо порсӣ ва дарӣ дорад.
Навъи дигаре аз порсӣ аҷамӣ номида мешавад, ки дар воқеъ гӯише аз порсӣ ба шумор меояд. Порае аз вожагони порсии аҷамӣ, аз луғоти асилтар ва қадимии порсӣ ва теъдоде дигар аз калимоти он аз забони арабӣ гирифта шудааст. Ин гӯиш дар манотиқи ҷануби устони Порс ва Ҳурмузгон ва кишвари Баҳрайн ривоҷ дорад. Кишвари Баҳрайн, ки дар соли 1971 аз Эрон мустақил шуд, ба сабаби пайвандҳои торихӣ бо Эрон, шаҳрвандони эронитабори зиёде дорад ва забони порсӣ агарчӣ забони расмии ин кишвар нест, вале ба таври густардае дар он ривоҷ дорад.»
Торнамои шабакаи хабарии SBS дар идомаи гузориши худ ба муносибати «Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ», ба хатти порсӣ пардохт ва навишт: «Порсӣ бо ду хатт навишта мешавад. Хатти аслӣ, ки дар Эрон ва Афғонистон мавриди истифода қарор мегирад, хатти порсӣ аст, ки аз хатти арабӣ муштақ шудааст ва дар воқеъ тавассути аксарияти порсизабонони дунё мавриди истифода қарор мегирад. Хатти роиҷ дар Тоҷикистон хатти кириллӣ аст, ки мероси давраи Шӯравӣ аст. Хатти мутафовити тоҷикӣ сабаби маҳрум шудани тоҷикҳо аз манобеи ғании адабиёти порсӣ шудааст. Агарчӣ бо фурӯпошии Шӯравӣ ва иртиботи бештари ин кишвар бо Эрон ва Афғонистон, забони тоҷикӣ ҷоне дубора ёфт ва талошҳое аз сӯйи Эрон барои омӯзиш ва ривоҷи хатти порсӣ дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.»
Ин торнамо ҳамчунин ба забони дуввуми бархе кишварҳо, ки порсӣ аст ишора кард ва навишт: «Пас аз се кишваре, ки порсӣ дар онҳо забони расмӣ аст, кишвари Покистон дар канори Ӯзбакистон, бо беш аз як милюну 800 ҳазор нафар, яке аз бештарин порсизабонони дунёро дар худ ҷой додааст. Ин порсизабонон покистониҳои порсизабон ҳастанд, на муҳоҷирони порсизабон.
Забони порсӣ дар Покистон решаи деринае дорад. Бисёре аз бузургони ин кишвар ба порсӣ сӯҳбат мекунанд ва шоири порсигӯйи бузург Иқболи Лоҳурӣ ҳам дар ин кишвар мезиста ва беш аз ҳафт ҳазор байт шеър ба порсӣ сурудааст.
Забони расмии Покистон забони урду аст, ки дар воқеъ забони порсӣ решаи урду ба ҳисоб меояд. Нуфузи забони порсӣ дар забони урду чунон ошкор аст, ки ин шабоҳатро дар ҷузиёт аз дастури забон то луғот ва зарбулмасалҳо метавон мушоҳида кард.
Мардуми Покистон дар ҳини истифода аз забони урду, аз зарбулмасалҳои порсӣ истифода мекунанд ва ин, иртиботи танготанги мардум бо забони порсиро нишон медиҳад. Суруди миллии Покистон низ ба гунае суруда шудааст, ки ба ҳар ду забони порсӣ ва урду дуруст ва қобили фаҳм бошад, ва ин, танҳо ба далели шабоҳати шигифтангези ин ду забон имконпазир будааст.
Забони порсӣ дар миёни курдҳои Ироқ ҳам шинохта шудааст. Ба сабаби наздикии торихии ин минтақа аз Ироқ ба Эрон, забони порсӣ ҳамвора аз маҳбубият ва нуфузи хоссе дар ин минтақа бархӯрдор буда ва то камтар аз 100 сол пеш, порсӣ ба унвони забони адабии минтақаи Курдистони Ироқ дар мадорис тадрис мешуд.
Пас аз саркӯби курдҳо дар ҳукумати Баъси Ироқ, садҳо ҳазор курди ироқӣ ба Эрон муҳоҷират карда ва солҳо дар онҷо зиндагӣ карданд. Фарзандони зиёде аз ин ақаллияти курд дар Эрон мутаваллид шуданд, ки порсиро беҳтар аз курдӣ сӯҳбат мекунанд. Бо бозгашти ин муҳоҷирон ба ватан, сохтори забонии минтақаи Курдистони Ироқ мутаҳаввил шуд ва имрӯза ин минтақа порсизабонони бисёре дорад, ки порсиро ба унвони забони аввал ё дуввум мавриди истифода қарор медиҳанд.
Шаҳри Сурон дар Курдистони Ироқ шаҳрест, ки метавон порсиро забони аввали он донист. Беш аз 60 дарсади ҷамъияти ин шаҳрро курдҳое ташкил медиҳанд, ки аз Эрон бозгаштаанд.
Дар минтақаи Боризон дар Курдистон маҳаллаҳое бо номҳои Исфаҳон, Язд ва дигар шаҳрҳои Эрон вуҷуд дорад, ки курдҳои бозгашта аз ин шаҳрҳо онҳоро номгузорӣ кардаанд, ва ин нишондиҳандаи умқи пайванди онҳо бо Эрон ва забони порсӣ аст.
Забони порсӣ дар нуқоти арабзабони Ироқ ҳам ба таври густарда мавриди истифода қарор мегирад. Ба ин далел, ки аз давраи Сафавӣ ва бо расмӣ шудани мазҳаби шиъа дар Эрон, мавҷи корвонҳои зиёратӣ аз Эрон барои дидор аз амокини мазҳабии Ироқ вориди ин кишвар шуданд ва ин теъдоди зиёди порсизабонон боиси ошноии мардуми шаҳрҳои бузурги Карбало, Наҷаф ва Козимайн бо забони порсӣ шуд.
Илова бар ин, теъдоде аз ин зоирон дар Ироқ мондагор шуданд ва насле аз хонаводаҳои порсизабон дар чанд сад соли гузашта дар Ироқ ба вуҷуд омад. Ин афрод дар замони ҳукумати Баъсии Ироқ, донистани забон порсиро инкор мекарданд, аммо пас аз истиқрори ҳукумати ҷадиди Ироқ ва иртибототи бештар бо Эрон, забони порсӣ дар Ироқ бисёр густариш ёфта ва тавассути теъдоди зиёде аз мардум сӯҳбат мешавад.
Дар замони ҳукумати Баъсӣ, теъдоди зиёде аз шиъёни Ироқ ҳам ба Эрон паноҳанда шуданд ва бо бозгашти ин афрод, забони порсӣ беш аз пеш дар миёни арабзабонони Ироқ роиҷ шуд.»
SBS дар идома, ба таъсири муҳоҷиратҳои чанд даҳаи гузашта бар густариши забони порсӣ пардохт ва навишт: «Забони порсӣ ба сабаби муҳоҷирати эрониён ва афғонистониҳо дар давраи муосир ба бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон роҳ ёфтааст.
Ҷамъияти бисёр бузурге аз порсизабонон ҳамакнун дар Омрикои Шимолӣ, Урупо, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, шарқи Осиё ва Устролиё зиндагӣ мекунанд. Охирин оморҳои расмӣ, ки тавассути Созмони сабти аҳволи Эрон мунташир шудааст, теъдоди эрониёни хориҷ аз кишварро 3.5 милюн нафар эълом мекунад, аммо ба гуфтаи раиси Шӯрои олии эрониёни хориҷ аз кишвар, ин теъдод байни 5 то 6 милюн нафар баровард мешавад.»
Ин торнамо ҳамчунин нақши матбуотро барои густариши забони порсӣ мавриди баррасӣ қарор дод ва навишт: «То пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ, шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро, пойтахти фарҳангии қавми тоҷик ва забони порсӣ дар Осиёи Миёна ба шумор меомаданд ва аз ин рӯ, нашриёти муҳимми тоҷикӣ дар ин минтақа мунташир мешуд. Аз нашриёти порсизабони Ӯзбакистон метавон «Овози тоҷик» (таъсис 1924), «Садои Сух» (таъсис 1951), «Овози Самарқанд» (таъсис 1990), «Самарқанд» (таъсис 1913), «Садои Сурхон» (таъсис 1991) ва «Бухорои Шариф» (таъсис 1912)-ро ном бурд, ки нишон аз пешинаи қавии забони порсӣ дар ин кишвари бузург ва торихии Осиёи Миёна доранд.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф» қадимитарин рӯзномаи порсии Осиёи Миёна аст ва даҳ моҳ пас аз интишор тавқиф шуд ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва аз соли 1992 муҷаддадан шурӯъ ба кор кард. Ин нашрия дар ростои сиёсати ӯзбаксозии давлати Ӯзбакистон муҷаддадан дар соли 2003 таътил шуд.
Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, бисёре аз тоҷикҳои Ӯзбакистон ба Тоҷикистон муҳоҷират карданд ва ин кишвар бо доштани забони порсӣ ба унвони забони расмӣ, фурсати шукуфоиро барои нашриёти порсизабон муҳайё кард. Дар ҳоли ҳозир беш аз 400 нашрия дар Тоҷикистон мунташир мешаванд ва шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, танҳо як рӯзнома дорад, ки бо номи «Имрӯзнюз» мунташир мешавад.
Маркази таҳқиқоти порсии Эрон ва Покистон фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии «Дониш»-ро дар Покистон мунташир мекунад, ки яке аз мӯътабартарин нашриёти порсии хориҷ аз кишвар дар ҳавзаи забон ва адабиёти порсӣ аст.



















