ЯХМОС
Ҳикоя
Бахши аввал
Одил ЁҚУБОВ
Ҳамон рӯзе, ки ба сари хонаводаи мо кулфати вазнин омад, ман, писарбаччаи даҳсола, дилам аз чизе ғаш, ба пахсадевори рӯбарӯи ҳавлиамон баромада ба таври худ онро асп карда савор шуда будам.
Он вақт мо дар яке аз ҷойҳои хеле хушманзараи шаҳри Туркистон¹ — дар кӯчаи Лагер дар як хонаи дуҳуҷрагии пешайвондор, ки дар шароити он замон манзили хуб ҳисоб меёфт, истиқомат мекардем. Ин хона ҳавлии калоне низ дошт. Дар ин ҳавлӣ, ки ба он аз дарвозаи калони дуқабата медаромаданд, ғайр аз мо боз чанд хонадони дигар низ зиндагӣ мекарданд. Дар болои дарвоза болохонае буд, ки он ҷо алафи хушк нигаҳдорӣ мешуд, шомгоҳон мо, баччаҳо рустшавакон бозӣ карда ба болохона мебаромадем ва зери ин хастӯдаҳо паноҳ мебурдем. Аз он рӯзи машъуме, ки ин фалокат ба сари хонадони мо омад, чанд моҳ пештар падарам қариб ҳамаи он китобҳоеро, ки дар хонаамон буд, ба се-чор халта андохта дар зери бедаҳо пинҳон карда ва ба дари болохона қулфе зада буданд монанди каллаи асп. Акнун ба болохона ҳеч кас даромада наметавонист, фақат ман гоҳ-гоҳ аз равзана фуромада китобҳои дохили халтаҳоро, хусусан китобҳои ғафси суратдорро дар зери шуълаи рӯшноӣ, ки аз равзана ворид мешуд, тамошо карда нишастанро дӯст медоштам. Ин суратҳо ҳам хеле аҷиб буданд, аксари онҳое, ки дар ин суратҳо тасвир шудаанд, ҷанговароне буданд, палтои чармипӯш ва дар миёнашон шамшер ва туфангча ҳамоил, баъзеҳошон ҷавонмардони савори асп ва алвон дар даст ба сари душман тозон, аммо аз чӣ бошад, ки чашмони ҳамаашон кофта гирифта шуда ва ё ба рӯяшон хати сиёҳ кашида шуда буд. Чаро ин тавр? Ман сирри онро надониста азоб мекашидам, ёрои онро аз падар пурсидан надоштам, зеро падарам одами бадқаҳр буданд, “кӣ ин китобҳоро ба ту нишон дод?” гуфта сарзаниш карданашон мумкин буд. Ҳамон рӯзи сияҳ низ дилам аз чӣ бошад беқарор, китоб варақ задан ба ёдам расида ба бом баромадам. Аммо вақте ба равзанаи шинос наздик шудам, дар сари кӯча чашмам ба фойтуни зебои дуаспа афтод. Андаке нагузашта буд, ки фойтун рӯбарӯи дарвозаи мо омада истод. Аз он ду марди шими сабзранги галифе ва гимнастёрка ба бар, ки он замон барои ҳама калонсолон расм шуда буд ва зани миёнсоли куртаи сурхпӯши бодомчашм фуруд омаданд. Яке аз мардон маро дар рӯи бом дида пурсид:
— Хонаи Эгамберди Жақипов² ҳамин аст?
— Ҳамин, — гуфтам ман. Ин дам садои модарам, ки аз ҳавлӣ мебаромад, шунида шуд:
— Биёед, меҳмонҳо, хуш омадед.
Ман ба сутуни болохона часпида хез зада ба замин фуромадамам. Меҳмонон ба хона даромада ва модарам ҳаяҷонзада буд.
— Ба идораи дадаат давида рав! — гуфт модарам аз чӣ бошад ки пичиррос зада. — Бигӯ, рафиқонатон, ки дар САКУ³ бо шумо ҳамроҳ хондаанд, омаданд. Мунтазир нишастаанд, зудтар бояд меомадед, бигӯ! Ҳа, воқеан, якбора ба мактаб рафта апаву поччоатро ҳам бигӯ, зудтар биёянд. Дастархон омода мекунанд!
Ман, шояд аз калимаи “меҳмон” дилам шод шуда пойро монда ба сар давидам. Ҳарчанд мактабе, ки хоҳарбузургу поччоям омӯзгорӣ мекарданд, аз коргоҳи падарам хеле онсӯтар буд, аввал он ҷо рафта гапи модарро ба апаам гуфтам, сипас боз бо ҳамон давутоз, сарлучу пойлуч, чанги кӯчаро ба ҳаво бардошта сӯи коргоҳи падар шитофтам. Падарам як вақтҳо дар вазифаи комиссари халқии миллатҳои кӯчак (асосан ӯзбекон), ки дар ҳузури Шӯрои комиссарони халқи Қазоқистон ташкил карда шуда буд, кор мекард. Пас аз хатми САКУ дар ноҳияи Сайрами вилояти имрӯзаи Чимканд дар мақоми котиби якум, баъдтар дар вазифаи ҷонишини аввали сардори раёсати сиёсии роҳи оҳани Қазоқистон хидмат кардаанд. Лекин солҳои охир бо айбномаи “Падарат сӯфӣ будааст, ту инро пинҳон доштаӣ”, аз зинаҳои раҳбарӣ поин фуромада-фуромада дар ниҳояти кор ба вазифаи мудири шуъбаи молияи ноҳияи Туркистон таъин гардида буданд.
Бобои раҳматиам Ёқуб (ҷояшон дар ҷаннат бошад) воқеан ҳам дар калонтарин масҷиди деҳаи Қарноқ то инқилоб⁴ сӯфигӣ⁵ карда буданд.
Бино ба гуфтаи одамон овози он кас чунон пурқувват будааст, ки ҳар субҳгоҳон вақте ба манораи масҷид баромада азон мегуфтаанд, натанҳо даҳ ҳазор аҳолии Қарноқ, балки намозхонҳои Туркистон, ки сӣ фарсах дуртар аст, низ мешунидаанд. Аз ин рӯ, аҳли Қарноқ ба номи бобоям калимаи “Шайх”-ро илова карда Ёқуб-шайх гуфтаанд… Лекин дар хушксоли сахти соли шонздаҳум бобоямон Ёқуб-шайх ба ҳоли вазнине гирифтор шудаанд. Аз ин сабаб падари мо оилаи худро сарпарастӣ карда натавониста бар ивази як-ду гӯсфанд ва як-ду халта ғалла ба ҷои писари як бой ба мардикорӣ⁶ рафтаву аз он ҷо болшевой⁷ шуда баргаштаанд. Бо ҳамин падару писар яке шайх, дигаре болшевой, бемуҳобо душмани синфии якдигар шуда мондаанд.
Идорае, ки падарам он ҷо кор мекарданд, дар шафати бинои зебое воқеъ гардида буд, ки як савдогари калон сохта будааст ва ҳоло дар он кумитаи ҳизбӣ ҷо гирифта буд. Вақте ки ман он ҷо рафтам, падарам ҳам аз идора баромада будаанд. Маро аз дурӣ дида дар назди дарвоза истоданд. Падарам одами тануманд, баландболо, хушқаду қомат ва босалобат буда, мувофиқи расми он замон мӯйлаби кӯтоҳе доштанд. Либоси танашон ҳоло дар ёдам нест, агар хато накунам, он вақтҳо дар тақлид ба Сталин кастуми сабзи дар сари сина кисадор ва шими галифе мепӯшиданд, дар по низ ба расми он айём мӯзаи хроми вақти роҳгардӣ ғарч-ғурч садодиҳанда доштанд. Падари раҳматиам аз бехобӣ бошад ё чизи дигар — чашмонашон сурх гардида ба назарам хастаҳол намуданд. Он кас вазнин-вазнин нафас кашида гапҳои маро шуниданду чеҳраашон андак равшан шуд ва сари маро сила карда:
— Гард, баччем, ба ту як яхмос гирифта диҳам! — гуфтанд.
Чунонки гуфтам, падарам одами сахтгир, салобатнок ва камгап буданд. То он рӯз ягон бор сарамро сила карданашонро ёд надорам. Баракс, ҳанӯз аз ёдам намеравад: ҳангоме буд, ки аз ин ҷо рондаву аз он ҷо монда, аз кор сабукдӯш шуда ба деҳа бозгашта дар хона болишт зери каш хобида буданд. Рӯзе модарам ба дастам пул ва суроҳии (графин) ду-се литраро (зарфи қиматбаҳое, ки падарам вақтҳои дар вазифаҳои баланд кор карданашон гирифта будаанд) дода таъкид карданд:
— Ба дӯкон рафта қимиз⁸ гирифта биё, додот гуфтанд!
Ба дӯкон рафтам, қимиз тамом шуда будааст. Ман бепарвоёна суроҳиро дар дастам бозӣ доронда ба хона раҳсипор шудам. Роҳам аз молбозор мегузашт, ки ҳар ҷо-ҳар ҷо ба замин гулмехҳои чӯбиву оҳанӣ кӯфта буданд. Баногоҳ чизе “шақ” садо баровард. Нигаҳ кунам, суроҳии дар дастам буда ба яке аз гулмехҳои оҳанӣ бархӯрда танга барин ҷояш ҷудо шуда афтидааст. Дилам таҳ кашид. Ба хона рафтан ҷуръат накарда то дер гоҳ қад-қади сойи поини боғамон чарх зада гаштам. Ниҳоят, дил ба каф гирифта ба хона даромадам. Модарам маро дида коҳиш кард:
— Дар куҷо дайду барин мегардӣ, бесар? Додои бечораат туро мунтазир шуда нафасашон танг шуд.
Сипас суроҳии сӯрохшударо дида аз дастам дошта ба дарун даровард.
— Дар дӯкон қимиз набудааст, болои ин писаратон суроҳиро шикастааст. — Модарам инро гуфта суроҳиро назди падарам рӯи хонтахта гузоштанд.
Баъдҳо модарам пушаймон шудани худро аз ин кори кардаашон бисёр гуфтаанд. “Чаро ин тавр кардам, худам ҳам намедонам, писарам, аҳволи ночори падарат ҳаммаамонро дилтанг карда буд”, — мегуфтанд раҳматӣ.
Падарам бошитоб қади худро рост карда суроҳиро аз рӯи хонтахта бардошта сӯи ман ҳаво доданд. Суроҳии бо зарб партобшуда аз таги баногӯшам гузашта (аз афташ аз тарси ҷон сарамро як сӯ хам кардаам!) ба девор бархӯрду реза-реза шуд.
Ман хеста гурехтам, гурехта истода фарёди талхи модарамро шунидам, ки мегуфт:
— Мурад ҳамин қимиз! Барои қимиз шуда баччаамро куштанӣ ҳастед, додош?
Ба гуфти модарам, баъдтар падарам низ аз ин кори кардаашон пушаймон шудаанд. Кӣ медонад, шояд аз он ки мусибати ба сарашон ояндаро ҳис мекарданд ва ё як вақт маро озурданашон ба ёдашон расида барои онро аз дилам баровардан бошад, ба ҳар ҳол дар умрам нахустин маротиба сарамро сила карда ваъда доданд, ки яхмос гирифта медиҳанд.
Дар он тарафи кӯча боғи шаҳрӣ воқеъ гардида буд, дар майдончаи назди он дӯконҳои хурд-хурде буданд, ки ҳар гуна обу шарбатҳои мева, яхмос мефурӯхтанд. Вақте он ҷо рафтем, дӯконҳо маҳкам шуда будаанд. Падарам аз таҳти дил ранҷиданд.
Идома дорад…



















