Муроқиби сухани мардум будан
Сабки зиндагӣ
Яке аз уламоро пурсиданд, ки яке бо моҳрӯйе дар хилват нишаста ва дарҳо баста ва нафс толиб ва шаҳват ғолиб, ҳеч бошад, ки ба қуввати парҳезкорӣ аз ӯ ба саломат бимонад?
Гуфт: Агар аз маҳрӯён ба саломат бимонад, аз бадгӯён намонад.
Паёми ҳикоят:
Шояд паси кори хештан биншастан,
Лекин натавон забони мардум бастан.
(Саъдӣ)
Тоҷнек
Source:
Натавон забони мардум бастан...



















