Ҳама ҳаст орзуям, ки бубинам аз ту руе
Чи зиён туро ки ман ҳам бирасам ба орзуе
Ба касе ҷамоли худро нанамудаиву бинам
Ҳама ҷо ба ҳар забоне бувад аз ту гуфту гуе
Ба раҳи ту бас ки нолам, зи ғами ту бас ки муям
Шудаам зи нола ноле, шудаам зи муя муе
Ҳама хушдил ин ки мутриб бизанад ба тор чанге
Ман аз он хушам ки чанге бизанам ба тори муе
Чи шавад ки роҳ бояд сӯи об, ташна коме
Чи шавад ки ком ҷуяд зи лаби ту ком ҷуе
Шавад ин ки аз тараҳҳум, даме эй саҳоби раҳмат
Мани хушк лаб ҳам охир зи ту тар кунам гулуе
Бишикаст агар дили ман, ба фадои чашми мастат
Сари хамми май саломат, шиканад агар сабуе
Ҳама мавсими тафарруҷ ба чаман раванду саҳро
Ту қадам ба чашми ман неҳ, бинишин канори ҷуе
Зи чи шайхи покдоман, сӯи масҷидам бихонад
Рухи шайху саҷда гоҳе, сари мову хоки куе
Бинамуда тира рӯзам, ситами сиёҳ чашми
Бинамуда мӯ сапедам, санами сапед мӯе!!!