• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

МАРО ЧУН ТОҶИКИСТОНӢ САДО КУН!

January 16, 2023
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор, Имон ва ваҳдат, Инсон ва инсоният, Чаро посдорӣ?!, Шеърҳо
0
МАРО ЧУН ТОҶИКИСТОНӢ САДО КУН!
0
SHARES
21
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Маро, эй дӯст, хатлонӣ садо кун!
Ба меҳри дил бадахшонӣ садо кун!
Зи Дарвозам,зи Хоруғам зи Ванҷам,
Биёю ҳамчу вахёнӣ садо кун!
Ба ҷонам дӯст дорам Бохтарро,
Маро фарзанди ёвонӣ садо кун!
Ба адлу дод ман Нушервонам,
Маро Кисрои Сосонӣ садо кун!
Чаманпарвардаи ин обу хокам,
Маро аз насли Сомонӣ садо кун!
Агарчанде ки ман аз Левакандам,
Ба поси сидқ румонӣ садо кун. Хуҷандиям, ҳисориям, зи Аштам,
Ба маҳфил ҳамчу раштонӣ садо кун!
Зи Дарбандам, валекин дар набандам,
Маро шери найистонӣ садо кун!
Зи Ҳафткӯлам, ман аз Шинги шарифам,
Дилат хоҳад вағаштонӣ садо кун!
Зи насли Восеам, аз Балҷувонам,
Наям меҳмон, ба мизбонӣ садо кун!
Зи Киштудам, зи Воруи латифам,
Табассум созу рухшонӣ садо кун!
Наям ман ёри нонӣ аз бароят, Шафиқу ҳамдами ҷонӣ садо кун!
Манам пазмони рӯи беғуборат,
Ту ҳам манро ба пазмонӣ садо кун!
Зи Масчоҳам, ба Фалғар реша дорам,
Дилат хоҳад зарафшонӣ садо кун!
Маро аз Исфара, ё Истаравшан,
Ба ҳар номе, ки медонӣ, садо кун!
Чу меборад ба сар борони меҳрат,
Маро бо шеъри боронӣ садо кун!
Душанбе қиблаи армони ман шуд,
Маро чун тоҷикистонӣ садо кун!

Исмоили Зарифи

Previous Post

Нигоҳ кардан ба Али(а) ибодат аст.

Next Post

САМАРҚАНД ҲЕҶ ГОҲ МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ТУРКОН НАБУД

Related Posts

Оятуллоҳ Хоманаӣ
Имон ва ваҳдат

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Оё Анушервон одил буд?
Инсон ва инсоният

Оё Анушервон одил буд?

May 30, 2025
Достони ҷолиб аз Анушервон
Адабиёт ва ашъор

Достони ҷолиб аз Анушервон

May 30, 2025
Олам маҳзари Худост
Имон ва ваҳдат

Олам маҳзари Худост

May 30, 2025
меъмории эронӣ
Имон ва ваҳдат

Дарси бузург аз шогирди кучак

May 30, 2025
Саволи як донишҷӯ
Имон ва ваҳдат

Саволи як донишҷӯ

May 30, 2025
Next Post
САМАРҚАНД ҲЕҶ ГОҲ МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ТУРКОН НАБУД

САМАРҚАНД ҲЕҶ ГОҲ МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ТУРКОН НАБУД

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
Оё Анушервон одил буд?

Оё Анушервон одил буд?

May 30, 2025
Достони ҷолиб аз Анушервон

Достони ҷолиб аз Анушервон

May 30, 2025

Recent News

Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
Оё Анушервон одил буд?

Оё Анушервон одил буд?

May 30, 2025
Достони ҷолиб аз Анушервон

Достони ҷолиб аз Анушервон

May 30, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved