Таърихи тамаддуни башар гувоҳ аст, ки тоҷикон яке аз бостонитарин миллатҳои ҷаҳон буда, дар масири пурпечу фарози гузашта, тӯли ҳазорсолаҳо дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон (имрӯза сарзаминҳои Осиёи Миёнаву Афғонистон, Эрон, шимоли Ҳинду Покистон, қисмати аз Чин) умр ба сар бурда, бо ақлу заковат ва донишу хиради худододияшон тавонистанд, ки ба тамаддуни бузурге бо номи “тамаддуни Ориёӣ” асос гузоранд. Дар ҳақиқат, дар дарозаи таърих аҷдодони бомаърифати мо давлату империя созмон дода, илму ҳикмат офарида, шаҳрҳои бузурге сохта, донишмандону нобиғаҳои бузургро ба воя расонида, саҳми арзишманде ба тамаддуни башарӣ гузоштанд ва маҳз онҳо ба қавли Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “… низоми мукаммали давлатдорию идорот, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабҳову равияҳои гуногуни илмию фалсафӣ ба мерос гузоштанд…”, ки имрӯз ҷаҳониён аз он истифода мебаранд.
Қобил ба зикр аст, ки миллати номдору пурифтихори тоҷик дар масири пурталотуми таърих бо амри тақдир, ба шикастҳои бузург низ дучор шуда, давлатҳои миллии хешро аз даст дода бошанд ҳам, лек фаросату кордонӣ ва ақлу заковати азалиашон ба онҳо имкон фароҳам овард, то ба бартарии маънавии худ бар аҷнабиёну истилогарон пирӯз шуда, давлатҳои ононро идора намоянд. “… он муборизаи сахти ҳазорсола чи дар давраҳои алоҳида ва чӣ дар ниҳояти кор бо пирӯзии маънавии тоҷикон, бо пирӯзии маънавии фарҳанг ва забони тоҷикӣ анҷом ёфт. Онҳо дар ҳамаи марҳилаҳои мубориза зоҳиран мағлуб ва тобеу дастнигари дигарон, вале моҳиятан пирӯзманд буданд, дар ҳувияти худ ҳамчунон устувор монда, ғолибон ва ҳукмдоронро кам-кам ба фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ) ва забони форсӣ тобеъ намуда, охируламр ба он вомедоштанд, ки ғолибон ошкору ниҳонӣ бартарии мағлубонро эътироф намоянд”. (Хуросон аст ин ҷо, М. Шакӯрӣ, Д: 1997, С. -46)
Дар замони имрӯза, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо сурат гирифта истодааст, ҳамаи миллатҳои башар мехоҳанд, ки соҳибтамаддунӣ ва таърихи қадима доштани худро нишон дода, аз ин баҳри рақобату зидиятҳои замони муосир ба осонӣ бароянд. Барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо, баъзе аз халқиятҳо дасисакорӣ намуда, таърихро таҳриф мекунанд ва таъриху фарҳанг ва тамаддуни дигар миллатҳоро аз они худ карданӣ мешаванд. Аз ҷумла, мисоли равшани ин гуфта эълони шаҳри Самарқанд чун пойтахти тамаддуни давлатҳои туркзабон мебошад, ки онҳо таъриху тамаддуни тоҷиконро нодида гирифта, даст ба ин кор заданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки тоҷикон аз қадимтарин сокинони бумии ин минтақаҳо буданд ва ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакӯрӣ низ “Таърих аз сар шудани ҳаёти маънавии инсон оғоз ёфт ва мардуми эронӣ (тоҷикон) бо Зардушт, ки якумин шоир, донишманд, файласуфи… онҳост, бо китоби Авесто, ки якумин донишномаву фарҳангномаи бузург ва баёнгари фалсафаи ҳаётии онҳост, дар сари сарчашмаи таърих қарор ёфтаанд”. Дар воқеъ, чун муарихи ростину бетараф назар афканем, мебинем, ки дар замоне мо соҳибдавлату соҳибмаърифат будем , ҳанӯз туркнажодҳо чун халқият ташаккул наёфта буданд, вале бо вуҷуди ин даъвои мутамаддинӣ дошта, мехоҳанд таъриху тамаддуни тоҷиконро соҳиб шуда, миллати тоҷикро ҷӯзъе аз қабоили худ кунанд. Онҳо созмони ягонаи худро ташкил намуда, давра ба давра хоҳони ташкили империяи ягонаи туркнажодҳо ҳастанд ва мехоҳанд сарзамини тоҷиконро қисме аз қаламрави худ намоянд.
Бояд гуфт, ки эълони шаҳри бостонии Самарқанд чун пойтахти тамаддуни давлатҳои туркзабон, ки ҷузъи тамаддуни мо тоҷикон мебошад, ғайри мантиқӣ ва қобили қабул намебошад. Таърих шаҳодат медиҳад, ки аз қадимулайём шаҳри бостонии Самарқанд маркази асосии фарҳангию таърихии тоҷикон буда, ба қавле баъзе аз сарчашмаҳои таърихию ҷуғрофӣ, аз он ҷумла асари “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” –и Қазвинӣ “Кайковус ибни Кайқубод аввалин шахсе аст, ки онро таъсис додааст”. Аз ин ҷо баръало маълум мешавад, ки шаҳри Самарқандро тоҷикон асос гузоштаанд, зеро ки Кайковус яке аз шоҳони номдору бузурги ниёгони мо маҳсуб меёбад. Худи калимаи Самарқанд низ решаи форсӣ дошта, ҷузъи аввал «самар» аз порс
Dta, [16.01.23 10:53]
ии бостонӣ «асмара» ба маънии санг ё сахра ва ҷузъи дувум «канд» аз порсии бостонӣ «канта», суғдӣ «кант» ба маънии диж ё шаҳр аст. Ҳамзамон, дар сайти интернетии «Донишномаи озод»-и форсӣ, ки аз донишномаи олмонӣ иқтибос гирифта шудааст, омадааст: «Самарқанд, ки юнониён онро Мароканд меномиданд, яке аз кӯҳантарин шаҳрҳои ҷаҳон шумурда мешавад ва тавассути эрониён (тоҷикон – С. М.) дар авохири садаи чаҳордаҳи пеш аз мелод дар дашти ҳосилхези Зарафшон ба унвони шаҳр минтақаи кишоварзӣ пай ниҳода шуда ва замоне дароз дар даврони Ҳахоманишиён муҳимтарин шаҳри минтақа будааст». Бо бунёди шаҳр, Самарқанд марҳила ба марҳила ободу зебо мегардид, ки дар ҷаҳони онвақта мислаш назир надошт.
Воқеан, Самарқанди бостонӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим чун маркази тамаддуни тоҷикон ташаккул ёфта, дар замони императории Ҳахоманишиён ва ҳатто пеш аз он чун пойтахти давлати Суғди қадим ба шумор рафта, хеле пешрафта буд. Ҳатто бо ишғоли Осиёи Миёна аз ҷониби мақдуниҳо Самарқанд мавқеи худро аз даст надода, баръакс бо ҳашамати худ дили Искандарро рабуда буд, ки Искандар орзӯи пойтахти давлат намудани онро дар дил мепарварид, аммо умр ба ӯ имкон надод, то ба ин орзӯю омоли худ бирасад. Ин шаҳри бостонӣ бо сабаби қарор доштан дар ҷодаи Абрешим ҳамвора пешрафт мекард. Дар марҳилаҳои баъди низ Самарқанд чун бузургтарин маркази тамаддуни тоҷикон бузургии хешро нигоҳ медошт, ки бозёфтҳои зиёди археологӣ ин гуфтаҳоро собит месозад. Новобаста аз оне ки Самарқанд дар дарозаи таърих аз ҷониби истилогарону аҷнабиён забт шуда бошад ҳам, вале мақому манзалати худро чун маркази илму фарҳанг, тиҷорат ва касбу ҳунар нигоҳ медошт. Шаҳри Самарқанд дар асрҳои 9-10 чунон рушду нумӯъ карда буд, ки тамоми қаламрави Хилофати паҳновари Арабро бо қоғази баландсифат таъмин мекард ва ин шаҳр дар ибтидои давлатдории Сомониён пойтахти аввалин эълон шуда буд. То вуруди туркон ба сарзамини зебоманзари Мовароуннаҳру Хуросон дар охири асри10 ва ибтидои асри 11 алакай дар шаҳри Самарқанд тамаддуни бузурге мавҷуд буд, ки касро ба ҳайрат меовард ва туркон аз дидани он ангушти ҳайрат мегазиданд. То ин давра, он чун яке аз асоситарин марказҳои илмию адабии тоҷикон шуҳрат пайдо карда, рушду нумуъ карда буд. Қасру кушкҳои боҳашамат, биноҳои бошукӯҳ, бозорҳо, корвонсаройҳо, мавҷуд будани роҳҳои зеризамини барои пиёдагардон собитгари гуфтаҳои боло мебошад. Тавассути мактабҳои илмию адабии он даҳҳову садҳо нобиғаю донишмандон тарбият ёфтанду ба камол расиданд ва шӯҳрати ин шаҳри бостонии тоҷиконро ба ҷаҳониён дучанд намуданд. Толибилмон аз дигар минтақаҳо ба инҷо омада, дар назди устодони донишманд дарси илм меомӯхтанд.
Бояд гуфт, ки дар хусуси шаҳри Самарқанд асарҳои “Ҳудуд-ул-олам” –и муаллифаш гумном, “Ал-булдон” ё “Ахбор-ул-булдон” –и Ибни Фақеҳ, “Сурат-ул-арз” –и Ибни Ҳавқал, “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” –и Закариёи Қазвинӣ ва даҳҳо сарчашмаҳои ҷуғрофию таърихӣ маълумоти ҷолибе додаанд, ки ҳамзамон аз шаҳри тоҷикон будани он ва сокинони аслии он тоҷик будан башорат медиҳад. Дар “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” –и Қазвинӣ нақли аҷибе омадааст, ки ҷолиби диққат мебошад. Аз ҷумла, муаллиф овардааст, ки “Анас ибни Молик дар фазилати Самарқанд ривоят карда: “Дар паси дарёи Ҷайҳун шаҳре бо номи Самарқанд ҳаст, ки онро Самарқанд нагӯед, балки шаҳри нигаҳбоншуда аз тарафи Худо гуед”. Гуфтанд: “Эй Абӯҳамза! Нигаҳбонӣ шудани он чӣ гуна аст?” Дар посух гуфт: “Пайғамбар (с) ба ман фармуд: “Шаҳре пушти дарё ҳаст, ки онро маҳфуза (ҳифзкардашуда) номанд. Дар ҳар дарвозаи он панҷ ҳазор фаришта нигаҳбон истодаанд. Пушти он шаҳр боғе аз боғҳои биҳишт аст…”. Дар ҳақиқат, шаҳри Самарқанд яке аз маконҳои ободу зебо ва мисли гулистон буд ва тибқи гузориши Ибни Ҳавқал “…мардуми он ба зеборӯи маъруфанд ва дар ҷавонмардӣ… бар аксар билод (кишвар –С,М,) –и Хуросон бартарӣ доранд, то он ҷое, ки молу сарвати худро дар ин роҳ аз даст медиҳанд” ва имрӯз ҳам ин сифатҳои наҷибона ва чеҳраи зебо дар сирату сурати тоҷикон баръало маълум аст. Ҳатто ин андешаро мардумшиноси маҷори Вамберӣ қайд намуда, иброз дошта буд, ки “Ҳар куҷо дар Осиёи Миёна афроди зебоандом, доро ва фарҳангпарастро вохӯрдед, донед, к
Dta, [16.01.23 10:53]
и ӯ тоҷик аст.” Ибни Фақеҳ ҷуғрофиёдони машҳури охири асри 9-ибтидои асри 10 дар китоби худ “Ал – булдон” дар яке аз бобҳояш, ки “Гуфтор дар бораи Хуросон” ном дорад, Самарқандро ҷӯзъе аз Хуросон дохил намуда, оиди мардуми ин минтақа нигошта, қайд мекунад, ки “Мардуми Хуросон офаринише устувор доранд ва андоме комилу қомате баланд ва чеҳраи зебо…” ва пасон қайд мекунад, ки “..ҳамсоягони Хуросониён турконанд”. Аз ин матлаб равшан аст, ки ҳанӯз воридшавии туркон ба сарзамини Осиёи миёна то ин давра оғоз нашуда будааст, зеро Хуросони бузург минтақаи фарохеро аз Осиёи Миёна сар карда, то Афғонистону Эрон, шимоли Ҳинду Покистон ва Шарқи Чинро дар бар мегирифт ва Мовароуннаҳру Хоразм, ки гоҳҳе минтақаи алоҳида шумурда мешаванд, ба Хуросони таърихӣ шомил буданд.
Бо инқирози давлати Сомониён вуруди густурдаи туркҳо ба Осиёи Миёна оғоз мешавад ва ба марказҳои тамаддуни тоҷикон, билхусус Самарқанди бостонӣ таъсири манфӣ расонид, зеро ки туркҳои бодиянишин аз илму маданият дур буда, ба он эътибор намедоданд. Фақат дар давлати Ғазнавиён, ки дар Афғонистони имрӯза, як қисми Ҳинду Эрон ва Тоҷикистони ҷанубӣ ҳукумат мекарданд, то андозае илму маданият мавҷудият мекард ва сабаби аслии он ҳам ҳамон буд, ки туркҳои ғазнави тарбиятёфта ва парваришёфтаи Сомониён буданд ва ҳамзамон модари худи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ тоҷик буд, яъне хуни тоҷикӣ дошт. Дар давлати Салчуқиён бошад, фақат бо кумаки вазирони хирадманди тоҷик, алалхусус Низомулмулк илму фарҳанг каме ривоҷ ёфт. Қарахониён, ки Самарқандро дар даст нигоҳ медоштанд, аз илму фарҳанг куллан дур буданд. Ҳамзамон, ҷангҳои пай дар пайи туркҳо бо ҳамдигар сади роҳи рушди илму фарҳанг мешуд. Аҳолии бумӣ худ, ки тоҷик буданд кушиш ба харҷ медоданд, ки дар пешрафти Меҳани азизи худ то қадри имкон хизмат намоянд. Шаҳри Самарқанд даст ба даст аз ин қабоил ба қабоили дигари турк мегузашт ва бо ҳуҷуми муғулҳои саҳронишин он ба харобазор табдил ёфт. Пасон, бо дастгирии худи тоҷикон, ки давлатро аз номи муғулҳо идора мекарданд, шаҳр аз нав ободу зебо гардида, симои тоҷиконаи худро пайдо кард. Воқеъбинона, бояд гуфт, ки барои ободии Самарқанд аз намояндагони сулолаҳои туркию муғулӣ, танҳо Темуриён андаке хизмат намуда, биноҳои зиёди боҳашаматеро бунёд намуданд, аммо кулли меъморони он биноҳо ҳам тоҷикон буданд. Ҳамзамон, дар ин давра кулли ҳунармандон, донишмандону нобиғагон, шоирон, нақошон, умуман дар тамоми соҳа, тоҷикон дасти боло доштанд ва тавассути худи онон шаҳри бостонии Самарқанд мақоми пештараашро ба даст овард. Пасон бо вуруди узбекҳои бодиянишин ва ҷангҳои ғоратгаронаи байниҳамдигарӣ боиси хароб шудани тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна гардид. Тоҷикон чун пештара мақоми донишмандиашонро ҳифз менамуданд ва барои пешравии шаҳрҳои аҷдодии хеш хизмати шоёне менамуданд, аммо сардорони беилму дониш кореро анҷом надоданд. Айни замон бошад, ворисони онҳо даъвои тамаддунсозӣ мекунанд, аммо кадом тамаддуни сохташудаашон маълум нест. Онҳо умуман дар шаҳри Самарқанд тамаддуне насохтаанд ва Самарқанд низ ҳеҷгоҳ маркази тамаддуни туркҳо набуд.Туркҳое, ки дар охирҳои асри 10 вориди хоки Осиёи Миёна шуданд, дар асрҳои баъди тарки минтақаҳо намуда, аксаран ба Осиёи Хурд рафтанд. Узбекон бошад, то асри 15 дар сохти ҷамоавӣ зиндагӣ мекарданд ва аз маданияту фарҳанг огоҳие ҳам надоштанд ва муаллими онҳо тоҷикон мебошанд ва ҳақ ба ҷониби донишманди тоҷик Ваҳҳоб Набиев аст, ки барҳақ қайд намуда “…Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳои мавҷудияташон танҳо мароми созандагиро пеша карда, китобу ҳикмат офарида, дину давлат эҷод намуда, шаҳрҳо сохтаву наҳрҳо кофта, ору номус ва қадру манзалати хешро дифоъ карданд”.
Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки шаҳри Самарқанд дар ҳама давру замонҳо чун маркази тамаддуни тоҷикон маълуму машҳур буда, дар ақсои олам беназир буд. Мақсади мо дар ин ҷо миллатчигӣ набуда, баръакс мо мехоҳем, ки таърихи фарҳанги худро боз ҳам омӯхта, худшиносии миллии хешро боло бардорем. Мо бо узбекону дигар халқиятҳои туркзабон тули садсолаҳо бо ҳам зиста, бародарвор будем, якҷоя зулму ситами роҳбарони бехиради онҳоро чашида будем. Фақат имрӯз мехоҳем, ки сарварони онҳо тамаддуни моро нодида нагиранд ва соҳи
Dta, [16.01.23 10:53]
бтамаддунию маърифатпарварии моро эҳтиром гузоранд. Ҳамзамон, барои эҳёи ҳувияти миллии тоҷикони Самарқанд дар ин шаҳри бостонӣ ҳарчи зудтар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбии тоҷикона кушода шуда, дарсҳо бо забони ноби тоҷикӣ баргузор карда шавад, то тоҷикони ин минтақа омезиш ёфта, аз байн нараванд. Ҳамакнун, насли ҷавони имрӯзаи тоҷикро мебояд, ки таърихи миллати худро ба таври ҷидди омӯхта, худшиносию худогоҳии миллии хешро боло баранд ва баҳри Меҳани азизи хеш ҷонисорӣ намоянд. Имрӯз замоне, расидааст, ки мо аз сафҳаҳоти таърих ки будани худро дарёбем, ба он арҷ гузорем ва аз он дарси ибрат андӯхта, ояндаи худро бунёд кунем.
Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ унвонҷӯи кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ
Самандар МАҲМАДАМИНОВ донишҷӯи факултети таърих, аъзои курси омӯзишии Сарварони сиёсии ДМТ.